Номаи маро алоҳида нашр кунед №62
Дар бораи Панҷ,мушкилоти ин мардум «Ислоҳ» хеле зиёд гуфтаву навиштааст. Дар бораи Панҷ силсилагузориш ҳам дар панҷ бахш доштем, ки бо номҳои мазкур: Панҷаи шуми “оила” бар Панҷ сояафкандааст https://isloh.net/14866/panjai-shumi-oila-bar-panj-sojaafkandaast / 19.10.2021
Шикояти Панҷиҳо аз вазъи маориф ва дигар соҳаҳо https: isloh.net15481 shikojati-panjiho-az-vazi-maorif-va-digar-sohaho / 09.05.2022
Шикояти Панҷиҳо аз вазъи маориф ва дигар соҳаҳо https: isloh.net/15481/shikojati-panjiho-az-vazi-maorif-va-digar-sohaho 09.05.2022
Панҷ дар панҷаи зулми мақомот ва ғоратгарон https://isloh.net/16130/panj-dar-panjai-zulmi-maqomot-va-ghoratgaron 09.02.2023 мунташир шуда буданд.
Дар худи ҳаминсол низ як матлаби муфассале доштем,ки зери сарлавҳаи Шамсуллозода Баҳром, началник милисаи Панҷ: «Ман аз данғараюм, мара иҷа шоҳбача мондагияй» https: isloh.net/22681 shamsullozoda-baҳrom-nachalnik-milisai-panҷ-man-az-danғarayum-mara-iҷa-shoҳbacha-mondagiyaj/ рӯзи 08.06.2026 ба нашр расида буд.
Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҳам аз дарду доғи ин мардум навишта будем ва на як бору ду бор. Манзури мо зикри ин ҳама ва ёдоварӣ аз ин матолиб он аст ки Панҷ ҳамеша дар маркази диққати мо қарор дорад ва ин бор ҳам муаллиф хоҳиш ва дархост кардааст, ки номаи ӯро дар барноми «Номаи маро алоҳида чоп кунед» ҷой диҳем: «Бародаро бисёр хоҳиш карданд, то алоҳида нашр шавад, хоҳиш мекунем, дили моро нашиканед ва алоҳида нашр кунед бародар». Ва мо ҳам ин дархостро пазируфтем.
Ин нома асосан дар бораи сардори БДАи ноҳияи Панҷ мегӯяд, ки дар ин ноҳия қоида ва низоми шахсии худро ҷорӣ кардааст. Масалан ҳангоми вуруд ва хуруҷ дар ноҳия ронандаи мошини сабукрав новобаста аз онки аснодаш комилан дуруст аст, бояд панҷ сомонӣ бипардозад. Ва ҷолибтар аз ин ин факти зер аст, ки дар ягон гӯшаи Тоҷикистон назир надорад: «Боз як бизнеси нав ташкил кардааст- талон ё справка медиҳад дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ бо печат ва имзои худаш дар ноҳия мегардӣ. Вақте туро манъ мекунанд ин ҳуҷҷатро нишон медиҳӣ туро дигар ҳеҷ чизе намегӯянд. Муҳлат надорад. Мегӯяд, ки то дар вазифа ҳастам мегардед. Чандин нафарро дидем, ки гирифтанд. Касе пул дорад мехарад, пул надорӣ ба ҳамин миқдор сум гандум ё ҷав барои аспонаш моварӣ ҳам мешавад. Ва пагоҳаш рафта ин ҳуҷҷати махсусро мегирӣ, тамом корат ҳал».
Нуктае, ки дар ин нома мутафовит аст ин аст ки муаллиф аз натоиҷи кори «Ислоҳ» зикри алоҳида карда ва изҳори сипос намудаст, ки дар пайи навиштаҳои Ислоҳ ва зери таъсири онҳо чанде аз мансабдорони ришвахори ноҳияро ба шумули раиси ноҳия аз кор гирифтанд.
Инро бояд махсус тазаккур бидиҳем, ки ба ҳангоми таҳия ва омодсозии ин матлаб мо ҷоҷое аз навиштаҳои қаблиамон вобаста ба маврид иқтибосҳо овардем, то матлаб мукаммал ва мафҳумтар бишавад. Ва ҳоло он нома
Мактуб аз мардуми ноҳияи Панҷ
Ассалому алейкум бародар Мухамадиқболи Садриддин! Аллоҳ ба шумо ва тими «Ислоҳ» барори кору тани сиҳат диҳад ва ҳарчи зудтар ба мардуми тоҷик пирузиро насиб гардонад ва ин золимони худобехабарро аз болои мардум нест кунад.
Аллоҳ шоҳид, мардум дигар намедонад ба кӣ ва ба куҷо шикоят кунад то ба додашон расанд.
Аллоҳ ба шумо ҷазои хайр диҳад, ки шумо мардумро мешунавед ва кумаки худро мерасонед.
Аллоҳ шоҳид дар ноҳияи Панҷ шуморо ҳама тамошо мекунад, аз хурд то калон лек пинҳонӣ, то касе набинад. Махсусан милисаҳои ноҳия шуморо тамошо мекунанд. Як чанд шинос дорам дар назди ман Ютубро монда тамошо мекарданд. Пурсидам, ки шуморо ҳеҷ кас ҳеҷ чиз намегуяд? Гуфтанд мо худамон милиса кӣ чӣ мегуяд.
Вақте аз ноҳияи Панҷ ягон навори шумо мебарояд мегуянд тамоми шӯъба ба ҷӯш медарояд, инаш дигарашро хабар мекардааст.
Вақте мегуянд, ки аз боло хабари нав ҳама ба кофтукоби навори шумо шурӯъ мекунанд. Инҳо авал аз шумо метарсанд, баъд аз Раҳмонов.
Дар байни худашон як рамзе будааст: «Аз боло хабари нав»
Ва, дар инҷо аз «кумак»-ҳои «Ислоҳ» барои ноҳияи Панҷ чанд мисолу мавриди конкретиро намуна меоварем.
Баъди нашру пахши номаҳо ва наворҳои онҳо аз Панҷ дар «Ислоҳ» чунин тағйиротҳо сурат гирифт:
1.Самиев Муҳаммадӣ, главврач (сардухтур)-и ноҳияро аз мақомаш барканор карданд;
2.Раиси ноҳия (кали Зариф)-ро аз вазифа гирифтанд. Албатта ба ҷояш як дуздбачаи дигаре бо номи Иброҳимиён Акмал Комилзодаро гузоштанд. Ин ҳам бе додиро шурӯъ кардааст.
«Ба раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер гуфтанӣ ҳастем, ки дигар аз уҳдаи кор набаромадӣ ва ту шарманда будӣ боз шармандатару расвотар шуди. Ончунон ҷиноятҳои ту мерасанд, ки мо ҳамаро ҷамъоварӣ дорему ҳатман боз барномаи ҷолибтаре тақдими мардум хоҳем кард. Пас аз чанд моҳ чор соли пурра мешавад дар ин мақом кор мекунӣ вале ҳама ба ту нафрин мефиристанду аз шаклу тарзи корат норозиянд. Бар мардум хело ҷабру ҷафо кардӣ. Ту дар Панҷ ва авлодат дар Сангвор».
Говдуздии писар ва ҷияни Шоҳиён дар Панҷ бе муҷозот боқӣ мондааст
Як ҳодисаи дигарро дар ин ноҳия мехоҳам ҳикоят кунам. Гап дар бораи ҳодисаи говдуздӣ меравад. Дар ин бора он вақт баъзе аз расонаҳо навишта буданд.
Як гурӯҳ говдуздҳоро милисаҳо ошкор карданд. Онҳо чорвои мардуми ҷамоати Озодагонро дуздида буданд. Аз ҳама аҷоиботи ин дуздӣ дар он буд, ки дузди асосӣ писари раиси ноҳия буд. Номаш Сунатуло, писари раиси ноҳия Зарифхӯҷаи Шоҳиён. Як дузди дигар Шоев Қосим Азизович, писари бародари раиси ноҳия аст. Ҳам писар ва ҳам додарзодаи раиси ноҳия узви асосии ин гурӯҳи говдуздон буданд. Дуздони дигар Донаев Комрон, писархолаи Қосим Шоев аз шаҳраки Панҷ, Некрӯзи Рустам ва Зоҳир Ҷӯрабековро, ки дар кумитаи замини ноҳияи Панҷ ба ҳайси котиб кор мекардааст ва дар ин гуруҳи дуздон нақши ронандаро иҷро мекардаааст, дастгир ва бозпурсӣ кардаанд. Аксари ин бозпурсишудаҳо дар деҳаи Имом Машрабови ҷамоати Озодагон зиндагӣ мекунанд. Раиси ноҳия бо фарзандону хешовандонаш низ аз ҳамин деҳаи Имом Машрабов мебошад.
«Аммо ягон нафар аз ин гурӯҳи говдуздҳо, ки қариб сӣ сар говҳоро дуздидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуданд, баракс ҳоло ҳам барои мисол Зоҳир Ҷӯрабеков, ки вазифаи ронандаи дастаи дуздонро иҷро мекард, ҳоло оромона ба ҳайси котиб дар кумитаи замини ноҳияи Панҷ кор карда истодааст. Барои он инҳоро ба ҷавобгарӣ накашиданд, ки писар ва дигар хешу табори раиси ноҳия мебошанд. Милисаҳо гӯё ин қазияро фаромӯш карданд. Инҷо боз ҳам бар мегардад ба ҳамон тақдими акси модари Раҳмонов дар Сангвор,ки Шоҳиён ба Раҳмонов тақдим кард ва дигар ҳаркоре мекунад мушкил нест. Аҷаб давлатдор ва давлатдорие дорем. Бо як акс ба «Пешво» дигар дахлнопазир ҳам мешавед.
«Панҷ дар панҷаи зулми мақомот ва ғоратгаронhttps://isloh.net/16130/panj-dar-panjai-zulmi-maqomot-va-ghoratgaron09.02.2023
3.Комрони шрек, майёр, писари Ҷалил сагак, началник (сардор)-и ГАИ-БДА-и ноҳияро аз мансаб сабукдӯш намуданд;
4.Шарофиддин Асомиддинзода, мудири маорифи Панҷро аз вазифа берун карданд; (Дар ҳама навиштаҳо,аз ҷумла дар панҷ бахши марбути Панҷ яке аз персонажҳои манфӣ ҳамин мудири маориф аст. Ин Асомиддинзода ду бор мудири маориф шудааст. Чанд муддат муовини раиси ноҳия ҳам будаст). Ва ҳоло чанд иқтибос аз навиштаҳои пешина дар бораи Асомиддинзода: Асомиддинзода «Шарофиддин айни ҳол мудири маорифи Панҷ аст. Ӯ яке аз порахуртарин нафарони Панҷ мебошад. Вай аз ҳисоби порахурӣ дар маориф соҳиби чанд хона дар шаҳр, чанд ресторану марказҳои савдо ва мошинҳои қиматбаҳо шуд. Мошинаш “Prado”и сиёҳ, номерҳояш 0008 03 мебошад. Бензини ин мошини серрасход ба навбат аз ҳисоби директорони мактабҳо таъмин карда мешавад.
Вай ҳамаи ободкориҳоеро, ки дар мактабҳо аз тарафи халқ ва пули халқ анҷом дода мешуд, санадҳои қалбакӣ тартиб дода аз буҷаи маориф «списат» карда дар кисааш мезанад. Директорони мактабҳо аз хонандаҳо пул ҷамъ карда ҳар моҳ ба ӯ доля медиҳанд. Ӯ аз ҳар директори мактаб 5 то 10 ҳазор сомонӣ гирифта ба вазифа таъин менамояд. Дар ноҳия 54 мактаб мавҷуд мебошад. Мудири маориф ҳаргоҳе дар хонааш ягон тую маърака барпо кунад, бояд ҳар як директори мактаб аз муаллимҳо1000 то 2000сомонӣ ҷамъ намуда ба ӯ ҳамчун туёна бурда диҳед. Доимо директорон дар мактабҳо бо баҳонаи обуна пул ҷамъ карда ба ӯ бурда медиҳанд. Ӯ ҳар сол то7 ё 8 ҳазор сомонӣ ба ҳар мактаб вобаста ба шумораи хонанда ва муалимонаш пули обуна мефармояд ва ин пул аз ҳисоби муаллимони бечора дар чанд моҳи маошашон ҷамъ ва супорида мешавад.
Даъват ва ҷалби ҷавонҳо ба хидмати сарбозӣ ба вай дахл надорад. Аммо вай ба зиммаи ҳар директор овардани як нафари сарбозро маҷбурӣ вогузор мекунад. Агар аз уҳдааш набароянд онҳоро мутаҳҳам мекунад. Директори мактаб ё 5000 сомонӣ дода гиребони худро халос мекунад ё ки бояд як ҷавонро ба сарбозӣ ҷалб кунад.
Вай хело чоплуси зирак аст. Вақте ки ягон гуфти худашон (калон) ба ноҳия меояд, ӯ дар пешаш чоплусӣ карда худашро ширин мекунад ва ӯро дар ресторанаш зиёфат дода кисаашро пур карда аз худаш розӣ мекунонад, то дар боло дар бори ӯ рекомендатсияи мусбат диҳад. Ӯ соли 2009 ба ин вазифа таъин шуда буд. Дар мудати 5 -6 сол аз ҳисоби порагирӣ хело пулдор шуд. Сипас чанд сол дар вазифаи муовини раиси ноҳия кор кард. Аммо номзадиаш ба вазифаи раиси ноҳия нагузашт. Баъди муовинии раиси ноҳия ӯро дар ҳукумати вилоят мудири бахши экспорт ва импорт таъин карданд. Дар ноҳияи Панҷ на экспорт аст , на импорт ва ҳамааш дар идораи оилаи пешво қарор дорад ва аз онҷо ягон чи начакид. Аз ин сабаб дар онҷо онқадар порахуриӣ карда натавонист. Дар вилоят «ходаш» надоданд ва дид, ки аз ҳама ҷои фароху даромаддор барои ӯ шӯъбаи маориф аст. Боз пора дода ба вазифай пештарааш -мудири шӯъбаи маориф таъин шуд. Ҳоло бошад боз мисли пештара мисли кана хуни муаллимҳои бечораро хурда истодааст.
Мудири собиқи шуъбаи маориф Матлуба Чутова буд. Вай ҳам умуман савод надошт вале 5000доллар дода вазифаро гирифта буд . Бо Маҳмадюнуси бачаи Кабуд Сайфидин, раиси пешини ноҳия алоқа дошт. Ба ҳамн сабаб буд, ки то замоне Маҳмадюнус раиси ноҳия буд вай ҳам ҳамчун мудири маориф кор мекард. Ин Чутова Матлуба баъди давраи аввали мудири маориф будани Шарифиддин Асомиддинзода ба ҷои вай омад. Вале чуноне гуфтем Шарофиддин боз дуюмбора пора дода вазифаро гирифт. Вақте вай ба ҳайси мудири маорифи ноҳия кор мекард, тамоми квотаҳоро ба пул мефурӯхт. Аз ҷумҳурӣ ва вилоят барои ҳар як ноҳия квота барои донишгоҳҳо ҷудо карда шудааст. Вай, барои мисол квотаи Донишгоҳи миллӣ ва ё тиббиро аз 3 то 5.000 доллар мефурӯхт. Шахсан, як нафарро Шарипов Саъдулло пеши ӯ равон кард, то ки духтарашро квотаи Донишгоҳи тиббӣ бидиҳад. Ӯ рӯирост мегӯяд, ки танҳо ба хотири Шарипов Саъдулло 1500 доллар медиҳӣ, дохилаш мекунам. Аммо вай розӣ намешавад. Он духтар худаш мустақилона ва бо дониши худаш дар донишгоҳи ба номи Носири Хусрави Бохтар дохил мешавад. Ин Матлуба бо ҳамдастии раиси ноҳия Маҳмадюнуси Сайфиддин дар Мирзоянс чандин заминҳоро гирифта ва хона сохта фурухт. Бачаи Кабуд Сайфиддин ҳам ҷинояткор аст ва ҳам зинокорӣ ва низ мамарозагӣ карда ба одамони пулдор духтарҳоро мефурӯхт. Ё барои онҳое, ки аз Душанбе ва ё вилоят барои тафтиш оянд, духтарҳоро «туғрӣ» мекард. Вай нафақат бо Маҳмадюнуси Сайфиддин, балки бо бисёр нафарон муносибатҳои маҳрамона дошт. Чи хеле гуфтам, ҳангоме аз боло барои тафтиш меомаданд, ӯ ба онҳо баъзе муаллимаҳои сабукпо ва ё духтарҳоро барои … тайёр мекард».
Панҷ дар панҷаи зулми мақомот ва ғоратгаронhttps://isloh.net/16130/panj-dar-panjai-zulmi-maqomot-va-ghoratgaron09.02.2023
Инҷо мехоҳам аз проблемаҳои шуъбаи маорифи Панҷ нависам, балки шикоят намоям. Хоссатан вақте ин барномаҳои “Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет”-ро дидам ва гуфтам бояд нависам аз ин мушкилоти ноҳия. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18 ҳам муаллимону ҳам талабаҳо аз дасти мудири шуъбаи маориф ба дод омадаанд. Асомиддинзода Шарофиддин, мудири шуъбаи маорифи ноҳия соҳаи маориф, мактабу боғчаҳоро монополия кардааст. Мактаби №18-ро хеле ғорат кард. Тамоми системаи гармидиҳӣ (отопления)-и ин мактабро канд:300 метр трубаҳои диаметрашон 60 буданд, канду бурду дар маркази ноҳия барои ресторан соз кард. Боз бозор ташкил кардаааст. Бо зӯрӣ, бе иҷозати падару модари хонандагон бо фарзандони онҳо либоси мактабӣ меорад, ки тамоман сифат надорад. Маҷбурӣ дар калаат бор мекунад. 300 сомониатро мегирад. Китобҳоро мефурӯшад. Масалан ман ду мактабхон дорам. Як китоб аз 30 сомонӣ боло қимат дорад. Аммо китобҳои дасти дуву дасти се мебошанд. Яъне се кас истифода кардааст. Китобҳо ними варақашон нест. Ҳамон китобе, дар мактаб медиҳанд дар бозор наваш 15 то 20 сомонӣ арзиш доранд. Агар аз бозор он китобро гирӣ дар мактаб қабул намекунанд. Ман ҳайронам, ки ин китобро як давлат баровардааст, барои чи истифода кардан намешавад?
Ман роҷеъ ба ин масъала ба директори мактаби №18 шикоят кардам. Мегуяд ин фармон аз Шарофиддин Асомиддинзода, мудири шуъбаи маориф аст. Дар як моҳ ду бор аз талабаҳо пул ҷамъ мекунанд. Бо баҳонаи онки комиссияҳо аз вилоят омадаанд.
«Ман ҳамчун як шаҳрванд ба ҳукумат савол дорам:- барои чӣ як камбағал як мурғ дуздад бохабар мешавед, аммо аз ин зулме, ки Шарофиддин Асомиддинзода бар сари мактабҳои Панҷ овардааст бохабар нестед? Дар мактаби №18 як муаллими ботаҷриба ва босавод намондааст. Ҳама ҷавонҳои бетаҷриба ва камсаводу бедониш мактабро хатм кардаву муаллим шудаанд. Назорат надорад мактаб. Шарофиддин Асомиддинзода дар Душанбе 2 хона, дар Панҷ 3 хона, чанд магазин ва чанд ресторан дорад. Савол инҷо аст ки ин ҳама пулро аз куҷо овард, ки ҳамаи инҳоро хариду сохт? Мошини зери пояш чанд ҳазор доллар нарх дорад. Бачаи Шарофиддин Асомиддинзода, бо мошини 20 ҳазор доллара мегардад.»
Шарофиддин 3 зан дорад. Инҳоро аз кадом ҳисоб мехуронад? Албатта, ин ҳама аз ҳисоби пулҳои мактабҳои ноҳияи Панҷ аст, ки бо роҳи зулум ҷабр аз талбаҳо гирифтааст.Аз руи маълумоте, ки ман дорам ин гушнакасали Шарофиддин 100 гектар замин ҳам дорад. Шароити мактаби 18 бисёр ҳам бад аст. Бому бомпӯши ин мактаб кайҳо фарсуда шуда деворҳояш ҳам фурурехтааст. Рӯйи таъмирро надидааст. Ҳар сол шуъбаи маориф барои таъмир пул ҷудо мекунад, ин пул куҷо меравад?Аз падару модарони талабаҳо ҳам барои таъмир пул ҷамъ мекунад. Саволи ман ба вазири маориф: Чаро аз падару модарон барои таъмри мактаб ҳар сол пул ҷамъ мекунад? Чаро ва дар кадом қонун омадааст, ки ба талабаи макотиб формаи мактабиро ба зӯрӣ фурӯшанд?. Мо, мардуми Панҷ аз ин гуна муносибати Шарофиддин Асомиддинзода, мудири маорифи ноҳия Панҷ бо мактаби №18 ба шиддат нигарон ҳастем, розӣ нестем. Боз амнияту милиса одами навиштагиро наҷӯед,ки кӣ навиштааст инро ба “Ислоҳ” ва чанд бегуноҳро зиндонӣ кунед. Агар мехоҳед ба “Ислоҳ” нанависем ин дуздону ғоратгаронро боздошт кунеду тафтиш кунед,то вазъият хуб шавад.
«Панҷаи шуми “оила” бар Панҷ соя афкандааст https://isloh.net/14866/panjai-shumi-oila-bar-panj-sojaafkandaast/ 19.10.2021
5.Нуралии калта, мулаққаб ба «Ҷиян» сержанти шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ГАИ буд, ки ӯро низ аз кораш ронданд;
6.Исмоил,сержанти ГАИ, ки аз Дӯстӣ (Қумсангир ) буд аз кор барканор карда шуд;
7.Прокурори ноҳия, ки кришаи онҳо буд буд баъди навори «Ислоҳ» ҳам аз мақомаш барканори карданд.
Бародари азиз, Муҳаммадиқбол, ин ҳама тағйирот бо хости худо ва кӯмаки «Ислоҳ» ба амал омад, ки мардуми Панҷ аз шумо беҳад сипосгузор ва миннатдор ҳастем. Ин ҳама натиҷаи нашри наворҳое аст, ки дар «Ислоҳ» пахш шуданд. Инро мо мардуми Панҷ ҳосили ҳамкории худ бо «Ислоҳ» меҳисобем.
Комрони шрек майёр началник ГАИ буд. Баъди нашри наворҳо ӯро аз вазифааш гирифтанд. Як муддате бекор гашт. Баъдтар рафту вазифаи замначалники милисаро харид. Тақрибан 6 моҳи дигар кор кард дар ин вазифа. Баъд бо маблағи 250 ҳазор сомонии пора аз як домсоз, ки ман то вақте ҳастам туро кришават мекунам ба дасти коррупсия афтод.
Аз тарси ҷонаш ҳамаи пулро дод ба коррупсияву баромад. Хапу дам ҳал карданд байни худашон. Коррупсия шарташ монд, ки ту дигар дар ноҳияи Панҷ кор намекунӣ. Меравӣ дар дигар ҷой коратро давом медиҳӣ. Агар ту ин корро накунӣ баъдан аз боло барои мо гапҳои бисёр мешавад, хубтараш рав. Ва ҳамин хел пулро доду хапу дам шуд ва рафт аз ноҳия. Шунидем, ки гӯё дар Варзоб зам началник милиса шудааст. Мо дар ҳайратем, ки ин чихел коррупсия аст ки бо 250 ҳазор сомонии пора дастгир ва озодаш мекунанд хапу дам ва ҳам боз вазифа мегирад. Иззат Амонро бо 200 сомонӣ чандин сол зиндон карданд, ҷинояткори ҳақиқӣ ин аст на Иззат Амон.
Дар Тоҷикистон агар криша дошта бошӣ, касеро кушӣ ё таҳқир ҳам кунӣ Раҳмонов ё оилаашро пулро медиҳӣ зиндон намешавӣ.
Аз роҳбарон хоҳиш мекунем пеш аз ин ҳаромхурҳоро ба кор гирифтан як бор санҷед, ки чи доранду чи надоранд. Ин Комрон дар муддати кӯтоҳе, ки началник ГАИ буд соҳиби Ландкрузери последний модел шуд, ки арзишаш қариб 500 ҳазор сомонӣ аст рақами давлатиаш 0202 бо региони 02,бигзор як деклоратсияи даромаду боигарӣ пур кунанд.
Чи хеле худи Раҳмонов дар баромадҳояш мегӯяд дирӯз кӣ буди имрӯз кӣ, дирӯз чи доштӣ, имрӯз чӣ, якбор санҷед инҳоро.
Нуралии калта, сержант аз вазифа озод шуда буд. 5 моҳ гузашт, боз ба вазифа баргашт. Агар хато накунам дар Вахш ГАИ кор карда истодааст. Ин чи руз аст, ин чӣ ҳукумату давлатдорӣ аст, ки бо дуздӣ, ғарӣ ва пора ба даст меафтанд, аммо пас аз чанд моҳ боз бармегарданд ….
Самиев Муҳаммадӣ, главврачи Қараболоро аз вазифа гирифтанд. Аз байн чанде гузашт боз ба беморхонаи деҳаи Сталин баргашт ва ҳоло дар онҷо боз главврач шуда кор мекунад.
Ростӣ, ин бадбахтҳоро, чи қадар дуздиашонро мефаҳманду ошкор ва дастгир мекунанд боз пусти хукро ба рӯяшон мекашанду боз бармегарданд. Имсол серборон шуду сел ҳам зиёд омад ва ба мардум зарари кам нарсонид. Аммо беҳтар буд ин бадбахтҳои беномусро офати ин селҳо набардошт, ки ҷони мардум халос шавад.
Инҷо дар бораи сардори БДА, началник ГАИи имрӯза мегӯем
Хушвахтов Эмом аввал дар вилояти Суғд адои вазифа мекард. Он ҷо муҳлаташ тамом шуду ба ноҳияи худамон Панҷ баргашт. Ин шахс ҳам аз он ҷо бо Тойота прадо -ландкрузери нав баргашт. Бо ин мошинаш мерафту меомад ноҳия, лек пулаш аз онҷо буд.Пеш аз вазифа гирифтанаш ин мошинро фурухт то вазифаро харад. Дар ноҳия ин пули кам нест. Ба 300 ҳазор сомонӣ вазифаи началник ГАИро харид бо муҳлати 8 моҳ. Тасодуфан дар як ҷой шиштем. Калонҳо гуфтанд «суми инҷо (Панҷ) зурай, хуб кор мекунӣ, барои ҳамин мӯҳлат то 8 моҳ, метавонӣ кор кунӣ бе ягон мушкилӣ». Чи коре мехоҳӣ мекунӣ. Ва баъди ин мӯҳлат агар хоҳиву тавонӣ, ягон зӯри дигар набошад боз пул медиҳӣ- 300 ҳазор сомонӣ боз давом медиҳӣ 8 моҳи дигар.
Ин ҳаромхури талбанда Хушвахтов Эмом 8 моҳ кор кард, тамоми ноҳия аз дасти вай дод гуфт. Дар тамоми ҷо худаш меистад, худаш мошинҳоро манъ мекунд, то хуни мардумро хӯрад. Дар муддати 8 моҳи кориаш 5 баробари мошини фурухтаашро баровард.
Дар деҳаи Авангард тақрибан 2 гектар боғи меваро харид. Ҳар бегоҳ дар ин боғ ҳамроҳи рафиқонаш майнушӣ мекунанд. Бисёраш коргарони давлатанд: аз прокуратура, амният, суд ва ҳамкорони худаш. Ман худам як чанд маротиба дидам. Ба ҳамон тараф гузаштам. Онҷо як кати калон мондагӣ, дегу таҳдеги мангал мондагӣ, истироҳат мекунанд. Корашон шаби дароз нушидан. Саҳар нушидагӣ ба кор мераванд. Ягон кас проверка намекунадашон.
Боз бармегардем ба масъалаҳое, ки бояд мегуфтем. Як мошини дигар харид, як матарол ба 20 ҳазор сомонӣ ва чанд сар асп, ки арзишашон аз 70ҳазор сомонӣ болост. Писарашро бо маблағи 35 ҳазор сомонӣ дохил кард. Як магазини дигар аз домҳои наве, ки сохта истодаанд, харид. Ба 400 ҳазор сомонӣ. Савол ин аст ки як хизматчии давлат ин қадар пулро аз куҷо овардааст дар ин мудати кӯтоҳ? Ин ҳоло чизҳое,ки мардум медонад. Вале чизҳое, ки намедонанд чи қадар бошанд, номаълум.
Шумо фикр мекунед ин ҳама пул бо маош аст? Албатта, ки не. Ин ҳама аз пули мардуми камбағале аст ки рӯзи дароз кор мекунад ва ин ҳаромхур бошад дар 1 минут бо тӯҳмат ту нушидаӣ ё ту мошинро хато мондаӣ гуфта сумашонро мегирад. Маоши ин ҳаромхур тақрибан 3 ё 4 ҳазор аст. Пас ин ҳама аз куҷо омад? Куҷо шуд ин коррупсия, чаро намебинад? Ё ин ки шумо ҳам қуш ҳастед дар ин кор?
Ба худо қасам бародар бо ин Эмоми ГАИ сӯҳбат кардан бисёр сахт аст. Вақте ҳуҷҷҷатро мегирад, мехоҳӣ фаҳмӣ чи ҳолат аст ё фаҳмонӣ, ки ин ҳолат набуд, тамоман гуш намекунад. Чи чизе нагӯӣ осмонро нигоҳ мекунад, туро намешунавад, тамоман заминро намебинад. Вақте ҳуҷҷатҳоро мегирад ба навиштани протокол шуруъ мекунад. Вақте мегӯӣ инхел набуд, ман розӣ нестам, имзо намекунам, мегӯяд, ки «мада фарқ надора, розӣ ҳастӣ нестӣ, чи кор аз дастат миёя? Мебарм ҳозир бо 5 шабонарӯз махкамт мекнм».
Ин нохалаф ҳаррӯзи худо маст аст. Бо ин сӯҳбат карда намешавад. Кораш фақат пул ҷамъ кардану тамом. Шабу руз дар роҳ интизор- киро боз як туҳмат кунам. Намедонам ин ҳаромӣ оила дошта бошад? Оилааш, фарзандонаш як бор намегӯянд, ки як бор ҳам дар ҳаётат як луқмаи ҳалол биёёр, то ҳалол хӯрем. Агар ин гапҳо набошад, пас оилааш ба луқмаи ҳаром калон шуданд, на нанг доранду на номусу на виҷдон.
Вақте аз пости ноҳия мегузарӣ, дар ҳар як гузаштан 3 сомонӣ бояд пардохт кунӣ ва баъд гузарӣ. Фарқе надорад, ки ту таксиӣ ё меҳмон, пулро медиҳӣ, баъд мегузарӣ. Даромаду баромади ноҳия ба пул аст.
Як чанд рӯз пеш хешу таборамон ба мошини худашон аз Душанбе як экипаж шуда ба дидорамон омаданд. Вақте дар пост расиданд пешакӣ гуфтам, ки дар байни ҳуҷҷатҳоят ягон сум мон. Даромад баромад, бо пул аст. Вай ҳайрон шуд. Пурсид, ки ин чи хел, дар асоси кадом қоида ва қонун? Гуфтам инҷо ҳамин хел: ту нарушения дорӣ ё не ҳуҷҷатҳоят ҳам соз бошад, инҳо пул мегиранд.
Вақте ба назди окошка -ғурфа рафт ҳуҷҷататро додӣ, баъд мепурсанд аз куҷоӣ, куҷо меравӣ? Гуфт меҳмонӣ омадам. Онҳоро худо дод. Камтарак риш дошт, ҳатто 1 сантиметр ҳам набуд ришаш. Баъд шурӯъ шуд: штраф мекунем,маҳкам мекунемат, ин хел мекунем.Мегӯяд ман меҳмонам, дар Душанбе ҳамин хел мегардам, ҳеҷ гап нест. Аммо инҳо бошанд « мо фармон дорем аз началник ГАИ, бояд шуморо сурат гирем ва протокол кунем» гуфта воҳима мекунанд. Ин бечора дигар ночор мешаваду мегӯяд «чи хизмат кунум». Мегӯянд, ки «ягон сум бте бра, аз 100сомонӣ кам набоша». Бечораи меҳмон 100сомонӣ доду гузашт. Ин кормнади ГАИ Ҷамшед ном дорад. Барои ҳамин аст ки мегӯем ин Хушвахтов Эмом як ноҳияро девона кардааст бо ин ҳаромхуриаш.
Пули ин пост ба 2 тақсим мешавад: 50% ба началники милиса ва боқиаш ба Хушвахтов Эмоми началники ГАИ. Ҳарруз навбатдор постро месупорад. Бештари маблағ танга аст. Ин навбатдор бурда дар магазин ба суми коғаз иваз мекунад, баъдан бурда ба началник ГАИ месупорад.
Ин ҳама камӣ мекард. Боз як бизнеси нав ташкил кардааст- талон ё справка медиҳад дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ бо печат ва имзои худаш дар ноҳия мегардӣ. Вақте туро манъ мекунанд ин ҳуҷҷатро нишон медиҳӣ туро дигар ҳеҷ чизе намегӯянд. Муҳлат надорад. Мегӯяд, ки то дар вазифа ҳастам мегардед. Чандин нафарро дидем, ки гирифтанд. Касе пул дорад мехарад, пул надорӣ ба ҳамин миқдор сум гандум ё ҷав барои аспонаш моварӣ ҳам мешавад. Ва пагоҳаш рафта ин ҳуҷҷати махсусро мегирӣ, тамом корат ҳал.
Як бародар сӯҳбат кард. Вай бо миқдори 5 ҳазор сомонӣ хӯрокворӣ гирифт аз магазин: орд, равған, қанд ва ғайраҳо ва бурду дод, баъд ҳуҷҷати махсусро гирифт. Фарқ надорад, ҳамин миқдор сумро медиҳӣ, ту ҳуҷҷат дорӣ- надорӣ барои ту ҳамаи чароғакҳо сабз аст, мегардӣ. Ин агар 5 ҳазор сомонӣ ҳам бошад, бисёриҳо ин пулро медиҳанду мегиранд. Барои он мегиранд, ки вақте ин началникҳо вазифаро мегиранд, мардум медонад, ки ба 1 солу 2 сол намераванд. Беҳтараш ин пулро ҳозир медиҳаму баъд баҳузур мегардам.
Як руз дар бозор будам, як аспро кушта оварданду ба қассобон доданд. Пурсидам инро чи кор кардааст, аз кӣ аст? Дар ҷавоб гуфтанд ин асп аз Хушвахтов Эмоми ГАИ ҳаром мешуд, куштанаш. Дар ҳақиқат аспи бузи хуб буд. Асп бо лақаби Радар. Баъд мардум гуфтанд, ки гандуму ҷави мардумро гирифтӣ, ҳаром хурондӣ ҳаминхел мешавад. Ин ҳоло саршавии кор аст. Имрӯз аспат, пагаҳ занат ё фарзандонат ба ягон бало дучор хоҳанд шуд. Ин қадар хуни мардумро мехурӣ гадои талбанда. Агар ояндаи оилатро хоҳӣ хубу солим бошанд, ин корҳоро бас кун.
Дар як наворатон дар бораи главврачи ноҳия Самиев Муҳамадӣ гуфта будед. Вай дар беморхона хуни халқро мехурад, инаш бошад дар ВКД.
Ин Хушвахтов Эмом хоҳари ҳамин главврачи пешинаи ноҳияро гирифтагӣ аст. Фикр мекунем, ки инҳо ҳамин хел, авлодан ҳаромхуру дузду роҳзананд.
Чи хеле дар боло қайд кардем муҳлати вазифа то 8 моҳ аст. Ин муддат тамом шуд. Як нафари дигар мехост ин вазифаро гирад- ҷияни Шарофидин Асомдинзода мудири маорифи пешини ноҳия бо номи Далер, аммо зӯраш нарасид. Эмом боз худаш рафта пулро доду гирифт.
Бубин Рамазон Раҳимзода, дар ин муддат ин ҳаромхур чи корҳое накард. Ин вазифаро ба бизнес табдил дод. Аз дасти ин бешарафи ҳаромхур одаме нест, ки дод нагӯяд. Боз рафту 300 ҳазор сомонӣ ставкаро доду муддаташро зиёд кард. Рости гап як ҷой шунидем, ки инро кадоме аз муовинҳои Рамазон Раҳимзода кришават мекардааст, номашро намедонам вале пулро ба ҳамон одам медодааст. Аниқ намедонам рост аст ё дурӯғ вале ҳамин хел гап ҳаст, шунидам. Бахудо ҳар руз ин Хушвахтов Эмоми алтр пиён аст. Бо як нарушенияи кӯчак мардумро девона мекунад. Худаш бошад рӯзи дароз маст мегардад,боз зарулём аст. Барои ин мумкин будааст барои дигарон не. Боз 8 моҳи дигар пешпардохт кардааст пули вазифаро. Акнун дар ин 8 моҳ боз чихеле хоҳад бизнес мекунад. Ин алтр сершавӣ надошта бошад?
Дар ноҳия 6 нафар ГАИшник кор мекунад. Аз як шиноси милисаам пурсидам чаро дар як ноҳияи хурдакак ин қадар корманди ГАИ кор мекунад, чун баъди ноҳияи мо дигар ноҳия нест, ки гуем пробка мешавад ё суръати ҳаракатро тез мекунанд, чи лозим ин қадар? Ба худо қасам милисаи шиносам худаш гуфт инҳо 2 нафараш қонунӣ ҳаст дар вазифаи худ 4 нафари дигар қонуни кор намекунанд ва аз давлат маош ҳам намегиранд. Онҳо дар як моҳ чи қадаре пул ҷамъ кунанд, наличий аз мардум оварда дар Хушвахтов Эмом месупоранд ва баъдан Хушвахтов Эмом ба инҳо аз нуки ҳамон маблағ маош медиҳад. Ин 4 нафарро просто так ба кор қабул кардагӣ нестанд. Ҳар як кадомаш 30 ҳазор сомонӣ барои ба кор даромаданашон додагианд. Албатт, ҳар чизе «ҷамъоварӣ» кунанд бурда ба Хушвахтов Эмом намедиҳанд, ҳатман ҳақи худро мегиранд. Вале в основном ҳар моҳ бурда бо ду дасти адаб ба Хушвахтов Эмом месупоранд.
Як нафари дигар бошад дар кабинети Хушвахтов Эмом кор мекунад. Чи хеле дар боло зикр кардем Хушвахтов Эмом худаш шабу руз дар район мегардад ва талбандагӣ мекунад. 1 нафар лозим, ки дар кабинет бошаду ба мардум ҳуҷҷатҳояшонро диҳад. Ин нафар ҳам ғайриқонунӣ кор мекунад ва маош аз Хушвахтов Эмом мегирад. Агар бовар накунед худатон биёеду санҷиш кунед ва мефаҳмед ин Хушвахтов Эмоми алтр чи бизнес ташкил кардааст. Рӯзи дароз маст аст. Инро кличкааш алтр аст.
Дар барномаҳои пешатараатон дар бораи раиси ДЭУ гуфта будед —Талби сиёҳ, ки як писараш дар прокуратура кор мекунад, дигараш бошад дар суд. Ин Талби сиёҳ агар хато накунам,10 сол зиёдтар шуд, дар инҷо кор мекунад. Дар ягон ҷой роҳҳои ноҳияро таъмир накардааст. Аз вилоят ҳар сол пул ҷудо мекунанд барои роҳҳоро соз кардан, ин пулҳо куҷо мешуда бошад? Як бор биёянду бинанд, ки дар даҳсоли кориаш ин одам чи кор кардаст. 10 соли охир ягон бор таъмир накардаст.
Рӯзи1 август Давлаталӣ Саид, раиси вилоят ба яке аз деҳаҳои ноҳия омад, ки дар онҷо мардум бо маблағи тақрибан 1миллион сомонӣ 2 километр роҳро асфалтпӯш карданд. Ҷаноби раис саволам ба шумост, ки ҳамин Талби сиёҳро як бор напурсидед, ки дар муддати 10 сол ту куҷоро таъмир кардӣ ва ин қадар пул куҷо шуд? Дар бисёр ҷойи роҳ ин девонаи Талбӣ асфалт неву хок пур мекард. Ман худам ин кори ӯро чандин бор дидаам.
Вақтҳои охир дар ноҳия як журналисти ватан дӯст пайдо шудааст. Як чанд бор як чанд ҷои ноҳияро ба навор гирифт ва гуфт. Баъди он камбудиҳоро каме ислоҳ карданд. Бечора журналист чанд бор масъаларо матраҳ кард, ки ин роҳ кай таъмир мешавад? Ваъда доданд, ки мекунем.
Ин журналист Шамсулло Фозилов аст. Бародар Шамсулло аз шумо хоҳиш мекунем агар шумо журналисти ҳақиқӣ бошед як бор роҳе, ки ба самти Душанбе меравед, он ҷоро бо лаҳҷае, ки худамон мегӯем, байни ғор ҷое сел мегузарад чи хел расво шудааст, ба навор гиред ва ҳамаашро нишон диҳед. Ва боз хоҳиш мекунем, ки як бор ҳамин ДЭУ ҷое, ки корхонаи роҳсозӣ аст рафта ба навор гиред ва пурсед, ки чи қадар маблағ ҷудо мешавад ва ба куҷо сарф мешавад? Мо медонем шумо беҳтарин инсонед ва сухани моро ба замин намемонед. Саломат бошед акаи Шамсулло барои заҳматҳое, ки мекашед ва боҷуръат камбудиҳоро мегуед. Барори кор ба шумо…….
Бародар Мухамадиқбол! Агарчи чанд нафарро баъди наворҳои шумо аз кор гирифтанд, аммо 2 нафарро аз мақомашон барканор накарданд. Инҳо ба фикрам кришаҳояшон аз оилаи балонигазӣ ё Рустами Эмомалӣ метарсанд. Инҳо якеаш
Ҷамшеди ВКД,ки дар ГАИ кор мекунад ва дигарӣ ҳамин Талби сиёҳ аз ДЭУ
Бародар! як бори дигар хоҳиш,ин номаи мо алоҳида нашр шавад.
Пасгуфтори «Ислоҳ»
Он чи дар ин нома омадааст, иддаоҳои сокинони ноҳияи Панҷ аст ва «Ислоҳ» наметавонад ҳамаи онҳоро мустақилона тасдиқ кунад. Аммо иддаоҳо он қадар мушаххасанд — аз гирифтани пул дар посту талаби 100 сомонӣ аз ронанда то «талон»-и 5000-сомонӣ, ки гӯё бо он шахс метавонад бе мушкил дар ноҳия ҳаракат кунад — ки мақомоти масъул ҳақ надоранд онҳоро нодида бигиранд.
Хитоби «Ислоҳ» ба раиси ноҳияи Панҷ:
Ҷаноби раиси ноҳия! Шумо раиси як ноҳияед, на тамошобини он. Агар дар даромадгоҳи ноҳия аз мардум бе асос пул гирифта шавад, агар шаҳрванд эҳсос кунад, ки барои гузаштан аз роҳ бояд «ҳақ»и Хушвахтов Эмомро диҳад ва агар мақоми давлатӣ ба ҷойи хидмат ба мардум ба василаи пулкоркунӣ табдил ёбад, пас савол пеш аз ҳама ба ҳукумати ноҳияст:
Шумо аз ин ҳама хабар доред ё не?
Агар хабар надоред — пас назорат куҷост?
Агар хабар доред — пас чаро чора намеандешед?
Мардум аз раиси ноҳия на сухан, балки амал мехоҳад. Ин иддаоҳоро санҷед. Пости даромаду баромадро санҷед. Аз ронандагон пурсед. Камераҳоро бинед. Даромади кормандон ва дороии онҳоро муқоиса кунед. Агар дурӯғ бошад, ошкор бигӯед дурӯғ аст; агар рост бошад, гунаҳкорон бояд ҷавоб диҳанд.
Хитоби «Ислоҳ» ба сардори БДА-и ноҳияи Панҷ:
Дар нома номи шумо, Хушвахтов Эмом, борҳо зикр мешавад ва муаллиф иддао мекунад, ки БДА дар давраи роҳбарии шумо ба як низоми пулҷамъкунӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, сухан аз гирифтани маблағ аз мошинҳо, «талон»-и 5000-сомонӣ ва ҳатто ба кор ҷалб шудани нафароне меравад, ки ба гуфтаи муаллиф расман корманди давлат нестанд.
Агар ин иддаоҳо дурӯғанд — ба мардум ҷавоби рӯшан диҳед.
Аммо агар ҳатто бахше аз онҳо рост бошад, масъала дигар як «шикояти оддӣ» нест. Ин суиистифода аз либос, вазифа ва эътимоди давлат аст.
Либоси БДА барои он дода нашудааст, ки ронанда аз дидани он даст ба ҷайб барад.
Нишони давлатӣ барои тарсонидани мардум нест.
Роҳ моли шахсии ҳеҷ сардор нест.
Ва шаҳрванд барои ҳаракат дар ноҳияи худаш набояд аз касе «роҳи сабз» бихарад.
Панҷ мулки шахсии касе нест.
Агар барои як нафар бо 5000 сомонӣ ҳама «чароғҳо сабз» шаванд, пас қонун барои чӣ аст? Агар як шаҳрванд пул дошта бошаду озод гардад ва дигаре пул надошта бошаду ҳар рӯз боздошт шавад, ин дигар иҷрои қонун нест — ин таҳқири худи мафҳуми қонун аст.
Ва хитоби асосии мо ба Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон:
Ҷаноби вазир!
Ин номаро мисли як шикояти оддии интернетӣ нагузаронед. Муаллиф ҳатто иддао мекунад, ки вазифаи сардори БДА бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ барои муҳлати ҳашт моҳ гирифта шудааст. Мо дурустии ин иддаоро тасдиқ карда наметавонем, аммо маҳз барои ҳамин санҷиши расмӣ зарур аст.
Агар чунин иддао ба як сохтори зери назорати шумо садо диҳад, ҷавоби дуруст ҷустуҷӯи муаллифи нома нест. Ҷавоби дуруст ҷустуҷӯи ҳақиқат аст.
Ба Панҷ комиссияи воқеӣ фиристед — на комиссияе, ки пешакӣ занг мезанад ва ҳама чизро барои омаданаш омода мекунанд.
Ҳисоб кунед:
Сардори БДА чӣ қадар маош мегирад ва чӣ қадар дороӣ дорад?
Он «талон»-ҳои 5000-сомонӣ вуҷуд доранд ё не?
Дар пост аз мардум пул гирифта мешавад ё не?
Чанд нафар расман дар БДА кор мекунанд ва чанд нафари дигар ғайрирасмӣ фаъолият доранд?
Пуле, ки аз мардум гирифта мешавад, ба куҷо меравад?
Муаллифи нома иддао мекунад, ки дар як ноҳияи хурд шаш нафар корманди БДА фаъоланд ва бархе аз онҳо гӯё расман корманди давлатӣ нестанду аз маблағҳои ҷамъшуда ҳақ мегиранд. Ин иддао ҳам бояд санҷида шавад, на пинҳон.
Ҷаноби вазир!
Шарафи як вазорат бо пинҳон кардани як мансабдор ҳифз намешавад. Шарафи вазорат бо пок кардани сафи он аз фасод ҳифз мешавад.
Агар Хушвахтов Эмом бегуноҳ бошад, санҷиши шаффоф номи ӯро пок мекунад. Аммо агар ин иддаоҳо собит шаванд, ҳеҷ «крыша», ҳеҷ телефон аз боло ва ҳеҷ пул набояд ӯро аз ҷавобгарӣ наҷот диҳад.
Мардум аз БДА талаб надорад, ки ба онҳо имтиёз диҳад. Онҳо танҳо мехоҳанд қонун барои ҳама як бошад.
На ин ки:
пул дорӣ — роҳат сабз;
пул надорӣ — ҳар пост барои ту як мушкил.
Панҷ аз Тоҷикистон ҷудо нест. Қонун ҳам набояд дар даромадгоҳи Панҷ тамом шавад.
«Ислоҳ» ин номаро нашр кард. Акнун навбат ба шумост: ё ин иддаоҳоро бо далел рад кунед, ё онҳоро санҷида, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашед. Хомӯшӣ дигар ҷавоб нест балки ризояти шумо дар ин ҷиноят аст.
