«“Ҷумъа муборак” мамнӯъ аст ё не? Ривоятҳои мардум ва мавқеи Кумитаи дин»         

Ислоҳ нет

  «Хусумати  Раҳмонов бо ислом нав нест»

      Як нома қабл ва номаи дигар баъди муайян шудани мавқеъи Кумитаи дин дар мавриди баъзе аз навиштаҳои маъмулии оҳанги исломӣ дошта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дасти мо расид. Мо ногузир шудем, ки бо як нигоҳи гузаро баъзе аз андешаҳои худро дар робита ба сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар иртибот ба дини ислом изҳор дорем. Аммо он ду номаро дар қисмати поёни мутолиа хоҳед кард.       

    Бо нашри як баёния Кумитаи дин баҳсҳои бархоста дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба манъи навиштаҳое «Рӯзи саиди ҷумъа муборак», худованд раҳмату мағфират кунад» ва амсоли ин таманиёти исломиро, ки асрҳо боз дар миёни муслимин роиҷ ва ҷорӣ аст, такзиб кард ва гуфт, ки ҳиҷ гуна муҷозоте барои ирсолу қабули ин навиштаҷот дар қонунгузорӣ пешниҳод нашудааст. Гуё ин Кумита, ки сиёсати ҳукуматро дар арсаи дин пеш мебарад, ба ин баҳс нуқта гузошт.

Аммо хабарҳо ва маълумотҳое, ки ба мо мерасад, баракси инро мегӯяд. Ҳукумати Тоҷикистон дар шахси худи Раҳмонов ва масъулони соҳаи ҳифзи ҳуқуқи он, яъне мақомоти интизомиву амниятӣ тамоми неру ва тавони ҳокимиятро барои тазъифи дини ислом ва дурсозии ҷомеа аз он ба харҷ дода истодаанд.

Мову шумо хуб медонем, ки Раҳмонов як душмани қасамхӯрда ва сарсахти дини ислом, дини мардум ва миллат аст. Касе, аз шумо, ки ин навиштаро мутолаа мекунад дар ҷое, масалан дид, ки Раҳмонов боре ҳам масҷид рафтаву сарашро ба саҷда гузошта бошад.

Раисони ҷамоҳири кишварҳои ҳамсоя, масалан Узбекистон, Турманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар ду иди бузурги мову шумо Қурбон ва Рамазон дар майдони марказии пойтхтҳояшон ҳамроҳи мардум нмоз мехонанд. Афви махсус бахшида ба фарорасии ин ду ид қабул мекунанд. Аммо Раҳмонов чӣ? Раҳмонов ҳатто барои баргузорӣ ва барпоии намоз маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кард. Шумо агар дар вақти намоз дар роҳ бошед, ҳақ надоред, ки ибодати фарзии худро дар лаби роҳ ба ҷо оваред. Масалан дар кишварҳои ғайрисломӣ, дар фурудгоҳ, дар вокзал ва дар дигар амокини иҷтимоӣ хонае барои баргузории намоз пешбинӣ шудааст, масалан дар Кохи Сафеди Амрико, аммо дар мо дар чунин ҷойҳо намоз барпой доштан ҷарими сангин дорад.

Ду ё се соли пеш Раҳмонов дастур дода буд, ки рӯзаатонро бихуреду зардолуро чинед: ҳосил талаф наёбад.

Рости гап ман дар ин бора, ки Раҳмонов дар ин беш аз 70 соли умраш ягон бор рӯза дошт бошад бо он ишками калону гардани балони газияш, хабар надорам, баъид аст, дар гумон аст, шаку шубҳа дорам.

Насли он солҳо хуб дар ёд доранд, ки он қавму гурӯҳ, ки Раҳмоновро сари қудрат овард, бо шиори «Нест бод ислом» вориди саҳна шуда буданд. Ва ҳамин сиёсати зиддиниро Раҳмонов то ба имрӯз  бар болои ин миллати мазлум ва мустазъаф татбиқ мекунад.

Раҳмонов дар симои ҳар як намозгузор, ҳар як марди бо ришу хонуми муҳаҷҷаба хатар эҳсос мекунд ва онҳоро душман мешуморад.

Дар тамоми тӯли ҳокимияташ давра ба давра, қадам ба қадам доираи дини ислом дар кишварро маҳдуд кард. Даҳҳову садҳо масҷидро дар қаламрави кишвар басту маҳкам кард. Ҳатто бинои масҷидро ба амният дод ва ба дискотека мубаддал кард. Таълиму тадриси исломиро барои насли наврас ва кудакон манъ кард. Уламои муътабарро аз минбару меҳроби масҷид поин овард. Хуллас, корҳое кард, ки як мусалмон ҳиҷ гоҳ ба худ иҷозат намедиҳад, чи расад ба онки вай раиси якмиллату давлати мусалмонӣ бошад.

Талош мекунад тарзе ҷилва диҳад, ки таъриху фарҳанги мо аз дину оини мо мутафовит аст. Вай, барои он намегӯяд, ки ориёӣ як чизе бузургу баланд аст вай барои он мегӯяд, ки ангор ориёӣ будан ғайриисломӣ будан аст. Ин қадар танаффур дорад, ки бо истифода аз қудрат ва зӯри ҳокимият дигар дину мазҳаби моро, масҷиди намозу тоату ибодати моро, ҳатто ном гузоштан ба кудаконамонро таъин мекунад. Таъин мекунад, ки аз кай аркони динмонро ёд бигирем. Яъне то 18 солагӣ рӯ овардан, омӯхтани аркону заруриёти динӣ дар Тоҷикистон қатаған аст ва дар сурати риоят накардани ин банди қонун муҷозот дар пеш аст. Ин қонун, ки вазъ кардааст, садфисад бар муқобили фарз, яъне дастури мустақими Аллоҳ ва шариъати Ислом аст.

Барои падару модар-волида фарз аст ки ба муҷарради 7 , 9 ва 12 солагии духтар ва писар онҳоро бо аркони ислом бузург кунад, яъне таълим бидиҳад. Аммо Раҳмонов дурусту дақиқ бар муқобили ин дастури Аллоҳ қонун қабул кард, ки падару модар, ки бидуни иҷозат кӯдаки худро бо таълими исломӣ фаро мегирад, муҷозот хоҳад шуд. Шумо аз як чунин раис ва роҳбар дигар чи таваққуъ дошта метавонед?

Қонун қабул кард, ки то ба 18 надарояд, масҷид наравад. Дар ғайри сурат ба ҷазо мубтало хоҳӣ шуд. Аммо Муҳаммад ( саллаллоҳу алайҳи васаллам) мегӯяд, ки аз 7 солагӣ ба фарзандонатон омӯзиши намозро омӯзед ва даҳ сола шуданд нахонданд танбеҳ кунед фарзандонатонро.

Ҳоло акнун ин вазъи мову шуморо, мусалмонони Тоҷикистонро кӣ бояд ислоҳ бикунад? Мо,дастури Аллоҳу паёмбарамонро итоат кунем ё қонуни Раҳмоновро? Бубинед Раҳмонов мустақим бо Аллоҳ ҷанг карда истодааст.

 Ин танаффур ва ин бадбинӣ дар қалби Раҳмонов бар алайҳи ислом воқиан ҳам ҷойи нигаронӣ дорад. Роҳбар ва раиси як мамлакати мусалмонӣ аз дину оини мардуми худаш мутанаффир аст.

Баъзе хабарҳое, ки аз давру бараш меояд, ҳокӣ аз он аст занҳои сатрпушро бинад касал мешавад. Инки фарҳанги бегона, сару либоси бегона мегӯяд, нишонаи буғзу хусумати ошкорояш бо ислом аст.

Бубинед, ки дар ҷаласаҳо, ки рақсу базм доранд, чи қадар табъаш болида мешавад ва гоҳе микрофонро мегираду сари овоз мегирад. Руҳаш боз мешавад. Ин, яъне руҳан ва қалбан зиди ислом аст.

Инҷо як гуфтаашро, ки ҳамин чанд рӯзи пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезад, пешкашатон мекунам:

«Агар дар забонамон, дар рафторамон, дар кирдорамон зоҳирпарастӣ кунем, ҷелакҳои дароз пӯшем, ришҳои дароз монем, сатру ҳиҷоб бандем, лекин дилу нияти бад дошта бошем, ин зоҳирпарастӣ асту халос».

Бигзор, ин гуфтаи Раҳмоновро таҳлили мантиқиву маъноӣ накунем. Чун мисли ҳама ҳарфҳояш зидунақиз аст. Аммо бубинед, ки чи тавр эҳсоси нафрати худро ба «ҷелакҳои дароз… ,ришҳои дароз, сатру ҳиҷоб» пинҳон дошта наметавонад.

Ёдатон бошад Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон манъи гузоштани ришу пӯшидани ҳиҷоб дар бархе корхонаҳои давлатиро “тартиботи дохилии муассисаҳо” унвон карда буд. Яъне аз дӯши худ соқит ва ба гардани дигарҳо бор кард. Ҷуръат накард бигӯяд, ки раиси ҳукумат ҳамин таврашро мехоҳад.

Инро қабл ҳам гуфтему боз ҳам мегӯем, ки агар ҷомиа озоду демократӣ бошад, агар давлати мо дунявии маданӣ бошад, кӣ чи кор дорад, ки дар тани ман ҷелак аст ё костюм ва ё ҷома ва ё палто? Риши ман ба ту чи зиён дорад, ки кутоҳ гузорам ё дароз? Ва ҳамин тавр як зан сатру ҳиҷоб кунад ба ту чӣ?

Инҷоҳо, ки чандин сол шуд аз юмни палиди Раҳмонов мегардам, касеро ба касе дар ин масъалаҳо коре нест. Мебинӣ дар зимистон тайи шорт мегардад, баракс мебинӣ дар тобистон бо палто аст. Ин кор хусусӣ аст, ҳарими хусусӣ аст. Ту раисӣ, хуб бошад, вале раиси ришу ҳиҷобу сатру ҷелаку дастори ман нестӣ,ку? !Ман бояд тибқи хоҳишу ирода ва мазоқи ту форма одеват кунам? Чаро? Чаро барои либоси ман, ту проблема дошта бошӣ? Шаб то рӯз, рӯз то бегаҳ русская водкаро зада мегардӣ, мо кордорат намешавем ку? Рухшона дар кучаҳои Ландан бо миниюбка мегардад, касе кордораш намешавад. Як бор пурсаш, ки дар онҷоҳо ҳам проблемаи ришу сатру ҷелаку рӯзи ҷумъа муборак ҳаст ё хайр?

Бори дигар ёдрасат мекунам, ки ҳамин Исмоили Сомонӣ ва тамоми дудмони вай, ки бароят улгуву намуна шудааст, риш дошт, аз кудакӣ Қуръон хонда буд, мулло буд ва ё Рӯдакӣ риш дошт, Сино риш дошт, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ риш дошт, Айнӣ риш дошт. Инҳо ҳамааашон муллою  домуллову мавлавӣ буданд ва ҳамашон дар хурдӣ Қуръонро хондаву аз бар карда буданд, на аз 18 солагӣ. Ҳатто асосгузори ҳукумати худат Сангак дар зери занахаш чор тор ҳам буд, риш дошт….

 Ва,ҳоло он ду номаро пешкаш менамоем, то бифаҳмед, ки мардум беҳуда намегӯяд: «то шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад»

Номаи аввал, ки қабл аз баёнияи Кумитаи дин ба «Ислоҳ» расидааст, аз шҳри Кулоб аст. Ин савтӣ-навори аудиоӣ аст ки бо табдил ба матнаш кардем ва он ба шарҳи зайл аст:

            Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаро аз шаҳри Кулоб менависам. Ба назар мерасад, ки ду- се соли дигар Раҳмонов дини исломро дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон мекунад. Кор ба ҳамин самт рафта истодааст. Аз сол то соли дигар фақат кораш маҳдудият дар расму русуми динии мо аст. Инҷо номбар намекунам. Ҳоло акнун маълум шуд, ки минбаъд навиштаҷотҳои исломӣ, таманниётҳои исломӣ, навиштаҷотҳои «Ҷумъа муборак» ё «хайру баракати рӯзи ҷумъа муборак» тибқи қонуни нав манъ аст. Нафаре, ки ин гуна навор ё матнро ирсол мекунад 9000 сомонӣ ва шахси қабул мекардагӣ 7000 сомонӣ ҷарима мешавад.

Бародар Муҳаммадиқбол! Ман ба шумо навори суҳбатҳои як нафарро мефиристам. Вале ӯро шинос намекунам, шахсияташро пинҳон медорам. Ин нафар дар группаи мо чунин суҳбат кард:

«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бачаҳо ҳамакаса созен, тинҷен, чи ҳол дорен?

Бачаҳо, хайр аку мора гуфтан, шумора мегем. Дар маҷлиси бахшида ба ваҳдат эълон шид, ки амният гуфт, ки ҳар касе,к и «Ҷумъа муборак мекунад, ку ,менависад ҷумъа муборак» ина ҳамин корара мекунад 11 ҳазор сомонӣ ҷарима, ҳар касе, ки лайк мемона, ана ҳамиша фромуш кадум- 40 ҳазор гуфт,чанд ҳазор гуфт иша нафаҳмидм. Хай мақсади гап, ки «Ҷумъа муборак» ҷарима, ҷарима 11000, лайкаш  бисёртар.

Баъд касе дар масҷид суната намехонад меброяд, видеора таҳти назорат мегиранд камерҳора, касе суната намехонад, нохонда мебарояд вай одам қавруш кандагӣ — ба тоҷикиш бигирем. Мақсади гап, ки эҳтиёт бошен бачаҳо. Хай аку ҳаминхелин давлатда зиндагӣ мекунем. Дига чи кор мекнем. Маҷбурем қонуна риоя кунем».

                        Номаи дуввум

            Душанбе

Ин нома чуноне тазаккур кардем баъди нашри такзиби Кумитаи дин расидааст ва он аз Душанбемебошад. Ин нома ҳам навори аудиоӣ буд, ки мо табдил ба матн карда пешкаши шумо мекунем, то бифаҳмед, ки ончики дар расонаҳо гуфта шуд воқеӣ ҳаст ё овоза. Ин нафар, номи як ҳамкорашро дар оғози суҳбаташ мегирад ва дар охир ба чанд зердасташ дастур медиҳад, ки дар ин бора назоратро дуруст кунанд. Мо ба хотири амнияти манбаъамон номҳои зикршуда дар ин наворро, ки онҳо низ кормандони умури дохилианд ҳазф кард. Ин нома чунин аст:

 «Ҳо (номи шахсро мегирад)дуруст қайд кардӣ. Мо ҳозир дар ҷаласаи селектории назди  вазир будем. Дигар касе рӯзи саиди ҷумъа муборак мекунанд ҷарима 10 000 сомонӣ таъин шудагӣ, лайк мемонанд ё менависанд худованд раҳмату мағфират кунад, тариқи раҳмат шоистаи ҷанат ину вай  40 ҳазор. Лайк намонанд, рӯзи саиди ҷумъа нанависанд.

 Алҳамдулиллоҳ ҳамаамон мусулмонему неки  ҳамин гапҳо… вай кадестан ҷидӣ назорат каесан. Ту да занг задум (ном мегирад) акаи (ном мегирад) занг задум нагирифт.(Ном мегирад ( гуфтум, (ном мегирад) гуфтум ҳамин масъалара ҷидӣ назоратда бигӣ, ки рӯзи саиди ҷумъа муборака  назорат кунанд дигар.

Як манбаъи дигари мо дар мақомоти қудратӣ гуфт,ки ин тасмим дар сатҳи боло гирифта шуда буд ва мебоист дар намози ҷумъаи 31 июл ин маҳдудиятҳоро эълон мекарданд. Аммо боз бо чи мулоҳизоте тарҷеҳ доданд, ки бидуни эълон аммо онро амалӣ кунанд.

Ҳатман иҷро мекунанд ва мову шумо шоҳид хоҳем буд, ки барои Рӯзи саиди ҷумъа муборак ҷарима ва ё статя мезананд…

Дар пешгоҳи Аллоҳ чӣ посух хоҳед дод?

Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов!

Шумо метавонед Кумитаи динро водор кунед, ки хабарҳоро такзиб намояд; метавонед мақомотро барои назорати масҷидҳо, риш, ҳиҷоб, таълими динӣ ва навиштаҳои мазмуни исломӣ сафарбар созед; метавонед мардумро тарсонед, ҷарима кунед ва садои эътирозро муваққатан хомӯш намоед. Аммо як ҳақиқатро тағйир дода наметавонед: мардуми Тоҷикистон мусалмонанд ва ислом бахше ҷудонопазири ҳувият, таърих ва фарҳанги онҳост.

Исломро бо фармон аз қалби мардум берун карда намешавад. Муҳаббат ба Қуръон, намоз, рӯза, ҳиҷоб, масҷид ва рӯзи сайиди ҷумъаро бо қонунҳои маҳдудкунанда нобуд сохтан имкон надорад. Фишор танҳо захми ҷомеаро амиқтар, эътимоди мардумро камтар ва фосилаи ҳукуматро аз миллат бештар мекунад.

Мувофиқи номаҳо ва сабтҳои ба «Ислоҳ» расида, аз як тараф Кумитаи дин овозаҳои марбут ба манъи ибораҳои «Ҷумъа муборак» ва «Худованд раҳмату мағфират кунад»-ро рад мекунад, аммо аз тарафи дигар, манбаъҳо аз дастурҳои ғайрирасмӣ, ҷарима ва назорати чунин навиштаҳо хабар медиҳанд. Мо мустақилона дурустии ҳамаи ин иддаоҳоро тасдиқ карда наметавонем, вале ҳамин тазод худ ба таҳқиқи ошкоро ва посухи равшан ниёз дорад.

Агар ин хабарҳо дурӯғанд, пас чаро мақомоти давлатӣ ҷуз як баёнияи кӯтоҳ санад, шарҳи ҳуқуқӣ ва кафолати равшан пешниҳод намекунанд? Чаро ба мардум ошкоро намегӯянд, ки барои навиштани «Ҷумъа муборак», дуо кардан барои шахси фавтида ё гузоштани “лайк” ҳеҷ кас ҳаққи боздошт, бозпурсӣ ва ҷарима кардани шаҳрвандро надорад?

Ва агар ин дастурҳо воқеан дода шудаанд, пас масъулияти онҳо танҳо бар дӯши як корманди маҳаллӣ нест. Масъулият то болотарин сатҳи ҳокимият мерасад.

Ҷаноби Раҳмонов, шумо чандин сол аст, ки худро ҳомии таъриху фарҳанги миллат муаррифӣ мекунед. Аммо фарҳанги ин миллатро аз ислом ҷудо кардан мумкин нест. Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Ибни Сино, Мавлоно ва садҳо шахсияти барҷастаи ин сарзамин дар муҳити тамаддуни исломӣ парвариш ёфтаанд. Бо номи онҳо ифтихор кардану ҳамзамон барои таълими одитарини исломӣ монеа гузоштан, зиддияти ошкор аст.

Чаро аз намози кӯдак метарсед?
Чаро аз рӯймоли зан метарсед?
Чаро аз риши як мард метарсед?
Чаро аз
паёми «Ҷумъа муборак» метарсед?

Агар ҳукумат аз як ҷумлаи дуъоӣ ба ларза меояд, мушкил дар он ҷумла нест — мушкил дар заъфи худи ҳукумат аст. Давлати устувор аз ибодати шаҳрвандонаш наметарсад. Давлати одил ба ҳарими хусусӣ, эътиқод ва виҷдони мардум дахолат намекунад.

Сулаймон Давлатзода ва Сайидмукаррам Абдуқодирзода!

Муроҷиати ҷиддии мо махсусан ба шумост.

Шумо одамони бесавод нестед. Шумо таҳсилоти олии динӣ доред, оятҳои Қуръон, ҳадисҳои Паёмбар ﷺ ва аҳкоми шариатро хондаед. Медонед, ки олим бояд ҳақро ба соҳибони қудрат бигӯяд, на ин ки барои ҳар амали ҳукумат далели сохта биҷӯяд ё бо хомӯшӣ онро сафед кунад.

Оё ягон бор дар хилват аз худ мепурсед, ки вазифаи шумо чист: ҳимояи дину ҳуқуқи мусалмонон ё табдил ёфтан ба сипари сиёсати ҳукумат?

Оё вазифаи Кумитаи дин фаҳмондани аҳкоми дин ва ҳимояи озодии эътиқод аст ё назорат кардани либос, риш, масҷид, маросим ва паёмҳои телефонии мардум?

Ҷаноби муфтӣ, минбари шумо амонат аст. Номи «муфтӣ» танҳо унвон нест; масъулиятест, ки дар назди Аллоҳ аз он пурсида хоҳед шуд. Вақте дари масҷид ба рӯи наврас баста мешавад, вақте омӯзиши дин маҳдуд мегардад, вақте зан барои ҳиҷоб ва мард барои риш таҳти фишор қарор мегирад, сукут кардани шумо чӣ маъно дорад?

Оё шумо воқеан гумон мекунед, ки рӯзи ҳисоб метавонед бигӯед: «Мо фармонбардор будем»?

Аллоҳ намепурсад, ки мансаби шумо чӣ буд ё кадом мақом аз шумо чӣ мехост. Мепурсад, ки вақте ҳақ поймол мешуд, шумо чӣ кардед. Мепурсад, ки илму мақоми худро барои ҳимояи ҳақ истифода бурдед ё барои сафед кардани зулм.

Қуръон ҳушдор медиҳад:

«Ва онҳоро боздоред, зеро онҳо бозпурсӣ хоҳанд шуд».
(Сураи Соффот, ояти 24)

Шумо беҳтар аз дигарон медонед, ки итоат аз махлуқ дар коре, ки нофармонии Холиқ аст, ҷоиз нест. Пас чаро ин ҳақиқатро ба раиси давлат намегӯед? Чаро намегӯед, ки дини мардум душмани давлат нест? Чаро намефаҳмонед, ки маҷбур кардани ҷомеа ба тарки нишонаҳои динӣ на амният меорад ва на муҳаббат ба давлат?

Оё як бор ҷуръат кардаед ба Эмомалӣ Раҳмонов бигӯед:

— Ҷаноби президент, ин миллат мусалмон аст; бо эътиқоди он наҷангед.
— Масҷидро ба макони тарс табдил надиҳед.
— Таълими динро ҷиноят насозед.
— Ба либоси занон ва риши мардон дахолат накунед.
— Аз «Ҷумъа муборак» душман натарошед.
— Мардумро водор насозед, ки миёни қонуни давлатӣ ва фармони Худо якеашро интихоб кунанд.

Агар нагуфтаед, чаро? Аз даст додани мансаб бароятон сангинтар аст ё посух додан дар пешгоҳи Аллоҳ?

Шояд имрӯз вазифа, мошини давлатӣ, минбар ва муҳофиз шуморо аз саволи мардум дур нигоҳ дорад. Аммо ҳеҷ яке аз инҳо дар қабр ҳамроҳатон намеравад. Он ҷо на фармони президент мемонад, на дастури вазир ва на баҳонаи «сиёсати давлат». Танҳо амал мемонад ва масъулият.

Мо аз шумо даъват намекунем, ки ба сиёсат ворид шавед. Аз шумо талаб мешавад, ки вазифаи динӣ ва виҷдонии худро иҷро кунед: ҳақро ҳақ бигӯед ва ботилро ботил. Ба ҳоким фаҳмонед, ки мубориза бо нишонаҳои ислом мубориза бо ҳувияти аксарияти миллат аст ва оқибати чунин сиёсат барои давлату ҷомеъа хатарнок хоҳад буд.

Ҷаноби Раҳмонов!

Ин кишвар моликияти шахсии шумо нест ва дини мардум низ тобеи завқу табъи шумо нест. Шумо раиси давлатед, на соҳиби имон, виҷдон, риш, ҳиҷоб, масҷид ва дуъои мардум. Ҳудуди вазифаи давлатро бишносед. Мардумро барои имонашон таҳқир накунед ва ҷомеъаро маҷбур насозед, ки эътиқоди худро пинҳонӣ нигоҳ дорад.

Ва шумо — Сулаймон Давлатзода ва Сайидмукаррам Абдуқодирзода — пеш аз он ки дер шавад, аз худ бипурсед:

Агар фардо дар пешгоҳи Аллоҳ аз шумо пурсанд, ки ҳангоми маҳдуд шудани дини Ӯ чаро хомӯш мондед, чӣ ҷавоб хоҳед дод?

Ҷавоби ин саволро имрӯз омода кунед. Фардо барои ислоҳи сукут, тавҷеҳи мавқеъ ва бозгашт ба ҳақ шояд дер шуда бошад!.

Share This Article