Ин бор аз Ромит, Екатеринбург, Душанбе, Нуробод ва Бохтар номаҳои муаллифони иҷтимоии худро дар барнома ҷой додаем.Аз ҳар нома дар муқаддима иқтибосҳоро пешкашатон кардем,ки бидонед, дар чӣ масъала суҳбат шудааст.
Ромит: « Бузҳо девона шудаанд. Мегуянд, ки «ино кӣ бошад, ки и мавзуъҳора да шумо ройи кадай». Як тасҳеҳ дар номаҳои пешина. Дар рӯзи Иди Қурбон вай Русурхак набуд, амниятӣ буд, ҳамроҳамон намоз хонд. Ҳамон амниятӣ ин корҳоро нақл кард. 3-4 бор пай дар пай дар ҳама ҷои Ромит ҳамакаса гуш карданд. Аз ҳамон гапҳои баҷоӣ: газетхонак, махуф, буқача сахт қаҳрашон меомадааст.
Екатеринбург: «Кушта шуд, номаълум, гум шудааст, (безвести пропавший) гуфта ҳуҷҷат мекунанд. Вале дар аввал то хати муқаддамотии набард пеш меравӣ. Барои ин кор пули беҳад калон медиҳӣ, туро мурд, гум шуд, номълум аст гуфта санад мекунанд. Хулоса списат мекунанд. Он тарафашро дигар худат медонӣ. Меравӣ Дубай ё ҳар ҷои дигар».
Душанбе: «Мо баъзе муллоҳое дорем,ки донишу саводи баланд доранд, хондагианд, даму нафаси хуб доранд,аммо узви Шӯрои уламо нестанд, сархатибу хатиб, имоми масҷиду муовин ва муаззин нестанд. Вале дар байни халқ обурӯи калон доранд, ихлосмандони онҳо бештар аз ин нафарони зикршуда аст. Пас чаро ба онҳо иҷозат нест».
Нуробод: «Боз дар бораи бародарони раиси ноҳияи Нуробод гуфтаниам. Дар мактаб муаллимҳо ҳама дар кори мактаб аммо Солеҳов Қамар ва Солеҳов Фаррух нестанд. Солеҳов Қамар бошад ба раис картошкабонӣ мекунаду тамоман дар корҳои мактаб иштирок намекунад. Вале маоши моҳи августиро бо пурагӣ мегирад. Чунки бародари Раиси ноҳияи Нуробод аст. Солеҳов Фаррух бошад бо мотосикл рӯз то бегоҳ ва шаб то рӯз мегардаду ба мисли Қамар маошашро бо пуррагӣ мегирад.»
Бохтар: «Яқинан инҷо дуздӣ ва ҳамдастии контролер, раиси шабакаи барқ ё яке аз масъулони он бо истеъмолкунандаҳои калон аст. Масалан дар шаҳри Бохтар истеъмолкунандаи асосӣ корхонаҳои Зоири домоди Раҳмонов ва бозорҳои онҳо, ки бо номи ҳоҷӣ Шариф машҳур аст, мебошад. Чунки онҳо ҳам аз пеши худ ба хутути асосии барқ пайваст мекунанд, ҳаҷми воқеии истеъмолро пинҳон мекунанд ва ҳам медузданд, яъне мимо ҳисобкунак истифода мекунанд. Ва, ин «талафот» талафоти дурӯғӣ аст».
Ромит
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Ин боз ҳам ман ҳастам, ки идомаи қиссаҳои Ромитро ривоят мекунам. Бовар кунед, ки ҳоло агар маро ёбанду фаҳманд, фикр мекунам, ки пӯсти танаамро мекананд. Ончунон ҷустуҷӯ доранду ончунон дандон тез карда истодаанд, ки агар ба дасташон афтодам, тамом, мебаранд пожизненний медиҳанд. Тамоми моддаҳои Кодекси ҷиноятиро мезананд. Худованд, кару кӯру гунг гардонадашон. Аммо мо дар дохили дохилашон ҳастем ва шабурӯз бо ин золимон ҳастем. Инҷо танҳо ман нестам , мо ҳастем ва адади мо кам нест. Бовар кунед роҳат мекунам вақте нақша мекашанд,ки ин кунем он кунем ин маълумотдеҳро. Гуфти гапҳо мебинаму имонам ба ҷӯш меояд.
Бузҳо девона шудаанд. Мегуянд: «ино кӣ бошанд, ки и мавзуъҳора да шумо ройи кадай».
Як тасҳеҳ дар номаҳои пешина. Дар рӯзи Иди Қурбон вай Русурхак (Абдуллоҳи Роҳнамо) набуд, амниятӣ буд ҳамроҳамон намоз хонд. Ҳамон амниятӣ ин корҳоро нақл кард.
3-4 бор пай дар пай дар ҳама ҷои Ромит ҳамакаса гуш карданд. Аз ҳамон гапҳои баҷоӣ: газетхонак, махуф, буқача сахт қаҳрашон меомадааст. Ҳар вақте чунин мегуед ин бузҳо мисли мурғи посӯхта мешаванд))). Ин ҳолатро дидан лозим бо гуфтан намешавад ончи бо чашм мебинеду роҳат мекунед.
Ҳоло меравем ба идомаи қиссаҳо аз ҳаёти мардуми Ромит.
Собиқ директори мактаб Солеҳов Абдул, ки солҳои пеш раиси ҷамоати Ромит буд, як хонаро, райшол мегуфтанд, аз як мусафед чанд соли пеш бе пул гирифта буд. Он мусафед 4 сотих замини худашро дод. Хонааш дар пеши мактаби Ромит. Солеҳов ҳама дарахтҳои мактаби Ромитро бурида фурухт. Аммо барои алови пескаҳои мактаб талабаҳоро маҷбур мекард, ки ҳар кадоме як харӣ ҳезум биëранд. Даже аз ҳезумҳои мактаби Ромит ва кумур барои хонаи худаш медуздид. Ин ҳам кораш фақат таҷовуз буд. Аллоҳ нишон додаш. Духтараш касали руҳӣ шуда худашро кушт. Солҳои 2008- 2014 директори мактаби Ромит буд.
Барои таъмири мактаби Ромит пул ҷудо мешуд, пулро медуздид. Аз талабаҳо барои таъмири мактаб пул ҷамъ мекард. Пули китобҳоро ҳам медуздид.
Вақте шумо ин гапҳоро мегӯед ҳамон бузхои орангутан аз изояшон механданд.
Мирзоева Хурсанд киро барои пул шуда укол кард?
Он бечора девона шуд. Духтари Ҳамро аз Ромит 45 сола аст, зани Зафар афғон. Зафар афғон падараш бо Рустами Давлатмурод хешанд. Аз Ромит деҳаи Сайёд. Ин духтари Ҳамро зани Зафар афғон буд, ҷанг шуданд, ҷудо шуданд. Барои онки кудакҳо бо падарашон биистанд ин занро укол карданд, аз ақл бегона шуд. Аз ҳуқуқи модар будан маҳрум карданаш. Зафар афғон военком кор мекард. Ин корро Мирзоева Хурсанд кард, пули калон гирифт. Зафар афғон аз Русия через одамҳои буқача Рамазон Раҳимзода яроқ мебиёрад. Ин шикорчӣ аст.
Соли ҷанги ҳоҷӣ Ҳалим дар хонаш одамҳои буқачаро хоб кунонида буд, аз ҳамон вақт бо онҳо шинос аст. Дар онҷо кабк, бузи куҳӣ, хирс, любой чиро шикор мекунанд, мебаранд. Аллоҳ бигирад ин буққачаро. Магар ту оча, зан ва духтар надорӣ? Агар дар ин мақомот ягон одами ба имони мусалмон бошад равад ҳоли ҳамон занро дар Ромит бинад.
Муҳтарам Азизмои газетхонак ин пешвои алкашро гӯ бинад. Ту ҳам,газетхонак модарӣ,фарзанд дорӣ.
Муҳтарам Фотима зани Рустам ку ҳамин қазияро ба гунгак бигу бинад..
Боз инҷо дар бораи Диловар Солеҳови риси ҷамоат мегӯям.
Диловар вақте духтур буд, дар бемористон пули соз кор мекард.
Пули кроват, курпа, пули палата. Агар зимистон мешуд пули ҳезум, кумур.
Соли ковид як пачка ситрамонро аз 10 сомонӣ зиёд фурӯхт. Ҳама доруҳо срок гузашта ба болояш пули худашро мемонад мефурушад.
Як духтури дигар номаш Муроди лав аз Ромит аст. Ин одам спиртҳоро медуздиду мехурд ва дар ҷояш об пур мекард дар бутилка ва онро спирт гуфта мефурӯхт. Як алкаш буд, то ҳозира алкаш аст. Барои як чакак ( капелнитса)-ро гузронидан то 25-30 сомонӣ мегирифт баъд мемонд, боз хариди чакак алоҳида.
Диловар Солеҳов худаш мегуфт, ки ҳамин 3 доруҳои куҳнаро аз тандурустӣ ба мо маҷбурӣ медиҳанд, агар ягон зан таваллуд кунад, тамом Худо додашон 3000 сомониатро мегиранд.
Идома дорад қиссаҳои ногуфтаи Ромит….
Екатеринбург
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз шаҳри Екатеринбурги Русия менависам. Як маълумоти ҷолиб ба дастам афтод. Ин маълумот баъди он пайдо шуд, ки дар шабакаҳо аз як нафар гуфтанд, ки гӯё дар ҷанги бо Украина аз тарафи Русия ширкат карду ба ҳалокат расид. Аммо баъди як ё ду рӯз хабари марги ӯ беасос баромад ва нздиконаш гуфтанд, ки вай зинда аст.
То онҷо ки шунидам дар аввал ин корро авторитетҳои криминалний мир-пешвоҳои олами ҷиноӣ кардаанд. Аз ин ҳисоб хеле пул кор кардаанд. Пули хеле калон. Баъд ба ин кор мақомот шарик шудааст. Аз зиндон гирифта то командири воҳидҳои ҳарбӣ дар майдони ҷанг. Ин чи кор аст?
Аз замон оғози ҷанги Руси бар муқобили Украина яке аз манбаъҳои сарбозони ҷанг зиндонҳои ин кишвар шуданд. Махсусан шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Осиёи Марказиро бар ивази пул ва ваъдаи додани мақоми шаҳрвандии Русия дар ин ҷанг хеле зиёд ҷалб карданд.
Ҳозир дар қисмҳои ҳарбии Русия, ки дар ҷанг ширкат мекунанд, шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла тоҷикҳо як роҳи халосӣ пайдо кардаанд. Онҳо бо хоҳиши худ ба ҷанг мераванд ба Украина. Бештари онҳо ҳадафи тир қарор мегиранд ва кушта мешаванд. Вале баъзеи онҳо, ки ба санадҳо имзо гузошта то даруни ҷанг, то хати фронт мераванд, ба командирҳо пул медиҳанд. Онҳо оҳиста ва хапу дам мегиранд мебароранд. Албатта, аввал санаду ҳуҷҷат мекунанд. Кушта шуд, номаълум, гум шудааст, (безвести пропавший) гуфта ҳуҷҷат мекунанд. Вале дар аввал то хати муқаддамотии набард пеш меравӣ. Барои ин кор пули беҳад калон медиҳӣ, туро мурд, гум шуд, номълум аст гуфта санад мекунанд. Хулоса списат мекунанд. Баъдан аз мантиқи украинае зери тасарруфи Русия қарор дошта паспорти русӣ мекунанд бо як номи шахси дигар ва ҳама ҳуҷҷатҳо воқеъӣ оригинал дар дасташ медиҳанд. Пули хуб дода бошанд бурда ба фурудгоҳу савораш мекунанд ва равонаш мекунанд.Он тарафашро дигар худат медонӣ. Меравӣ Дубай ё ҳар ҷои дигар.
Як одам 25 сол срок доштааст. Имзо монду рафт. Чанд моҳ шуд рафт, ҳоло гуё дар Дубай аст. Пули асосиро командирҳо мегиранд. Онҳо худашон роҳ доранд. Паспорти дигар мекунӣ, меравӣ.
Дар СВО (ҷанги худро Русия ҳамин тавр мегӯяд) ҳамин ҳиллаҳо ҳаст. Бе ғайр аз пожизненийҳо дигар кас метавоанд равад. Имзо мон, марҳамат бирав. 6 моҳ ҷанг ва як отпуск далше контракт. Шаш моҳ ҷанг кардӣ, омадӣ озодӣ. Он тарафаш кори худат, худат медонӣ. Медали «Отвага»-ро мезанӣ, ду по дорӣ ё надорӣ, ду даст дорӣ ё надорӣ. Нафақаат медиҳанд, маошт медиҳанд.
Вале онҳое, ки бо командирҳо пул дода «ғоиб» мешванд ҳам ҳастанд. Инҷо роли асосиро пул бозӣ мекунад. Ҳам аз маҳбас хлос мешавӣ ва ҳам аз ҷанг. Аз Луганс ва Донетск минтақаҳои зери тасарруфи Русия , ки бе соҳибӣ аст паспортат рост мекунанд бо номи як шахси сохта бо акси худат равонат мекунанд меравӣ Туркия, Дубай ва аз онҷо ҳар куҷо хоҳи рав озодӣ дигар.
Ду соли пеш як нафар, ки дар Русия буд Тоҷикистон гурехт омад. Дуздӣ карда буд. Русия запрос дод. Дар Тоҷикистон гирифтанду мурда бароварданаш, надоданд. Чунки пули калон доданд ба ментҳои худамон…..
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Як хабарро дар расонаҳо хонда ночор шудам, ки қалам гираму дар бораи он ба шумо дарди дил намоям. Ин хабар ин аст ки Кумитаи дин ба муллоҳои расмӣ иҷозати дуъохонӣ додааст.
Кумитаи дин иҷозаи дуъо барои имомонро дод. Магар ин як таҳқири ошкоро ба дину оини мо нест, ҳақорат ва дашноми дин нест? Хуб аст ки калимаи анъанаро аз номи ин кумита ҳазф карданд. Аммо ҳоло ҳам маросим ба номи ин кумита мувофиқ намеояд. Бало ба пасашон. Бар асоси ин ба гуфтаи худашон яъне тартиби нав, маросими динии дуъохонӣ танҳо аз ҷониби шахсони зерин гузаронида мешавад. Яъне ба ин нафарҳо иҷозаи дуоъхонӣ будааст:
узви Шурои уламо;
сархатибҳо (хатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ);
имомхатибҳо (хатибони масҷидҳои ҷомеъ);
имомҳои масҷидҳои панҷвақта;
муовинони имомхатибон ва имомон;
муаззинҳое, ки аз ҷониби иттиҳодияи динии дахлдор барои анҷоми ибодату маросими динӣ ваколатдор шудаанд.
Ҳоло инҷо чандин фикрҳо ва саволҳо пеш меояд, ки дахолати Кумитаро ба умури мардум нозарур ва амали аблаҳона мешуморад.
Мо баъзе муллоҳое дорем, ки донишу саводи баланд доранд, хондагианд, даму нафаси хуб доранд, аммо узви Шӯрои уламо нестанд, сархатибу хатиб, имоми масҷиду муовин ва муаззин нестанд. Вале дар байни халқ обӯи калон доранд, ихлосмандони онҳо бештар аз ин нафарони зикршуда аст. Пас чаро ба онҳо иҷозат нест?.
Магар ин нафарон чизи дигар мехонанд, манбаъу сарчашмаи дуъояшон дигар аст?. Назар ба муллову домулло ва ё қориҳо, ки дар байни халқанду ягон масъулият надоранд чи чизи дигар мехонанд? Магар инҳо аз дигар китоб мехонанд?
Ман тарафдорӣ пешгирӣ аз кори фолбиниву ҷодугариам. Бигзор ҷазо диҳанд. Чунки ин кор хилофи шариъат аст.
Дар охир гуфтним, ки бигзор Кумитаи дин ҳади ақал ба ҳамин категория иҷозаи таълими динӣ ба кудакону наврасонро бидиҳад. Яъне ба онҳо, ки иҷозаи дуъохонӣ додааст, бигзор иҷозаи таълими динӣ ба фарзандони мардумро низ диҳад.
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Нуробод,аз деҳаи Тегирми менависам.
Боз дар бораи бародарони раиси ноҳияи Нуробод гуфтаниам. Дар мактаб муаллимҳо ҳама дар кори мактаб аммо Солеҳов Қамар ва Солеҳов Фаррух нестанд. Солеҳов Қамар бошад ба раис картошкабонӣ мекунаду тамоман дар корҳои мактаб иштирок намекунад. Вале маоши моҳи августиро бо пурагӣ мегирад. Чунки бародари Раиси ноҳияи Нуробод аст. Солеҳзода Фаррух бошад бо мотосикл рӯз то бегоҳ ва шаб то рӯз мегардаду ба мисли Қамар маошашро бо пуррагӣ мегирад.
Дар бораи як нафар-Раҳматуллоев Азалшо инҷо мехоҳам чанд ҷумла бигӯям.
Ин як хиёнаткор дар давлат аст. Дар маориф, дар интернат кор мекард. Ба пули давлат хиёнат кард. Қариб як сол дар СИЗО буд, аз онҷо баромада ҳоло бошад дар ду мактаб муаллим аст. Савод надорад. Бовар кунед навишта наметавонад, китобро хонда наметавонад.
Замини мактабро гирифтаасту ду хона кардааст ба бародаронаш. Раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин дар сари синаш зада гуфт ман ин хонаҳоро меканам, аммо ягон кор аз дасташ наомад. Мотосиклсаворӣ карда аз думи картошка гаштаӣ, аз куҷо хонаҳоро меканӣ? Дар ҳама мактабҳои деҳаҳо майдончаи варзишӣ вуҷуд дорад. Аммо дар деҳаи Тегирмӣ замини мактабро Раҳматуллоев Азалшо тасарруф карда дар он барои бародаронаш хона кардааст.
Раиси маҳалла Солеҳов Беҳруз ҳарруз дар группаи маҳалла номи ҳамаро мегирад. Аммо аз оилаи худаш ё аз оилаи раиси ноҳияи Нуробод ягон кас нест. Рӯятро сиёҳ мекунӣ, ҳамааш дурӯғ аст.
Дар мактаб об нест. Чандин сол мешавад талабаҳо бе об ҳастанд. Дар солҳои пеш амаки Азалшо, Насриддинов Ҷумъа оби мактабро мегирад, то ҳол истифода бурда истодааст. Чанде нагузаша Азалшо боз ба мактаб об меорад. Як ду сол баъд оби дигари мактабро ба бардараш Дороб медиҳад.
Раиси ноҳияи Нуробод аз думи картошка бигард. Дар ин мактаб 600талаба ҳаст. Як муаллим гуфт, ки Қамар аз фасли тирамох то баҳор дар мактаб аз ҳисоби муаллимон обед мекунад, аммо ҳатто як картошка намебарад.
Бохтар (Қурғонтеппа)
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман бо шумо як масъаларо дар миён мегузорам. Он ҳам бошад масъалаи талафоти қувваи барқ аст. Чанд рӯзи пеш дар хабарҳо хондам, ки дар вилояти Хатлон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафи нерӯи барқ 20%ро ташкил додааст. Ва аз ҳама бештар дар ин вилоят талафот дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ талафот ба 26,04 дарсад, дар Кӯшониён ба 24,97 дарсад ва дар Вахш ба 24,26 фоиз расидааст. Дар Ҷалолиддини Балхӣ ин нишондиҳанда 23,06, Хуросон 22,62 ва Ҷайҳун 20,30 дарсадро ташкил додааст. Ман солҳо ба унвони як корманди ширкати «Барқи тоҷик» кор карда ва дар айнан ана ҳамин навоҳӣ дар ҳайати комиссияҳои давлатии назорати барқ будам. Аксарияти ин талафот ба ҳисоби корхонаҳои коркарди пахта, комбинатҳои орд, маслобойкаҳо рост меояд. Инҷо дар аслу амал «талафот» нест. Ин дуздӣ аст. Контролер бо роҳбарони ин корхонаҳо забон як карда нисфи маблағи истифодашударо санад мекунад ва нисфи дигари онро бо пули арзон списат мекунад.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва махсусан совхози Чапаев ҳамаи ин «талафот» бо наздикони худи Эмомалӣ Раҳмонов, аниқтараш ба бародарони зани вай, Раҳматуллову Хайруллову Амируллову Амонуллову дигар наздикони онҳо рост меояд. Онҳо ҳазорҳо кв.соат қувваи барқро истеъмол мекунанд, аммо як дирам ҳам ба давлат пули барқ намесупоранд. Чунки ҳамаи корхонаҳо-равғанбарорӣ, насосҳои обкашӣ, ошхонаву ресторану дискоклубу пахтатозакуниву дигару дигараш беш аз 90% ба ҳаминҳо тааллуқ дорад. Як чанд сол пеш як нафар контролер ҳатто маҷбур шуд, ки аз бонк қарз бигираду аз ҷойи онҳо бисупорад. Барои онки пеши роҳи ин «талафот» гирифта шавад, бигзор ҳамин наздикони худи Раҳмонов пули истифода аз неруи барқро бисупоранд. Чунки дер ё зуд, ҳатмани ҳатман гапи инҳо мебарояд ва пеш аз онки шармандаи дунёву охират нашаванд, бояд мисли халқ бисупоранд.
Дар ҳамин хабар хондам, ки талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Бохтар 19,62 дарсадро ташкил додааст. Агар ин тарафи масъаларо ҷиддӣ биндешем ба ин натиҷа мерасем, ки ин талафот ҳудуди чоряки нерӯи барқи воридшуда то расидан ба истеъмолкунанда аст. Дар ҳақиқат ин бисёр ташвишовар аст ва бовари кас намеояд, ки дар як чунин фосилаи кутоҳ аз манбаъи энержӣ, неругоҳи барқӣ то шаҳри Қурғонтеппа ва ё ноҳияҳое, ки зикр кардем талафот ба инсатҳ бошад. Яқинан инҷо дуздӣ ва ҳамдастии контролер, раиси шабакаи барқ ё яке аз масъулони он бо истеъмолкунандаҳои калон аст. Масалан дар шаҳри Бохтар истеъмолкунандаи асосӣ корхонаҳои Зоир Соҳибови домоди Раҳмонов ва бозорҳои онҳо, ки бо номи ҳоҷӣ Шариф машҳур аст, мебошад. Чунки онҳо ҳам аз пеши худ ба хутути асосии барқ пайваст мекунанд, ҳаҷми воқеии истеъмолро пинҳон мекунанд ва ҳам медузданд, яъне мимо ҳисобкунак истифода мекунанд. Ва, ин «талафот» талафоти дурӯғӣ аст.
Гап дар бораи он меравад, ки ин нозирони пулчинак бо дили пур аз наздикони Раҳмонов пулро мегиранд ва то инки биспоранд нисфи дигари онро худи онҳо медузданд ва ҳамаи ин бо номи «талафот» списат мешавад.
Пешниҳоди ман ин аст ки як бор бисанҷанд, ки аз неругоҳ то масалан Бохтар ё Ҷалолиддини балхӣ чанд километр хутути интиқоли барқ вуҷуд дорад ва оё дар интиқоли барқ дар ин масофа ҳамин қадар талафот мешавад ё хайр?
