Аз рӯзгор ва осори Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу)
(бахши аввал)
Ӯ олим, донишманд, тарҷумони Қуръон, ҳибри уммат, саҳобии ҷалилулқадр, Абдуллоҳ ибни Аббос ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим писари амаки Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) буд.
Падараш Абулфазл Аббос ибни Абдулматталиб аз собиқадорон дар пазируфтани ислом буд, аммо исломашро пинҳон медошт. Рӯзи Бадр ҳамроҳи мушрикҳо берун шуда буд. Паёмбар (с) фармуд: « Шахсе бо Аббос рӯ ба рӯ шуд ӯро накушад, зеро ӯ аз рӯи иҷбор берун шудааст». Ва ҳангоме ки Каъб ибни Амр ӯро асир гирифт нафси худро фидо намуда, ба Макка баргашт.
Модараш уммул-Фазл Лубоба бинти Ҳорис пас аз уммул муъминин Хадиҷа (раз) ва қабл аз шавҳараш исломро пазируфааст. Пас ӯ дуввумин зан дар ислом аст ва аз Паёмбар (с) сӣ ҳадис ривоят кардааст. Паёмбар (с) дар хонаи ӯ хоби «Қайлула» ё нисфи наҳор мерафт. Ӯ қабл аз шавҳари худ Аббос дар хилофати Усмон ибни Афон вафот намуд. Холаи ӯ умулмуъминин Маймуна бинти Ҳориса (раз), аз беҳтарини занон буд ва охирин занест, ки Паёмбар (с) бо ӯ издивоҷ кардааст.
Гуфтаанд: Худи Маймуна нафсашро ба Паёмбар (с) бахшидааст. Дар ин бора сухани Худованд нозил шудааст.
Худованд мефармояд: “Эй паёмбар, Мо занонеро, ки маҳрашонро додаӣ ва ононро, ки ба унвони ғаниматҳои ҷангӣ, ки Худо ба ту арзонӣ додааст молик шудаӣ ва духтарони амак ва духтарони аммаҳо ва духтарони тағо ва духтарони холаҳои туро, ки бо ту муҳоҷират кардаанд бар ту ҳалол кардем ва низ зани муъмине, ки агар худро ба паёмбар бахшида бошад, ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад ӯро ба занӣ гирад. Ин ҳукм махсуси туст, на барои дигар муъминон. Мо медонем дар бораи занонашон ва канизонашон чӣ ҳукме кардаем, то барои ту мушкиле пеш наёяд. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!
(Сураи Аҳзоб, ояти 50)
Ҷой ва замони вилодати ӯ.
Озору алами мушрикҳо дар Макка болои мусалмонон шиддат ёфт, ба андозае, ки иттифоқ намуданд, ки алоқаашонро бо мусалмонон ва касоне, ки ба дини эшон розианд ё бар онҳо атф мекунанд, қатъ карда, бо онҳо хариду фурӯш ва хешутаборӣ намекунанд. Чун иттифоқ нома навишта шуд ва ҳамаи ин дар амал иҷро гардид. Уммул-Фазл ҳамроҳи шавҳараш ба эътибори ҳошимӣ буданаш дар ин муҳосара дохил шуд ва дар ин ҳангом ӯ ҳомиладор буд ва тамоми сахтиҳои муҳосара ва ҳомиладориро таҳаммул намуд, ки нишонае аз имони содиқи ӯ ба фармудаҳои Муҳаммад (с) буд.
Суҳбати ӯ бо уммулмуъминин Хадиҷа (р) омили тақвиятдиҳандае барои ӯ буд, ки тавоноии ӯро барои таҳаммули машаққатҳо меафзуд. Инчунин уммулмуъминин Хадиҷа (р) аз нигоҳи иқтисодӣ ӯро кӯмак мекард. Чун нишонаҳои бордории уммул-Фазл равшан гардид шавҳараш Паёмбар (с)-ро аз ин ҳолат огоҳ намуд.
Паёмбар (с) фармуданд, ки шояд Худованд писаре барои мо насиб гардонад.
Ҳангоме ки уммул-Фазл ба моҳи охири ҳомиладориаш расид ва вақти вилодати ҳамл наздик шуд, Паёмбар (с) назди ӯ омада, ба вай салом дод ва гуфт:
-Эй Уммул-фазл!
Ӯ гуфт: Лаббай эй Расули Худо (с).
Паёмбар (с) : Ту писаре дар раҳми худ дорӣ.
Ӯ гуфт: Чӣ тавр эй Расули Худо (с) ?
Қурайш аҳд бастааст, ки занон ҳаргиз намезоянд?!
Паёмбар (с) ба ӯ гуфт: Он чизест, ки ман гуфтам! Чун вазъи ҳамл намудед ӯро назди ман биёред.
Дар соли 619 мелодӣ чун соати вилодат фаро расид ва тифл ба дунё омад ӯро дар порчае гирифта, назди Расули Худо (с) бурд ва Паёмбар (с) ӯро Абдуллоҳ ном ниҳод ва луоби даҳонашро табаруккан ба даҳони ӯ гузошта гуфт: Ӯро бо худ бубар, ҳар оина оқилу зирак хоҳад буд. Уммул-Фазл ба тарбияи тифли худ машғул буд ва дар айни замон аз аҳволи мусалмонон ва сарнавишти Паёмбар (с) баъд аз вафоти уммулмуъминин Хадиҷа (р) ва амакаш Абутолиб бохабар шуда меистод.
Уммул-Фазл шавҳари худ Аббосро ҳамеша ташвиқ мекард, то дар паҳлуи Паёмбар (с) бошад ва аз ӯ дифоъ намояд, аммо Аббос аз молҳои тақсимнамудаи худ миёни ашрофи Макка ва зоеъ шудани он тарсида, исломаш ва муҳаббаташро нисбат ба Паёмбар (с) махфӣ нигоҳ медошт.
Ҳиҷрати Абдуллоҳ ибни Аббос.
Абдуллоҳ ибни Аббос дар хурдсолӣ аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуд. Ин ҳангоме сурат гирифт, ки уммул-Фазл аз шавҳараш барои ба Мадина ҳиҷрат намуданаш иҷозат пурсид. Аббос ба Паёмбар (с) нома навишта, барои ҳиҷрат намудан иҷозат пурсид. Паёмбар (с) дар ҷавоб навишт: Эй амак, ҳиҷрати шумо охирин ҳиҷрат хоҳад буд, мисле ки паёмбарии ман охирин паёмбарӣ дар рӯй замин буд.
Аббос таёрии худро дида, молу дороиашро ҷамъ овард. Ҳамсар ва фарзандони ӯ аз ҷумла Абдуллоҳ, ки шавқи дидори Паёмбар (с)-ро дошт омодагии худро барои ин сафар диданд. Аббос ҳамроҳи аҳли хонаводаи худ аз Макка хориҷ шуданд ва чун дар роҳ ба сӯи Мадина ба минтақаи «Ҷуҳфа» расиданд бо Расулуллоҳ (с) ва лашкари бузурги ӯ рӯ ба рӯ шуданд. Паёмбар (с) мақсади фатҳи Маккаро дошт. Ин буд, ки Аббос бо Паёмбар (с) ҳамроҳ шуд ва умул-Фазл бо фарзандонаш сафари худро идома доданд ва ба Мадина расида, он ҷо иқомат варзиданд ва то вафоти худ он ҷо сукунат дошт
.
Абдуллоҳ Ибни Аббос дар хонадони нубувват.
Абдуллоҳ ибни Аббос ҳамроҳи модараш ба Мадина ҳиҷрат намуд дар ҳоле ки хурдсол буд. Ӯ аз ин ҳиҷрат хеле хушҳол буд, зеро медонист комёбӣ дар наздик будан ба макони нузули ваҳй аст. Ибни Аббос ҳамеша бо Паёмбар (с) буд ва ҳар ҷо, ки мерафт ва ҳар қадаме, ки мегузошт ӯро (с) ҳамроҳӣ мекард, то аз илму маърифати ӯ (с) огоҳ шавад. Ибни Аббос бо ҳамроҳӣ намудани Паёмбар (с) дар масҷид ва ҳангоми сухан бо саҳобагонаш иктифо накарда, ҳатто дар хонааш мулозими ӯ (с) буд. Ӯ бештари вақтҳои худро ҳамроҳи холааш мегузаронид.
Як бегоҳ Паёмбар (с) ба хонааш дохил шуда, дид ки хоб ба Абдуллоҳ, ки назди холааш буд ғалаба кардааст.
Ҳазрат пурсиданд: Писарбача намозашро гузоридааст?
Маймуна гуфт: Бале, эй Расули Худо (с).
Абдуллоҳ мегӯяд: Гуфтугӯи холаам бо Паёмбар (с)-ро мешунидам. Баъд аз он Расулуллоҳ (с) ба истироҳат пардохтанд ва баъд аз гузаштани посе аз шаб бархоста, таҳорат намуданд ва ман низ бо оби боқимондаи он Ҳазрат (с) таҳорат карда, дар паҳлӯи чапи ӯ (с) истодам. Он Ҳазрат (с) аз гӯшам дошта, маро ба тарафи рости худ давр доданд ва баъд аз он панҷ ё ҳафт ракъатро бо як салом гузориданд. Ҳамроҳӣ намудани Ибни Аббос бо Паёмбар (с) барои тасаллӣ додан ё зоеъ сохтани вақт набуд, балки барои таълим ва хабар додан аз афъолу кирдори он Ҳазрат (с) буд. Абдуллоҳ ибни Аббос ҳолатҳое аз рафтори Паёмбар (с) моро хабар дод, ки касе аз он ҳолатҳо моро хабар карда наметавонад, ҷуз ин ки дар маконат ё ҷойгоҳи Абдуллоҳ ибни Аббос бошад ва моро аз афъол ва кирдори Расулуллоҳ (с) хабар кунад.
Ибни Аббос ҳикоя мекунад, ки шабе дар хонаи холаам Маймуна будам. Чун ҳиссаи бузурге аз шаб рафт Паёмбар (с) бархоста таҳорати сабуке карда, ба намоз шуруъ намуд. Абдуллоҳ Ибни Аббос мегӯяд: Ман низ таҳорат карда, бо ӯ (с) ба намоз шуруъ кардам.
Абдуллоҳ Ибни Аббос боз ҳикоят мекунад, ки назди Паёмбар (с) будам, Расулуллоҳ (с) аз ҷой бархоста, дар ҳавзи обе таҳорат карда, об нӯшиданд. Ибни Аббос гуфт: Савганд ба Худо он амалеро, ки Расули Худо (с) анҷом дод ман низ анҷом медиҳам. Пас Абдуллоҳ иби Аббос давом дода, мегӯяд: Аз ҷой бархоста, вузу карда, об нӯшидам, баъд аз он дар паси Паёмбар (с) ба саф истодам. Расули Худо (с) ба ман ишора намуд, то баробари ӯ (с) истам, ман ибо варзидам. Чун аз намоз фориғ шуданд Ҳазрат (с) фармуданд: Чи чиз шуморо аз истодан дар баробари ман манъ кард?
Абдуллоҳ ибни Аббос гуфт: Эй Расули Худо (с) Шумо дар чашми ман ба андозае бузург ҳастед, ки ман тавоноии истодан дар баробари Шуморо надорам.
Пас Расули Худо (с) фамуданд: «Эй бори Худоё ба Абдуллоҳ ҳикматро арзонӣ дор».
Дуои Паёмбар (с) ба Абдуллоҳ ибни Аббос.
Дар воқеъ Паёмбар (с) ба Абдуллоҳ ибни Аббос аз даврони ҷанин буданаш дар батни модар то ҷавони нерӯманд шудан аҳамияти зиёд медод. Барои тайиди ин аҳамият мо метавонем лаҳзаеро аз зиндагии он Ҳазрат (с) бо Абдуллоҳ ёдовар шавем, ки ӯ (с) сари Абудллоҳро сила мекард ва мегуфт:
«Эй бори Худоё, дар дин олим бигардону таъвилро ба эшон биёмӯз».
Инчунин барои Абдуллоҳ дуо мекард ва мегуфт: “Эй бори Худоё, ба Абдуллоҳ ҳикмат ва тафсири Қуръонро таълим бидеҳ.”
Расули Акрам (с) мефармуд: «Эй бори Худоё, ба Абдуллоҳ баракат бидеҳ ва ӯро аз ҷумлаи бандагони солеҳат бигардон.»
Расули Худо (с) ба дуо кардан ба Ибни Аббос иктифо накарда, ӯро таълиму тарбия медод ва аҳамияти фаровоне барои ӯ қоил буд. Гӯё ӯ (с) бо нури нубувват аз маконату манзалате, ки Ибни Аббос дар оянда соҳиб мешуд, огоҳ гардида буд.
Ин аст, ки мебинем Паёмбар (с) асосҳои дини ислом ва қоидаҳои имонро ба Абдуллоҳ таълим медиҳад.
Паёмбар (с) ба Абдуллоҳ мегӯяд: Эй писарбача, оё розиед ба шумо калимаҳоеро омӯзонам, ки Худованд тавассути онҳо ба шумо манфиат биёрад?
Ибни Аббос дар посух бо шавқу рағбат гуфт: Бале, Эй Паёмбари Худо (с)!
Паёмбар (с) фармуд: « Худовандро ҳифз намо Ӯ (ҷ) шуморо ҳифз мекунад ва Ӯро ҳамеша бо худ хоҳед ёфт, Худовандро дар фаррохӣ ёд бикун Ӯ (ҷ) шуморо дар тангӣ ёд мекунад, агар суол кардед аз Худо суол кунед, агар кӯмак талабидед, пас аз Худо кӯмак талабед ва огоҳ бош, ки агар уммат бар он шаванд, ки ба шумо фоида расонанд, фоидае расонида наметавонанд, ҷуз ончиро ки Худованд дар тақдири шумо навиштааст. Ва агар ҳамаи уммат бар он шаванд, ки зараре ба шумо расонанд, расонида наметавонанд, магар он зарареро, ки Худо дар тақдири шумо навиштааст, қаламҳо бардоштанд ва саҳифаҳо хушк гардонидаанд.» (ҳадиси саҳеҳ)
Паёмбар (с) Абдуллоҳ ибни Аббосро зери риоя ва аҳамияти худ гарифта буд. Ҳангоме ки Абдуллоҳ суол мекард Паёмбар (с) хушҳол мешуд, зеро суоли ӯ далолат бар умқи фаҳму заковати эшон мекард. Паёмбар (с) гоҳо Абдуллоҳро ба оғӯш гарифта, бо ӯ унс мегирифт.
Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) Ҷабраил (а)-ро дидааст.
Аллоҳ (ҷ) ба Абдуллоҳ ибни Аббос аз овони хурдсолӣ кароматҳоеро ато намуд. Аз ҷумлаи он каромат дидори эшон бо Ҷабраил (а) аст. Ибни Аббос худ хабар дода, ки Ҷабраил (а) –ро ду бор дидааст. Дидори худро бо Ҷабраил (а) чунин ҳикоят мекунад: Ҳамроҳи падарам назди Паёмбар (с) будем ва Паёмбар (с) гӯё, ки аз падарам рӯй гардонидааст. Чун аз назди Эшон (с) берун шуданд, Аббос аз писараш пурсид: Оё диди, ки писар-амакат мисли ин ки аз мо рӯй гардонидааст?
Абдуллоҳ гуфт: Дар ҳақиқат марде назди ӯ (с) буд, ки бо ӯ (с) суҳбат мекард.
Аббос гуфт: Оё касе назди ӯ (с) буд?
Абдуллоҳ гуфт: Бале.
Пас Аббос баргашта, назди Расули Худо (с) рафта пурсид: Оё касе андаке пеш назди Шумо буд? Зеро Абдуллоҳ мегӯяд марде бо шумо суҳбат мекард.
Паёмбар пурсид: Эй Абуллоҳ, шумо он мардро дидед?
Абдуллоҳ гуфт: Бале.
Паёмбар (с) фармуд ӯ Ҷабраил (а) аст. Аммо маротибаи дуввум ҳангоме рух дод, ки Аббос писари худро назди Паёмбар (с) барои ҳоҷате фиристод ва Абдуллоҳ чун назди Расули Худо (с) расид мардеро, ки бисёр соҳибмаконат менамуд дида, хомӯш баргашт ва падарашро аз ин амал огоҳ сохт.
Чун Аббос бо Паёмбар (с) вохӯрд ӯро (с) аз ҳодиса огоҳ сохт. Паёмбар (с) фармуд: Эй амак оё медонӣ, ки он мард кист?
Аббос гуфт: -На
Паёмбар фармуд: Ӯ Ҷабраил (а) буд, ҳаргиз писари шумо намирад, ҳатто ки оби чашмаш хушк шавад ва биноии чашмаш раваду ҳикмат ба ӯ ато шавад.
Гуфтаҳои Паёмбар (с) таҳаққуқ пазируфтанд ва Абдуллоҳ дар ҳаёти худ ҳокиму донишманд гардиду рушноии чашмаш рафт, яъне дар охири умр нобино гашт.
Ҳушёриву заковат аз овони хурдсолӣ.
Нубуғи ақлӣ дар Абдуллоҳ Ибни Аббос аз овони хурдсолӣ пайдо шуда буд ва ӯ сазовори он буд. Абдуллоҳ ибни Аббосро шарафи
суҳбати Набийи Акрам (с) ва истифода аз илму ҳикмати ӯ (с) насиб гардида буд. Чи тавр ӯ нобиға набошад дар ҳоле, ки Паёмбар (с) барои ӯ дуо кардааст, то фиқҳи динро Худо ба ӯ насиб гардонад ва аввалин чизе, ки ба меъдаи ӯ рафт луоби даҳони Паёмбар (с) буд.
Аз ҳангоме, ки Ибни Аббос ҷавони ба воя расида шуд таҷаллиёти илмӣ дар ӯ нозил гардид.
Умар ибни Хаттоб (р) инро дар Абдуллоҳ ибни Аббос мушоҳида намуда буд. Биноан ӯро дар маҷлиси бузургони саҳоба ва маҷлисҳои худ ҳамроҳ мекард. Ин буд, ки саҳоба аз ин рафтори Умар (р) тааҷҷуб мекарданд.
Рӯзе Умар (р) Ибни Аббосро ба маҷлиси бузургони саҳоба ҳамроҳ намуд ва эшон эътироз намуда гуфтанд: Чаро ин писарбачаи хурдсолро ба маҷлиси мо меоред, мо низ чунин писарбачаҳо дорем?
Умар (р) фармуд: Дар воқеъ ӯро мешиносед, яъне аз рӯи илму фазлу шараф ва фуқаҳову уламо саҳобаро ҷамъ намуда, Ибни Аббосро низ он ҷо бурд.
Ибни Аббос мегӯяд: Он рӯз фаҳмидам, ки маро ба хотири нишон додани қудратам ба фаҳму таъвил ба эшон даъват намудаст. Умар (р) гуфт: Аз ин фармудаи Илоҳӣ чӣ мефаҳмед?
Худованд мефармояд: Чун ёрии Худову пирӯзӣ ояд ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ- гурӯҳ ба дини Худо медароянд, пас ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ, ки албатта, Ӯ тавбапазир аст!
(Сураи Наср, оёти 1-3)
Баъзе аз онҳо гуфтанд: Амр шудаем, ки ҳангоми нусрату фатҳ бароямон Худовандро ситоиш карда аз Ӯ (ҷ) талаби омурзиш кунем.
Баъзе дигар хомӯш истоданд. Умар (р) гуфт : Эй Ибни Аббос, шумо низ чунин мегӯед?
Ибни Аббос гуфт: Ман чунин намегӯям.
Умар (р) гуфт: Чӣ мегӯед шумо?
Ибни Аббос гуфт: Он маънои наздик шудани аҷали Паёмбар (с)-ро дорад ва эшонро аз он огоҳ сохта буд.
Умар (р) гуфт: Савганд ба Худо аз ин оятҳо ҷуз тафсири шумо дигар чизе надониста будам.
Падараш Аббос, Абдуллоҳро аз сухан гуфтан назди бузургон манъ мекард, аммо Умар (р) аз дасти ӯ гирифта, ба маҷлиси эшон мебурд.
Рӯзе Умар (р) бо ҷамоъате аз саҳобагон нишаста буд ва миёни эшон сухан аз шаби қадр рафт. Марде аз миёни онҳо дар ин маврид сухан гуфтан гирифт. Ибни Аббос бошад хомӯшона гӯш мекард. Умар (р) гуфт: Эй Ибни Аббос, барои чӣ шумо хомӯш истодаед, гап занед хурдсолиатон шуморо аз сухан гуфтан манъ накунад.
Ибн Аббос гуфт: Эй Амиралмуъмин, Худованд фард, яъне тоқ аст ва фардро дӯст медорад. Пас рӯзҳои дунёро ба ҳафт рӯз гардонидааст, ризқи моро ба ҳафт рӯз офаридааст, болои мо ҳафт осмон ва зери моҳафт замин офаридааст, аз никоҳи хешовандон дар Қуръон ҳафтояшро манъ намудааст, Расули Худо (с) гирди Каъба ва миёни Сафову Марва ҳафт маротиба тавоф кардааст, санг задани шайтон ҳафт маротиб аст, пас шаби қадрро дар ҳафт рӯзи охир мебинам. Умар (р) аз суханони ӯ тааҷҷуб карда, гуфт: касе дар ин масъала бо ман мувофиқат накард, ҷуз ин писарбача.
Идома дорад