Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №381

Ислоҳ нет

Номаҳо аз шаҳру навоҳии Зафаробод, Ваҳдат, Хуҷанд ва Душанбеба дасти расидаанд, ки бо камоли майл таҳия ва дар барнома ҷой додем.

Номаи расида аз Зафаробод бисёр ҳам ваҳшатнок аст.Духтурони ин ноҳия мардуми сиҳатро касал гуфта аз онҳо пул меситонидаанд. Ин корҳоро ҳатто дар филмҳои мафиозӣ падо наметавон кард. Ҳатто ҷарроҳии бардуруғ мекардаанд.

 Муаллифи мо аз Хуҷанд сиёсати кадрии Раҳмоновро сиёсати маҳалгароёна номида ва бо овардани мисолҳои мушаххас фикри худро мудаллал кардааст. Ин муаллиф гуфтааст, ки дар давраи роҳбарии хуҷандиҳо ҳеҷ гоҳ ин тавр набуд.

Дар номаи Ваҳдат, ки аз Ромит аст маълумотҳои наве аз ин минтақа ирсол шудааст. Ин номаро вақте мехонед ба ҷасорати як нафар пиразан ҳатман ташаккур мекунед.

 Номаи Душанберо як нафар собиқ амниятӣ ва корманди пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон навиштааст. Ин муаллиф аз муносибати ҳукумати Тоҷикистон бо муҳоҷирони корӣ ба шиддат интиқод кардааст.

               Зафаробод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин ҳодиса водорам кард, ки ба шумо бинависам. Ҳодиса дар Зафаробод руй дод ва ман ҳам аз Зафаробод менависам. Гап дар бораи беморхонаи марказии ноҳия меравад.

Ин беморхона чи хел кор мекунад. Одамҳо-патсиентҳоро ҷамъ мекунад, одамҳои сиҳатро, масалан мебиёяд барои ташхис, дилш сиҳат аст, аммо духтур мегӯяд, ки  дилат нито срочно стенд мондан даркор. Як стенд сӣ ҳазор сомонӣ.

 Як шиносам ду ҳафта пеш рафт. Зимистон дар болнитса хоб буд, дар роҳи нафасаш поблема доштааст. Аммо инҳо гуфтанд, ки стенд мондан даркор срочно-сето. Се то стенд 90 000 сомонӣ мешавад.

  Ин шиносамро ду апааш дар Ӯзбекистон калон шуда ва онҷо набера чабера ва «связҳо»и зиёд дорад. Сад фоиз гуфтанд, ки биё як бор дар Узбекистон санҷем. Рафт ва дар частний клиникаи платний ташхису рентген  карданд, ки дилаш сип- сиҳат, ягон камбудӣ надорад. Духтури Тошканд мегӯяд «какой стенд, ягон хел стенд лозим нест».

Духтурҳои Узбекистон тамоми рафти ташхису таҳлилу санҷиши худро бо навор дар диск гирифта гуфтанд, ки бару ба ҳамон духтур нишон деҳ ва бигӯй, ки акнун он дипломро аз куҷе харида бошад баргардонда диҳад ё фуршад. «Ин  дили шуморо тамоман даст расондан даркор не. Шумо дар роҳи нафас камтар проблема доред, тамом,ки он ҳам дукарат ду ,мо худамон табобат мекунем».

Аммо ин духтурони ноинсофи Зафаробод ҳатто ба одамҳои ҷавон -ҷавон стенд мондан даркор гуфта  даҳ-понздаҳ нафарро ҷамъ мекунанд, баъд мебаранд ба Хуҷанду стенд монда меоранд. Пул кор мекунанд-бизнес.

Аммо ин ҷиноят аст. Нафар, ки аслан дилаш сиҳат аст ӯро дилкасал бароварда ҷарроҳӣ мекунанд. Шояд ҷарроҳи накунанд, пулро гиранду як каме пустро бахя зананду тамом. Охир як стенд 30 ҳазор сомонӣ ва чуноне дидем он шиносро гуфтаанд, ки 90 000 сомонӣ мешавад, чунки мебост се стенд мемонад. Вале меравад Тошканд, ки дилаш тамоман беиллат аст.

Ана ҳамин гуна кор дар ноҳияи Зафаробод шуда истодаааст. Бубинед, ки духтурҳо то куҷо ба ҷиноят даст зада истодаанд? Инҷо бояд мақомоти ба таҳқиқи шурӯъ кунанд. Агар як каме ҳушёрӣ карда Узбекистон намерафтанд ҳам 90 ҳазор долларашон мебаромад ва ҳам не за что тҳи столи оператсионӣ мефаромаданд.

 Шӯъбаи кардиологияи дар ошёнаи чоруми беморхонаи марказӣ ҷой гирифтааст.

Аммо инҷо мехоҳам боз аз мушкилоти дигар ноҳия гап занам.

 Дар Зафаробод обро мефурӯшанд. Меравӣ дар даруни конверт ҳамакаса 20 сомонӣ ҷамъ карда медиҳӣ. Баъзе маҳаллаҳо чил сомонӣ ҷамъ мекунанд. Дар як моҳ як бор дар даруни конверт ин пулро медиҳем, нақд. На ин хел, ки через банк. Обро дар мегиранд, дар рӯз барои ду-се соат. 

Бепул об намедиҳанд. Ин пули обдаргироӣ. Боз барои об ба водоканад ва канализатсия расман ва через банк пул медиҳем, квитансия мегирем. Ин об барои хӯрдан аст. Дар зимистон дар як ҳафта як бор об медиҳанд. Бист смонӣ медиҳем. Дар тобистон ҳам пул медиҳем, онҳо дар ин фасли сол маҷбуранд, ки обро накушанд.

Ин линия дар вақти СССР сохта шудагӣ. Ҳозир дар баъзе кучаҳо скваж сохтагианд. Барои сохти як скваж 15-20 ҳазор сомонӣ масраф мешавад.

  Аммо ин  обро духтурҳо мегӯянд, ки умумн нахуред, ки мемуред аз рӯзатон пеш. Оби Зафаробод дар таркибш оҳак дорад. Ин фақат барои полез ва барои мол аст.

Чунки чанд фоиз оҳак, намак ва боз кадом маводҳои кимиёвии дигар дорад.

Ва охирин хабар ин аст ки тавассути амнистия шунидам,ки бачаи домулло Юсуфҷон раҳо шуд. Ӯро бо хоҳиши Русия дастгир ва зиндон карда буданд. Як бор қапиданд, як бало карда озод намуданд, аммо дубора, дар шаби дуввуми арӯсиаш омаданду гирифтанд. Якуним сол шишта баромад.

                  Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммдиқболи Садриддин. Аз шаҳри Хуҷанд бароятон ин номаро мефиристам. Ҳамин чанд рӯзи пеш Раҳмонов дар баъзе сохторҳои ҳукумат тағйироти кадрӣ ба амал овард. Аз ҷумла Давлатзода Азизулло Нусратулло муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин карда шуд. Ин Азизулло писри Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аст. Нусратулло Давлатзода солҳои зиёд аст, ки дар ин мақом кор мекунад, шояд бист сол зиёд. Куҳантарин кадри ҳукумати Раҳмонов аст. 

Аммо суҳбати ман дар бораи Давлатзода нест. Суҳбати ман дар бораи он аст ки чаро ҳатмани ҳатман фарзандони мансабдорон-ҳамшаҳриҳову ҳаммаҳалҳои Раҳмонов ба вазифаҳои давлатӣ ҷойгир карда ва зуд ба мақомҳои баланд мерасанд. Мегӯянд, ки 70 сол хуҷандиҳо республикаро хурданд, акнун навбати мо.

Ҳоло пурсишам ин аст ки кадом хуҷандӣ, масалан Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамов ин сиёсати кадрие, ки имрӯз табиқ мешавад, пеша карда буд.

Раҳмонов ба ҷои худаш Рустами бачаашро оварданист, уро нафари дуввум таъин кард, духтараш роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Кадом хуҷандӣ ин корро кард? Бубинед, ки масалан писари Муроди телехи Раҳмонов бо номи Дилшод муовини вазири молияи Тоҷикистон аст, Камолиддин Шарипов писари Шомуддин Шарипов, муовини раиси КДАМ, прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки то чанд соли пеш нафари дуввум, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳри Душанбе буд, сафири Тоҷикистон дар Фаронса, писари Абдумаҷид Достиев, Фарҳод Салимӣ, сафири Тоҷикистон дар Амрико, Исматулло Насриддин, писари Ҳикматулло Насриддин муовини вазири хориҷӣ, чанд нафар аз фарзандони Ҳумиддин Шарипов, собиқ вазири дохилӣ аз ҷумла Рудобаи духтараш судя ва дигарҳояш ҳам дар мансабҳои давлатӣ.

Шорух Саид, сардори милисаи Душанбе, ки падараш Фаттоҳ Саид, раиси Агенти коррупсия буд, писари Бобоҷон Бобохонов, Прокурори собиқи генералӣ ҳоло прокурори зиндонҳои Тоҷикистон.

Нуриддин Саид вазири маориф ва писараш Шоҳин чандин сол раиси Хадамоти давлатии назорати соҳаи маориф буд. Духтари Адолат Раҳмонова Лутфия раиси ноҳияи Леваканд аст, чанд сол раиси Муминобод буд. Ҳамаи ин кадрҳои як маҳалаанд.

Манзури ман чӣ аст? Ин аст ки Раҳмонов ҳукумати Тоҷикистонро авлодӣ ва қабилавию маҳаллӣ кард истодааст.

Ман инҷо танҳо чанд намунаиро овардам, ки дар асл ин гунаҳо, ки падарш мансабдор буд, писар ё духтараш ҳам мансабдор шудааст, хеле зиёд аст.

Аз оилаи худи Раҳмонов ба ҷуз аз Азизмои занаш ва Фирузаи духтараш дигар ҳамаашон мансабдору аз ҳисоби бюҷети давлат зиндагонӣ доранд.

Кай дар давраи хуҷандиҳо сиёсати кадрӣ ба ин шакл буд?

Ҳоло дар тамоми кишвар дар мақомоти милисаву амният суд ва прокуратураву андозу коррупсия фақат кадрҳои як маҳаллаанд.

Магар бо ин гуна сиёсати маҳалгароёнаи кадрӣ мешавад гуфт, ки мо миллати воҳиду ягонаем.

Мо бо кадрҳои як маҳал давлати миллӣ сохта метавонем?

             Ваҳдат (Ромит)

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Дар идомаи номаҳо аз Ромит, ки нашру пахш намуда истодаед ва ман, ки аз ин гуна равнақи ҳамкорӣ хеле ҳам хушҳол ҳастам, илҳом гирифта боз ин маълумотҳоро аз Ромт мефиристам.

Ин ҳодиса, ки шоҳиди бевоситааш ҳикоят кард дар моҳи рамазон дар дохили як таксӣ ё микровтобуси мусофирбари байни Ваҳдат ва Душанбе руй додааст.  

Як зан аз паҳлуи он муфирбар рад мешвад, ки сару гарданаш пӯшида аст. Як ҳофизе бо номи Фаррухи Нурзод, ки даруни мошин будааст, мебинаду мегӯяд, ки ин сатр моли мо нест.

 Онҷо як нафар кампир  ҳам шишта будааст, ки мегардаду самти ин ҳофиз мегӯяд «ман сари лич кунум мефорта, очата барор, занта барор да кучаҳои Душанбе сари луч, куни луч кунад бгардед.Ту бачаи мусулмон нестӣ» гуфта тарафи он ҳофиз гап мезанад.

Фаррухи Нурзод барои онки гапаш бигзарад ва худро як шахси оқилу доно нишон диҳад ба тарафи кампир мегӯяд, ки «хола,ма суханони Пешвора гуфтестам».

 «Э, да даҳани пешвот…, кампир сахт сараш вайрон шуд ва аз як лаб қонунбарору таҳиягарҳоро ҳақорат кард-гуфт, охир чи кор дорад ба румоли сари ман?

Кампир гуфт ин қадар воҳима мекунӣ, даҳ сум надорӣ ба ронанда диҳӣ, чунки ин Фаррухи Нурзод ба ронанда гуфт, ки «картам дар Душанбе сити заблокироват шудаст». Кампир баровард «пули пенсамай,даҳ сум аз танаш дод». Ин Фаррухи Нурзод ҳатто ба кампир раҳмат нагуфт, ки роҳкирояшро дод.

Бародар ҳозир дар магазини Раҷаб, дар байни таксистҳо, дар ҳамаҷо проблемаи рақами 1-и Ваҳдат хоинковӣ ватанфурӯш кӣ бошад, ки озодии моро намехоҳад. Яъне мақсад ин аст ки нависандаи номаҳо аз Ромит ба «Ислоҳ» кӣ бошад-«касе шукронаи Пешво намекунад. Касе аз сиёсатҳои Пешво розӣ нест имон надорад. Сулҳ овард, озодӣ овард». Дар ҳамаҷо ҳамин гапу кор. Боз аз ҳама бештар дар масҷидҳо. «ба шарофати Пешво, мо тинҷем». Аммо касе намегуяд, ки пайи қадами пешво дар деҳаҳои Айнӣ селе омад, ки таърих ёд надорад.

Ман дар як чиз ҳайрон

   Сулҳ овард. Хуб овард. Аз куҷо овард? Ин сулҳо якҷо мондагӣ буд, бастагӣ буд, дар колодетс буд, дар пушти куҳи Қоф буд, дар хӯрҷини кампир буд, дар ҷувол буд, пушти искирти коҳу бедаи совхози Ленини Данғара буд, дар куҷо буд ҳамин сулҳ,ки ҳиҷҷ кас оварда натавонисту ҳамин пешво тавонист. Рафту заду гирифту омад ё рафту зораву тавалло кард фалонта садқа гуфту сулҳ кард. Ба ҳамин саволҳо бояд ҷавоб диҳанд.

  Ва чизи дигар, ки мехоҳам бигӯям ин аст ки ҳозир ҷинояти дуздӣ бисёр шуда истодаст. Говдузиву молдузӣ бисёр шуда истодааст. Сабаби дуздӣ ин амниятиҳоанд. Дар Ромит одам доранд, мебинанд, ки одам камбағал дар хонааш чӣ дорад? Одамҳои Ромитро мебаранд ва худашон мефурушанд ба ин дуздакҳо. Пули дуздиашонро тақсим мекунанд.

Таксиҳои буз таксиҳои ғайрибузро мефурушанд, ки фалонӣ таксӣ зада истодааст. Не толко ГАИ нафарони СС-и махуфҳам меқапанд мезананд пулатро мегиранд.

ГАИ созтар. Бо 1000-2000 халос хурӣ вай меқапад, документ мепурсад, литсензи мепурсад, чаро ришат баланд аст, риш дорӣ бурут надорӣ. Дар ҷояш додӣ 1000у 2000 халос шудӣ хуб, лекин надодӣ, мебарад 3-5  ҳазоратро мегирад, боз мезанад.

Анвари бачаи Комил барои ин корҳо бачаҳоро ёрдам мекунад. Албатта ройгон не. Пулатро мегирад конкретно буд мекунад. Ин хелин ранги Наврузи бачаи Башар фиреб намекунад.Чунки падари Анвар як генерали шинос дорад. Ин генерал бо Юсуф Раҳмон дар Шӯрои амният кор мекунад, ҳамон генерале, ки зани урус дорад.

Як боҷаи дигари Комил гарени дорубизнес аст. Як дачаи калон дорад, се сол шуд дар фуруш мондагӣ аст. Аз 7 миллион то чору се миллион поин кард касе нагирифт. Дар Калтуч, Қаҳрамон ном дорад. Вай фақат Питер бизнес мекард.

Share This Article