Нигоҳе ба 10 соли охири ҲНИТ ва фаъолияти сиёсии он берун аз кишвар.

Ислоҳ нет

Ба номи худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

Дуруд, ба мухотабони муаззаз ва ҳаммеҳанони амҷад.

Умедворам, ки дар ҳар нуқоте аз кураи зебои замин зиндагӣ мекунед, орӣ аз зулмот ва офиятманд ҳастед.

Рӯзи 18 -уми сентябри соли ҷорӣ расонаҳо хабар доданд,ки Муҳиддин Кабирӣ эълон кард, ки аз раҳбарии Наҳзати исломи даст кашидааст. Ва ниҳоят 19 сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ё НИТ-и имрӯза роҳбари ҷадиди худро интихоб намуд.

Ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ, ки 20 сол роҳбарии ин ҳизбро бар уҳда дошт, ин навбат аз пешбарии номзадии худ ба мақоми роҳбарӣ даст кашид ва дар миёни дигар номзадҳо ҷаноби Исломҷон Саидов пирӯз шуда,роҳбари нави НИТ интихоб гардид.

 (Бародар Исломҷонро сидқан табрик мегӯям ва барояш пойдорӣ ва нусрати ҳамешагиро хоҳонам)

Воқеъан муборак бошад!

Иваз шудани роҳбар, махсусан баъди ду даҳсола, танҳо иваз шудани як шахс дар як мақом нест. Ин метавонад барои ҳар як созмони сиёсӣ оғози марҳилаи нав бошад. Аммо пеш аз он ки ба роҳбари нав ва ояндаи НИТ назар андозем, ба назари ман, зарур аст ба роҳи тайкардаи роҳбари пешин ва натиҷаи даҳ соли охири фаъолияти сиёсии ҳизб дар хориҷ назар кунем.

Огоҳӣ ва хоҳиш, пеш аз он ки ба амалкардҳо ва ташаббусҳои мудирияти роҳбари қаблӣ, ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ назар андозем, мехоҳам як нуктаро равшан баён кунам.

Банда аз ҳеҷ кас ва ё ҳеҷ ниҳоде фармон нагирифтаам, ки ин мақоларо нависам.

Зеро дар фазои ҷомеаи мо одат шудааст, ки агар қалам ба нишонаи ҳар касе ишора карда шавад, ҳатман ӯро «хоин» меноманд ё «ҳукуматӣ».

Агар касе аз ҳукумат танқид кунад, метавонанд ӯро мухолиф ва агар касе аз мухолифин танқид кунад, метавонанд ӯро ҳукуматӣ номанд. Гӯё дар ҷомеаи мо миёни «сиёҳу сафед» ҷойи сеюм вуҷуд надорад.

Ман як бародари кӯчаки шумоям, мисли шумо дорои «орден ва ё дорандаи хидмати шоиста» таҳти рақами 307 қисми 2 иловаи 3 мебошам.

Ман ҷавони 28-сола ҳастам, на падарам ҷаноби Муҳиддин Кабириро мешиносад ва на Муҳаммадиқболи Садриддинро.

Яъне байни ману шумо ва дигар азизон ягон моли тақсим нашуда вуҷуд надорад, ки ин мақола барои «сиёҳ» кардани касе ва ё бо ғарази шахсӣ навишта шуда бошад.

Ман мехоҳам танҳо саволҳое гузорам, ки шояд солҳои зиёд дар зеҳни бисёре аз ҷавонон вуҷуд доранд, аммо кам касе онҳоро ошкоро мепурсад.

З-ин хотир, умедворам азизон маро дуруст мефаҳманд.

Далели навиштани ин мақола ба пойгоҳи «Ислоҳ» низ ҳамин аст, ки мехоҳам номам махфӣ бимонад. Агар аз қаҳрамонони мақола касе хоҳиши суҳбат кардан, посух додан ва ё рад кардани гуфтаҳои маро дошта бошад, метавонад аз намояндаи пойгоҳи «Ислоҳ» рақами маро бигирад.

Ман аз шунидани ҷавоби дигарон низ истиқбол мекунам.

Ман медонам, шумо медонед ва ҳамагон медонанд ва ба касе пушида нест, ки ин созмон таърихи тӯлонӣ ва беш аз ним асра дорад.

Аммо мани ҷавони ба истилоҳ даврони истиқлол таърихи пеш аз соли 2015-ро дар ин мақола баррасӣ намекунам. Замоне ман бо фаъолияти ин ҳизб ошно шудам, ки НИТ дар Тоҷикистон аллакай мамнӯъ эълон шуда буд. Мутаассифона!….

З-ин хотир, биёед ба як давраи мушаххас назар кунем, давре, ки даҳ соли фаъолияти НИТ ва муҳити вобаста ба он дар хориҷ аз Тоҷикистон аст.

Табиист, ки даҳ сол барои ҳар як созмони сиёсӣ бояд вақти кофӣ бошад, то ҳадди ақал маълум шавад, ки стратегияаш то чӣ андоза самарабахш будааст…..

Агар ба солҳои аввали муҳоҷират аз нигоҳ ман, назар бикунем мебинем пур аз умед, энержӣ ва интизориҳои бузург буд. Зеро ҷаноби Кабирӣ дар солҳои аввали ба Аврупо расидан бо энержӣ ва суханҳои мотиватсионӣ вориди фаъолияти сиёсӣ шуда буданд ва дар ташаббусҳои аввал Паймони Милли Тоҷикистонро таъсис доданд. Ҳамзамон, баргузории вохӯриҳо, нишастҳо ва чорабиниҳои сиёсӣ зиёд буд. Расонаҳои вобаста ба мухолифин фаъол буданд. Барномаҳои нав пайдо мешуданд ва ҳар сол чунин менамуд, ки қадами наве дар роҳи муборизаи сиёсӣ гузошта мешавад.

Ҳатто талошҳо барои таъсиси шабакаи моҳвораӣ низ сурат гирифтанд.

Ҳар сол бо барномаҳои тоза ва рангоранг уже, ана, тамом мухолифон бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ вориди САҲА мешуданд.

Расонаҳои марбут ба ҳизб ҳамарӯза аз чорабиниҳо, нишастҳо ва фаъолияти мухолифин гузориш медоданд.

Мо, ҷавонони дар Тоҷикистон ё Русия буда, ба ин ҳама бо чашми дигар менигаристем.

Дар зеҳни мо чунин тасаввур пайдо шуда буд, (всё Эмомалӣ Раҳмонро яктарафа карда, ҷомеаи демократиро аз нав месозанд).

Ин умед танҳо умеди як гурӯҳ набуд. Барои як қисми ҷавононе, ки аз вазъи сиёсии кишвар норозӣ буданд, фаъолияти мухолифон дар хориҷ ба як аломати умед табдил шуда буд ва бедории мардум аз дохилу хориҷ, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ пештар ба назар мерасид.

Ҷавонони ғариб дар стримҳои мухолифин фаъолона иштирок мекарданд, ҳама ба ин бовар буд, ки садои мо шунида мешавад ба гуши кари ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ.

Аммо ба мурури замон на танҳо аз ҳукумат, балки аз баъзе созмонҳои байналмилалӣ низ диламон монд. Зеро мо фаҳмидем, ки сиёсат он қадар содда нест, ки аз дур ба назар мерасад!

Ҳамин гуна, ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ дар расонаҳои пешсафи мухолифин, аз ҷумла «Ислоҳ» мусоҳибаҳо анҷом медоданд, назару андешаҳои худро баён мекарданд. Дар митингҳо иштирок мекарданд, эстафетаҳо ташкил мешуданд ва фаъолияти сиёсӣ ба назар мерасид.

Аммо оҳиста-оҳиста он энержияи солҳои аввал камранг шуд.

Ва ҳамин, тавр аз энержии аввал то ихтилофҳои дохилӣ сар задан шурӯъ шуд.

Албатта, аз инсоф нагузарем, ИХТИЛОФ дар ҳар созмон ва дар ҳар давраи сиёсӣ табиӣ аст. Ҳеҷ ҳизбе аз ихтилофи назар холӣ нест, аммо азизон масъала дар худи ихтилоф нест. Масъала дар он аст, ки як созмон бо ихтилофи дохилӣ чӣ гуна муносибат мекунад.

Оё ихтилоф ба ислоҳот оварда мерасонад ё ба ҷудоӣ?

Оё интиқод ҳамчун имкони ислоҳи хато қабул мешавад ё ҳамчун хиёнат?

Ва муҳимтар аз ҳама, оё роҳбарият метавонад барои нигоҳ доштани одамони беҳтарин дар дохили созмон шароит фароҳам кунад?

Ба назари ман, маҳз ҳамин савол имрӯз барои НИТ муҳим шудааст.

Баъди сару садоҳо нисбат ба фаъолияти роҳбар, яъне ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ, баъд аз чанде масъалаи парвандаи Эмомалӣ Раҳмон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, яъне Гаага, низ матраҳ шуд.

Аммо баъд аз ин давра раванди дигаре оғоз гардид, ки ҳизб оҳиста-оҳиста аъзои худро аз даст дод. Ду тан аз одамони донишманду пуртаҷриба аз ҳизб хориҷ шуданд ва гуфтанд, ки ин тасмим дар чор соли охир дар пеши онҳо қарор дошт. 

Зеро ба андешаи онҳо оқибати «исломи сиёсӣ ба бунбаст мерасад».

( чанд ҳафта боз ин суханони ин бародарҳо баҳс барангез шуда буд ва боз ишора ба роҳбар карда гуфтанд, ки ноӯҳдабароии роҳбари худро болои ислом таҳмил накунед, сиёсати исломиро ҳар ки дар ҳар давру замон, дуруст ба кор гирифт ҳатман пирӯз хоҳад шуд).Тасаввур бикунед, яъне онҳо ҳанӯз чор сол пеш дар бораи рафтан фикр мекарданд.

Чанд нафари дигар низ, ки падаронашон бо ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ солҳои зиёд дар ҳизб фаъолият карда буданд ва баъзе аз онҳо ҳоло дар зиндон ё дар миёни қурбониёни солҳои гузашта ҳастанд, аз ҳизб канор рафтанд. Манзурам фарзандони зиндониёни сиёсӣ чун Шуҳрати Раҳматулло, Муҳаммадиқболи Ҳусайнӣ, Ҳисомиддин Розиқов ва….

Муҳаммадиқболи Садриддин низ аз ҳизб ҷудо шуд.

Пеш аз рафтанаш борҳо барои ислоҳи ҳизб садо баланд карда буд.

Аммо мутаассифона он замон касе садои ӯро нашунид.

Ин ҷо як савол пайдо мешавад, агар ҷаноби Кабирӣ воқеан ҳанӯз соли 2015 истеъфои худро пешниҳод карда буданд, чаро тағйири роҳбарият бояд то соли 2026 идома мекард?

Ман мусоҳибаҳои эшонро хондам ва дар ҷойҳои дигар низ борҳо таъкид кардаанд, ки ҳанӯз соли 2015, баъди ноком шудан дар интихобот, ХУДРО масъул дониста, гуфта буданд:

«Мо натавонистем пирӯз шавем ва лозим аст, ки ман истеъфо бидиҳам».

Аммо гуфтаанд, ки Раёсати олии ҳизб иҷозаи истеъфоро надода ва онро қабул накардааст. Далел ҳам ин будааст, ки Раёсати Наҳзат ба ин назар будааст, ки роҳбар тамоми кӯшиши худро анҷом додааст ва тақаллуб аз ҷониби ҳукумат сурат гирифтааст, бинобар ин нокомӣ хатои роҳбар набудааст.

Ман ин ҷо ба як андеша меравам. Пӯшида нест, ки оғои Муҳиддин Кабирӣ, ки шахси таҳсилдида ва донишманд ҳастанд, ҳампаймонҳои худро хуб мешинохтанд.

Зеро, эшон гоҳ -гоҳе, суҳбат ва суханрониҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро таҳлилҳои равоншиносӣ мекунанд. Пас, маълум аст, ки аз улуми равоншиносӣ огаҳ буда ва таҷрибаи роҳбарӣ истифода карда ва яқин медонистанд, ки вақте мегӯянд «ман истеъфо медиҳам», раёсати ҳизб метавонад ба ӯ бигӯяд.

«Бимонед, устод Шумо ин айби шумо не, Шумои гиромӣ, тамоми кӯшишро кардед. Масъулияти нокомӣ ба дӯши шумо нест, ҳукумат ин навбат низ номардӣ кард».

Пас, оё пешниҳоди истеъфо дар чунин шароит воқеан маънои омодагӣ ба тарки роҳбариро дошт ё бештар як ишораи сиёсӣ буд?

Ин саволро ҳар кас метавонад бо назари худ ҷавоб диҳад.

Чаро роҳбарият дер иваз шуд?

Иваз кардани роҳбар дар хориҷ низ солҳо мавзӯи баҳс буд.

Ҷаноби Кабирӣ борҳо бо далелҳои гуногун аз роҳбарӣ канор нарафтанд.

Ман ӯро аз ин ҷиҳат мефаҳмам, баъди ин ҳама солҳо ҳар роҳбар мехоҳад саҳнаи сиёсиро бо сарбаландӣ тарк кунад. Шояд ҷаноби Кабирӣ низ мехостанд замоне аз роҳбарӣ канор раванд, ки ҳадафҳои асосии сиёсӣ ба натиҷа расида бошанд.

(Иқтибос аз суханҳои ҷаноби Кабирӣ, аз равоншиносон даъват мекунам, лутфан ҳолати имрӯза президент Эмомалӣ Раҳмон таҳлили равоншиносӣ бикунанд)

Оё азизон ба ин фикр нарасида бошанд, ки суханрониҳо ва амалкардҳои мухолифонро низ таҳлили равоншиносӣ бикунад!? Хоса ҷаноби Кабириро!?

Бигзарем ба нуқоти дигар, онҳое, ки дар ду соли охир аз ҳизб рафтанд, аксаран аз чеҳраҳои фаъол ва шинохтаи он буданд.

Ҳатто дар яке аз мусоҳибаҳо бо «Азда ТВ» ҷаноби Кабирӣ гуфта буданд, ки аз тақсим шудани ҳизб ҳаргиз наметарсанд.

Гуфта буданд, ки агар ҳизб тақсим шавад, албатта ин кори БАД АСТ, вале тақсим шуданаш табиӣ аст ва аз он наметарсанд.

Албатта, гуфта буданд, кош чунин нашавад, аммо мутаассифона, шуд.

Аъзои фаъол ва писари яке аз муассисони ин ҳизб бо чанд нафари дигар аз ҳизб рафта, созмони дигареро бо номи «Ҳаракати ислоҳотхоҳон» таъсис доданд ва роҳбарии онро бародар Муҳаммадиқболи Садриддин ба уҳда гирифт.

Инҷост, ки ман чанд саволи одӣ дорам.

Чаро чунин шуд?

Чаро роҳ ба коркуштагон ва фаъолон ба мисли муассиси «Ислоҳ» ба узви Раёсати олии ҳизб кушода нашуд?

Чаро одамоне, ки метавонанд дар дохили ҳизб саҳм гузоранд, дар ниҳоят ба таъсиси созмони алоҳида расиданд?

Чаро пеш аз рафтани дигарон аз ҳизб барои нигоҳ доштани онҳо иқдомҳои ҷиддӣ сурат нагирифт?

Инҳо саволҳои шахсӣ нестанд, азизон.

Ин саволҳои идоракунии як созмони сиёсӣ мебошанд!

Бармегардем ба мавзӯъи менеҷер ё лидер?

Дар як мусоҳибаи дигар гуфта будед, ки ҳукуматҳо ва ё гурӯҳҳои сиёсӣ ба идора ва ташкилотҳо менеҷер ва ё мудири хуб лозим доранд, на ҳатман лидер.

Оё шумо худро менеҷери муваффақ мешуморед?

Дуруст аст, ки шумо дар сатҳи академикӣ меандешед, таҳлил мекунед ва шояд фикр мекунед, ки дигарон низ бояд бо ҳамин сатҳ ва усул биандешанд…..

Аммо, шумо низ хубтар аз мани ҷавони тоза дар ин роҳ буда огаҳед, ки сиёсат танҳо дониш ва таҳлил нест. Сиёсат, одамҳо, ирода, ташкили кадрҳо, эътимод, муносибат бо ҷомеа ва қобилияти муттаҳид кардани одамонро низ талаб мекунад.

Пас, чаро шумо натавонистед ба лидерҳо ва менеҷерҳои тавоно роҳ кушоед?

Чаро дар як созмони сиёсӣ баъзе чеҳраҳое, ки метавонанд қувваи нав бошанд, дар ниҳоят ба рақиб ё созмони алоҳида табдил меёбанд?

Ман фикр мекунам, дар ҳаққи муассиси «Ислоҳ» Муҳаммадиқболи Садриддин, зулм ва ноадолатӣ сурат гирифтааст. Шумо дар ҳаққи фарзанди муассиси ҳизб Муҳаммадҷон Нурӣ зулм кардед ва….

Албатта, ин назари шахсии ман аст ва шояд бисёриҳо бо ман розӣ бошанд ё розӣ шуда натавонанд. Ба назари ман, Муҳаммадиқболи Садриддин қобилияти роҳбарии НИТ-ро дар ин шабу рӯзҳо дошт.

Ёдовар мешавам, ин гуфтаҳо маънои бадбинӣ ё хусумат нисбат ба роҳбари нави ҳизб, бародар Исломҷон Саидовро надорад.

Чаро мегӯям, ки Муҳаммадиқболи Садриддин шоистаи роҳбарии ҳизбро дошт?

Зеро дар ӯ якҷоя сифати лидерӣ, сухангӯӣ ва дониши динӣ ва менеҷерӣ дида мешавад. Аз фаъолиятҳои ӯ инро метавон баръало мушоҳида кард.

Дар мусоҳибае хондам, ки таҳлилгаре мегуфт Исломҷон Саидов мисли Кабирӣ меандешад.

Дар ҷои дигар хондам, ки ӯ камгап, хоксор ва пурмасъулият аст, дуруст аст  инҳо хислатҳои хубанд.

Аммо саволи ман ин аст ки оё ин хислатҳо барои марҳилаи имрӯзии НИТ кофӣ ҳастанд?

Ман фикр мекунам, ки таҷриба ва ҳаводису равандҳои сиёсати байналмилалӣ ба мо меомӯзанд, ки дар раъси сиёсат ва мухолифат шахсони дорои неруи баланди сиёсӣ, ирода ва қобилияти ҷалби ҷомеа низ заруранд, оғоёни азиз.

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, албатта, аз хато орӣ нест.

Аммо фикр мекунам, дар ин шабу рӯз ӯ нисбат ба бисёре аз чеҳраҳои дигар пурталоштар, пуртакопутар ва бештар дар меҳвари таваҷҷӯҳ  қарор дорад.

Инро метавон дӯст дошт ё дӯст надошт, аммо наметавон нодида гирифт, бародарони гиромӣ.

Аъзои Раёсати олии ҳизб аксаран синнашон аз 55 ва 60 боло аст ва худи ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ низ ба синне расидаанд, ки табиист нақши онҳо бештар метавонад ба таҷриба, машварат ва таҳлил вобаста бошад. Дӯстони гиромӣ, ин таҳқири синну сол нест. Баръакс, таҷриба сармояи бузург аст, аммо таҷриба бояд ба насли нав роҳ кушояд.

Ман фикр мекунам имрӯз дар раъси сиёсати мухолифат танҳо академик ва таҳлилгар кофӣ нест. Лидер лозим аст! ЛИДЕР! 

Лидере, ки одамонро муттаҳид карда тавонад.

Лидере, ки тавонад ҷавононро ҷалб кунад.

Лидере, ки масъулиятро қабул кунад.

Лидере, ки ҳангоми нокомӣ танҳо дигаронро гунаҳкор накунад.

Ва пеш аз ҳама, лидере, ки омода бошад барои андешаҳои дигарон низ ҷой боз кунад. Ва ниҳоят ЛИДЕР бояд қалбашро канад, бо нури он, мардумро ба пирӯзӣ аз ҷаҳолату зулму ситам расонад.

Таъкид ба маврид аст, мо ҷавонон ва аҳли ҷомеа хизмати шуморо кам намебинем, бародар Муҳиддин Кабирӣ ва то ҳанӯз ҳам аз дониш, таҷриба ва фаҳмиши шумо истифода мебарем.

Худо хайратон диҳад.

Аммо бубахшед, ҷойи шуморо дар муқовимат ва ҷабҳа дигар мисли солҳои аввал дида наметавонем.

Мошоаллоҳ, таҳсилдида, таҳлилгари хуб ва ҷаҳондида ҳастед.

Аммо чаро муваффақ нашудед?

Баъзеҳо мегӯянд, мақсади шумо аслан мубориза набуд.

(Албатта, ман бо онҳо розӣ шуда наметавонам.) Аммо вақте чунин суолҳо зиёд мешаванд, онҳоро низ комилан нодида гирифтан душвор аст.

Рӯзе аз устодамон шунида будам, ки мегуфт азизон «кӯшиш кунед худро аз меҳвари шубҳаҳо дур кунед, зеро ин барои як шахсияти қавӣ шудан хеле муҳим аст»

Мутаассифона, шумо солҳо боз дар меҳвари шубҳаҳо қарор гирифтаед, намедонам чаро.

Аммо бовар кунед, саволҳои ман зиёданд, хеле зиёд. Дар як нишаст чанде аз сулҳоро дода будам, аз суҳбататон лаззат бурдем, мутаассифона вақт кам буд. Аз сабаби дастнорас будани шумо ва мавзӯъ, ки барои сарнавишти миллат аст, з-ин хотир хостам ин суолҳоро аз тариқи расона ба шумо бидиҳам.

Чаро иҷоза додед, ки ҳизб ба ин сатҳ расад?

Чаро худро танҳо мешуморед?

Чаро фаҳмиш, назар ва андешаатонро дар сатҳи академикӣ маҳдуд мекунед?

Чаро ба ҷойи ҳаракат ба сӯи пирӯзӣ, ба ихтилофу парокандагӣ расидед?

Чаро беҳтаринҳо рафтанду иқдоми ҷиддӣ барои нигоҳ доштани онҳо накардед?

Чаро рафтани беҳтаринҳоро як раванди одӣ ва табиӣ мешуморед ва масъулияти ин ҳамаро ба худ намегиред?

Ва муҳимтар аз ҳама чаро ҳукумати Туркия ба мухолифони Сурия ҷой ва имконят дод, ба шумо не?

Чаро дар Эрон ҷойи по наёфтед?

Зиёд ба Русия мерафтед. Чаро аз он фурсатҳо барои пешбурди фаъолияти сиёсии худ истифода накардед?

Чаро шумо хушбин ҳастед, ки бо роҳи қонунӣ ва дипломатӣ пирӯзӣ ба даст меояд?

Агар ин стратегия солҳо идома дошта бошаду натиҷаи интизоршуда ба даст наояд, кай бояд худи стратегияро бозбинӣ кард?

Чаро амал камтар аз сухан ба назар мерасад?

Чаро зебо сухан мегӯеду амалгаро нестед?

Ин шояд сахттарин саволи ман бошад, бубахшед. Зеро сухан дар сиёсат муҳим аст, аммо танҳо сухан кофӣ нест.

Мегӯед, ҳукумат иқтисод дорад, артиш дорад, телевизион дорад.

Бубахшед, даҳ сол боз шумо ва аъзоёни ҳизби шумо дар яке аз беҳтарин муҳитҳои иқтисодии ҷаҳон зиндагӣ мекунед. Пас чаро шумо натавонистед захираи иқтисодӣ ва молиявии қавие барои фаъолияти сиёсии худ ба вуҷуд оваред?

Чаро аъзои ҳизб метавонад дар Тоҷикистон бо арзиши 100 ҳазор доллар хона бихарад, аммо намехоҳад саҳме дар иқтисоди ҳизб гузорад?

Дар Аврупо низ баъзе аъзои ҳизб аз мошинҳои гаронқимат, ки ҳар кадом 30–40 ҳазор евро арзиш доранд, истифода мекунанд, аммо майли ҷиддӣ ба сиёсат надоранд.

(Ошакшон шавад) чаро?

Агар ҷавонон танҳо тамошобини барномаҳои шумо бошанд, на иштирокчиёни он, пас ояндаи чунин ҳаракат чӣ хоҳад шуд?

Чаро фарзандони аъзои ҳизб ба сиёсат таваҷҷуҳ надоранд?

Ин ҳам саволи дигар аст, чаро фарзандони аъзои ҳизб парвои сиёсат надоранд?

Чаро насли дуюми ин ҳаракат ба саҳнаи сиёсӣ ворид намешавад?

Чаро Аврупо барои Наҳзат ба ҷои мубориза ба ҷои гарму беғам табдил шудааст?

Шояд нороҳат шавед ва чунин суолҳо сахт ба назар бирасанд, аммо бовар бикунед, баъзан саволҳои сахт аз ҷавобҳои зебо муҳимтаранд.

Чаро истилоҳҳои «хоин» ва «ҷосуси ҳукумат» дар дохили ҳизб рӯз ба рӯз зиёдтар шунида мешаванд? Оё ин нишонаи заъфи ваҳдати дохилии ҳизб нест?

Оё ҳар касе, ки бо роҳбарият ихтилофи назар дорад, бояд душман ҳисобида шавад? Агар ҳизб барои демократия мубориза мебарад, пас бояд демократияро аввал дар дохили худ нишон диҳад.

Рақибро таҳаммул кардан, ҳатто вақте ки ӯ аз дохили худи созмон аст, шояд яке аз муҳимтарин нишонаҳои фарҳанги демократӣ бошад.

Имрӯз ҳукумат барои як лайк ё барои пайравӣ ба расонаҳои мухолифин дигар он гуна муҷозот намекунад, ки қаблан бисёриҳо эҳсос мекарданд.

Оё фикр намекунед, ки ҳукумат низ ба ин нуқта расидааст, ки муборизаи шумо дигар самари ҷиддӣ надорад?

Оё фикр намекунед, ки шуморо дигар қувваи воҳид ва ҷиддии сиёсӣ намешуморад?

Оё фикр накардед, ки ҳукумат  худро пирӯз медонад?

Агар чунин бошад, пас чаро мухолифат ҳанӯз ҳам худро дар ҳолати пирӯзии наздик тасаввур мекунад?

Ин фосила байни тасаввури худ ва воқеияти сиёсӣ то чӣ андоза хатарнок аст?

Ва билохира ҷаноби Кабирӣ, оё сиёсати сабри шумо чи натиҷа дод ва кай ба охир мерасад? Шумо хубтар медонед, ки ҳар стратегия муҳлати бозбинӣ дорад.

Агар стратегия натиҷа надиҳад, саволи дуруст ин нест, ки «чаро ҷомеа моро нафаҳмид?»

Саволи дигар ин аст, ки шояд мо бояд, худи стратегияро аз нав баррасӣ кунем?

Азизон мефаҳмед, даҳ сол вақти кам нест, ба худ оед!

Даҳ сол барои он ки як ҳаракати сиёсӣ бифаҳмад, ки чӣ кор кард, чӣ кор накард, дар куҷо хато кард ва аз куҷо бояд роҳи навро оғоз кунад, вақти кофӣ аст.

Имрӯз НИТ роҳбари нав дорад. Шояд ин танҳо иваз шудани як ном набошад.

Шояд ин имконият бошад барои он ки тамоми даҳ соли гузашта аз нав дида шавад. Хатоиҳо эътироф шаванд!

Рафиқони аздастрафта аз нав даъват ва фикру назари онҳо боз баррасӣ шавад.

Ҷавонон ба саҳна оварда шаванд.

Менеҷерҳо ва лидерҳои нав тарбия шаванд.

Ва муҳимтар аз ҳама, фарҳанги «хоин» «ҷосус» ва «ҳукуматӣ» нисбат ба ҳар касе, ки фикри дигар дорад, аз дохили мухолифат дур карда шавад.

Зеро мухолифате, ки рақиби худро танҳо берун аз худ меҷӯяд, шояд як рӯз фаромӯш кунад, ки бузургтарин рақобат баъзан дар дохили худи он сурат мегирад.

Худое, накарда шумо фикр кунед, хидматҳои шумо азизон нодида гирфта шудааст, ҳаргиз чунин нест.

Хеле аз азизон, таҷриба, дониш ва солҳои зиёди ҳаёти худро ба ин роҳ сарф кардаанд. Худо хайрашон диҳад.

Аммо эҳтиром ба гузашта набояд моро аз пурсидани саволҳои имрӯз боздорад.

Имрӯз савол аз ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ танҳо ин нест, ки чаро истеъфо додед.

Чаро баъди тақрибан 20 соли роҳбарӣ НИТ ба чунин ҳолат расид?

Аз Исломҷон Саидов низ танҳо инро пурсидан кофӣ нест, ки шумо роҳбари нав ҳастед. Мехоҳам бидонам, роҳи шумо аз роҳи қаблӣ чӣ фарқ хоҳад дошт?

Ва аз ҳамаи аъзои НИТ мехоҳам бипурсам, оё шумо омодаед хатоиҳои гузаштаро қабул кунед ва барои даҳ соли оянда роҳи дигареро бисозед? Зеро мову шумо медонем ва агар намедонед, бидонед, ки ҷомеа дигар танҳо сухан намехоҳад, ҷомеа натиҷаро дидан мехоҳад.

Бо умеди пирӯзи ва сарбаландӣ, мудомулумр муваффақу муайяд ва муътабару мусаллат бимонед.

Бо эҳтиром, бародари кӯчаки шумо.

Урупо.

24.09.2026

Эзоҳи Ислоҳ:

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ». Ин матлаб, ки ба дастам расид, хостам ҳар он чизеро, ки марбути шахси ман буд ҳазф кунам ва бо муаллиф низ ин фикрамро дар васат гузоштам. Муаллиф акидан таъкид кард, агар чунин мекунам, беҳтар аст аслан нашр накунам.

Пас, бо ӯ қарор гузоштам, ки матлабро ба як нафар таҳлилгари дигар медиҳам ва бигзор ӯ қазоват кунад, ки бо ин шакл нашр бишавад ё хайр. Ин таҳлилгар дар ҳошияи навиштаи мазкур андешаҳои худро навишту фиристод ва гуфт, ки онро ҳам ҳатман дар интиҳои ин матлаб ҷой бидиҳам. Бояд зикр кунам,ки ин таҳлилгар бегона ҳам нест ва худӣ ҳаст.

Ончики гуфтам, худо шоҳид аст ки воқеият аст, кори шударо гуфтам. Ва ҳоло андешаҳои он таҳлилгар:

Бародари арҷманд Муҳаммадиқбол! Дасти муаллифи ин мақола дард набинад, ки ончиро, ки аксарият мехост, аз ҷумла, шахсан худи ман ба қалам додааст. Муаллиф, дар навиштааш ишораҳо дар мавриди расонаҳои мухолифин ва «пешсаф»-и он кардааст ва фикр мекунам ба ҳамин хотир навиштаашро пеши шумо овардааст. Аз ин ҷиҳат исрори ӯро барои нашри бидуни «қайчӣ» табиӣ бипазиред.

  Ва, ҳоло, бо истифода аз фурсат худи ман ҳам чанде аз фикру андешаҳоямро дар мавриди тағйироти ахир дар ҲНИТ мухтасар баён менамоям.

Ин саволҳои муаллиф дорои аҳамияти хос ҳам барои ҲНИТва ҳам ба мардуми Тоҷикистон аст:

«Оё фикр намекунед, ки ҳукумат низ ба ин нуқта расидааст, ки муборизаи шумо дигар самари ҷиддӣ надорад?

Оё фикр намекунед, ки шуморо дигар қувваи воҳид ва ҷиддии сиёсӣ намешуморад?

Оё фикр накардед, ки ҳукумат худро пирӯз медонад?»

Бале, саддарсад ин саволҳо табиӣ ва дурустанд. Ҳукумат (баъди онки ҲНИТ-ро берун кард, «ҳукуматӣ»-аш намонд, дигар табдил шуд ба ҳамон Фронти халқӣ)   саҳнаро барои худ тахлия карда ва ҳоло ҳар чизе бихоҳад анҷом дода истодааст, ки ин масъала ва мавзӯъи матлаби дигар аст.

Аммо, (гуфтам, ки мухтасар мегӯям) ҷаноби Кабирӣ, чуноне акнун ин тардид ба таъйид ва тасдиқ табдил шуд, намехостааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва ё Муҳаммадҷони Нурӣ биоянд. Дар ин ман дигар ягон зарра тардид надорам. Агарчи ҳоҳиди бевоситаи ин рӯйдод будам.

Мо инро мехоҳем ё хайр ин ду нафар чеҳраи матраҳ ва шинохтаи ҲНИТ буданд. Ва, дар ин авохир Муҳаммадиқболи Садриддин ба чеҳра ва сухангуи ҲНИТ бадал шуда буд.

Аз ин лиҳоз салоҳ бар ин буд, ки ҷаноби Кабирӣ як соли қабл истеъфо медод ва яке аз ин ду нафарро дар раъси ҲНИТ бармегузиданд. Барои Муҳаммадҷон Нурӣ чикор кардем ҳамин мо ва шумо? Ҳатман ҷой гапаш меомадагист. Ҳамин интихоботе гузашт чи шуд? Занг зада чи таъкидҳо шуд?

Ҷаноби Кабирӣ барои як давраи баъдӣ, ки чаҳор сол интихоб шуд, аммо чи сабаб шуд, ки як сол нагузашта истеъо дод? Дар ҳоле, ки аз барномаи ислоҳот суҳбат мекард. Барои чор соли дигар интихоб ва баъди як сол пас рафтан ба чи мақсаду ҳадаф бошад?

Моҷароҳои ахири ҲНИТ, ки дар расонаҳо дарз хурд, баъди ин истеъфо маънову моҳияти боз ҳам ноумедкунанда касб мекунад.

Шикастан, пора ва тақсим кардани як ташаккули сиёсии мардумӣ бо дастони раиси он ҳиҷ гуна тавҷеҳ нахоҳад дошт.

Ончики Раҳмону дигарҳо (Русия) карданд, бастанду террористӣ эълон карданд, бар нуфуз ва эътибори Наҳзат аслан таъсире накарда буд. Баракс, ин гуна мавзеъгирии онҳо боис шуда буд, ки ҲНИТ бештару бештар мардумӣ ва халқӣ бишавад. Раҳмон «отстаранит» карда буд. Ба гуфтаи худи устод Кабирӣ бо гирифтани шаҳодатномаи қайд, пуштибонии мардумиро гирифта наметавонад.

Аммо коре, ки дар соли гузашта иттифоқ уфтод, ҳизб аз дарун тақсиму пора шуд, «ман истеъфо намедиҳам» мардумро аз шумо гирифт. Устод Кабирӣ инро шумо кардед. Шумо ҲНИТро аз чашми мардум уфтондед. Виқору ғурури онро паст кардед.З арбае, ки шумо задед сангинтар, ҷонкоҳтар аз ончи буд, ки Раҳмону Русия дар қиболи ҲНИТ карданд. Шумо умеди мардумро бар бод додед. Бо онки якравӣ кардеду худро Раис «интихоб» кардед, тарафи дигари сика бо акси Раҳмон шудед. Ва, ҳатто тавассути чанд нафаре ин «ғоя»-ро дар миён кашидед, ки « то замоне Раҳмонов ҳаст, Кабирӣ меистад» вале ҳоло ҷуз инки ҲНИТро гирифтеду НИТ кардед ва инак истеъфо фармудед, надидему нафаҳмидем, ки чи «ислоҳот» кардед. Ҳол агар истеъфо медодаед, чаро соли гузашта надодед? Ҳам худро ва ҳам ҳизбро ҳифз мекардед ва мардумро дар пушти худу ҳизб қоим нигоҳ медоштед. Ҳама равандҳои гузаштаро шоҳиди бевосита будам танҳо дар як ҷаласа иштирок накардаам.

Шумо ҳизбро на танҳо дар даруни Раёсат, дар афкори умумӣ шикастеду пора кардед. Барои ин аст ки мегӯям зарбаи задаи шумо ҷонкоҳтар аз терроритӣ эълон кардани ҲНИТ аз тарафи Раҳмон аст.

Дар ҳар сурат он ҳангомаву воҳима, ки барои чаҳор соли дигар интихоб шуда будеду  ислоҳот мекардед чи шуд?

Устод Нурӣ (раҳ) ҲНИТро сохт, ҲНИТ Кабириро сохт, аммо Кабирӣ ҲНИТ-ро сухт.

 Худо кунад ва умед мебандем, ки Домулло Исломуддин рукуд ва сукути НИТ-ро аз байн бибарад ва даму нафаси бидамад.

 Ҳамин ҳоло ҳам фурсат ҳаст, ки якҷо бишавем ва иштибоҳи соли гузашта ислоҳ бишавад.

 Тамоми фикрҳоятонро ҷамъ кунед, даҳ рӯз, бист рӯз, сад рӯз биандешед ва агар бихоҳед ҷойгоҳи рафта боз барбаргардад ин корро лутфан бикунед!.

Охирсухани «Ислоҳ»

Хонандаи гиромӣ! Ин нома бидуни таҳрифу тасарруф дар муҳтавои он нашр гардид. Танҳо мехостам бахшҳоеро, ки дар онҳо номи ман зикр шудааст, бардорем ва ин хоҳишамро бо муаллиф дар миён гузоштам. Аммо ӯ розӣ нашуд ва бар нашри матлаб ба ҳамин шакл таъкид кард.

Аз ин рӯ, матлабро ба як таҳлилгари наҳзатӣ, ки узви Раёсати олии ҲНИТ аст, фиристодам. Ӯ онро хонд ва назарашро навишт, ки шумо низ дар боло хондед.

Дар поён танҳо ҳаминро илова мекунам: Ҳаракати ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ба равандҳо ва тағйироти дохилии НИТ таваҷҷуҳи зиёде надорад. Замоне ки мехостем дар дохили ҳизб коре анҷом диҳем ва барои ислоҳи вазъ саҳм гузорем, назару пешниҳодҳои мо дар мавриди ислоҳот пазируфта нашуданд.

Худ шоҳидед, ки аз интихобот ҳашт рӯз мегузарад, аммо мо дар ин бора чизе нанавиштаем ва ба умури дохилии НИТ дахолат накардаем. Нашри ин нома низ ба маънои дахолати Ҳаракати ислоҳотхоҳон ба корҳои дохилии он нест. Ин номаи як хонанда ва баёни назари ӯст, ки «Ислоҳ» онро нашр кардааст.

Ҳамчунин, муаллиф дар номаи худ изҳор доштааст, ки барои суҳбат ва шунидани посух омода аст. Агар касе бихоҳад дар бораи ин матлаб мустақиман бо ӯ суҳбат кунад, метавонад ба «Ислоҳ» муроҷиат намояд. Бо иҷозаи худи муаллиф, рақамҳои тамосашро дар ихтиёри он шахс мегузорем.

Share This Article