Раҳмонов аз манзаре дигар…

Ислоҳ нет

«5 октябр — зодрӯзи Раҳмонов: 34-умин соли ҳокимият аз маҳал то авлод ва оила»

қисмати саввум

  Бахши саввуми риштагузориши «Раҳмонов аз манзаре дигар…» ба рӯзи таваллуди Э.Раҳмонов мусодиф омад. Имрӯз, 5 октябр Эмомалӣ Раҳмонов 74 сола мешавад. Агарчи ин диктатори худкома 34 сол бозо дар арикаи қудрат паҳлу задааст, ҳамагӣ дар фосилаи чаҳор сол, аз курсии директори совхоз ба ин мақом расидааст. Соли 1988 директори совхоз, соли 1990 депутати Шурои олӣ, 2 ноябри соли 92 раиси вилояти собиқи Кулоб ва 19 ноябр, ҳамагӣ баъди 17 рӯз раиси Шурои олӣ интихоб шуд.

Бо як иқтибос аз кистиву чистии Раҳмонов хулоса мекунем, чун навиштани ҳасби ҳоли ӯро дар нақша надорем:

«Чтобы как-то легализоваться, мы придумали название «Народный фронт Таджикистана» (НФТ). Главной нашей опорой стал уголовный авторитет Сангак Сафаров, пожилой уже человек, который провел в тюрьмах 21 год. Это был прирожденный лидер с отменными организаторскими способностями, обостренным чувством справедливости и патриотизма — он и возглавил НФТ.

Именно Сангак познакомил меня с «Эмомалишкой» — ныне президентом республики Эмомали Рахмоном. Тогда Рахмон был председателем колхоза. До сих пор стоит перед глазами картина: Рахмон с огромным ляганом (декоративная тарелка. — «РР») плова и бутылкой водки представляется Сангаку по случаю назначения председателем облисполкома. Позднее, после гибели Сафарова, Эмомали из марионетки превратился в местного божка-президента, который уничтожил всех, кто привел его к власти. Кого-то посадили, кого-то закопали…

Я был одним из главных советников у Сангака, а позднее у министра внутренних дел Таджикистана. Мы снабжали отряды НФТ оружием и боеприпасами, пользуясь специальными методами партизанской войны, помогали объединять всех, кто был против «вовчиков», и обучали их воевать. По сути дела, партизанское движение в Таджикистане организовывали специалисты спецназа ГРУ.

Собственно, и воевали тоже мы. Это офицеры спецназа планировали операции и были ядром всех десантов. «Вовчиков» гнали с января по май и загнали на Памир. Успешно высадили десант на господствующих высотах в Каратегинской долине. К концу зимы 1993-го отряды НФТ с боем взяли Ромитский укрепрайон. И та и другая операции были спланированы русскими «узбеками» — спецназовцами 15-й бригады.

Много было мелких стычек, спонтанных операций, импровизаций, в которых выручала спецназовская смекалка. Хорошо помню штурм Шар-Шара 11 ноября 1992-го. Звонит мне перепуганный насмерть Эмомали и кричит, что утром «вовчики» оседлали перевал. Попросил помощи, в общем. Мы взяли, не скажу где, два бэтээра, станковый гранатомет, 82-мм миномет, загрузили на свой УАЗ 30-мм автоматический гранатомет и… с двумя десятками бойцов пошли штурмовать перевал».

Ин иқтибос аз мусоҳибаи Александр Мусиенко( Мусик) афсари бригади 15 ГРУ дар соли 1992 аст,ки портрети Раҳмонов ва ҳарчи буду шуди уро намудор кардааст «…. с

огромным ляганом (декоративная тарелка. — «РР») плова и бутылкой водки представляется Сангаку по случаю назначения председателем облисполкома. Позднее, после гибели Сафарова, Эмомали из марионетки превратился в местного божка-президента, который уничтожил всех, кто привел его к власти. Кого-то посадили, кого-то закопали…»

Тарҷума: Ин иқтибос аз мусоҳибаи Александр Мусиенко («Мусик»), афсари собиқи бригадаи 15-уми таъиноти махсуси ГРУ гирифта шудааст. Мусоҳиба соли 2010 нашр шуда, дар он Мусиенко аз рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, махсусан воқеаҳои солҳои 1992–1993, нақл мекунад. Манбаъҳои бозёфташуда ин мусоҳибаро ба «Русский репортёр», №41 (169), соли 2010 нисбат медиҳанд.

Мусиенко дар бораи таъсиси «Фронти халқии Тоҷикистон», нақши Сангак Сафаров ва шиносоии худ бо Эмомалӣ Раҳмон чунин мегӯяд:

«Барои он ки фаъолияти худро ба навъе қонунӣ нишон диҳем, мо номи “Фронти халқии Тоҷикистон”-ро фикр карда баровардем. Такягоҳи асосии мо Сангак Сафаров буд — шахсе, ки дар муҳити ҷиноӣ нуфуз дошт ва 21 соли умрашро дар зиндонҳо гузаронида буд. Ӯ табиатан роҳбар, дорои қобилияти хуби ташкилотчигӣ, эҳсоси қавии адолат ва ватандӯстӣ буд ва маҳз ӯ роҳбарии Фронти халқиро ба уҳда гирифт.

Маҳз Сангак маро бо “Эмомалишка” — Эмомалӣ Раҳмон, президенти имрӯзаи ҷумҳурӣ — шинос кард. Он замон Раҳмон раиси колхоз буд. То имрӯз он манзара пеши чашмам аст: Раҳмон бо як лагани бузурги палав ва як шиша арақ ба назди Сангак омада, ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи раиси комиҷроияи вилоят худро муаррифӣ мекард.

Баъдтар, пас аз марги Сафаров, Эмомалӣ аз як шахси дастнишонда ба як “худои маҳаллӣ-президент” табдил ёфт, ки ҳамаи онҳоеро, ки ӯро ба қудрат оварда буданд, аз байн бурд. Якеро зиндонӣ карданд, дигареро зери хок карданд…

Ман яке аз мушовирони асосии Сангак будам ва баъдан назди вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ фаъолият мекардам. Мо дастаҳои Фронти халқиро бо силоҳу муҳимот таъмин мекардем, аз усулҳои махсуси ҷанги партизанӣ истифода мебурдем, ба муттаҳид сохтани ҳамаи онҳое, ки зидди “вовчикҳо” буданд, кумак мекардем ва ба онҳо ҷангиданро меомӯзондем.

Дар асл, ҳаракати партизанӣ дар Тоҷикистонро мутахассисони нерӯҳои махсуси ГРУ ташкил мекарданд.

Худи мо ҳам меҷангидем. Афсарони нерӯҳои махсус амалиётҳоро тарҳрезӣ мекарданд ва меҳвари асосии десантҳо буданд. Аз моҳи январ то май “вовчикҳо”-ро ақиб ронда, то Помир бурдем. Дар баландиҳои ҳукмрон бар водии Қаротегин десантро бомуваффақият фуруд овардем. То охири зимистони соли 1993 дастаҳои Фронти халқӣ бо ҷанг минтақаи мустаҳками Ромитро гирифтанд. Ҳар ду амалиётро “ӯзбекҳои рус” — афсарони нерӯҳои махсуси бригадаи 15-ум тарҳрезӣ карда буданд.

Задухӯрдҳои хурд, амалиётҳои ногаҳонӣ ва тасмимҳои фаврӣ бисёр буданд ва дар чунин ҳолатҳо зиракии нерӯҳои махсус ба кор меомад. Ҳамла ба ағбаи Шар-Шар дар 11 ноябри соли 1992-ро хуб дар ёд дорам. Эмомалӣ ба ман занг зад ва сахт тарсида фарёд мезад, ки субҳ “вовчикҳо” ағбаро ишғол кардаанд. Дар маҷмӯъ, кумак хост. Мо ду БТР, як норинҷакандози вазнин, миномёти 82-миллиметрӣ гирифтем, ба УАЗ-и худ норинҷакандози автоматии 30-миллиметрӣ бор кардем ва бо тақрибан бист ҷанговар барои ҳамла ба ағба рафтем».

Ин нақли Александр Мусиенко аз ҷумла тасвири шахсии ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ва муносибатҳои дохилии нерӯҳое мебошад, ки дар солҳои аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фаъол буданд. Аз ҷумла, ибораҳое чун «марионетка», «худои маҳаллӣ-президент» ва иддаои «якеро зиндонӣ карданд, дигареро зери хок карданд» арзёбиҳо ва суханони худи Мусиенко дар мусоҳиба мебошанд.

Солҳо пеш Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангуи пешини Раҳмонов гуфта буд, ки «Пешво майл ва хоҳиш надорад, ки ҷашни мавлуд баргузор кунад. Зодрузи вай дар муҳити хонавода доир мешавад».

Ҷашни зодрӯз доир мекунад, «нам пофиг» вале муҳити хонаводаи Раҳмонов муҳити ҳукумату давлат аст ва Раҳмонов, ки то коғази ташнобаш аз ҳисоби буҷаи мамлакат таъмин мешавад, чи дар хонааш баргузор кунад, чи дар дохили қасри Миллат чизе иваз намешавад. Бар изофа чанд соли пеш Рӯзи забони давлатиро ба ҳамин 5 октябр овард, ки мақсуд ҳамин «ден рождения»-аш буд, ки дар тамоми муассисаҳо ба ин муносибат нишасту ҷаласаҳо баргузор мегардад.

Ҳаройина имрӯз таваллуди ин роҳбари худкома, яке аз қадимтарин роҳбарони кишварҳои дунё аст. Шояд мисли вай диктотури дарозумри гандапир дар руи олам панҷ-шаштои дигар бошад, ки 34 сол, беш аз се даҳа дар арикаи қудрат «сварка» шудааст.

Ин тавр нест, ки Раҳмонов ҷашну кайфу дискотекаву арақзаниву дигару дигарро хуш надошта бошад. 35-солагии истиқлолиятро, ки дидед чи кор кард? Харҷи ин ҷашн эълон нашуду намешавад. Аммо худаш ҳам пай бурд, ки беҳад «переборшит» кардааст, гуфт «ин гуна ҷашни пурхарҷу масраф арзиши истиқлолро дорад. Мо бояд ба қадри ин ҷашн бирасем».

Хуб, дигар ба ин чи мегуӣ? Аммо як гапи дигарро дар ҳамон рузҳо гуфт: «Рисолати таърихии мо ба охир нарасидааст». Ин ба он маъност ки «бале, ман Рустамро омода карда истодаам, ёд дода истодаам, аммо баъди ман мегирад, чун рисолати ман ба охир нарасидааст».

Шумо хуб медонед, ки ба муносибати рӯзи таваллуди вай мо ба ҳиҷ ваҷҳ тавлаку думбра наменавозем, базму ҷашн намеорем. Аммо ба фарқ аз хушомадгуҳову чоплусҳову тамаллуқпешаҳо ҳамеша ҳарфи ҳақро бар забон меронем. Имрӯз ҳам истисно нест. Аз ин ҷиҳат вақте «Раҳмонов аз манзаре дигар…», ки мегуем, қасдамон ин аст ки дар бораи Раҳмонов ҳарфи ҳақ ва гапи бударо мегуем ва ба фарқ аз Раҳнамову амсоли вай, мутамаллиқону думликонҳову хушомадгуҳову чоплусҳо, ки вайро дигаргуна шинохтаанду шиносонида истодаанд, Раҳмоновро Одамхудо намеҳисобем, балки як диктотур, ки давлату ҳокимияти мансуб ба миллатро маҳаллӣ-авлодӣ-оилавӣ кардааст, ҳамин тавр мешиносему менависем.

Манзури «манзаре дигар…» ҳамин аст, ки чи тавр як нафаре, ки амсоли дигарҳо буд, бигзор мисли Ислом Каримов, мисли Аскар Акаев ва дигарҳо, ки раиси давлат буданд, мисли Нурсултон Назарбоев, аз онҳо чи тафовут дорад ва мудирияту идораи давлатро аз чи тариқе ба роҳ мондааст. Масалан шумо дидед, ки Садир Жапаров, Шавкат Мирзиёев, Қосимжомарт Тоқаев ва ё Владимир Путин барои баргузории ҷашни истиқлолият 120 ҳазор касро се моҳ «маршировка» карда ду соат дар пеши худашу занашу духтараш бачааш рақс кунонду режа равонд. Кадоме аз роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ё СНГ ин корро кард?

Ё чаро Доналд Трамп, Мертс ва Макрон ва ё ҳатто ҳамин Путин дар ҷойи худаш бачаашро омода намекунад?

   Ин қадр, ки Раҳмоновро болобардору болобардор карда ва аз вай як супермен,  фавқулбашар сохта истодаанд, гапу сифате аст ки на дар бел меистаду на дар каланд. Масалан гуфта истодаанд, ки баъди 1000 сол давлатро сохт. Яъне чӣ? Нусратулло Махсуму Шириншо Шотемур аст ки Тоҷикистонро аз таркиби Узбекистон берун кард?

Тоҷикистон яке аз 15 ҷумҳурии узви шуравӣ буд, ки бо пошидани шуравӣ мустақил шуд. Аммо Тоҷикистон, ки буд, ҳукумат дошт, пойтахт дошт, нишону парчам дошт, марз дошт, ноҳия, шаҳр, вилоят дошт. Пас, Раҳмонов чиро сохт баъди 1000 сол? Агар ҷойи Раҳмонов ҳар нафаре дигарро ҳам русҳову узбекҳо бар муқобили неруҳои мардумиву миллӣ меоварданд, ҳамин кореро, ки ин муздур ё арусаку марионетка мекард, анҷом медоданд. Дигар тамом. Ин чи ҷойи мадҳу васфу ситоиш аст? Ин ҳам дар ҳоле, ки Раҳмонову Сангак зидди истиқлол ва тарафдори барқарории СССР буданд.

Ҳоло акнун кор ба онҷо кашонида шудааст, ки имоми масҷид аз худову расул неву аз Раҳмонов мегуяд. Ҳамин аст Асосгузору Пешво? Бовар кунед, агар илоҷ дошта бошанд мегӯянд, (ҳатман чанд соли пас мегӯянд) ки миллати тоҷикро Раҳмонов зоида калон ва одам кард. Пеш тоҷик набуд. Раҳмонов зоиду ба дунё овард, то инки тоҷик аз вай мадюн ва миннатдор бошад, ки ба дунё овардааст, ба гуфти худаш  наъузубиллоҳ мин ҳозал залол «ҳаст кардаст».

Раҳмонов бо Азизмову Озодаву Рустам ончунон ҷашни истиқлол доир кард, ки дигар то мурданаш рӯзи таваллуд бояд ҷашн нагирад.

  Акнун инҷо хоҳем гуфт, ки тули ин 34 сол, ки як режими авторитариву диктаторӣ ва як низоми ғайримилливу ғайримардумӣ «ниҳодина» кардааст, Раҳмонов ҳокимиятро бо чи тариқе идора кардааст? Ва, бори дигар мефаҳмед, ки воқиан ҳам мо «аз манзаре дигар…» гуфта истодаем.     

    Раҳмонов ва маҳал

  Раҳмонов дар ин 34 сол ҳокимиятро бо ҳаммаҳалҳо, авлоду ақориб ва оила идора кардаву карда истодааст.

 Аз ҳамон оғози кораш аз Иҷлосияи 16 таркиби ҳокимият дар Тоҷикистонро иваз кард. Ҳукумат аз як маҳалли барои ҳамаи мову шумо шинос ташкил карда шуд.

Солҳои баъд бошад ин маҳалро ҳам маҳдуд карду ҳукуматро бо кадрҳои зодгоҳи худаш-Данғара пур кард.

  Такяи Раҳмонов ба маҳал, яъне Данғара ба хотири он нест, ки беҳад маҳаллу зодгоҳи худро дӯст медорад.

Раҳмонов пушти манфиат аст, пушти манфиати шахсӣ ва оилавии худ. Вай аз ҳар фурсату имконият истифода кардааст, ки қудрати худ ва султаашро болои миллат мустаҳкам ва устувортар намояд. Коре кардааст, ки ҳарфи охир, қарори ниҳоиро танҳо худаш занад, танҳо худаш қабул кунад ва нафаре дигар, ки ин корҳоро иҷро карда битавонад, дар ҳукумат аслан ҷо надошта бошад. Ҳатто бигзор аз маҳалли худаш ҳам бошад. Инҷо метавон мисолҳои фаровон овард. Вале як мисол меоварам. Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамсоли Раҳмонов аст ва айни замон ҳам метавонист кор кунад. Раҳмонов вайро аз вазифа аз ҳокимият дур кард. Ҳади ақал метавонист барои мисол дар Британияи Кабир сафир таъин кунад. Аммо онҷо духтари худаш Рухшонаро монду Убайдуллоевро намонд. Чунки Убайдуллоев ҳам метавонист ҳарфи охир бизанад.

 Як сабаби такя ба кадрҳои маҳалли худ кардани Раҳмонов ҳамин аст ки онҳо ҳамеша мисли даҳани амак бошанд ва ҳар ончи Раҳмонов гӯяд ҳамонро иҷро кунанд ва ҳеҷ гоҳ дар фикри дигар набошанд ва муҳимтар аз ин ҳама мисли саг ба соҳиби худ содиқ бошанд. Онҳо тамоми умр мадюни Раҳмонов бояд бошанд. Чунки мақому манзалатро аз дасти Раҳмонов гирифтаанд ва агар Раҳмонов набуд, ҳеҷ гоҳ вазиру раису мудир намешуданд.

Нуктаи дигар ин аст ки Раҳмонов аз ҳамон оғози ба сари қудрат як кадри маҳаллӣ (музофотӣ) буд ва вайро мардуми маҳалли мавриди назари мову шумо ба рӯи курсӣ овард. Ин маҳал ҷангид ва ӯро овард.

 Раҳмонов дар сатҳи миллӣ, то он замон, ки раиси Шӯрои олӣ нашуд, кор накарда буд. Дар миқёси ҷумҳурӣ шахси ношинос ва номаълум буд ва кадрҳои дар ин сатҳро намешинохт. Вай ҳамааш шуда як директори совхоз буд.

Вақте омад ҳама сохторҳои қудратиро ба ҳаммаҳалҳои худ дод. Ҳам дар ВКД, ҳам дар КГБ ва ҳам дар Прокуратураи генералӣ. Агарчи метавонист, барои мисол аз ҳамяроқони Фронти халқиаш аз манотиқи дигар нафаронеро ба мансабҳои ҷумҳурӣ таъин кунад. Вале воқеият ин аст ки ӯро ҳамин ҳаммаҳалҳояш ба қудрат расониданд. Ва вай такяро ба онҳо кард ва дар симои онҳо зуру бозуи худро медид ва ба онҳо эътимод мекард.

Инро бояд алоҳида зикр намуд, ки дар солҳои аввал, то  андозае ҳам буд, дар мақомоти марказӣ кадрҳо аз дигар манотиқу маҳалҳо ҳам кор мекарданд. Таносуб дар сиёсати кадрӣ агарки кам ҳам буд, муроот мешуд.

 Масалан Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи Генералӣ ё дар вазоратҳо таносуби маҳаллӣ-минтақаӣ нигоҳ дошта мешуд ва ба ин шакле, ки имрӯз аксарияти мутлақ аз Данғара ва Фархор бошад, набуд.

Ин баъдан чунин шуд. Дар ҳар мансабу вазифа, ки таъин мешаванд, дигар ба нудрат кадри дигарҷо меояд. То руасои донишгоҳҳо, то сардабири нашрияҳо, то сардорони милисаву амният, додситону судяҳо дар навоҳиву вилоёт кадрҳо дигар аз як маҳалланд.

Масалан сардори раёсати КДАМ, Раёсати корҳои дохилӣ, Оҷонси мубориза бо фасод, Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир, Раёсати гумрук, Раёсати андоз, Палатаи ҳисоб дар вилоёт ва навоҳии кишвар аксарият аз Данғараанд. 

 Ва, сипас ошкоро таҳдид мекунад, ки

«як бор бубин, ки пеш кӣ будиву ҳозир кӣ шудӣ, пеш чӣ доштиву ҳозир чӣ дорӣ»? Яъне гуфтанӣ аст ки ин ман ҳастам, ки шумо дар ин мақомҳоеду кордатон болои равған ва аз охури ҳукумат хурдаву чарида гаштаед.

Ба онҳо «ход» медиҳад, ба онҳо шароит медиҳад, ба онҳо қудрат медиҳад, фақат ба хотири онки онҳо тамоми умр мадюн ва қарздор бошанд вагарна «агар ягон ғармӣ, помирӣ, хуҷандӣ ё ҳисориву зарафшониву дарвозӣ дар ҷои ман буд ту началники милиса, кгб ё прокурору военкому дигару дигар намешудӣ. Барои ҳамин ту бояд ба ман ва ҳар як аъзои оилаи ман сагвор вафодор бошӣ».

Раҳмонов ба онҳо такя мекунад то онҳо барояш такягоҳ бошанд. Онҳо халқро неву курсии худ ва курсидиҳандаи худ -Раҳмоновро ҳимоят кунанд.

Бубинед, агар пештар масалан милисаву, кгб, коррупсия буд ҳоло налог, таможний, военком, водоканал, директори училишу коллеҷ ҳам аз ҳамон маҳал аст. Ҳатто хабарҳое, ки меояд аз он мегӯяд, ки МБТИ, водхоз, ДЭУ, участковий, светавойро ҳам кадрҳои ҳамон маҳал ишғол карда истодаанд.

Раҳмонов  руҳия ва муносибати мардум бо худаш, оилааш ва ҳукуматашро хуб медонад. Воқеъиятҳоро хуб медонад. Медонад, ки халқи тоҷик аз вай ва оилааш мутанаффир аст, то пойи ҷон сер шудааст, аз афту башара ва шаклу шамоилаш безор шудааст. Он қадар гову нафаҳму аблаҳ нест, ки баъзеҳо мепиндоранд. Баракс, дар кори таҳкиму пурзӯр кардани ҳокимияти маҳаллӣ, авлодӣ ва оилавиаш устод ва моҳир аст.

Барои он  такяи бештар ба маҳал карда истодааст, ки Раҳмонов мехоҳад ҳадди ақал аз ҳисоби як маҳал ва ё як минтақа барои худ пуштвона, муттако, тарафдор, пойгоҳ ва мавқеъи иҷтимоӣ дошта бошад, дастгирии як бахши мардумро бигзор аз як маҳал ҳам, ки бошад дошта бошад.

 Солҳост, ки дар тамоми мақомоти қудратӣ -КДАМ, ВКД, Прокуратураи генералӣ, Вазорати дифоъ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Гвардияи миллӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ фақат кадрҳои ҳамон як маҳал таъин мешаванд.

Балки дар 35 сол ягон нафаре ба ҷуз аз онҳо КДАМ-ро раҳбарӣ накардааст.

Айни замон 70-80% кормандони КДАМ ё аз Данғара ва ё аз Фархоранд.

Дар давоми 35 сол дар ВКД танҳо як навбат Абдураҳими Қаҳҳоров, аз шаҳри Хуҷанд вазир шуд. Дар Прокуратураи генералӣ низ ду навбати он ҳам буд не Саломиддин Шаропов, аз Панҷакент ва Амирқул Азимов аз Айнӣ буданду халос.

Дар вазорати дифоъ ягон нафар. Ин ҳама нишонаи чӣ аст ва аз чӣ далолат медиҳад? Ин нишонаи он аст ки худи он нафар, ки худро пешвову падари тоҷикҳо эълон кардааст, не пешво асту не падар. Як маҳалгарои гузаро аст. Бовар ба кадрҳои дигар маҳаллу минтақаҳо аслан надорад.

Як нафари огоҳ аз ин ҳама сиёсатҳои кадрии бар пояи маҳаллу авлоду оила устувори Раҳмонов гуфт, то чанд соли пеш дар тамоми ниҳоду мақомот як навъ тавозуни 50дар 50 муроот мешуд. Сардори гумрук аз Хуҷанд буд, муовини аввали он аз Данғара ва ҳамин маҳалл) вале ҳоло комилан дигар шуд. Раис, муовин ва ҳатто сардорони управления аз ҳамон Данғара аст.

Сиёсати бар пояи маҳалли Раҳмонов то куҷоҳое, ки наомад. Раҳмоналӣ Амирзода чанд сол дар Исфара, Нусратулло Салимзода чанд сол дар Бобҷон Ғафуров, Сиҷоуддин Саломов чанд сол дар Исфара  раис шуданд.

Мунтаҳо як сиёсати кадрии ваҳдату иттиҳодсӯзи миллаткушро аз ҳамон Иҷлосияи хонумонсузи 16 то ба имруз дорад татбиқ мекунад.Ва вақте чунин сиёсатро пеш гирифту касе пишакашро пишт нагуфт гузашт ба авлоду таборгароӣ ва хешу таборашро оварду ҷой дод.

  Раҳмонов ва авлод, хешу таборҳо

«Соли 1975 Азизмоҳ бо писарамааш Эмомалӣ Раҳмонов оила барпо намуда, ба хонаи бахташ, ба ноҳияи Данғара рафт. Дар ҷои нав ҳам Азизмоҳ ҳамчун деҳқондухтари асил корҳои хона ва саҳроро ба анҷом мерасонд. Шавҳараш Эмомалӣ Раҳмонов, ки низ фарзанди деҳқон буд, вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар колхози ба номи Ленини н.Данғара иҷро мекард».

Ин порае аз навиштаи як муаллими Азизмоҳ аст ки солҳо пеш «СССР» чоп карда буд. Бармеояд, ки отаи Ҳасан, бобии Асадулло тағои Эмомалӣ Раҳмонов будааст. Майрам, хоҳари Асадулло.  (Дар омади гап. Ин ҳоло аст, ки Раҳмонов «оқилу доно» шудаву никоҳи хешу табориро манъ кард. Аммо аз 9 фарзанди зоидаву калонкардааш ҳатто яктоаш ҳам инвлид нест, бузбалаву ғафсу тануманданд).

  Раҳмонову занаш хешу таборанд ва ба ҳамин далел будааст, ки аз авлоду хешовандонашон дар ҳукумат ва муасссисаҳои давлатӣ он қадар ҷо кардаву ҷо додаанд, ки адад надорад. 

 Ман, рости гап намедонам, ки аввалин хеши Раҳмонов, ки ба ҳукумат ҷалб шуд кист, аммо як воқеиятро наметавон инкор кард, ки таборгароӣ дар сиёсати кадрии Раҳмонов бо маҳалгароӣ барбабар ё ҳамроҳ шуда тадриҷан пешӣ гирифт. Раҳмонов вақте дид, ки ҳукуматро бо ҳаммаҳалҳояш бахшу тақсим карду касе лому мим нагуфт, эътирозе пеш наомад, авлодро дар ҷои пеш гузошт. Ҳар як табори дипломдори Раҳмонов, ки анде хатхон буд, як курсиро соҳиб шуд. Ёдатон бошад дар сессияи 16 вақте раис шуд гуфта буд, ки «дар авлодам худам диплом дораму халос» ва солҳо баъд боз гуфа буд, ки «ман дар кисаам кадр надорам». Ҳасан Асадуллозода, писартағо, бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Ориёнбонк, мудири “РоғунГЭСстрой”, ва гардонандаи воқеии “Талко” ва соҳиби даҳҳо корхонаву ташкилот солҳо боз дар мудирияти кишвар, бахусус арсаи молияву иқтисод нафари аввал аст. Мегуянд, ки мешавад ба ҳузури сарвазир навбат гирифту даромад, аммо дари утоқи кори Ҳасанро наметавон боз кард.

Ҳасан яке аз хешовандони наздики Раҳмонов аст ки солҳост дар ҳукумат кор мекунад.

То руи кор омадани Озодаву Рустам гушу чашми Раҳмонов ва мушовири асосиаш буд. Раҳмонов ва дору дастааш дар тавҷеҳу ташреҳи ин сиёсати худ  мегӯянд: «ленинободӣ 70 сол хӯрд, мо ҳам бояд 70 сол хурем».

 Хуред, чаред, ринед… кори шумо. Аммо кадом бародарзани Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамовро медонед, ки Ҳасан шуда бошад?

Сипас дар ҳокимият яке паси дигаре хешу таборони Раҳмонов ҷалб шуданд. Барои мисол Матлубхон Давлатов, (тағои Раҳмонов) дар масъулиятҳои гуногун то муовини аввали сарвазир ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент кор кард, ки аз наздикони Раҳмонов аст.

Давлаталӣ Саидро Раҳмонов аз Иттифоқи ҷавонон оварду вазифаҳо дод ва то инки раиси вилояти Хатлон таъин шавад, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон буд.

Марҳум Холмуъмин Сафаров, шавҳари Қурбонбии хоҳари Раҳмонов раиси Идораи ҷангали Тоҷикистон кор мекард.

Ман, намедонам Қодир Качалаев, ронандаи Раҳмонов аз авлодони наздикаш аст ё дур, аммо бародари ин ронанда раиси Гумрук дар вилояти Суғд аст.

Амонулло Саъдуллоев (бародари Ҳасан) солҳои дароз раҳбари «Тоҷикэнергоснаб» — масъули фурӯши барқ дар ширкати «Барқи Тоҷик» буду яке дигар аз бародаронашон ҳоҷӣ Амирулло Холов раиси шаҳри Қурғонтеппа

Умед Раҳмонов (писари Нуриддини трактористи акаи Раҳмонов) прокурори ноҳия Ҳисор, бародари дигари ӯ Исломиддин, раиси “Тоҷикстандарт” аст. Шавҳари яке аз хоҳарони Умед ва Исломиддин Баҳром Холназаров, солҳо сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон буду шавҳари хоҳари дигари онҳо Зафар Қурбонов, прокурори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Ин ба он маъно аст ки дар ҳукумати Раҳмонов барои домодҳои акаи Раҳмонов ҳам ҷойҳои равғанӣ дода мешавад.

Солҳо пеш расонаҳо ҳузури беш аз ҳадди домоду қудоҳои президент дар мансабҳои давлатиро ҳатто «қудовшина» ном ниҳода буданд.

Шарифбек Давлатов, падари Зарифбек Давлатов, шавҳари Тахмина Раҳмонова аст.  Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика, падари Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб, шавҳари Парвина, яке аз 7 духтари Раҳмонов аст.

Баъд аз онки Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини раиси Бонки миллӣ, шавҳари Озода Раҳмонова, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба Раҳмонов домод шуд, падари ӯ Камолиддин Нуралиев аз курсии ПМК рост муовини вазир таъин шуд. Яъне қудоҳои Раҳмонов уровен дошта бошанд.

Бег Сабур, падари Рамз, шавҳари Зарина Раҳмонова муовини аввали Ориёнбонк , ки солҳои дароз, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон буд.

Раҳмонов дуто бивший қудоҳо ҳам дорад, ки онҳо ҳам дар масъулиятҳои давлатӣ кор мекарданд. Ёрмаҳмад Гулов, хусури собиқи Тахмина, раиси ширкати давлатии “Хурокворӣ”,собиқ вазорати саноати сабук ва Юсуф Раҳмон, хусури пешини Фарзона, духтари хурдии Раҳмонов, Прокурори генералии Тоҷикистон буд.

Ё инки  Файзиддинзода Бунафша, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудои Раҳмонов, яъне хусур ва хуштомани Сомон, писари дуввуми Раҳмонованд.

Як маҷаллаи амрикоӣ бо номи “Foreign Policy”  солҳо пеш навишта буд, ки “низоми идории Тоҷикистонро метавон бо ду калима хулоса кард: nepotism (авлодбозӣ) ва cronyism (ошнобозӣ). Тамоми мансабҳои калидӣ дар дасти хешовандону дӯстони наздики Раҳмонанд.

  Марҳум Асадулло Ғуломов, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон низ аз хешони наздики Раҳмонов буд.

 Авлоду табор дар сиёсати кадрии Раҳмонов то он дараҷа нуфуз пайдо кард, ки барои мисол ду аэропорти асосии Тоҷикистон-фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба дасти Қурбони Алимардон қудои Таҳмина Раҳмонова ва фурудгоҳи байналмилалии Душанбе –пойтахти Тоҷикистон дар ихтиёри Зайнулло Соҳибов бародари Шамсулло Соҳибови домоди Раҳмонов, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир супорида шудаанд. Ҳоло мо онҳоеро гуфтем,ки ҳама медонанд. Агар дар фарзандони инҳо ва набераву домодҳояшон,ки дар кадом мақому мансабҳоянд ҳуш аз саратон мепарад.

Раҳмонов ва оила

Раҳмонов дигар бо маҳаллу хешу табор иктифо накард. Вай дигар ҳукуматро ба як корхонаи хусусӣ табдил дод. Акнун, ки фарзандони худаш ба воя расиданд, шуруъ кард ба интисобу таъйини онҳо ба мақомоти давлатӣ.

Рустами Эмомалӣ, писари калониаш раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ таъин шуд, амалан ва қонунан нафари дуввуми Тоҷикистон. Агар бар фарзе Раҳмонов натавонад, ки корро пеш бибарад Рустам автоматӣ дар ҷои вай мешинад.

Озода Раҳмонова, духтари дуввумаш роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷамолиддин Шавҳари вай, солҳо дар вазорати молия ва Бонки миллӣ ба ҳайси муовин фаъолият мекард. Худи Раҳмонов, Рустам ва Озода ҳоло се нафареанд, ки амалан давлати Тоҷикистон ва инони ихтиёри онро дар даст доранд.

 Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии Раҳмонов-хонуми Маҳмадзоир Соҳибов, раиси собиқи Биржаи молу ашё ва раиси пешини Оҷонси хариди амвол ва захоири давлатӣ аст. Танҳо фарзанди Раҳмонов аст ки пости расмӣ надорад. Аммо шавҳар ва писари ӯ дигар ба ҳама маълуманд.

 Рухшона Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолист. Шавҳари ӯ, Шамсулло Соҳибов, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ молики чанд ширкати калон зикр шудааст, ки тиҷорати сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои дигарро зери назорат дорад.

Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раисҷумҳур, раиси Оҷонси алоқаи ҳавоии Тоҷикистон ҳамроҳи шавҳараш Зарифбек Давлатов ба тиҷорат машғуланд.

Парвина Раҳмонова, духтари дигари Раҳмонов «Сифат фарма»   ширкатеро назорат мекунад, ки ҳамагӣ дар чанд сол  ба тоҷири пештози бозори доруи Тоҷикистон табдил ёфтааст.  Шавҳари ӯ, Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб аст.

Зарина Раҳмон, духтари дигари президент Эмомалӣ Раҳмонов, муовини аввали раиси «Ориёнбонк» аст. Раҳбарии “Ориёнбонк”-ро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур ба уҳда дорад.

 Дар бораи духтарҳои Раҳмонов «Ислоҳ» таҳти унвон и «Ҳафтаждаҳо»

02.09.2020   https://isloh.net/11929/aftazhda-o-d26/ маталберо дар ду бахш чоп карда буд, ки метавонед аз сомонаи мо  пайдо ва маълумоти муфассал ба даст оваред.

  Сомон писари дуввуми Раҳмонов дар ширкати давлатии «Талко» ноиби раис таъин шудааст. Гуфта мешавад, ки Сомон тамоми конҳои кишвар, аз ҷумла конҳои муштарак бо хитоиҳоро контрол ва курироват (куратор) мекардааст.

Фарзона, духтари хурдии Раҳмонов, августи соли 2025 сардори Раёсати ислоҳот, ёрии аввалияи пизишкӣ ва беҳдоштӣ ва робитаҳои байнулмилалӣ дар вазорати тандурустӣ таъин шуд.

Ба ин тартиб, чуноне мебинем, хонаводи Раҳмонов пурра аз ҳисоби бюҷет таъмин мешавад. Вале барои Раҳмонов ин ҳам кам аст. Тамоми вазорату идораҳо аз тарафи ин оила куратор доранд. Моҳона доля мегиранд. Барои мисол дар ҳукумат муовини раиси ҳукумат оид ба иқтисоду молия кор мекунад, аммо боз аз ин бахши ҳукумат аз аъзои оила куртор дорад.

Як нуктаи ҷолиб. Домодҳои Раҳмонов, ки ҳар кадоме мақоми давлатӣ ё бизнесҳои миллирадӣ доранд, дар оила «янга» ҳисоб мешудаанд. Масалан «янгаи Зарифбек»-шавҳари Тахминаро чунин садо мезадаанд ва ё «янгаиҶамолиддин»-шавҳари Озодаро чунин мегуфтаанд. Яъне инҳо домод ҳам бошанд «янга» мегуфтаанд, янгаи Шамсулло, янгаи Ашраф. Ин маълумот аз дохили круги Рустам ба Ислоҳ расидааст. Рустам гуфтааст мо дар оила домодҳоямонро «ЯНГА» мегем. Албатта ин як мазоқ ва чандин паёмҳоро дар бар дорад!  

Охирсухан

Тоҷикистони советиро мардуми зиёд, бухороиву самарқандӣ, хуҷандию  ғармӣ, ҳисориву кулобӣ ва ва бадахшонӣ, тоҷику русу узбеку  дигару дигар сохтанд, идора мекарданд. Ин тавр набуд, ки як маҳл ва як авлод ва як оила идора кунад. Дар ҳокимият тавозуни маҳал ҳатман муроот мешуд. Аммо ҳоло Тоҷикистон аз тарафи як маҳал, як авлод ва як оила идора мешавад. Ҳаминҳо тамоми мардумро ба ғулом ва барда табдил додаанд. Ман мутмаинам, ки чанде баъд ба ҳамчунин ҳолу аҳвол бовар нахоҳем кард, ки мо тоҷикон дар ҳамин гуна шароите, ки як хонавода солҳои дароз болои мо буд, бовар намекунем. Шояд бовар накунанд. Гуянд, ки ин падарони мо чи зоту ҷонзоте будаанд. Магар мешавад ҳамин тавр? Магар мешавад як миллат дар хоби ғафлат биравад? Ва афсона мепиндоранд, ки Раҳмонову Рустаму Озодаву Азизмо дар руи минбару халқи Худо дар поин портретҳои онҳоро дар зери офтоби гарм болои сар бардошта шагат мекунанд.

Дар чунин вазъу чунин ҳол, ки фарқе байни ҳукумату оила дар Тоҷикистон аз байн бурда шудааст, балки оилаи Раҳмонов ҳукумат шудааст вай рӯзи таваллуди худро чи ҷашн бигирад ё чи ҷашн нагирад, муҳим нест. Зеро ӯ бо оилааш ҳар рӯз зодрӯз доранд. Аммо миллат ва мардум зодрӯз ҷой худаш дар хонааш чи хурок пазад бояд аз мақомоти Раҳмонов иҷозат гирад….

Эмомалӣ Раҳмонов, имрӯз 5 октябр — рӯзи таваллуди шумост. Имрӯз ва дигар рӯзҳо ҳам қасри шумо чароғон аст, дастархон ороста, атроф пур аз табрикгӯю хушомадгӯ. Аммо берун аз қаср миллате ҳаст, ки дар бисёр ноҳияҳо шабашро дар торикӣ мегузаронад.

Қариб понздаҳ рӯз аст, ки аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба «Ислоҳ» пайваста хабар мерасад: барқро соатҳо қатъ мекунанд. Мардум мегӯянд лимит амалан оғоз шудааст, аммо мақомот онро расман эълон намекунанд. Мардум дар торикӣ нишастаанд, вале касе масъулият намегирад.

Шумо инро мефаҳмед?

Дар хонаи шумо барқ ҳаст. Дар хонаҳои фарзандону наздиконатон барқ ҳаст. Дар қасрҳо чароғ хомӯш намешавад. Аммо мардуми одӣ бояд ҳисоб кунад, ки кай барқ меояд, кай нон пазад, кай фарзандаш дарс хонад, кай хонаашро гарм кунад.

Ин аст натиҷаи 34-умин соли ҳокимият?

Имрӯз ҳамзамон Рӯзи забони давлатист. Аммо, ҷаноби Раҳмонов, як саволи бисёр сода дорем: чаро 5 октябр?

Рӯзи забони тоҷикӣ аслан 22 июл буд. Маҳз 22 июли соли 1989, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ва дар пайи бедории миллӣ ва талошҳои зиёди зиёиёну ҷомеа, Қонуни забон қабул шуд ва забони тоҷикӣ (форсӣ) мақоми давлатӣ гирифт. Бист сол ҳамин сана — 22 июл — Рӯзи забон буд.

Аммо соли 2009 қонуни пешина бекор ва 5 октябр Қонуни нави забони давлатӣ қабул шуд; аз ҳамон вақт 5 октябрро Рӯзи забони давлатӣ карданд.

Ва тасодуфро бинед: 5 октябр рӯзи таваллуди худи шумост.

Савол ҳамин аст: чаро ҷашне, ки решаи таърихии он ба 22 июли соли 1989 ва мубориза барои мақоми давлатии забони тоҷикӣ мерасад, бояд маҳз ба рӯзи таваллуди шумо кӯчонида мешуд? Магар барои қабули қонуни нав ҳатман лозим буд рӯзи таърихии забон ҳам иваз шавад?

5 октябр пеш аз соли 2009 дар таърихи мубориза барои мақоми давлатии забони тоҷикӣ чӣ ҷойгоҳи махсусе дошт? Чаро 22 июл — рӯзи воқеии қабули нахустин Қонуни забон — канор гузошта шуду рӯзи таваллуди шумо ба рӯзи расмии забон табдил ёфт?

Шумо забони тоҷикиро ба вуҷуд наовардаед. Ин забон ҳазорсолаҳо пеш аз шумо буд ва ҳазорсолаҳо баъд аз шумо ҳам хоҳад монд. Ин забони Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва ҳазорон адибу донишманди форсизабон аст. Забон моли як президент, як ҳукумат ё як хонадон нест.

Пас чаро ҳатто рӯзи забони миллат бояд сояи рӯзи таваллуди як нафарро бар сар дошта бошад?

Рӯзи забон бояд рӯзи забон бошад — на рӯзи шахсиятпарастӣ, на рӯзи таърифу тамаллуқ ва на баҳонае барои он ки дастгоҳи давлатӣ аз субҳ то шом аз як нафар бигӯяд.

Агар воқеан ба забони тоҷикӣ эҳтиром доред, онро аз шахсияти худ ҷудо кунед. Миллат пеш аз шумо забон дошт, давлат дошт, фарҳанг дошт ва таърих дошт.

Забони тоҷикӣ 5 октябр таваллуд нашудааст. Шумо 5 октябр таваллуд шудаед. Ин ду чизро бо ҳам омехта накунед.

Шарм кунед аз ин ҳолате, ки миллату давлатро ба он расондаед.

Миллат ба суханҳои пуртантана ниёз надорад. Ба барқ ниёз дорад. Ба адолат ниёз дорад. Ба давлате ниёз дорад, ки барои мардум кор кунад, на ба низоме, ки мардум барои як оила ва як ҳалқаи ҳокимият хизмат кунанд.

Имрӯз рӯзи таваллуди шумост. Аммо барои ҳазорон хонаводае, ки дар торикӣ нишастаанд, ин рӯз ҳеҷ ид нест.

Шумо чароғ доред — миллат торикӣ.
Шумо ҷашн доред — миллат дар ташвиши рӯзгор.
Шумо 34 сол қудрат доред — миллат ҳанӯз ҳам интизори барқ аст.

Инро мефаҳмед, ҷаноби Раҳмонов?

Share This Article