Зиндагӣ ва осори имом Нававӣ

Ислоҳ нет

Зиндагӣ ва осори имом Нававӣ
Яҳё ибни Шараф ибни Муррӣ ибни Ҳасан ибни Ҳусайн ибни Муҳаммад ибни Ҷумъа ибни Ҳузом дар моҳи муҳаррами соли 631 ҳиҷрӣ, дар қарияи Наво чашм ба дунё кушодааст. Яҳёро нисбат ба зодгоҳаш “Навовӣ ё Нававӣ” лақаб додаанд. Падари имом Нававӣ дар қарияи Наво дӯконе доштааст ва аз ӯ ба унвони як марди парҳезкор ёд кардаанд. Ӯ писараш Яҳёро дар синни даҳсолагӣ дар дӯкони хеш ба кор ҷалб намуд, ҳамчунин аз ҳамон овони кӯдакӣ ба хондани Қуръон унс гирифта, аз бозӣ бо ҳамсолони хеш даст мекашад.
Имом Нававӣ даҳсола буд, ки тасодуфан як парҳезкоре бо номи шайх Ёсин ибни Юсуфи Марокашӣ гузараш ба қарияи Наво меафтад ва бо дидани Яҳё ба истеъдоду сафои ботинаш пай мебарад. Падари Яҳёро аз ояндаи дурахшони фарзандаш навид дода, тавсия мекунад, ки дар таълиму тарбияи ӯ саъйи тамом гузорад. Имом Нававӣ дар синни дувоздаҳсолагӣ, яъне дар соли 649 ҳиҷрӣ, ҳамроҳи падараш барои таҳсили илм озими Димишқ маркази илму олимон он рӯзгор мешавад. Ӯ ибтидо ба маҷлиси дарси муфтии Шом, Тоҷуддин Абдурраҳмон ибни Иброҳим ибни Зиёи Фазорӣ маъруф ба Фаркоҳ (вафоташ 690 ҳиҷрӣ) роҳ меёбад, аммо чун дар онҷо ҳуҷрае барои иқомат надошт, пас аз муддати кӯтоҳе бо тавсияи устодаш Фаркоҳ ба мадрасаи Равоҳия меравад ва дар маҳзари устод Исҳоқ ибни Аҳмади Мағрибӣ ба шогирдӣ мепардозад. Имом Нававӣ баъд аз ду соли иқомат ва таҳсил дар Димишқ бо падараш ба ҳаҷ меравад. Сафари онҳо ҳудуди якуним моҳ тӯл кашида, дар тандурустиву ҳолоти рӯҳии Имом Нававӣ таъсири босазое баҷо мегузорад. Имом Нававӣ чуноне, ки худи ӯ гуфтааст: пас аз сукунат дар мадрасаи Роҳавия тамоми вақт ва тавони худро сарфи таҳсили илм мекунад. Тавре,ки гуфтаанд китоби “Ат-танбеҳ”-и Абӯисҳоқи Шерозиро ҳудуди чаҳоруним моҳ ва рубъи ибодот аз китоби “Ал-Муҳаззаб”-и ӯро дар боқимондаи сол ҳифз кардааст.
Имом Нававӣ рӯзона дувоздаҳ дарс аз китобҳои “Ал васит”, “Ал муҳаззаб”, “Саҳеҳи Муслим”, “Ал лумаъ”, “Ислоҳи мантиқ” ва ” Сарф” “Усули фиқҳ”, “Асмои риҷол” ва усули дин мехондааст ва ҷолиб ин ҷост, ки дар канори инҳо ҳаргиз аз тазкияи нафс ва азкор ғофил нагаштааст.Имом Нававӣ дар фиқҳ илова бар Абӯисҳоқ ибни Аҳмади Мағрибӣ дар назди Абдурраҳмон ибни Нӯҳ ибни Муҳаммади Мақдисӣ (вафоташ соли 654 ҳиҷрӣ), ки онҳо низ аз шогирдони ибни Салоҳи Шаҳрзӯрӣ” (вафоташ 643 ҳиҷрӣ) шогирдӣ кардааст.
Иброҳим ибни Исои Муроди Андалусӣ (вафоташ соли 668 ҳиҷрӣ) Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Умар ибни Музари Воситӣ, Абӯлбақо Холид ибни Юсуф ибни Саъди Нобулсӣ (вафоташ 663 ҳиҷрӣ) ва Абӯлфараҷ Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Аҳмад Қуддомаи Мақдисӣ (вафоташ 682 ҳиҷрӣ) низ аз устодони ӯ дар ҳадис ҳастанд.
Абӯлфатҳ Умар ибни Бандор ибни Умар ибни Алии Тифлисӣ (вафоташ 672 ҳиҷрӣ дар илми усул ва Аҳмад ибни Солими Мисрӣ (вафоташ 664 ҳиҷрӣ) ва Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Молик (вафоташ 672 ҳиҷрӣ) дар наҳву луғат устоди имом Нававӣ будаанд.
Имом Нававӣ аз фуқаҳо ва муҷтаҳидини барҷастаи мазҳаби Шофеъӣ аст ва уламо ӯро нигоранда, пироянда ва тартибдиҳандаи мазҳаби Шофеъӣ донистаанд.Ӯ дар истихроҷи орои фиқҳи хеш бештар аз аҳодиси саҳеҳ далел меовардааст. Имом Нававӣ дар шумори муҳаддисини бузург қарор дошта, уламо ӯро ҳофиз ва огоҳ ба фунуни риҷол ва ҳадис муаррифӣ кардаанд ва бояд гуфт, ки шарҳи муқаддимаи “Саҳеҳи Муслим”, китобҳои “Иршод” ва ” Тақриб “-и ӯ табаҳурашро дар илми ҳадис ба хубӣ нишон медиҳанд.
Имом Нававӣ дар нақди ривоёти аҳодис ва ташхиси аҳодиси саҳеҳ камназир будааст. Ӯ дар улуми сарф, наҳву луғат ҳам аз олимони бузурги асри хеш буда, “Таҳзиби асмо ва луғот”-и ӯ шоҳид бар ин муддаост. Имом Нававӣ марди раббонӣ ва аз аҳли зуҳду тақво будааст.
Бозгӯ кардаанд, ки ӯ дар намози шаби худ ояти
” وقفوهم إنهم مسئولون “
” Ва нигаҳ доредашон, бояд, ки бозхост шаванд.” (Сураи Соффот, ояти 24)-ро дар ниҳояти хушуъ ва ашки резон борҳо такрор мекардааст ва бад-ин тартиб масъулияти хешро дар рӯзи қиёмат ба ёд меовардаст.
Ӯ дар риъояти ҳалолу ҳаром бисёр муҳтот ва дақиқ буда, хӯрокаш ба андозае кам буда, ки нисбати саломатии ҷисмони ӯ эҳсоси хатар кардаанд.
Имом Нававиро аз ҷиҳати адои фаризаи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар дар миёни уламои асри ҳафтум беназир донистаанд. Ӯ дар ин бора бисёр шуҷоъу қотеъ буда, ҳаросе аз сарзаниши сарзанишгарон ва иҳонатҳову таҳдид ба хатар карданиҳо надоштааст. Агар қодир ба муқобилаи мустақим ё рӯ ба рӯ бо мункирот набошад, аз тариқи ирсоли номае вазифаи динии худро анҷом медодааст.
Бархурди зиракона ва шуҷоъонаи ӯ бо Малик Зоҳируддин Бибарсро таърих сабт кардааст.
Малик Бибарс пас аз он, ки тоторҳоро шикаст дод ва бар Шом мусаллат гардид, боғҳои Димишқро соҳибӣ карду гирифт ва аз уламо хост фатво ба ҷоиз будани иқдоми ӯ диҳанд.
Гурӯҳи зиёди уламо ба хотири тарс ва ё тамаъ фатво ба ҷавоз будан дода, гурӯҳи дигар ба хотири имтиноъ аз фатво ҷонашонро бохтанд.
Вақте навбати имом Нававӣ расид ва ӯро ба боргоҳи Малик Бибарс бурданд ӯ дар камоли шаҳомату шуҷоъат раъй бар номашруъ будани кори Малик Бибарс дод ва ба шиддат аз фатво додан ба нафъи ӯ имтиноъ варзид.
Аз имом Нававӣ, ки иттифоқан аз лиҳози ҷисмонӣ бисёр заъифу лоғар будааст чунон ҳайбате бар дили Малик Бибарс ғолиб мешавад, ки раҳояш сохт ва натавонист бо ӯ дуруштӣ намояд.
Аз он пас низ борҳо имом Нававӣ аз тариқи нома аз Бибарс интиқод карда, дар пайи ислоҳи ӯ баромадааст.
Имом Нававӣ ҷавонии худро вақфи таҳсил ва нашри илм сохта буд ва харҷи зиндагиашро хонаводааш таъмин мекарданд, аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ муваффақ ба издивоҷ нагардида, куняи Абӯзакарёро зоҳиран тибқи одати арабҳо ва ба унвони тафоул ба хайр ба ӯ додаанд.
Имом Нававӣ бисту ду сол муқими Димишқ буда, дар ин муддат ҷуз барои ҳаҷ ва зиёрати қабри имом Шофеъӣ ва боздид аз зодгоҳаш, ҳаргиз аз ин шаҳр хориҷ нашуда, тамоми вақташро дар мадрасаи Равоҳия ба таълим ва китобат сарф кардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки ӯ таҳсилоти худро аз соли 649 ҳ. шуруъ кардааст ба назар мерасад, ки китобҳояшро пас аз даҳ сол, яъне аз соли 660 ҳ. нивишта бошад.
Пас ӯ даҳҳо китоби бузургу кӯчаки худро дар тайи ҳабдаҳ сол, яъне аз соли 660 ҳ. то 676 ҳ. ба риштаи таҳрир даровардааст.
Имом Нававӣ дар улуми мухталиф: фиқҳ, ҳадис, шарҳи ҳадис, мусталаҳи ҳадис, луғат, тароҷим, тавҳид, ва…. дорои таълифоти бисёре аст ва сифати барҷастаи навиштаҳои ӯ возеҳ, соддаву равон буданд ва салобати таъбир мебошад. Ва ба таъбири имом Заҳабӣ ибораҳои ӯ аз каломаш соддатар аст
Таълифоти имом Нававиро метавон ба се даста тақсим намуд:
A) Таълифоте, ки онҳоро ба итмом расонидааст:
1. Шарҳи “Саҳеҳи Муслим” аз таълифоти охири ӯст, ки онро баъд аз соли 674 ҳ., яъне ду сол қабл аз вафоташ навиштааст.
2. “Равзат-ут-толибин ва умдатул муфтиин” аз китобҳои муҳими ӯ дар фиқҳи Шофеъӣ аст онро аз китоби “Шарҳи кабир”-и имом Рофеъӣ (вафоташ соли 603 ҳиҷрӣ) хулоса кардааст, таълифи он аз 666 ҳ. оғоз ва дар охири соли 669 ҳ. поён пазируфтааст.
3. “Минҳоҷу толибин ва умдатул мутақин” онро аз китоби “Муҳаррар”- и имом Рофеъӣ хулоса кардааст, “Минҳоҷ” дар миёни толибилмони уламои шофеъимазҳаб нисбат ба тамоми китобҳояш ривоҷи бештаре дорад ва шарҳҳои бисёре низ бар он навиштаанд.
4. “Риёз-ус-солиҳин” маҷмуъае баргузида аз аҳодиси Паёмбар (с) аст, ки онро таҳти унвонҳои санҷида танзим кардааст. Ин китоб низ шӯҳрати бисёре дорад, аллома Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммад Улон Садиқӣ аз уламои шофеъии қарни даҳум низ шарҳе бо номи “Далел ал-фолиҳин ли туруқи риёзу солиҳин” бар он навиштааст.
5. “Азкорҳои интихобшуда аз каломи сайидул Аброр” дар ин китоб азкори маъсураи шабонарӯзии як мусулмон ва марбут ба муносибатҳои мухталиферо дарҷ карда, ба баёни аҳкомҳои онҳо низ пардохтааст. Ин китобро дар соли 667 ҳ. ба итмом расонидааст.
6. “Тибён фи одоби ҳумматил Қуръон” китоби хурде аст барои роҳнамои тиловаткунандагон ва қориёни Қуръон, ки ба риштаи таҳрир даровардааст.
7. “Таҳрир фи алфоз ат-танбеҳ” дар ин китоб луғат ва истилоҳоти фиқҳӣ ба кор рафта, китоби “Танбеҳ”-и Бағавиро шарҳ додааст.
8. “Ал умда фи тасҳеҳ ат танбеҳ” ҳовии мулоҳизоте аст, ки ӯ дар боби китоби “Ат танбеҳ”-и Абӯисҳоқи Шерозӣ доштааст.
9. “Ал изоҳ фил маносик” дар ин китоб ба баёни маносики ҳаҷ пардохтааст.
10. “Ал иршод”, ки хулосашудаи китоби “Улуми ҳадис”-и ибни Салоҳи Шаҳрозӯрӣ аст. Баъд ин китобро хулосатар карда, номи онро “Тақриб ва тайсир фи маърифати сунан ал башир-ан-назир” ниҳодааст.
11. “Бӯстони орифин” китоби хурде дар боби тасаввуф аст, ки ба баҳс дар бораи зуҳду ахлоқ ва васфи ҳақорати дунё пардохтааст.
12. “Маноқиби Шофеъӣ”, ки мухтасари китоби Байҳақӣ аст ва онро аз ду муҷаллад ба як муҷаллад тақлил додааст.
13. “Масоили мансура” фатвоҳои ӯст, ки тавассути шогирдаш ибни Аттор гирд оварда шудааст.
14. “Масоилу тахмисил ғаноим” дарбаргирандаи ихтилофи назарҳои ӯ бо устодаш Фаркоҳ дар мавзуъи тахмиси ҷория аст.
15. “Туҳфат-ут-туллобил фазоил” дарбаргирандаи мабоҳиси тафсир, ҳадис, фиқҳ, луғат ва забони арабӣ аст.
16. “Ал-арбаъуна Нававӣ”
17. “Мухтасари усудул ғобаҳ”
18. “Одоб-ул-фатво вал муфтӣ вал мустафтӣ”
19. “Мухтасари одоби истисқо”
20. “Руусул масоил”
21. “Тархис бил қиёми лизавил фазли вал мазийяти мин аҳлил ислом”
22. “Мухтасар-ут-тазниб”
24. “Дақоиқи минҳоҷ ва равзаҳ”
Б) Таълифоте, ки марг фурсати тамом карданашонро надодааст.
1. “Ал-маҷмуъ шарҳ ли мазҳаб” шарҳе бар китоби мазҳабии Абӯисҳоқи Шерозӣ дар нӯҳ муҷаллад аст, ки нотамом монда, то мавзуъи рибо рафтааст. Ба ақидаи уламо, агар ин китоб пурра мебуд бузургтарин китоби фиқҳи мазҳаби Шофеъӣ маҳсуб мегашт ва имом Заҳабӣ онро дар навъи худ беназир донистааст. Тақиюддини Сабкӣ дар қарни ҳаштум се муҷаллади дигаре бар ин китоб афзӯдааст, аммо марг фурсати итмоми корро ба ӯ надод.
2. “Шарҳ-ул-васит”, “Васит” аз китобҳои муҳими имом Ғаззолӣ аст, ки имом Нававӣ ба шарҳи бахше аз он пардохтааст.
3. “Шарҳ-ул-Бухорӣ”, ки фақат ибтидои “Саҳеҳи Бухорӣ”-ро то боби “Ад дину насиҳа” расидааст, ки шарҳ бидиҳад.
4. “Тазҳиб-ул-асмои вал луғот”
5. “Шарҳи Сунани Абӯдовуд”
6. “Ал-имло ало ҳадиси ли аъмол бин ниёт”
7. “Китоб-ул-омол”
8. “Хулоса фи аҳодисил аҳком”
9. “Табақот-ул-фуқаҳо фи тароҷуми вас-сияр”
10. “Ат-таҳқиқ фил фиқҳ”
В) Таълифоте, ки дар замони хеш онҳоро маҳв сохтааст.
Шогирдони имом Нававӣ
1. Аллома Алоуддин Абӯлҳасан Алӣ ибни Иброҳим ибни Довуди Димишқӣ маъруф ба ибни Аттор. Ӯ аз ибтидои соли 670 ҳ. то ҳангоми вафоти имом Нававӣ, яъне ҳудуди шаш сол дар хидмат ва мулозимати ӯ будааст.
2. Муҳаммад ибни Абӯбакр Иброҳим ибни Абдурраҳмон ибни Нақиб.
3. Абӯлаббос Аҳмад ибни Иброҳим ибни Мусъаб.
4. Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Саъдуллоҳ ибни Ҷамоа.
5. Муҳаммад ибни Абдулхолиқ ибни Усмон ибни Ҳурмузи Ансории Димишқӣ.
6. Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аббос ибни Ҷаъвон.
7. Абӯлаббос Аҳмад Зарири Воситӣ мулаққаб ба Хилол.
8. Исмоил ибни Иброҳим ибни Солим ибни Хаббоз.
9. Ҷибрили Курдӣ.
10. Аминуддин Солим ибни Абӯбадр
Вафоти имом Нававӣ.
Ибни Аттор, шогирди ӯ гуфтааст: имом Нававӣ ду моҳ қабл аз марг ҳолатҳои хосе пайдо карда буд ва гӯё замони маргашро наздик медид, ибтидо ба зиёрати устодони боваффояш пардохт ва онгоҳ ба Қудс ва Халил сафар карда, саранҷом ба зодгоҳаш Наво баргашт. Ӯ дар Наво бемор шуду билохира дар шаби 24 раҷаб соли 676 ҳиҷрӣ ин дунёи фониро падруд гуфт ва ӯро дар Наво ба хок супурданд.Хонандаи гироми ин буд зиндагиномаи айммаи хадис ончи тавонистем ин бузургонро бароятон муаррифи намудем таманнои дуъохои неки шумо азизонем.Бо эхтироми бе нихоят зиёд Мухаммадикболи САДРИДДИН ва
Муллоҳусейни Ғиёсзода

Share This Article