Имом Абӯисои Тирмизӣ
Имом Абӯисо Муҳаммад ибни Исо ибни Сураи Тирмизӣ дар соли 209 ҳ. дар Тирмиз чашм ба ҷаҳон кушод. Аз синни кӯдакӣ фарогирии илмро оғоз намуд, аз ин рӯ аз маҳзари уламои шаҳри худ истифода кард. Он гоҳ барои касби дониши бештар ва ҷамъоварии аҳодис ба ақтори ҷаҳон мусофират кард.
Имом Тирмизӣ аз назари вусъати илм ва ҳофиза нобиға буд. Имом ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби “Таҳзиб-ут-таҳзиб” аз имом Тирмизӣ ҳикоят мекунад: Дар масири роҳи Макка будам ва аз як муҳаддис ду ҷузи ҳадис навишта будаам. Иттифоқан гузори ҳамон муҳаддис ба он ҷо афтод, хостам, ки он аҳодисро аз забони худи устод бишнавам. Аз ин рӯ ба гумони инки он ду ҷуз бо худ дорам ба маҳзараш расидам дар сурате, ки ман чизи дигар бардошта будам ва аз устод тақозои шунидани он аҳодис намудам он кас мувофиқат карданд ва гуфтанд: ман мехонам шумо бо навиштаҳоятон муқоиса кунед ва шуруъ ба хондан кард. Ногаҳон мутаваҷҷеҳ шуд, ки варақҳои сафед ва нонавишта дар даст дорам, нороҳат шуд ва гуфт: оё маро масхара мекунӣ?! Арз кардам: хайр, ман инҳоро аз бар дорам. Гуфт: Оё пеш аз омадан ба ин ҷо онҳоро ёд кардаӣ?! Баён доштам: на. Сипас гуфт: аҳодиси дигаре бароям бихон. Он гоҳ вай чиҳил ҳадис аз ривоёти ғарибаш бароям хонд. Сипас гуфт: ҳоло инҳоро бихон, ман онҳоро аз аввал то охир барояш хондам, дар поён гуфт: касе мисли шумо надидаам.
Шуюхи имом (устодон)
Имом Тирмизӣ аз маҳзари уламо ва донишмандони машҳур касби файзи илм намуда, монанди:
1.Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ
2. Имом Муслим ибни Ҳаҷоҷи Нишопурӣ
3. Имом Абӯдовуди Сиистонӣ
4. Имом Исҳоқ ибни Роҳавия
5. Қутайба ибни Саъид
6. Муҳаммад ибни Башор
7. Алӣ ибни Ҳаҷар
8. Сувайд ибни Наср
9. Абӯмусъаб Аҳмад ибни Абӣбакри Заҳрӣ
10. Исмоил ибни Мусои Фазорӣ ва … касби файз намуд.
Шогирдони имом
Имом Тирмизӣ яке аз донишмандон ва ҳуффози ҳадис ба шумор меояд ва халқи бисёре аз маҳзари ӯ истифода бурдаанд, ки машҳуртарини онҳо:
1. Ҳусайн ибни Юсуфи Фарбарӣ
2. Ҳайсам ибни Кулайби Шошӣ
3. Абӯлаббос Муҳаммад ибни Аҳмади Маҳбубӣ
4. Макҳул ибни Фазли Насафӣ
5. Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Аҳмади Насафӣ
6. Ҳаммод ибни Шокир ва …. мебошанд.
Таълифот
Имом Тирмизӣ китобҳои бисёре дар илми ҳадис таълиф намуд, ки муҳимтарин ва маъруфтарини онҳо:
“Ҷомеъ” ё “Суннани Тирмизӣ” мебошад.
Имом Тирмизӣ дар бораи китоби “Ҷомеъ” мегӯяд: китобамро ба уламои Ҳиҷоз, Ироқ ва Хуросон арза кардам, ҳамаи онҳо ба он розӣ шуда, онро некӯ шумурданд ва касе, ки дар хонааш ин китоб вуҷуд дошта бошад, гӯё, ки дар хонааш паёмбаре аст, ки сухан мегӯяд.
Китобҳои дигари имом иборатанд:
1. Китоб-ул-илал
2. Китоби таърих
3. Китоби шамоил
4. Китоби зуҳд
5. Китоб-ул-Асамоъ вал куно
“Ҷомеъ” ё “Суннани Тирмизӣ”
Китоби имом Тирмизӣ яке аз муҳимтарин китобҳои муътабари ҳадис ба шумор меояд. Имом Тирмизӣ ҳангоме, ки аз таълифи китобаш фароғат ёфт онро бар уламои асраш дар Ҳиҷоз, Ироқ ва Хуросон, ки маҳди илму дониш буд арза намуд ва ҳамагӣ китобашро писандиданд.
Имом Тирмизӣ дар китоби “Ҷомеъ” ё “Суннан” худро фақат мулзам ба ривоёт саҳеҳ накарда, балки аҳодиси саҳеҳ ва ҳасан ва заъиф ва ғариб низ оварда, ривоёти муаълал низ барои баён кардани иллаташ ривоят кардааст.
Аммо имом Тирмизӣ саъй намудааст, ки ҳеҷ ҳадисеро зикр накунад, то ин ки фақеҳе аз фуқаҳо ба он амал намуда бошад ва назди уламо қобили эҳтиҷоҷ бошад.
Касе, ки китоби “Ҷомеъ”-и Тимизиро мутолеа намояд вусъати илми фиқҳи имомро дар меёбад.
Имом Тирмизӣ китобашро ба беҳтарин ваҷҳ мураттаб сохта, мазоҳиби фиқҳии уламо ва чигунагии истидлол ба ҳадисро низ зикр кардааст, ҳамчунин фавоид ва масоили марбут ба ҷарҳ ва таъдилу илалро низ баён кардааст.
Порае аз аҳодиси китобашро аз тарафи баъзе аз ҳуффоз ва ноқидини ҳадис монанди Ибни Ҷавзӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифта, то ҷойе, ки ҳудуди 30-ро мавзуъ донистаанд, аммо имом Ҷалолиддини Суютӣ муҷаддид ва муҳадиси қарни нӯҳуми ҳиҷрӣ аз онҳо ба шиддат дифоъ намудааст ва қобили зикр аст, ки аксар ин аҳодис дар боби фазоил мебошад ва алома Албонӣ низ китобро ба ду бахши саҳеҳ ва заъиф тақсим намудааст.
Шарҳи “Ҷомеъ”-и Тирмизӣ
Бисёре аз уламо ин китоби гуҳарборро шарҳ додаанд, бархе аз ин шарҳҳо иборатанд аз:
1. “Оризат-ал-аҳвазӣ фӣ шарҳи суннан-ат-Тирмизӣ” таълифи имом Абӯбакр ибни Аърабӣ (ваф. 543 ҳ.)
2. “Қут-ул-муғтазӣ ало ҷомеъ-ут-Тирмизӣ” таълифи имом Ҳофиз Ҷалолиддини Суютӣ (ваф. 911 ҳ.)
3. “Тӯҳфат-ул-аҳвазӣ шарҳи “Ҷомеъ”-и Тирмизӣ” таълифи алома ва муҳаддис Абдураҳмон Муборакпурӣ.
Вафот
Имом Тирмизӣ дар охири умр нобино гардид ва баъд аз як умри хидмат барои дини ислом дар шаби душанбе 13 моҳи раҷаб соли 279 ҳ. дар синни 70 солагӣ дар шаҳри Тирмиз ба дори боқӣ шитофт. Худованд аз ӯ розӣ бод.
Идомаи матлаб имом Насоӣ