Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №396

Ислоҳ нет

Номаҳо аз шаҳри бостонии Кулоб, аз Сангвор,аз Данғара ва аз Душанбеву Ваҳдат ба дастамон расидааст, ки ҳар кадоме муҳтавои хоси худро дорад. Ба ҷойи муаррифии муҳтаво аз ҳар нома иқтибосеро тақдиматон кардем, ки яқинан водор мекунад, аз аввал то ба охир бихонед:

Кулоб: «Вале, ман мутмаинам, ки ин фармондеҳону қумандонҳо ва боевикҳои «Фронти халқӣ», худи ман яке аз онҳо ҳастам, сахт пушаймонем, ки хун рехтем, ҷон бохтем, дасту  по аз даст додем ва сарнавишти мардум ва сарзаминамонро ба дасти як оила додем.

Оилае, ки ҳиҷ вақт на миннатдори бобои Сангак асту на дигар ҷонбохтаҳои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ».

 Сангвор: «Ва инак аз дуздиҳои мақомот, аз он ҷумла гум шудани 1 килову 200 грамм тиллои кони тиллои хитоиҳо дар соли 2026 дар моҳи май-.июн. Аз ҷониби оилаи Зубайдовҳо, яъне ҳамон Исматчаи буз. Исмат Зубайдов ва ҳамроҳонаш, ки шустушӯи тилло ба воситаи онҳо сурат мегирад. Дар ин кор чандин мақомот даст дорад. Исмоил, полковники ВКД, тарҷумонҳои забони хитоӣ, Анвар ва Алӣ, охраникҳои ин завод, Меҳрдод ва дигарҳо».

Данғара: «Таъмири мактабро устоҳои аз хонаводаи худаш киро мекунаду хурокашонро бошад омӯзгорони муассисаро маҷбур мекунад, ки бо навбат аз хонаҳояшон   биёранд. Дар тули 3-4 сол аз ин пулҳои муфт ба даст овардааш хонаи  дуошёна сохту ба шавҳараш мошини 120 ҳазор сомона ва ба ҷиянҳояш чандин замини назди ҳавлигӣ харид».

Душанбе: «Ин сарбоз бо мошин мурдаҳоро то морг мекашонидааст. Аммо мошинаш майда будааст, барои ҳамин солдатҳоро сеқабатӣ тал мезадаст. Се мурда, се мурда болои ҳам».  

 Ваҳдат: « Он хона ҷойи қимору қартабозӣ буд. Гирду атрофи хона камера. Мебурданду аз як лаб занг зад, ҳатто ГАИшникҳоро даъват карда бурда буданд. Вақте отдел мебаранд, савол якто:-инро кӣ куштагӣ? Супориш аз боло аст ки мо резултатро нишон диҳем.Ҳамин қадар одамро гумонбарему аммо наёфта истодаем». 

 Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз шаҳри Кулоби бостон менависам. Ин чанд рӯзи ахир, ки каналҳои телевизионҳои Тоҷикистонро мебинам, ба ёдам он бародарони «Фронти халқӣ», ки дар роҳи барқарории ҳукумати бо ном «конститусионӣ» ҷони худро аз даст доданд, обу адо мешавад. Ман худам яке аз онҳое ҳастам, ки дар он солҳо дар ҷангҳо иштирок кардам. Аз ҷумла дар ҷанге, ки худораҳматӣ Лангарӣ Лангариев маҷруҳу захмӣ шуду оқибат вафот кард.

Баъди ҷанг ман дар милиса кор кардам, дар Идораи сухторхомушкунӣ кор кардам, чанд вақт дар МЧС ҳам кор кардам. Ба таври ғоибона хондам, маълумоти олӣ гирифтам ва ниҳоят аз МЧС бо рутбаи подполковник ба пенсия баромадам. Чанд вақт Русия рафта талош кардам пенсияи Русияро дуруст кунам,ки нашуд.

Ман чи гуфтаниам?

Раҳмонов чапу рост ба шоиставау ношоиста аз номи давлат ордену медалу унвону рутбаҳо дода истодааст. Аммо ягон нафар аз собиқ аъзои «Фронти халқӣ»-ро чизе надод. Масалан Алишер Мирзонаботро дод, баъди маргаш вале на ба бобои Сангак ва на ба Файзалӣ Саид чизе надод. Ёқубро зиндон карду аз ҳама имтиёзу рутбаву мукофот маҳрум кард, ҳамин тавр Ғаффор седойро. Седой беш аз 20 сол мешавад дар зиндон аст.

Худо шоҳид, агар инҳо набуданд, Раҳмонов дар ду дунё ин курсиро, ки ҳозир дорад, ҳатто дар хоби шабаш ҳам намедид. Ман худам бо чашмонам дида будам, ки чи тавр Раҳмонов дар пеши бобои Сангак чухт меистод, дастҳояш пеши бар буд. Аммо имрӯз ҳоли зори зану фарзандҳои бобои Сангакро бинед, ки чи гуна аст. Писараш ҳукми абад, домодаш, писари бобои Салмон, додари Лангарӣ ҳабси абад.

Охир, бас будагист. Ин қадар кинаву адоват барои чӣ? Бигзор Раҳмонов инҳоро дар рӯзи иди Истиқлол озод кунад. Инҳо буданд, ки ҳоло Раҳмонову оилааш дар кайфу сафоянд, хурдаву чарида гашта истодаанд.

Ин Рустам чи кор кардаст, ки мукофоти пеши давлатӣ мегирад? Агар шермардони кулобӣ медонистанд, ки ҳолу вазъ чунин мешавад, ҳиҷ гоҳ ҳукуматро ба дасти Раҳмонов намедоданд.

 Ман дар телевизион дидам, ки чи гуна Раҳмонов мукофоту унвону рутбаҳоро арзонӣ кард. Унвонҳо дод. Ин ҳама гуё бо баҳонаи солгарди 35-и Истиқлоли давлатӣ аст ва ҳеҷ аҷобат набояд дошта бошад.

Аммо ба назари ман менамояд, ки ин навбат Раҳмонов ин мукофтоҳоро ҳамчун тақдиру инъоми хайрбодӣ дода истодааст ва дилдориву дилёбӣ ва шояд дилбарорӣ ҳам карда бошад. Масалан барои Абдулмаҷид Достиев, масалан барои Убайдуллоев ва ё Шералӣ Гул, ки «тезтарак» гуселашон карда буд. Уқдаҳоро аз дилҳояшон баровард.

Ба назари ман ин як навъ жести видоъ ва хайрбоди Раҳмонов бо ин дӯстони куҳнааш аст ва ин навбати интихоботро барои Рустами бачааш ташкил мекунад.

 СС.Ятимову Рамазон Раҳимзодаро ҳам рутбаҳои охиринро дод. Яъне ҳамаро аз худ розӣ кард. Ҳатто барои қудои собиқаш Котиби Шурои амният, генерал — полковники адлия Раҳмон Юсуф ҳам»Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон»-ро дод, ки ин амалу ин иқдом ба шахси Раҳмонов мувофиқ намеояд, дар табиати вай кинаву интиқом бештар вуҷуд дорад.

Вай мебоист ба беҳтарин қумандонҳои «Фронти халқӣ» ҳам дар ин сана мукофот медод, ки надод.

Вале, ман мутмаинам, ки ин фармондеҳону қумандонҳо ва боевикҳои Фронти халқӣ, худи ман яке аз онҳо ҳастам, сахт пушаймонем, ки хун рехтем, ҷон бохтем, дасту по аз даст додем ва сарнавишти мардум ва сарзаминамонро ба дасти як оила додем.

Оилае, ки ҳиҷ вақт на миннатдори бобои Сангак асту на дигар ҷонбохтаҳои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ.

       Сангвор-Тавилдара

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол.

Бо камоли майл ман акнун дар бораи дуздиҳои мақомдорони ноҳияи Сангвор менависам. Ман худ корманди як мақоми қудратӣ ҳастам.

 Инҷо дар хусуси дузди мақомдорони ВКД ва нештатникҳои КДАМ дар конҳои тиллои ноҳияи Сангвор мегӯям.

Солҳои 2017 кони тиллои Зарин, ки духтари Э.Раҳмонов идора мекунад ба кори худ оғоз кард. 247 км замини ин водиро аз даромадгоҳи деҳаи Лочур то  минтақаи. Ҳазрати Бурхӣ Абдоли Валӣ харидааст. Худи заводҳои фирмаи «Зарин-К»то соли 2025 кор карданд. Соли 2025 бошад заминҳоро роҳбари ин фирма, ки номаш Баҳром Насруллоев мебошад ба узбекҳои Узбекистон ва хитоиҳои Ҷумҳурии Мардуми Чин супорид: 70 ба 30. Хитоиҳо дар ин минтақа ҷой гирифтанд. Дар даштҳои Руботи Хуг фирмаҳои  хитоиҳо 3 моҳ фаъолият карданд, тамом. Дар моҳи июни 2026 ду фирмаи коркарди тилло дар дарёи Хингоб моддаи кимиёвӣ партофтанд ва зарараш то неругоҳи Роғунро рафт. Онҳоро ронданд.

  Ва инак аз дуздиҳои мақомот, аз он ҷумла гум шудани 1 килову 200 грамм тиллои кони тиллои хитоиҳо дар соли 2026 дар моҳи май-.июн. Аз ҷониби оилаи Зубайдовҳо, яъне ҳамон Исматчаи буз. Исмат Зубайдов ва ҳамроҳонаш, ки шустушӯи тилло ба воситаи онҳо сурат мегирад. Дар ин кор чандин мақомот даст дорад. Исмоил, полковники ВКД, тарҷумонҳои забони хитоӣ, Анвар ва Алӣ, охранникҳои ин завод-Меҳрдод ва дигарҳо.

Ин оила то ҳадде беномус ҳаст, ки духтари амаки худро ба як шефи хитоӣ «туғрӣ» кардагӣ. Он духтарро чиноие, ки дар завод роҳбар аст, истифода бурд. Исматча духтари амаки худашро ба хамин Исмоил полковник миёнаравӣ кард, ӯро Исмоил ҳам истифода бурд. Исматча дар ин кон нагузошт, ки дар тиллошуйӣ  мардони бегона кор кунанд. Исмат Зубайдов онҳоро дар тарҷумонҳо сиёҳ карда оқибат бадарға кард. Ва ҳозир бошад касеро гуш намекунад. Тарҷумонҳоро харидагианд. Яъне Анвар, Алӣ ва Машҳурро. Ин Исмат Зубайдов 50 ҳазор сомонии ятимхонаи ҷамоати Ваҳдатро  хурд. Коргарони ин идора ҳам дар порагирӣ шариканд. Нозири минтақаии ин ҷамоат Ҳошим аст. Боз милисаҳо Маҳмадиёр ва Казаков ҳам ҳастанд. Ман онҳоро бо чашмони худам дидам дар маҷлиси началники милитсия дар Миёнаду. Ҳошим ҳар вақте меояд ба пеши завод 2000 сомонӣ мегирад.

Бародар Муҳаммадиқбол идомаашро баъди нашри ин нома менависам. Саломат бошед.

             Данғара

Ассалому алейкум  ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Умедворам хубу тансиҳат ҳастед.

  Ман аз ноҳияи Данғара ҳастам. Мехоҳам ин номаи маро ба гуши мардуми Тоҷикистон бирасонед. Илтимос, номаи манро пеш аз ҳама ба гӯши кари идораҳои дахлдор, аз ҷумлаи шӯъбаи маорифи вилоят ва вазорати маорифи Тоҷикистон расонед.

  Гап дар бораи мудири мактаби 2-и ноҳияи Данғара Ҳамидова Назрбӣ меравад. Ҳамидова Назрбӣ тамоми омӯзгоронро мисли гови ҷушо кардааст. Ҳар моҳ 100 сомонӣ аз маоши омузгорон бо тарзи маҷбурӣ кашида мегирад. Дар охири соли хониш аз ҳар як омузгор 500 сомонӣ барои медал харидан маҷбурӣ мегирад, Медалро ба хонандагоне, ки ба озмунҳо мераванд, пул дода мехарад.  Омузгоронро маҷбур мекунад, ки сару либоси мактабиро аз корхонаи дузандагии муайян харидорӣ карда чекашро ба вай пешниҳод кунанд. Муассисаро ба корхонаи шахсӣ табдил додааст. Шавҳараш, келинаш, ҷиянҳояш ва боз 4 нафари дигар аз хешовандоншро ба муассиса ба кор қабул кард. Дар асл бошад тамоман дар муассиса дарс намегузаронанд. Дарсҳои ҷиянҳояшро дигар омӯзгорон мегузаронанд. Як ҷиянашро ҳамчун омӯзгори забони русӣ ба кор қабул кардааст, ки дар як ҳафта як ё ду соат дарс мегузаронаду халос. Ҳамин ҷиянашро боз ёрдамчии худаш таъин кардааст, ки маҷлисҳои дохилиро мудирӣ мекунад. Ҷиянаш духтари ёш аст, на одоби сухан карданро дораду на тарбия. Дар маҷлисҳо ба сари омузгороне, ки аз модараш ҳам калонанд, мисли ҳайвон дод мезанад. Омузгоронро маҷбур мекунад, ки пули таъмири мактаб, пули гушаҳои синфӣ, журнал ва пули обуна ҷамъ кунанд. Аз роҳбарони синфҳо талаб мекунад. Мегуяд ҳар омузгоре, ки пулро аз хонандагон ҷамъ карда натавонад аз ҳисоби маошаш супорад. Насупорад аз кор озод гуфта таҳдид мекунад. Аммо ҷиянхояшро пули обуна, таъмир, чеки хариди сару либоси мактабӣ намепурсад.

 Кори Ҳамидова Назрбӣ ҳарруз маҷлисгузаронӣ. Маҷлисҳояш на кам аз ду соат давом мекунад. Ҳатто аз омӯзгорони синфҳои нолавой нисфи пули онҳоро маҷбур мегирад. Аз омузгороне, ки дар донишгоҳҳо заочний мехонанд, пули маошашонро ҳам мегирад.

  Таъмири мактабро устоҳои аз хонаводаи худаш киро мекунаду хурокашонро бошад омӯзгорони муассисаро маҷбур мекунад, ки бо навбат аз хонаҳояшон биёранд. Дар тули 3-4 сол аз ин пулҳои муфт ба даст овардааш хонаи дуошёна сохту ба шавҳараш мошини 120 ҳазор сомона ва ба ҷиянҳояш чандин замини назди ҳавлигӣ харид.

Бародар Муҳаммадиқбол, агар номаам дуруғ ё туҳмат бошад, марҳамат коррупсия фаъолияти Ҳамидова Назрбиро тафтиш кунанд.

 Дар ҷони омӯзгорону падару модари хонандагон задааст. Синаш аз нафақа гузаштааст, аммо ба мудири маорифи ноҳия пора дода вазифаи директориро барои 5 соли оянда харид.

 Хитоб ба Ҳамидова Назрбӣ! Ҳаромхуриатро бас кун, ки хабарнигори ҷамъиятии «Ислоҳ» дар Данғара ҳар куҷое бошӣ, таҳти назоратат гирифтааст.

  Ҳамидова Назрбӣ махсусан барои маршировка дар ҷони омӯзгорону хонандагон задааст. Омӯзгоронро маҷбур мекунад, ки хона ба хона гашта барои маршировка талаба кобанд. Агар волидони хонандагон кудаконашонро нагузоранд дар маршировка иштирок кунанд, тахдид мекунад, ки ҳуҷҷатҳои фарзандҳояшонро ба муассиса қабул намекунад. Ҳамидова Назрбӣ бо ҷонишинаш омузгоронро маҷбур мекунад, ки гушаҳои синфӣ, журнали синфӣ ва дигар лавозимоти хонишро аз маошашон харида дар синфҳояшон гузоранд. Кадом омузгоре, ки барои пулҷамъкунӣ аз хонандагон ва дигар корҳо эрод гирад, таҳдид мекунад, ки статяи хоин мезананд ва бечора омӯзгор ҳаррӯз дар утоқи амният дар пурсупосд рӯзашро мегузаронад. Ман чор хонанда дар ҳамин муассиса дорам. Маошам ҳатто барои хурока намерасад. Вале ин мудира кораш фақат пулҷамъкунӣ. 

  Ҳамидова Назрбӣ бо ҷонишинат худатон хоини миллат ҳастед, ки хонандагонро бесавод кардед. Ҳар як мактаб агар 30-40 хонанда ба ҷашни 35 солагӣ ба маршировка равон кунанд, Ҳамидова Назрбӣ бошад зиёда аз 300 хонандаро маҷбуран ба маршировка равон мекунад. Падару модаре, ки фарзандонашонро ба маршировка равон накунанд, хоини миллат, ё мухолифи сиёсати пешгирифтаи Пешво гуфта ба амният руйхат карда месупорад. Ин одам кораш фақат туҳмату пул ҷамъ кардан аз хонандагон аст ва тамоман дар фикри дарсгузаронӣ нест. Фақат мисли дузди калонашон рақс бошад, суруд бошад гуфта гаштааст.

  Мардуми Данғара хапу сокит нашинед, чи ҳаромхуре ҳаст ба додгоҳи мардумии «Ислоҳ» нависед, то ба куҷо ислоҳ мешуда бошанд ё ҳаромхурию дуздиашонро давом медода бошанд?

             Душанбе

Ассалому алайкум бародари арҷманд Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин бор чанд хабари кутоҳ мефиристам. Манбаъи хабарҳои ман одами мушаххас аст. Як рафиқам дар охраннаи Эмомалӣ Раҳмонов кор мекунад. Вай бисёр ҳам одами камгапу камҳарф аст. Аслан дар темаи Раҳмонов гап намезанад. Вале ин бор чанд гаперо, аз куҷо шуду гуфт.

Вай аз қавли бачаи як шиносаш, ки дар ҷанги охири бо қирғиз дар погранвойск хизмат мекардааст гуфт, ки дар он ҷанг ҳам аз ҳисоби сарбозҳову ҳам аз ҳисоби офитсерҳо ва ҳам аз ҳисоби нафарони мулкӣ талафот зиёд шуда буд.

 Ин сарбоз бо мошин мурдаҳоро то морг мекашонидааст. Аммо мошинаш майда будааст, барои ҳамин солдатҳоро сеқабатӣ тал мезадаст. Се мурда, се мурда болои ҳам.  

  Як навбат мурдаи офитерҳоро мебарад. Ҷасади онҳоро ҳам сетоӣ болои ҳам мезанад, ки дар раҳ, дар пост манъ мекунанд: «офитсер дид, ки офитсерора ихелӣ болои ҳам рубару задагиюм ду се шапалоқ дар сару руюм зад ва бад ба қундоқи автомат ба даҳанум зад, сета дандонум шикаст, дига дандонум зарба хурдан, иваз кадум». Ин сарбоз мегӯяд, ки мурдаи солдатҳоро мумкин будааст, ки сетоӣ болои ҳамдигар бизанӣ, чунки солдатҳоро ҳиҷчӣ нагуфтанд ва барои болои ҳам чиндани мурдаи офитсерҳо маро ҳамин хел карданд, «қариб мепаронданум» -гуфтааст, сарбоз.

Ин бародари охраннаи Раҳмонов шояд ин гапҳоро дониста гуфт, ки ман берун бароварам. Чунки вай медонад, ки ман бо берунаҳо дар тамосам.

Вай гуфт, ки кадом вақте Раҳмонов кадоме аз духтарҳои Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистонро барои наберааш хостгорӣ кардаст. Аммо вай наотрез отказ кардааст.

Ин бародари охранник гуфт, ки чанд рӯзи пеш Рустам бо бародари Исмоили пингвин ҷанг хурданд. Бародари Исмоили пингвин ба Рустам мегуфт, ки ту худут киӣ, ту худут киӣ? Аммо гуфт, ки давомашро шунида натавонистам, ки бо ҳам боз чи баҳсу даъво карданд.

Ба гуфтаи ин бародри охранник Раҳмонов аз озодсозии домуллои язғуломӣ беҳад дар ғазб шудааст. Барои ҳамин буд, ки домуллои язғуломиро дигарбора ба зиндон бурдаанд.

Домуллоро сар дода буданд. Вале 15 рӯз пас боз бурданду маҳкамаш карданд. 

Хабари дигар ин аст ки чанд рӯзи пеш тоқиву ҷелакҳоро аз ҳамаи масҷидҳои Душанбе милисаҳо ва амниятиҳо ҷамъ карда гирифта бурданд. Гуфтанд, ки ҳар кас барои худаш ҷелаку тоқиашро биёрад.

Ва, ҳамсояаамон, ки муаллими мактаб аст гуфт, ки безор шудем аз маршировкая. Дигар намеравам гуфт. Ба гуфтаи ин муаллим ҳозир талабаҳо ҳам безор шудаанд ва гуфтаанд, ки намеравем дигар.

            Ромит

Ассалому алайкум устоди гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз қиссаҳои Ромит боз як ҳодисаи дигарро мехоҳам ҳикоя намоям.

Дар тарафи Лиҷак (Чуянгарон) як вор в закон буд. Вай дар тарафҳои Русия бисёр шиштагӣ буд. Аммо чи хеле буд, ки хеле аз проблемҳои мардумро ҳал мекард. Хулоса, Тоҷикистон рафта буд. Чи хеле мешаваду гапҳояш бо одамҳои Савзӣ (Шорух) мегурезад. Он бечораро ончуноне куштанд, ки чашмонашро даже кофта гирифтанд. Барои он чашмонашро кофта гирифтаанд, ки ҳозир бо технологияи нав акси қотилро дар чашмаш пайдо карда метавонистаанд.

  Наздиконаш чанд ҷо рафтанд, ки кобему ёбем, ки кӣ ин корро карда бошад, натавонистанд. Вале ин корро бачаҳои Савзӣ Шоҳрух Саид кардагӣ.

Беш аз 30-40 одамро бурданд отдели Тангаӣ, ягон 400 000 доллар кор карданд дар отдел.

  Он хона ҷойи қимору қартабозӣ буд. Гирду банои хона камера. Мебурданду аз як лаб занг зад, ҳатто ГАИшникҳоро даъват карда бурда буданд. Вақте отдел мебаранд, савол якто:-инро кӣ куштагӣ? Супориш аз боло аст ки мо резултатро нишон диҳем. Ҳамин қадар одамро гумонбарему аммо наёфта истодаем.

Азбаски худашон карда буданд ягон каси дар куштор ҳамроҳро боздошт накарданд. Фақат пул канданд мебурданд. Маҷбур мешудӣ, агар надошта бошӣ, аз банк қарз мегирифтӣ медодияшон.

  400 ҳазор доллар маъмурони шуъбаи Тангаӣ кор карданд. Боз амният отделно. Барои онки дар вақти тафтиши дело диданд, ки каме говлангӣ (гарангу сода) касе дар пуштат надорӣ, пулатро мекананду боз ба инҳо (махуфиҳо) яъне одамҳои СС.Ятимов здават мекунанд. Боз амниятиҳо мебаранд.

Дар дараи Ромит амниятиҳо дар се ҷоянд: яктоаш дар Каҳлон, як қишлоқ пойинтар аз Каҳлон, яктои дигараш дар Бонғура, ки мардумро онҷо ҳам мебаранд, яке дигараш дар Тангаӣ. Идораи махуфиҳо, ки бурданд, сар мешавад. Не очаву не отаву на зану духтару хоҳар, тамоми дашном ба сарат мерезанд.

 Устод, ҳар вақте дар баромадҳоят «махуф» мегӯӣ Раҷаби Хайриддин дандонҳояшро ба дандонҳояш мезанад. Барои ки ин духтарашро ба кадом коргар ё кадом хешу табори ҳамон амниятиҳо додагӣ аст. Аламаш мекунад.

Коргарони махуф дар ҳангоми кор ба магазини ӯ мераванду духтарашро мебинанд, чунки кор мекард. Маъқул мекунанду кову чов кард. Худи Раҷаби Хайриддин мегӯяд, ки «мо орзу дорем, ки инхелӣ одамо қатӣ қудо шавем». Хулоса духтарашро ба кадом амниятӣ дод ва ҳозир бисёр проблемаҳояшонро ҳамон ҳал мекунад.

Вале, чи коре карданд накарданд, маълум нашуд, ки он «вор в законе» аз Лиҷакро кӣ ва чаро кушт?.

Share This Article