Ин бор аз ду муаллиф аз Ромити Ваҳдат се ва аз як муаллиф аз ду ноҳияи Носири Хусрав ва Қубодиёни вилояти Хатлон номаҳои расидаро пешкаши ҳузури гиромии шумо гардонидем.
Муаллифони мо аз тими хабарнигорони ҷамоатии мо аз Ромит бо ирсоли хабарҳои охирин аз таъсири номаҳои қаблӣ ҳам зикр намудаанд. Мо ин ду номаро яке кардем.
Ҳамчунин номаҳои расида аз навоҳии Носири Хусрав ва Қубодиёнро зери як нома гузоштем.
Ваҳдат (Ромит)
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Раҳмати калон, ки бо мардуми камбағали тоҷик ҳастед. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад ва гузаштагонатонро раҳмату мағфират кунад. Мардуми Ромит барномаи Ромит-3-ро дар канали Ютубии «Ислоҳ» бо камоли майл тамошо кард.
Ҳоло…он ду боғеро, ки ин оилаи (семейка) гушна гирифт, боғи якумаш аз бачаи Қудрат буд, бепул кашида гирифтанд, боғи дуввумаш аз Мулло Ҳасан Тағоев буд. Уро ягон сум доданд, бо байндароии хусури Шоҳасан Мирзокаримов. Пеш аз кор дар ҳавзҳои моҳӣ хусури Шоҳасан Мирзокаримов бо додараш Ҷомаҳмад дар ҳама ҷо қаровул буд. Номи хусури Шоҳасан Мирзокаримов Оймаҳмад буд. Як одами серманаҳ буд, бисёр гап мезад. Хусури Шоҳасан Мирзокаримов вафот кардааст. Ҳозир Ҷомаҳмад худаш кор мекунад. Бузи орангутани мақомот аст.
Дар соли коронавирус куби бетон 260 сомонӣ буд, ба даст мешуридӣ. Чанд бригада кор мекард. Ин Ҷомаҳмад ҳоҷиро гуфт, роҳҳо маҳкам аст, арзон кун, мардум кор мекунад. Куби бетонро 150 сомонӣ карданд. Мардуми коргар гуфт ин нарх арзон аст. Ҷомаҳмад гуфт ҳоло ҳамин касал рафтан гирад дар як коса шурбо кор мекунед.
Ҷумъахони Зароб боз чи корҳо мекунад? Бо опел -караван такси буд, туй мешуд дар Ромит. Бояд саҳари барвақт арусро салон красоти мебурданд ба мошини ҳамин шахс. Ин дар роҳ дар телефон запс мекард. Ҳамон духтарро маҷбур мекард, ки он корро (+18)ҳамроҳаш кунад. Ин ноҷавонмард дар Ваҳдат квартира дошт.
Квартира мебурдаш ва корро +18 мекард. Боз дар телефон запс мекард. Дигар кадом вақте даркораш мешуд, духтарро занг мезад. Духтарро мегуфт «агар не бги да интеренет мемонм видеҳота».
Як запс мекард дар мошин мегуфт, ки шуятро мегуям, ки бо ман гап мезанад, аруси ман аст. Зароби падараш ҳамаро медонад, ҳатто падараш дар Тоҷикистон паспорти тоҷикӣ ва загранпаспорт беочеред омода мекунад. Праваи мошин, категория B.C дар 7000-8000 сомонӣ дар 5 руз тайёр мекунад. Мегуяд, пулро деҳ: «ма занша туғрӣ мекнм мақомота».
Ин корро тамоми мардуми Ромит хуб медонад ва садҳо чунин шаҳодатномаҳои ронандагии нохонда бо пул карда додагӣ ба бачаҳо.
Мегуӣ 7000-8000 сомонӣ қимат аст. Мегуяд «зани Фароза г**** у қимат кадай. Отаи ма қимат накадай. Хулас, аз як дона права 1000 сомонӣ кор мекунад. Пулро деҳ дар 5 рӯз праваат тайëр аст. Меравӣ, дар компютер мешинӣ, сурат мегирандат ва праваатро медиҳанд. Ҳатто аз болнитса намегузарӣ, ки ту созӣ ё девона.
6 дона, сурат, серия ва копия паспорти тоҷикӣ. Агар худаш набошад бачаҳояшам ин корро мекунад. Худаш боз як камтар инсоф дорад, бачаҳояш бошанд, любой пулро мегуянд. Барои паспорти тоҷикӣ ва паспорти загран, барои права. Одаме, ки права категория B.C харидааст, даже мошинро завадит карда наметавонад.
Мегуяд «занша г**** и пул то раиси шаҳри Душанбера меравад.
Ҳар як ГАИай, ки вазифара ба пул харидай, маҷбурай пулша кор кунад. Миралии раиси ГАЙ медонад ин корҳоро?
60-70 ҳазор сомонӣ кор мекунад дар тирамоҳ то баҳор. Ана бизнесмена бе раҳмуш.
НОМАИ ДУВВУМ
Дӯ рӯзи пеш(4 ноябр) дар қисмҳои ҳарбии Ваҳдат бонги хатар заданд ва ҷамоати Ромитро ба по хезонданд. Ба фикрам дар ҳама қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ин корро карданд. Мисле, ки вазъияташон хеле бад аст.
Ин чоплусмуллои Ашӯралӣ Нарзулоев аз ҳаҷ омадааст. Як бори дигар нияти рафтан доштааст, ки ҳозир намондаанд, не гуфтаанд. Гуфтаанд, ки мардумро насиҳат кунад.
Вале агар аз саҳар то ин саҳар насиҳат кунад ҳам мардум инҳоро медонанд. Медонанд пешвои миллат чи пешво асту асосгузори сулҳ аслан асосгузори ҷанг ва як одамкушӣ аст. Аввал инҳо қадру қиматашон хуб буд. Вале аз рузе, ки қонуни аз 18 сола болоро дар масҷид хонданд,тамом.
Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев ту ҳозир ин пешвои шайтонро таърифу тавсиф мекунӣ. Аммо ту ҳамон одаме набудӣ, ки духтари калониаитро аз синфи 7ё 8 аз мактаб баровардӣ,аз фасоду бе роҳагӣ тарсидӣ ин коратро касе танқид намекунад вале охир қариб суд мешудӣ, чи қадар пул додӣ? Бояд дар масҷиди калони ҷумъахонии Ромит- 2 гумбази аз 30 метр баланд мекарданд. Баъди қонуни пешвои шайтон ҳамин шумо набудед гуфтед чи лозим гумбази калон, то ҳоло иҷозат нест, гуфтед. Медони пешвот зиди дине ҳаст ба он имон дорӣ, шарм намекуни боз аз ӯ ҳимоят мекунӣ?
Манам Шикорчӣ, аз Ромит! Фақат хук, саг, дузд, буз, меш тарафдорони шайтонро шикор карда истодаам. Дар Ислоҳ номашон баромада истодааст
НОМАИ СЕВУМ
Манучеҳри бачаи Баҳодури Ҳасан ҳозир дар аблава бо раиси ҷамоати Ромит шарик аст. Вай ҳамроҳи Комили облавшики Ромит, аз деҳаи Явроз ҳар бегаҳ маст мегардад. Манучеҳр Ин бачаи Баҳодур шоферашон аст, аз Ромит боло. Инҳо пул, асал, гуспанд ва буз кор карда истодаанд. Манучеҳр 140 ҳазор сомонӣ дар бачаи Файз ва дар Равшани бачаи муаллими Ҳасан додааст. Дар биткойин ҳар моҳ 5 ҳазор сомонӣ протсент медиҳад.
Комили аблавақап хусурбачаи Суҳроби Ҳасан мешавад. Суҳроби Ҳасан як шиносаш дар 7 км дар як подвал кор мекунад. Суҳроби Ҳасан аз 20 одам зиëд барои моддаи 307 100 ҳазор сомонӣ зиёд кор кард. Ҳар як одамро мебарад,он шиносаш миқдори пулро ба Суҳроб мегуяд «и ҳақи худша болош мемона».
Даже ҳамон саг мегуфтааст, ки бигзор дар бораи Ромит гап задан гиранд, мо вазифаро ба пул нахаридем, пуламонро кор кунем.
Манучеҳр бачаи Баҳодури Ҳасан ҷияни Раҷаби Хайриддин мешавад Раҷаби Хайриддин тағояш аст.
Манучеҳр дар кадом ҷое нақл кардааст, ки «меравӣ ба сари призивник пешипеши аруса да қишлоқҳо кайф мекунӣ,боз пулашро мегирӣ».
Муҳтарам Раҷаби Хайриддин ,муҳтарам Мулло Ашӯралӣ Нарзулоев , муҳтарам қорӣ Шоҳасан Мирзокаримов номанависро ҳақорату дуъои бад накунед. Ана, инҳоанд гунаҳгору зинокор, дар борааш гап занед, кане бинем охир шумо ба ном мулло,ба ном қорӣ ҳастед.
Ҳабибулло Вохидзода, Рамазон Раҳимзода, СС.Ятимов, Шоҳрух Саидзода, Рустами гунгак, Азизмои газетхонак, Озода, шумо фарзанд, модар надоред?
Ин шиноси Суҳроби Ҳасан дар 7 ум км одами Шоҳрух Сайдзода будаст. Манучеҳри бачаи Баҳодури Ҳасан худаш хизмат кардагӣ нест. Раҷаби Хайриддин ранги беваҳо дуъои бад мекунӣ дар ҳақи номанавис. Ина дар ҳақи ин беимони зинокор дуъо кун.
Инҳо аз магазини ту бензин, солярка ва дизел мегиранд. Инҳо клентҳоятанд, барои ҳамин хап мекунӣ. Ҷовиди мор муовини раиси ҷамоати Ромит даже ду даста бо Манучеҳр салом мекунад. Агар дар мақомоти Тоҷикистон ягон одами мусалмони баимони ватандустдор ҳаст, биёяд тафтиш кунад.
Дар барномаи Ромит-3 дар бораи дачаи буқача гуфтед. Қайсар Шоҳасан Мирзокаримов мегуяд,ки вай вазир аст. Уро Аллоҳ додааст. Вале инро намегуяд, ки мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мардуми Ромит дар мулки ғарибӣ азоби сахт доранду буқача дар замини мо қаср дораду истироҳат мекунад, оё ин адолат аст?.
Он одаме, ки аз пушти бачаи Баҳодури Ҳасан дар Русия тюрма шуд, хеши зани бачаи калонии Баҳодур аст. Баҳодури Ҳасан дар ҷамоат кор намекунд, вале шохдор, бузи орангутан аст.
Барномаи охирро дар магазини Раҷаби Хайриддин тамошо мекунанд. Раҷаб Меҳроби бачаашро мегуяд, ки « Меҳробҷон,
ягон кор кун, и хойина ëв, ту бачаи ëшӣ, мактаби оли хондагийӣ, ояндаи миллат шумоен. Аммо дар магазини Раҷаби Хайриддин ва магазини Баҳодури Ҳасан ҳама борҳояш куҳна-просроченний. Мебиёранд торт ё сметана ё твороги 01.01.2026.
Мегуяд, ки «ҳичи намешен. Ними Тоҷикистон камбағалай».
Бовар кунед торт аз бетон сахт аст.
Ду сол пеш Ҷумахони Зароб, Низоми Исмоил, Акрами …,ҳар сеяшро 3 беваи СС-и махуф дар лаби дарё қапида буданд.
Беваҳо пулҳояшонро гирифтанд. Акрам ва Ҷумахон чанд одами дигарро аз мамнуъгоҳ через хаминҳо подстава карданд, алаф кайф (наша) 2-3 бор оварданд Ромиту беваҳо доданашон. Баъд мегуфтанд, ки Ваҳдат биё, ман нестам. Банг ҳаст мегирифтанд. 10 метр норафта ментҳо меқапиданд.
Ин беваҳо дар пеши чорроҳаи Файзобод зиндагӣ мекарданд.
Устоди меҳрубон, ман бисёр фикр кардам. Ҳамин мардуми тоҷик мо худамон гунаҳгорем. Барои як нон ҳамдигарро мефурушем, беномусиро интихоб ва одат кардем, пешво, пешво гуфта.
Дар мусибат аз ин режим шайтон бепарвоӣ кардем. Бачаи як касро дар хизмат ë дар отдел мекушанд, мо хомушем, духтари як касро бе обуру мекунанд ин макомоти шайтон, мо худро дур мегирем, ба нофаҳмид меандозем, «э, мегм, у духтари ма нестай».
Ин ҳолатҳои мусибатбор пагаҳ ба сари ҳар яктои мо меояд,он руз дер мешавад.
Ин шайтони Эмомалӣ куҷо милат ë давлат буд, як дузди одамкуш аст.
Дар ҳақиқат мусибати мардуми тоҷик беҳад вазнин аст. Махсусан муқаддасоти мо-дини моро беҳад таҳқир кард. Аз масҷид наврасонро берун кард. Бояд аз 18 сола боло равад. Барои духтарҳову занҳо ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мумкин нест.
Роҳ, асфалт, мактаб, бемористон, боғча ва дигар корҳоро мардум аз пули худаш мекунад. Боз бар замми ин ҳама заҳмату харҷ аз тарафи мақомоти тоҷик мавриди зулм қарор мегиранд.
Вақте ин пешвои шайтон ин корро карда истодааст, бовар кунед, ки ин Рустам агар ҷои вай шавад, аз ин дида бадтар мешавад. Саг сагбача ва гов гусола таваллуд мекунад. Аз одам одам, аз мусалмон фарзанди мусулмон ба дунё меояд.
Аз ин пешвои дузд ранги худаш дузд меруяд. Падар чи гуна фарзанд намуна.
Носири Хусрав
Асcалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ҳоло дар яке аз шаҳрҳои Русия ҳастам.Ин нома,ки фиристода мешавад бо хоҳиши бародарон аз ноҳияҳои Носири Хусрав ва Қубодиён аст. Барои ҳамин аз ин ду ноҳия маълумот фиристода мешавад.
Ҳоло аз эшони Шарифзода Маҳмадаюб дар ноҳияи Носири Хусрав мегуям. Ин эшон замини идораи водоканалро гирифт, шахсӣ кард ва дар ҷояш заводи пахтатозакунӣ сохту дар номи писараш Шарифзода Муҳаммад кард. Барои онки мардумро ором кунад аз номи раиси вилоят гап зада, тарсонида документ карда гирифтанд. Дар холе, ки таъиноти замини идораи водоканал дар салоҳияти ҳукумати Тоҷикистон аст ва танҳо ҳукумат ҳақ дорад иваз намояд. Аммо ин эшон бо қарори раиси ноҳия таъиноти замини водоканалро бар хилофи қонун тағйир дод. Ин ҷиноят аст. Вале ин эшон худро дар ин ноҳия президент мешуморад. Ин эшон дар амал як бесавод ва нохонда аст, ки ҳатто суруди миллии Тоҷикистонро намедонад.
Ҳамчунин ин эшон идораи бинои ҷамоати Хуталони ноҳияи Носири Хусравро шахсӣ карда фурухт. Дар ҷои бинои идораи ҷамоат дар як кунҷаш панҷ кабинет соз мекунем гуфта замини боқимондаи онро барои Маркази савдо ва толори варзишӣ фурухт. Аммо документ карда натавониста истодааст.
Дар ҳар маҷлис аз номи ҳамин ҷамоат сухан мекунад. Кумитаи замин ва корхонаи давлатии фаръии БММҒ-ро маҷбур мекунад, ки бо ягон роҳ ҳуҷҷатгузорӣ кунад.
КДФ БММҒ(Бақайдгири молу мулки ғайриманқул) директор дорад бо ному насаби Шарипов Фирдавс. Як инсони беҳад порахур мебошад, ки бо пул ҳама корро мекунад. Аз ҳар як коргараш ҳар моҳ то 5000сомонӣ ва аз шаҳрвандон бошад барои сертификати замин аз 5000 то 10.000 мегирад. Миёнарави асосии вай Абдулло Асадуллозода ва Ҳаким Гулмирзоев мебошанд. Ҳаким Гулмирзоев ҳар моҳ вазифадор аст ки 5 клиент-одам барои ҳуҷҷат кардан оварад.
Архитектори ноҳияи Носири Хусрав Амирҷон бо Бабанов Хуршеди Кумитаи замин ҳамаи заминҳои ноҳияро фурухтанд. Ҳамчунин заминҳои обиеро, ки дар шафати заҳбур ва роҳ баъд аз Чилучорчашма то даромадгоҳи ноҳия воқеъ асту ҳама заминҳои обӣ мебошад аз худ кард дар онҷо магазин ва коргоҳи дару терезабарории пластикӣ сохт. Дар Чилучорчашма барои сохтмони як магазини калон, ки ба Бобораҷаб ном шахс тааллуқ дорад ва он ҳам ҳамшафати роҳ мебошад замин фурухт. Ҳама заминҳои шафати роҳҳои даромадгоҳи ҷамоати Хуталон аз тарафи ноҳияи Шаҳртуз меомадаро ҳам ин архитектор якҷо бо кумитаи замин фурухтанд.
Дар ноҳияи Қубодиен бошад тамоман бе сару сомонӣ. Аз кӣ ва чӣ оғоз карданро намедонӣ. Аз бачаҳои Кумитаи замин оғоз мекунем.Ҷуразода Алиакбар ва Чоршанбезода Шаҳром фамилияи дигарҳояшро намедонам, номашонро менависам Шокир, Рауф Қаландаров ки инҳо ҳам фосиду ришвахуранду 5 ё 6 маротиба суд шудаанду доғи судӣ доранд, аммо боз кор мекунанд.Тамоми ҷамоати Утақара Назаровро Алиакбар хӯрд. Ин як нафар монд- Нуриддин, муовини Кумитаи замини Қубодиён, ки тағои вай Шералӣ аст. Шералӣ аввал дар кумитаи замини Қубодиён буд. Ин Шералӣ ягон вақт ҳушёр нест. Доимо пиён мегардад. Ин ҳам як ҳаромхур мебошад.
Дар вақти пека аз шаҳрвандон, кадоме, хоҷагии деҳқонӣ дорад, як тонна пекаро бо нархи 550сомонӣ харида ҷамъоварӣ мекунад. Аммо хоҷагидор набояд пекаро харад, вай бояд пахтаро бурда супорида пулашро гирад.
Дар заводҳо ҳам ҳамчунин бизнес аст. Агар пека лозим бошад, арзон мегиранд, агар бе пека супорӣ гаронтар. ( дар соҳаи пахтапарварӣ вожаи «пека» (ё шакли аслии он «пика» аз забони русӣ: пикировка / пикировать) ба маънои кучат кардан, кӯчонда шинонидан ё якка (ягона) кардани ниҳолҳои ҷавони пахта истифода мешавад.
Дар амалияи пахтакории мардуми тоҷик ин истилоҳ ду маънои асосии агротехникиро дорад:
Кӯчат кардани пахта (Пикировка).
Яккакунӣ (Редкое сидение) : Баъзан ин калимаро ба маънои сиришта ва ягона кардани ниҳолҳо низ ба кор мебаранд, яъне дар ҳар як лона танҳо як ё ду ниҳоли солимро нигоҳ дошта, боқимондаашро барои хуб нашъунамо ёфтан нест мекунанд).
Дар суди ноҳияи Қубодиён ба қарибӣ кадрҳоро нав карданд. Агар аз аввалҳояш гап занем раиси суди Қубодиен ва Амониён Толиб (адвокат) ва Диловар инҳо ҳам порахури ашаддӣ буданд. Ҳозир ҳамаи инҳоро аз кор озод намуданд ва инҳо акнун дар даводави вазифа мебошанд.
Боз ҳозир Насимов кор мекунад, номашро намедонам ва Ҷиёнов Эраҷ. Инҳо порахурони якумдараҷа мебошанд. Одамонро суд ҷарима мекунад. Шаҳрванд худ ҷаримаро бо як азоб месупорад. Инҳо бошанд боз аз сари пули руёнидашуда иловагӣ пул мегиранд:-аз 1000 то 3000 мегиранд. Коррупсия равад инҳоро қапад. Раиси ноҳияи Қубодиёнро иваз намуданд.
Раиси пешина Сабурзода бо чоплуси пешаш бо лақаби бузак аз сари ҳар як қарори ба имзо расонидааш аз 500 то 1000 мегирад. Агар қарор дар бораи додани замин бошад аз 1000 то5000 мегирифт. Бигзор коррупсия ин қарорҳоро проверка кунад. Чизи дигарро ҳам бигӯям, ки барои бекор накардани қарори прокурор аз шаҳрвандон «доля»-и прокурор аз 2000 то 5000сомони талаб карда мегирад.
Бесоҳибиву беназоратӣ то ба он дараҷа расидаст, ки як тарафи мактаби №13-и ҷамоати Заркамари Қубодиёнро раиси ҷамоат, заминсоз ва раиси ноҳия барои магазин як тарафи дигарашро барои участкаи наздиҳавлигӣ фурухтанд. Бигзор мақомот ин ҳама гуфтаҳои маро проверка кунад.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ҳама маълумоти ноҳияҳои Қубодиён ва Носири Хусрав ҳамаруза хуб бо хабар мебошам. Чунки дар даруни инҳо ҳастам. Агар ягон маълумот лозим бошад, дар бораи ҳар корманди мақомоти ин ду ноҳия гуед ман дар ихтиёри Ислоҳ қарор медиҳам.
Ман ин зулмҳоеро, ки мақомот бар болои мардуми оддӣ мекунанду ҳар руз мебинам дилам реш мешавад. Дигар зулм бас аст! Ва ман акнун як хабарнигори Ислоҳ дар ин минтақа шудам.
Дар охири ин нома як чизро гуфтаним, ки эшонҳои Қубодиён, ҷамоати Эшмурод Ниёзов, деҳаи Зиракӣ (номи пешинааш Комсомол) пас аз нашри нома дар Ислоҳ муаллифи онро якҷо бо амният кофта истодаанд.
Эшони Муҳаммади сабзибдаст ва эшони Муҳаммаддаюби кресткашол! Шумо Худо бигуед, ки ному насаби бузҳои настояшиатонро нагуфтам. Худоёров Муқим Мисаёрович ва дигариатон Азамов Муқим Ҷамолович, ки бародари ронандаи раиси ноҳия ҳастӣ, муаллифро накобед. Ҳар руз ҳамроҳатонам, ҳама кору боратонро мебинам ва чи хел кофта истодаед низ дида истодаам. Як намуд ҷиноятҳоятонро медонам, ки пас аз гуфтани онҳо дигар рузатон сиёҳ мешавад. Беҳтараш номанависро накобеду дар пайи ислоҳи худ шавед. Шуморо Ислоҳ ё ислоҳ мекунад, ё шармандаву русияҳ. Кадом варианташ ба шумо маъқул, худатон интихоб кунед!
