Лахзахои охир!
Бори сафарро бастаӣ, эй моҳи пурфайзи Худо,
Дилҳо пур аз андуҳу ғам, азми сафар дорӣ чаро?
Ёди хуши айёми ту, ёди таровеҳу қиём,
Аз дил нахоҳад шуд бурун, эй моҳи тақвову сиём.
Ёди саҳаргоҳу ғуруб, ёди намози нима шаб.
Он беқарориҳои мо, дар моҳи шаъбону раҷаб.
То ту биёи суи мо, меҳмони дилҳомон шавӣ,
Аммо чӣ зуд инҳо гузашт, ҳоло ту дори меравӣ.
Афсусу сад афсус аз ин, моҳе ки рафт эй дустон,
Афсус аз ин шабҳои қадр, афсус аз ин умри гарон.
Ҳайрону дилхунам Худо, ин лаҳзаҳои охираш,
Ҳайрон чу тифли бенаво, дар ҷустуҷуи модараш.
Қадраш надонистему рафт, ин моҳи Қуръону намоз,
Дарҳои дузах баста буд, дарҳои ҷаннат боз боз.
Ё раб Худоё даргузар, аз ин ҳама визру гуноҳ,
Аз ҷурму аз тақсири мо, ин вопасин айёми моҳ.
Моро зи даргоҳат марон, танҳои танҳо мешавем,
Бо кула бори аз гуноҳ, бадбахту расво мешавем.
Моро зи даргоҳат нарон, шояд видои охир аст,
Ин шиша то соли дигар, шояд ки афтоду шикаст.
Шеъри Умар Камоли