Номаҳо ин бор хеле зиёд омадаанд ва мо аз рӯи таърихи расидаашон ва тибқи навбат интихоб карда ба нашру пахш омуда намудем.
Ин номаҳо аз Ромит, Ҳисор ва ду шаҳри Русия:- Москва ва Волгорад расидаанд, ки аз ҳар яке аз ин номаҳо сатрҳоеро ба унвони пешгуфтор тақдиматон мекунем.
Ромит: «Шоҳасан, ба ту гуфтанием, ки хоин накоб, накоб, ки кӣ нома навиштааст.
Хойин ту Шоҳасан. Дар масҷид хиёнат кардӣ, дар дини ислом хиёнат кардӣ. Ту аввал хонаводаатро насиҳат кун ва худат ба роҳи рост рав. Шоҳасан ту ҳамон одам набудӣ, зану кудаки Таваралии тағойи худатро ҳақорат кардӣ».
Ҳисор: «Ҳоло акнун, ки муносибати ҳукумат бо Бобаки занҷонӣ хуб шуд, Рустами Саид дар таҳлука афтодааст,ки ин ҳама бизнесу даромадҳояшро аз дасташ мегиранд.Чунки пулҳои Бобаки Занҷонӣ ва бизнесҳои ӯ дар дасти ҳамин Рустами Саид аст».
Москва: «Мардумро маҷбурӣ ба ҲХДТ-ҳизби Эмомалӣ аъзо карда истодаанд: « буфорат коркунӣ, ҳизби халқии демократида шомилша ё баску кора». Мегӯӣ корхонаи давлатӣ аз бобокалонаш мерос мондааст. Боз кадоме шомили ин ҳизб бишавад, аз маошаш мегардонанд».
Волгоград: «Билохира, занҳои бечора дар байн ҳайрон монда, баъзеҳо ҳатто тавре аз сомонаҳои иҷтимоӣ мебинем, якдигарро рӯканиву мӯканӣ мекунанд. Зимнан ба андешаи ман маҳр то 100 ҳазор сомонӣ боло равад, баъд ба қадри зан мерасанд».
Ромит
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбо! Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Баъди нашри барномаи Ромит айни замон ягон гунаҳкорро ягон гап нашудааст. Аммо Раҷаби Хайриддин девона шудааст, ки «и корора ба шумо кӣ ройи кадай»?
Ва, ҳоло давоми қисса.
Зани Рамазони Сафар, додари қорӣ Шоҳасан гуфтааст, ки Муҳаммадиқбол рост мегӯяд- и Шоҳасан я даюс одамай. Аввал апаша ҷамъ куна Шоҳасан. Номи апааш Майсара, ….»
Гуфтааст, ки қорӣ Шоҳасан хоҳарашро ҷамъ кунад. Номаш Мошариф, шавҳар дошт. Ҳамроҳи Яъқуби Асо қапиданд, шавҳараш сар дод.
Мошариф бо як бачаи помирӣ дар хонааш бе никоҳ зиндагӣ мекард. Дар хонаи Сафар. Сафар падари Мошариф. Мошариф бо духтари тағоияш Москва рафта буд. Ҳама медонистки чаро рафт буд. Музаффари акааш, Шоҳасан, Рамазон, Муборак, қорӣ Хабат, медонистанд.
Шоҳасан, ба ту гуфтанием, ки хоин накоб, накоб, ки кӣ нома навиштааст.
Хойин ту Шоҳасан. Дар масҷид хиёнат кардӣ, дар дини ислом хиёнат кардӣ. Ту аввал хонаводаатро насиҳат кун ва худат ба роҳи рост рав. Шоҳасан ту ҳамон одам набудӣ, зану кудаки Таваралии тағойи худатро ҳақорат кардӣ.
Диловар Солеҳови раиси ҷамоъат кор карда гаштааст. Мегӯяд заминҳоро фурушам: «чандвайной пулма кор мекнм».
Дар Ромит аблава сар шуд. Ставкаҳо боз баланд шудааст. Сари ҳар призивник аз 10000 сомонӣ боло кор мекунанд.
Мавсими тӯй ҳам сар мешавад. Масъалаи документ ва танзим пеш меояд.
Ба як гуфтаҳо Озодаи чемпионка Хурсанд Мирзоеваро гуфтааст, ки наздикам нашав, ҳамаро шарманда кардӣ.
Азизмои газетхонак тамоман хафа шудааст барои баромадани гапи ҳавзҳои моҳӣ. Газетхонак дар тааҷҷуб задааст, ки «Ай қишлоқ ақли вайо мегирифтай, ки ҳамара ройи кадян».
Худи пешво дастур додааст, ки роҳӣ кунеду пайдо кунед, ки чи гап аст дар Ромит.
Настроенияаш баъди ошкор шудани гапу ҳарф дар бораи кони тилои ба Фарзона туҳфа кардааш сахт гаштааст. Кадоме аз набераҳояш наворҳоро нишонаш додааст. Ютуб тамошо мекардааст.
Ин маълумотҳоро аз забони Хурсанд Мирзоева кадоме аз таксистҳо шунавидааст. Хурсанд Мирзоева шалпару пакар шудааст, ки Озода дигар радаш кардааст.
Хурсанд Мирзоева пеши хушонии облавақап рафта пурсидааст, ки боз ту набошӣ додарам, барои 40 ҳазор доллар шармандаам кардӣ.
Боз аз Бахтовари Заров дидааст. Гуфтааст,ки вай як девона аст, аз куҳ ҷар шудагӣ аст, дар ҳолати мастиаш гап зада бошад. Он студентҳое, ки фиреб карда буд, хонаи онҳо рафта гуфтааст, ки шумо набошед, ки барои 10.000 сомонӣ шармандаам кардед
Директори мактаби Ромит маоши муаллимҳоро надодааст. Пул мегуфтаанд, мегуфтааст, ки ҳоло пул нест. Мегуянд, ки пулҳоро чи кор кардед? Мегуфтааст, ки чи кор кардед, ки пул мегуед. Шумо тоқа муаллимед дар Тоҷикистон? Ин ҳам ранги пешво дар бораи Ҷоруқул гуфта буд, ку. Директор мактаби Ромит мегуфтааст, ки хӯрданӣ даркоратон аст: «раве ай магазини ма барен хурен».
Чунки ин директор пулҳои муаллимҳоро дар магазинаш бор овардагӣ. Маълумотҳо аз Ромит дигар ҳама вақт ба Ислоҳ сари вақт мерасанд.
Ҳисор
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Ҳисор ҳастам. Дар бораи Рустам Саидов гуфтаниам, ки баъди сафари Ҳасан Асадуллозода ва мулоқоташ бо Бобаки Занҷонӣ вазъаш бад шудааст. Рустам Саидов, раиси автовокзали Душанбе мебошад, ки баъди боздошти тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ автобусҳои Азия-экспресси ӯ ва чанде дигар аз ширкату корхонаҳои бо сармояи Бобакро дар Душанбе аз они худ карда буд. Ин Рустам Саидов қудои Ҳасан аст. Духтари Ҳасани Асадуллозодаи ишкамбаро келин кардааст. Худаш дар гузашта аз командирҳои Фронти халқӣ буд. Аслан аз Данғара аст.
Раҳмонов соли 2025 дар вақти ҷашни 3000 солагӣ ба Ҳисор рафта буд, ба Шаршара-дачаи Рустам Саид. Он вақт акаи Рустам бо Ландкрузер дар пеши чашми мардум дар бозор як одамро заду кушт. Бозори Ҳисор аз Аҳлиддини ҷияни ҳаминҳо аст.
Домҳои назди ресторани Нозанинро Рустам сохт. Рустам дар ҳудуди Ҳисор чанд шаҳрак сохт.
То ҷое медонам вай чанд бор дар делои Бобак ҳамчун шоҳид даъват ба Эрон шуда буд. Вайро Бо номи Рустам командир мешиносанд.
Номери мошини Майбахи Рустам командир 1969 аст, ба соли таваллудаш. Дар пушти мошин Майбахи Аҳлиддин линчаҳои сафеди нокандаи доллар. Мошини Рустамро ягон зот намедорад, манъ намекунад. На ГАИ ва на пост.
Раҳмонов дамгирӣ ҷои ҳаминҳо Шаршараи назди қалъаи Ҳисор рафта буд. Хел аз домҳои баландошёнаи Ҳисорро ҳамин Рустам сохтааст. Ресторани Яккасарои Душанбе ва Хуҷанд ҳам аз ҳамин аст
Территорияи ресторани Нозанин дар вақташ мадраса буд. Канд, яксон кард дар хоку ҷои он дом бардошт. Дар старий аэропорти Душанбе ҳам Рустам дом месозад. Бештари запрвакҳои Ҳисор ҳам аз Рустам аст.
Ҳар шанбеву якшанбе ҳофизҳо мераванду дар Шаршара-ки туйхона ҳам дорад, консерт медиҳанд. Нархи даромадан аз 80 сомонӣ сар мешавад. Фируза Ҳафизова зиёд меравад, мастигарӣ мекунад. Боз як нафари дигар Закия буд. Беҳад ғафс буд. Аҳлиддин як бор гуфт 4000 доллар диҳед Закияро меораматон. Шаб то рӯза….Вай ҳиси серӣ надорад.
Яке аз акаҳои Рустам Ризо ном дорад. Рустамро ҳамчун Рустам-командир мешиносанд. 12-13 гектар заминро гирифта дар оҷо ҳавзҳо ҳам сохтагӣ аст. Чанд навъи мурғобӣ ва мурғҳои қимат аз хориҷа овардагӣ. Шаршара, дар наздикии Қалъаи Ҳисор аст. Онҷоро ҳамчун заповедник гуфта гирифтагӣ аст. Бузи сайд, оҳу, харгӯш дорад. Ду трансформатори шахсӣ дорад. Пули свету налогу ҳеҷ чи намедиҳад. Счетчик надорад. Даже Шаршарааш намедиҳад.( Дар мавриди Рустам Саидов маълумотҳое расидааст,ки дар бахшҳои махсӯсе онҳоро нашр мекунем)
Ҳоло акнун, ки муносибати ҳукумат бо Бобаки Занҷонӣ хуб шуд, Рустами Саид дар таҳлука афтодааст, ки ин ҳама бизнесу даромадҳояшро аз дасташ мегиранд. Чунки пулҳои Бобаки Занҷонӣ ва бизнесҳои ӯ дар дасти ҳамин Рустам аст.
Москва
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаи маро ҳатман чоп кунед. Ман намедонам, ки ин нома таъсирашон мекунад ё не, аниқ таъсир намекунад, вале агар нагӯям, дилам мекафад. Ман дар муҳоҷирати корӣ қарор дорам.
Ман гуфтаниам, ки эй,мардум то кай шумо дар зулми ин фиръавни замон хапу дам мешинед? Мактабҳояш ҳама пул, духтур, пул, милисааш пул, амнияташ пул, суд пул, прокурор пул, ЗАГС пул, Кумитаи замин пул, СИЗО пул, зиндон пул, ҷамоат пул, донишгоҳу коллеҷ пул. Хуллас, ҳама корхонаву идораҳои давлатӣ аз корафтода пул мегиранд. То пул надиҳӣ, як справкаи одии ҷои истиқоматро намедиҳанд.
Мардумро маҷбурӣ ба ҲХДТ-ҳизби Эмомалӣ аъзо карда истодаанд: «буфорат коркунӣ, ҳизби халқии демократида шомилша ё баску кора». Мегӯӣ корхонаи давлатӣ аз бобокалонаш мерос мондааст. Боз кадоме шомили ин ҳизб бишавад, аз маошаш мегардонанд».
Эй,мардум: «иқа налоги хона, налоги замин, налоги мошин, сиёҳшиша кардани мошин. Кор даромадани бошӣ тамоми справкаҳо пулакӣ. Утилизатсия пулакӣ. Об пулакӣ, свет пулакӣ, боз беҳад гарон, талабаи синфи 1-ро ранги студент документ мекунӣ пулакӣ, аз лаби маошат налог меқапанд. Ҳамаи ҳамин пулҳо куҷо мешанд. Инҳора дар я ҷои Азизмои газетхонак мезанӣ?»
Э, генералҳо аз ёдатон набароред, ки Рустам президент шавад ҳамаи шуморо ранги рифолаҳои истифода бурдагӣ, дафъ мекунад. Биёед, бо халқи камбағал якҷо шавед. Шумо ин қадар мардумро аз корашон гирифта маршировка бурда истодаед, студентҳову талабаҳоро бурда истодаед, ҳамаи инҳо аз семяи ин вампир безоранд.
Шумо мисли генералҳои Башшор Асад муҷозот мешавед. Ин семя ҳам дузд асту ҳам ғарру ҷалаб. Ба ин унвону рутбаҳои додаи вай фахр накунед. Камбағалро барои як мурғ суд мекунад, дуздҳое, ки миллиони мардумро медузданд, ҷавоб медиҳад. Биёед якҷо шавему ин Раҳмоновро бо авлоди патакрешааш дафъ кунем. Хеле дер кардем, набояд боз дер кунем.
Эй, мардум, алоқаи мобилиаш дузд, амнияташ дузд, духтураш дузд, милисааш дузд, судаш дузд, прокурораш дузд, налогаш дузд, ҷамотааш дузд, танзимаш дузд, облавааш дузд, ҳамааш дузд аст.
Ба номи Аллоҳи бузург шумо чени мардуми мазлуми Ғазза намешавед. Биёед шердил шавед. Дар пушти экрани телефон Тоҷикистон ба пеш гуфтан маъно надорад. Бо ин ҳол дар оянда беватан мемонед.
Баъзеат худро законник мегиред (зекҳо) нисфат думи Амриддинро лесида истодаед, нисфи дигарат думи Зоир наркоманро гирифтаед, нисфи дигариат бошад дар думи куни ҳамон Соҳибови наркоман, ки ҳаррӯз роликҳояш дар Ютуб
Мегӯӣ ҳамаи корамро монаму думи шумо шағолҳоро гирам. Эй, шағолҳо, бидонед, ки ин қадар, ки дар маршировка ҷамъ шудаанд ҳамааш зиди ин оила аст.
Шумо спичкаро сар кунед, ин ша Аллоҳ ин халқ дар пуштатон аст. Ин сарбозҳо, ки муқобили мо мебароянд, ҳама фарзанди халқанд, самти мардум тир намекушоянд вагарна ҳамаи шумо мақомто саргузашти афсарони Башшор Асадро доред.
Ин Раҳмонов аз тарси худаш, аз корхонаҳо, аз студентҳо, мардум ҷамъ намекунад, ки бинед «ма чанқа армия дорум». Вале ман гуфтаниам, ки ин армия армияи халқай. Эй золими тапак, халқ иншааллоҳ мехезаду ба туву авлодат раҳм нест. Пеши дарёро гирифта намешавад. Ин халқ дарё аст. Коса уже пур шуд.
Биёед мардум, мақомотҳо якҷо шавем ва ҳақи худамонро аз ин кафторҳо гирем, ки дер мешавад. Ранги уйғурҳои Чин ва ранги курдҳои Ироқ беватан мешавем, насли оянда бахудо дар рӯямон ба ин буздилиамон туф мекунад.
Дар охир хоҳиш, аз номи муҳоҷири ғариб, ки ин номаро нашр кунед.
Волгоград
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин!. Ин бор аз сомонаи нашрияи СССР як матлаберо интихоб кардам, ки дар бораи қалин-маҳри духтарҳо суҳбат мекунад. Ин навишта «Дод аз дасти қалин!!!» унвон ва ба қалами Омиронаи Сайёф тааллуқ дорад, 23 август чоп шудааст. Чаро ин мақоларо интихоб кардам? Барои онки дар ҳақиқат масъалаи қалин-маҳри духтар дар Тоикистон вазнин аст.
Маъулони идори танзим ҷойи онки дегу табақ ва шумори меҳмонҳоро бишморанду мардумро ҷарима кунанд, ин масъаларо бояд ҳал кунанд.
Домулло, ман дар бораи ин матлаб фақат ҳаминро гуфтаниам, ки як масъалаи басо ҳам ҷиддиро пешкаши мардум кардааст. Онро, агарчи як каме шояд тулонӣ бошад комил меоварам. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки дар ин бора муфассал шарҳу тавзеҳ диҳед, ки дини ислом ва шариъат дар ин бора чи мегуяд. Ва ҳоло ин мақола:
Дод аз дасти қалин!!!
ё мавзуе ки бояд сари он баҳс кард
SOS: Маҳр 50.000 сомонӣ
«Тариқи сомонаи иҷтимоӣ аз Фейсбук навореро дидам, ки дар он ғариббачае, ки ба хотири ҷамъоварии маблағи тӯй ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Руссия рафта будааст, аз гаронии нархи қалини духтарони тоҷик шикоят карда, мегуфт:
“Падарону модароне, ки гулдухтарони худро бо сад умеду орзу ба воя расонидаед лутфан қалин ё маҳри духтаронро боло набардоред,зеро волидони мо низ бачаҳояшонро бо сад орзуву умед калон кардаанд. Мо муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз барги дарахтон пул намечинем. Балки ҳамарӯза бо садҳо проблема рӯ дар рӯ мезанем, ки ҳатто гуфтанаш мӯий тани модаронамонро меларзонад. Бо арақи ҷабин пул ба даст меорем. Ман аз ҳамин мамлакати дур орзу кардам, ки бо духтари тоҷик оила барпо намоям, аммо мутаасифона гаронарзишии маҳри духтар имконияти оиладоршавӣ ба муҳоҷиронро намедиҳад. Чаро то ин ҳад зулм болои мо зангирон менамоед???
Дар ҳамин Русия ҳазорҳо духтарон орзу доранд, ки бо мардони тоҷик оила барпо намоянд. Як лаб во кунем мешавем оиладор бе ягон ташвиши рӯзгор ва бе ягон харҷи барзиёд. Аммо насл дигар намешавад???
Луфтан моро дарк кунед”.
Солдидаҳо чӣ мегӯянд?
Акнун пеш назарам қиссаҳои хусуркалонам омад, ки мегуфт:
-Дар шаҳри Душанбе, дар деҳаи Қиблаӣ ҳар он нафаре, ки оила барпо карданӣ мешуд, бидуни раҳматии падарии ман ба хостгорӣ намерафт. Зеро падари ман сахтгӯву ҳақиқатгӯ ва дурандеш буд. Пеш аз қалинги духтаро муайян кардан таъкид менамуд, ки духтар ғулом нест, ки ба волидони писар фурухта шавад. Ё инки падару модари духтар гадо нестанд, ки болои духтарҳо нархгузорӣ кунанд. Аммо домодҳо бо мақсади ба қадру манзалати бонуи хонадон расидан бояд кор кунанд ва бо пули ҳалол миқдори муайяни туйро аз киса бароранд. Ҳамин ки харҷ шавад, дилхоҳ кас ба қадр мешавад. Маҳри духтарамон чанд гуфта, духтарро мисли гову хару асп ба фурӯш набароред!
Маҳр боинсофона бошад, зеро духтари шумо дигар дар хонаи шумо меҳмон асту дар хонаи шавҳар кутоҳтару ҷиддитар гӯям, нонхураки иловагӣ…
Нархи қалин то 100 ҳазор боло бурда шавад
Дар идомаи ҳамин мавзӯъ дирӯз бо бонуе сӯҳбат кардем, ки исмаш Миҷгона аз Харангон буд, ки гуфт:
“Болоравии нархи қалини духтар хело хуб аст. Чун ҳозира ҷавонон ин занаш нашуд, бе ягон фикр талоқи занро дода, аз сари нав зани дигар мегиранд. Ё ин ки аз болои зани олуфтааш, ки шабу рӯз дар хизмати ӯст, зани 2 ё 3- юм мегирад, ки ба ягон қонуни исломӣ рост намеояд. Шарту мисолҳо аз паёмбарҳо меоранд. Паёмбар барои он зани 2, 3, 4 мегирифт, ки маҷбур буд, на чун шавҳарҳои ҳозира аз руйи ҳаво занам пир шуд гуфта дарҳол духтари 18 соларо ба никоҳ медароранд. Билохира, занҳои бечора дар байн ҳайрон монда, баъзеҳо ҳатто тавре аз сомонаҳои иҷтимоӣ мебинем, якдигарро рӯканиву мӯканӣ мекунанд. Зимнан ба андешаи ман маҳр то 100 ҳазор сомонӣ боло равад, баъд ба қадри зан мерасанд”.
Фатаи арӯсии 10-ҳазорсомона…
Ин ҷо мехоҳам, аз мисоли дигаре ёдовар шавам, ки яке аз сабабҳои дигари оила барпо карда натавонистани ҷавонҳо мегардад. Чанде қабл ҳангоми ороиши рӯйи хоҳарам як корманди салони ҳусн бо ифтихор қиссаеро нақл кард, ки ростӣ хело ғамангез буд. Ӯ гуфт, ба наздикӣ навхонадороне аз толори арусии ӯ, ки арзиши куртаҳояш аз 5 то 15 ҳазор сомонӣ аст, дидан кардаанду духтарак фатаи 10 ҳазор сомнаро меписандад, аммо ҷавон бо сабаби набудани вазъи молиявӣ онро гирифта наметавонад. Духтар ҳам бошад, туйи худро бо он писар барҳам мезанаду моҳе пас бо нафаре хонадор мешавад, ки куртаи гуфтаи ӯро харидорӣ карда тавонист. Ва он духтари бехирад, он ҷавони навинтихобашро маҳз ба ҳамин дукон овардаву ҳамон куртаро намоишкорона ба иҷора гирифтааст, то фурушандаҳо каттагияшро бинанд…
Аз салон берун баромадам, аммо суханони он духтар аз хаёлам ҳеҷ намебаромад. Бо худ андеша мекардам: дугонаҳо, ба куҷо равонаем?
Оё он арӯс як лаҳза ҳам фикр накард, ки барои расидани рӯзи фотиҳааш чанд нафар заҳмат кашиданд? Падару модар чӣ қадар орзуҳо парвариданд, чӣ қадар меҳнат карданд, чӣ қадар хароҷот намуданд, то фарзандашонро бо дуои нек ба хонаи бахт гусел кунанд? Оё ӯ ҳис кард, ки падару модар, бародарону хоҳаронаш ҳангоми ризоият додан ба ин издивоҷ чӣ эҳсос доштанд? Мутаассифона, дар он лаҳза гӯё танҳо як андеша ҷой дошт: Ман бояд фатаи гарон пӯшам ва аз ҳама зеботар бошам. Аммо оё бахтро бо нархи фата метавон харид?
Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?
Чӣ бояд кард, то ҳам ҷавонон оиладор шаванд ва ҳам зиндагии онҳо мустаҳкаму пойдор бимонад? Хушбахтона, аз ҷониби масъулин ва идораҳои гуногуни кишвар дар ин самт чораҷӯӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар нишасти хабарии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода 1 хушхабар расид, ки мехоҳам пешкаши хонандагони азиз кунам.
Маҳмуд Назарзода, ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъат, зимни суханронии худ қайд карданд, ки дар ин донишкада барои омода кардани оилаҳои ҷавон ва пош нахурдани онҳо маҳфили оиладорӣ амал мекунад, ки он ба ҷавонон ҳамаи нозукиҳои оиладориро сар аз одобу рафтори духтарону писарон пеш аз туй то рӯзҳои аввали оиладорӣ меомӯзонад. Дар чунин маҳфилҳо шахсиятҳои саршинос, ки зиндагии тулонӣ ва намунавӣ доранд, даъват карда мешаванду онҳо маслиҳатҳои муфид ба ҷавонон медиҳанд.
Ректор бо боварӣ изҳор намуд, ки ҷавононе, ки аз маҳорати оиладорӣ тариқи маҳфили мазкур дар донишкада бархурдор шудаву оила барпо мекунанд, мутмаинан, ки оилаи солими худро сохта метавонанд:
-Ин маҳфил чизҳои оддӣ, масалан, тарзи дуруст чой дамкуниву дастархондориву меҳмонқабулкуниро меомӯзонад, ки барои ҷавонон муфид хоҳад буд. Умедворам, ки гулдухтарони насли имрӯз аз дарси донишкада бохабар шуда аз пошхӯрии оилаҳои худ ҷилавгир мешаванд-афзуд ректор.
Ба ҷои охирсухан
Калиди бахти зиндагӣ на дар сарояндаи 5 ҳазордоллараву ресторани дакаданг, на дар фатаи 10-ҳазораву фавҷи мошинҳои гаронарзиш, балки дар эҳтиром, сабру таҳаммул ва муҳаббати байни зану шавҳар аст.
Фатаи сафед пӯшидан орзуи ҳар духтар аст, новобаста аз он ки ӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ё дар Афғонистон, Эрон, Русия, Амрико, Фаронса ё ҳар кишвари дигари ҷаҳон. Аммо арзиши воқеии хушбахтиро на нархи либос, балки покии дил, ахлоқи нек ва омодагӣ ба бунёди 1 оилаи солим муайян мекунад.
Дар бораи нархи маҳр бошад чунин меандешам, ки на сих сӯзаду на кабоб, ҳарду тараф дар ҳадди тавоноии ҳам онро ҳал созанду ҷавонон низ хушбахт бошанд! Зеро фаромӯш набояд кард, ки арӯси гаронарзиш, сар аз рӯзи 2-уми тӯй, ҳамроҳи шавҳараш дар ботлоқи қарзи барои маҳр гирифтаи шӯяш, ғарқ мешавад:
-Чаро оқил кунад коре, ки бор орад пушаймонӣ?!
