Уламо кашф намуданд, ки дили инсон чиҳил ҳазор халияҳои (клетка) асабиро доро будааст, ки онҳо даври муҳим дар тафаккур, идрок ва рафтори шахс мебозидааст. Инчунин тавҷеҳи мустақим ба димоғи инсон доштааст.
Дар ҳоле ки Қуръони карим чаҳордаҳ аср пеш инро баён доштааст:
“Оё дар замин сайр намекунанд, то соҳиби дилҳое гарданд, ки ба василаи онҳо хирадмандона биандешанд ва гӯшҳое, ки ба он бишнаванд? Зеро чашмҳо нестанд, ки кӯр мешаванд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, кӯр мешаванд.”
(Сураи Ҳаҷ,ояти 46)
Ибни Касир (раҳ) дар тафсири ин оят чунин мефармоянд:
“Оё дар замин сайр намекунанд”, яъне бо баданҳояшон ва инчунин бо фикрҳояшон ин ба он эътибор аст, ки чӣ гуна гузашт ба умматҳои қаблие, ки дурӯғ пиндоштанд паёмбарони мо ва суханони моро. Чӣ балоҳо ва мусибатҳое бар сари онҳо фурӯд овардем.
“Зеро чашмҳо нестанд, ки кӯр мешаванд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, кӯр мешаванд.” Яъне кӯр будан танҳо кӯрии чашмҳо нест, балки кӯрӣ курии басират ё пиндори онҳост. Агарчӣ биноии чашмҳои онҳо солим бошанд ҳам онҳо ибрат ва панд намегиранд аз он умматҳои пеш аз худашон ва намедонанд чӣ чизе бар онҳо фурӯд овардем, яъне азобу машаққату дарду балоҳо барои пандпазир набудан ва иллат танҳо кӯр будани биноии дилҳое, ки дар синаҳои он қавмҳо ва умматҳои пешин буд.
Пас хонандаи гиромӣ бояд ҳамеша дар баробари биноии чашмони равшани худ биноии пиндорҳоямонро кор бифармоем, то оқибати қавмҳои гузаштаи саркаш бало ва мусибат бар мо аз тарафи Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло сарозер нагардад. Худоё ончунонеки чашмҳои сари мо мебинанд чашмҳои дили моро кушода бигардон, то пандпазир бошем, омин.