МАРДЕ ГУРЕЗОН АЗ ҶАҲАННАМ

Ислоҳ нет

МАРДЕ ГУРЕЗОН АЗ ҶАҲАННАМ

Ё ТАВБАИ НАСУҲИ САЪЛАБА (РАЗ) МАЛОИКРО БА ЗАМИН ФУРЎД ОВАРД

Эй ҷавонмардон! Нақлеро барои бедории чашми шумо, шунавоии гўши шумо ва огоҳии зеҳну ҳуши шумо аз саргузашти саҳобии Расули Акрам (с) пешниҳод месозам, то шумо бихонеду онро барои худ намуна (ё худ идеал) қарор диҳед ва мувофиқи он амал намоед!

Саълаба ибни Абдурраҳмон (раз) аз хидматгузорони Расули Акрам (с) буд, ки дар ҳар коре фармудаҳои Расули Акрам (с)-ро анҷом медод.
Рӯзе Расули Акрам (с) ӯро барои анҷоми коре ҷое фиристод. Саълаба (раз) барои иҷрои фармудаи Расули Акрам (с) берун шуд. Дар аснои рафтани роҳ аз назди хонаи марде аз Ансор чашмаш ба зане афтод, ки ғусл мекард. Саълаба нигоҳашро аз он зан дур накарду лаҳзае чанд ба андоми ў назар кард.

Чун ба худ омад хавф тамоми вуҷудашро аз ин нигоҳ фаро гирифт. Дар худ андешид, ки ин амали анҷомдодаи ў тариқи ваҳй назди Расули Акрам (с) ошкор мегардад ва гуфт: 
Ончӣ ман кардаам, яъне ба зани номаҳрам нигоҳ андўхтам ҳатман барои Расули Акрам (с) расонида мешавад. Ин хавф ва тарс Саълаба (раз)-ро ба сӯи куҳҳои миёни Макка ва Мадина бурд.

Саълаба миёни ин кўҳҳову ғорҳо хилватро ихтиёр намуд ва он чиҳил рӯз ба тўл анҷомид. Воқеъан онеро, ки Саълаба (раз) интизор дошт, ба вуқуъ пайваст. Ҷаброил (а) бар Паёмбар (с) фурӯд омад ва гуфт: “Эй Муҳаммад, Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бар ту салом мефиристад ва бароят мерасонад, ки як марде аз умматат миёни ғорҳое аз кўҳҳо ба сўи Ман паноҳ металабад”.
Пас аз ин паёми Ҷаброил (а) Расули Акрам (с) дарҳол Умар ибни Хаттоб (раз) ва Салмони Форсӣ (раз)-ро истихдом намуд, ки биравед ва Саълабаро назди ман биёваред, зеро ба ҷуз ӯ каси дигаре наметавонад бошад.

Дар ҳол ин ду барои пайдо кардани Саълаба аз шаҳри Мадина берун шуданд. Ҳангоме, ки аз шаҳр берун шуданд чўпоне аз аҳли Мадинаро вохўрданд, ки номаш Зуфофа буд. Умар (раз) аз ӯ пурсид: Оё туро аз ҷавоне бо номи Саълаба, ки ҳоло миёни ин ду кўҳ қарор гирифтааст, хабаре ҳаст?

Чўпон гуфт: Шояд шумо ҷавонеро меҷўед, ки “ӯ аз ҷаҳаннам гурезон аст”?

Умар ибни Хаттоб (раз) гуфт: Аз куҷо медонӣ, ки ӯ аз ҷаҳаннам гурезон аст?

Чўпон гуфт: Аз он ҷо, ки ӯ шабе чанд аст, ки дар посе аз нимаи шаб аз миёни ин ду кўҳ берун меояд ва дастонашро болои сар гузошта, чунин нидо мекунад: “Эй кош ҷони маро мегирифтӣ ва ман дар олами арвоҳ қарор медоштам.Эй кош ҷисму ҷасади ман дар олами ҷасадҳо қарор медошт ва маро дар рӯзи Ҷазо (Қиёмат) ҷазоям намедодӣ”

Умар ибни Хаттоб (раз) гуфт: “Бале, дуруст аст, дақиқан ҳамон ҷавонро меҷўем.”

Дарҳол ба сӯи Саълаба (раз) раҳсипор гаштанд. Ҳангоме, ки Саълаба (раз), Умар ибни Хаттоб (раз)-ро дид ба сӯяш бошитоб шитофт ва ӯро ба оғӯш гирифту гуфт:“Эй Умар, оё Расули Акрам (с) аз гуноҳи ман огаҳ гардид?

Умар ибни Хаттоб (раз) гуфт: “Ман аз чизе хабар надорам, магар инки дирӯз номатро гирифт ва ману Салмонро назди ту фиристод.”
Ҳар се ба Мадина баргаштанд ва Саълаба (раз) аз Умар (раз) хоҳиш кард ва гуфт: “Эй Умар аз ту хоҳиш мекунам маро назди Расули Акрам (с) танҳо дар ҳоле дохил кун, ки ў дар намоз бошад”

Ҳангоме, ки вориди Мадина гаштанд Расули Акрам (с) дар масҷид буданд, дарҳол Умар ва Салмон (раз) вориди масҷид гаштанд ва дар сафи намоз аз пушти он Ҳазрат (с) истоданд.Чун намозро ба итмом расониданд ва салом
доданд Расули Акрам (с) Умар ва Салмонро дар намоз дида, пурсиданд: Бо Саълаба чӣ кор кардед?

Умар ба тарафи Саълаба ба охири масҷид ишора намуд. Чун Расули Акрам (с) Саълаба (раз)-ро диданд аз ҷояшон бархостанд ва ба сӯи ӯ шитофтанд.

Аз ӯ пурсиданд: “Чаро аз мо дур шудӣ, сабаб чӣ буд?
Саълаба гуфт: “Эй Расули Аллоҳ (с) сабаби дур шуданам аз шумо гуноҳе буд”.

Расули Акрам (с) гуфтанд:”Оё туро ба ояте, ки гуноҳон ва хатоҳоро пок месозад, роҳнамоӣ накунам?

Саълаба (раз) гуфт: Бале, эй Расули Аллоҳ (с).

Расули Акрам (с) гуфт:
: (ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار)
Тарҷума:”..Эй Парвардигори мо, моро ҳам дар дунё хайре бахш ва ҳам дар охират ва моро аз азоби оташ нигоҳ дор”
(Сураи Бақара,ояти 201).

Саълаба (раз) гуфт: “Эй Расули Акрам (с) гуноҳи ман бузургтар аст”.

Расули Акрам (с) гуфтанд:”Балки сухани Аллоҳ бузургтар аст ва амр карданд, то Саълаба ба хонааш бозгардад”.

Аз ин воқеъа ҳашт рӯз гузашт ва Салмони Форсӣ (раз) назди Расули

Акрам (с) омаданд ва гуфтанд: Эй Расули Акрам (с) ҳеҷ хабаре аз Саълаба доред? Ман чунин мепиндорам, ки ӯ дар ҳолати вахиме қарор дорад”.

Расули Акрам (с) гуфтанд:”Агар чунин аст, пас бархезед, то ба хонаи Саълаба равем”.

Расули Акрам (с) вориди хонаи Саълаба (раз) гаштанд ва назди ӯ нишастанд ва сари ӯро болои синаи муборакашон гузоштанд. Вале

Саълаба дарҳол сарашро аз синаи мубораки Расули Акрам (с) гирифтанд.

Расули Акрам (с) пурсиданд: “Эй Саълаба чаро саратро аз болои синаи ман гирифтӣ?

Саълаба (раз) гуфт: Эй Расулаллоҳ сари ман пур аз гуноҳ аст”.

Расули Акрам (с) пурсиданд: Эй Саълаба аз чӣ шикоят дорӣ?

Саълаба (раз) гуфт: “Эй Расули Акрам (с) миёни гушт ва пусту устухонҳои баданам гўё мурчаҳо медаванд”.

Расули Акрам (с) фармуданд:”Оё чизе иштиҳо дорӣ”?

Саълаба (раз) гуфт: “Мағфират ва бахшиши Аллоҳро мехоҳам”.

Ин ҳангом Ҷаброил (а) фурўд омаданд ва чунин гуфтанд:
“Эй Муҳаммад Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ба ту салом мерасонад ва чунин мегӯяд: “ Агар ин бандаи ман Саълаба ба андозаи замин дар маҳзари ман хато карда бошад ман ба андозаи замин ӯро мағфират намудам ва омурзидам.”

Он чи Ҷаброил (а) расонид Расули Акрам (с) онро, яъне сухани болоро ба Саълаба (раз) гуфтанд.

Пас аз шунидани ин Саълаба (раз) фарёде кашид ва аз асари он фарёд ҷон ба Ҷонофарин таслим намуд.

Расули Акрам (с) фармуд, то Саълаба (раз)-ро шўянд ва кафан кунанд.
Ҳангоме, ки Расули Акрам (с) ҷанозаи ӯро хонд бо сари ангуштони пояш роҳ мерафт. Пас аз онки маросими ташеи ҷаноза ва тадфини Саълаба (раз) анҷомид Асҳоби киром (раз) аз ў (с) пурсиданд: “Эй Расули Худо (с) мо медидем, ки дар аснои ташеи ҷаноза бо сари ангуштони поятон роҳ мерафтед”?

Расули Худо (с) гуфтанд:” Он Зоте, ки маро ба ҳақ ба паёмбарӣ фиристодааст, наметавонистам пояҳоямро аз зиёдии ҳузури малоик (дар аснои ташеи ҷаноза) бар рӯи замин гузорам”.

(Ин ҳадисро Абунаъим дар «Ҳиляа»-ааш овардааст. Дар санади ҳадис Абубакр ибни Муфид ва Мансур ибни Аммор ва шайхаш Мункадир ибни Муҳаммад ибни Мункадир ҳаст, ки аз заъифон маҳсубашон медонанд. Вале аз чанд шайхҳои маъруф мисли шайх Муҳаммад Арифӣ шунидаам ва ин ҳадисро ҳамчун панду ибрат овардам. Инро ҳам зикр мекунам, ки чун амонати илмӣ ва тамйизи саҳеҳ аз заъиф ногузирам.)
Хушо ба ҳолат эй Саълаба (раз) бо ин ҳама хушбахтият дар дунё.
Хушо ба ҳолат эй Саълаба (раз) бо чунин толеъи воло, ки Аллоҳ бароят ато намуд.

Хушо ба ҳолат эй Саълаба (раз) бо ин имону садоқату матонатат.
Эй ҷавони азиз, ончи аз ин саҳоба сар зад дар ҳаёт як маротиб суръат гирифт. Он ҳам бошад як назар ба зани номаҳрам ва барои ин амал имонаш ӯро то ҳадде зиёд азият дод. Дар хидмати Расули Акрам (с) қарор дошт ва дар ҳоле бо такрор ба ӯ гуфт: Аллоҳ туро бахшудааст.

Расули Акрам (с) хост, Саълаба ба зиндагии муқаррариаш бозгардад. Аммо як нигоҳи ноҷо дили ӯро аз зиндагии дунё сард кард ва барои ин гуноҳаш истиғфори зиёд гуфт, ки Алъаёзу биллоҳ дар рӯз мову шумо садҳо чунин номаҳрамонро назар мекунем ва ҳеҷ ғаме надорем. Боре ҳам андешидаем, ки ҳоли мо чӣ мешавад?

«Агарчӣ раҳмати Аллоҳ бекарон аст, вале азобаш ҳам сахту гарон аст».
Эй Аллоҳ, чашмони мо ва ҷумла ҷавонони миллати моро аз ҳаром дур нигаҳ дор. Моро пайравони чунин Саълабаҳое гардон, ки дар мактаби беназири муҳаммадӣ нашъу нуму ва тарбия дидаанд.

Дар фарҷом мехоҳам бигўям, ҳар хонандае, ки ин саргузашти саҳобии ҷалилулқадри Расули Акрам (с)-ро мехонад дар расонидан ва нашри он ба дигарон кўтоҳӣ накунад, зеро ислоҳ намудани ҷавоне аз хато ва аз нигоҳ ба занони номаҳрам ин ислоҳи ҷомеъа ва уммат аст!

Share This Article