Занҳо чигӯна намоз гузоранд?
Хоҳаре аз ман савол намудааст,ки ман дар русия мебошам ва тоза аз намоз огоҳ гаштам.Ман дар хонаводаи намозхон ва аз ислом бохабар тарбият наёфтаам.Ман дар донишгоҳи МГУ факултаи иқтисод дар курси 2 юм таҳсил менамоям.Ончи бояд дар намоз бихонам ҳифз кардам вале тарзи гузоштанашро бароям фаҳмонед.Зеро духтарони қафқозиро мебинам тарзи намозгузориашон фарқ мекунад. Хоҳиш мекунам муфассал бароям шарҳ диҳед?
Нахуст бароятон шуръ ба намозро табрик менамоям ва умеди онро дорам зани солеҳа ва намунаи хубе дар таҳсил ва донишгоҳ бошед.Таҳсил кунед ва иқтисоди ватанро ба ваҷҳи накӯ боло бардоред.Адои намоз чунонеки бар мардон фарз аст барои занҳоҳам фарз аст ва намоз ҳаргиз мояи қафо мондаги ва рукуд нест. Балке намоз беҳтарин амалест,ки инсонро ба қуллаҳои ҳаёти пурсамар ва хушбахтии ду дунё шарафёб менамояд.Хуб хоҳари гиромӣ вақте ончи бояд дар дохили намоз бихонед ҳифз намуда бошед ман дар 25 банд тарзи гузоштани намозро барои шумо ва ҳама занҳоеки тоза ба намоз хондан шурӯъ намудаанд баён менамоям.
Адои намози зан монанди намози мард аст, магар дар чанд маврид, ки чигунагии адои намози зан аз адои намози мард фарқ мекунад ва тафсили он ба қарори зер аст:
1.Дар ҳангоми такбири таҳрима (Аллоҳу акбари аввали намоз) мардҳо дастҳои худро то баробари гўшҳо баланд мекунанд ва занҳо баробари шонаҳои худ;
2. Дар рукўъ мардҳо дастҳои худро аз паҳлўҳои худ дур нигоҳ медоранд, вале занҳо бояд дастҳои худро ба паҳлўҳои худ бичаспонанд;
3. Дар саҷда мардҳо дастҳои худро аз паҳлўҳо ва ронҳои худро аз шикам дур нигаҳ медоранд. Вале занҳо бояд дастҳои худро ба паҳлўҳо ва ронҳои худро ба шиками худ бичаспонанд;
4. Дар вакти нишастан, мардҳо қадами пои рости худро рост нигоҳ дошта ва рўйи кафи қадами пои чапи худ менишинанд, вале занҳо бояд ҳарду пои худро аз тарафи рости нишемангоҳи худ хориҷ сохта ва рўйи сурини чапи худ биншинанд;
5. Аврати мард аз зери зону то ба ноф аст, вале аз зан тамоми баданаш, ба ҷуз рўй ва дасташ аврат мебошад ва Имом Абуҳанифа раҳимаҳуллоҳ мегўяд: «Қадами зан низ аврат нест» ва фатво дар мазҳаби ҳанафӣ ва қавли Имом Абуҳанифа (р) аст. Бинобар ин, зан бояд ҳангоми намоз хондан, тамоми бадани худро бипўшонад ва чизе, ки пўшидани он аз бадани зан дар вақти намоз хондан лозим нест, рўй, дастҳо (то банди даст) ва пойҳо (то буҷулак) мебошад;
6. Бараҳна шудани чаҳоряки узве аз аъзои бадани зан, монеъи намозаш мегардад. Ҳамчунин агар аз чандин узв ба андозаи як чаҳоруми (чаҳоряк) як узв бараҳна гардад;
Масалан, агар қадре аз соқи пой, қадре аз бозу ва қадре аз мўи зан бараҳна гардад ва тавре ки агар ҳамаи аъзои бараҳнашуда ба ҳам ҷамъ гардад, ба андозаи чаҳоряки даст (аз банди даст то оринҷ) ва чаҳоряки соқи пояш шавад, намозаш дуруст намегардад;
7. Либоси зан дар ҳангоми намоз хондан, набояд он чунон нозук бошад, ки ҷисмаш аз зери он намоён гардад. Агар чунин нозук бошад, намозаш дуруст намегардад.
8. Зан дар вақти намоз хондан, набояд рўйбанд ба рўи худ бибандад;
9. Агар тифли зан нооромӣ кард, ҷоиз аст, ки модар ва ё хоҳараш ва ё ҳар зани дигаре онро ҳангоми намоз хондан бо худ бардорад, вале дар вақти рукўъ ва саҷда, бояд ўро ба замин бигузорад;
10. Либоси зан дар вақти рафтан ба масҷид бояд либоси оддӣ бошад ва ҷалби таваҷҷўҳ нанамояд. Чунончи, набояд худро атр зада ва ё ороиш намояд. Вале агар зане дар ҳолати муъаттар будан ва ё ороиш дар масҷид намоз бихонад, гарчи ин амал макрўҳ аст, вале намозаш дуруст мегардад;
11. Агар зан дар хона дар ҳоли ороишӣ ва хушбўй будан, намоз бихонад, боке надошта ва намозаш бекароҳат ҷоиз аст;
12. Занҳо танҳо бо ҳам ҷамоъат карда, намоз бихонанд, макрўҳ аст, вале чунин коре агар карданд, имоми онҳо бояд дар байни саф биистад ва фақат қадамаш ё аз занҳои дигар пештар бошад (бояд гуфт, ки намоз хондани занҳо ба ҷамоъат, дар мазҳабҳои дигар кароҳат надорад);
13. Намоз хондани зан дар хона аз намоз хонданаш бо мардҳо дар масҷид беҳтар аст. Бо ин ҳам намоз хонданаш дар масҷид бо мардҳо раво аст;
14. Зан ҳангоми рафтан ба масҷид бояд аз шавҳараш иҷоза бигирад ва агар шавҳараш барояш гуфта буд, ки: «ҳар вақт хостӣ метавонӣ ба масҷид биравӣ», иҷоза гирифтани дигаре ба мақсади рафтан ба масҷид, зарурат надорад ва ҳар вақт ки хоста бошад, метавонад ба масҷид рафта ва намоз бихонад;
15. Агар зан аз шавҳараш ба ҷиҳати рафтан ба масҷид, иҷоза мехоҳад, набояд шавҳараш аз рафтан ба масҷид манъаш
намояд, магар он ки сабаби ваҷҳи шаръӣ вуҷуд дошта бошад;
16. Бояд нияти зан рафтан ба масҷид, адои ибодат ва наздикӣ ҷўстан ба Худованд ҷалла ҷалолуҳу бошад. Агар қасдаш шўҳрат ва ё гап задан ба занҳои дигар ва ё вақтгузаронӣ бошад, аз масҷид рафтан барояш савобе нест ва нарафтанаш ба масҷид хеле беҳтар аст;
17. Сафи занҳо бояд баъд аз сафи мардҳо қарор дошта бошад;
18. Агар зан ва мард паҳлўи ҳам дар як саф қарор гирифтанд, намози мард фосид мегардад, вале назар ба анбўҳи зиёде, ки дар Макка ва Мадина дар айёми Ҳаҷ ва моҳи Pамазон вуҷуд дорад, аз рўи зарурат ва ғайриқасдӣ агар зан ва мард дар як саф паҳлўҳи ҳам қарор гирифтанд, барояш боке нахоҳад дошт ва бо ин ҳам бикўшанд, ки ҷисмашон бо ҳам дигар нарасад;
19. Агар мард ба зан иқтидо намуд, намози мард фосид мегардад;
20. Намози ҷумъа бар зан фарз нест, балки фарзаш ҳамон намози пешин аст. Ба ин ҳам, агар намози ҷумъаро бо мардҳо адо намуд, намози пешин аз вай соқит мегардад;
21. Агарчи намози ид бар зан воҷиб нест, агар монеае вуҷуд надошта бошад, беҳтар аст волиҳои зан (яъне шавҳар, падар бародар ва амсоли инҳо) занҳоро бо худ ба намози ид бибаранд зеро паёмбари Худо (с) тавсия мекарданд, ки занҳо ба намози ид бираванд;
22. Ҳангоми рафтан ба идҳо, занҳо ҳам бояд оҳиста такбир бигўянд: «Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа ил-лаллоҳу, Аллоҳу акбар, Алоҳу акбар, ва лиллоҳил ҳамд»; Дар ривоятҳои дигар се маротибаҳам дар оғоз Аллоҳу акбарҳам омадааст,ҳардуҳам дуруст аст.
23. Намоз хондан дар дохили гармоба ва дар ҷои бастани ҳайвонот ё оғил макрўҳ аст ва ҳатто дар назди баъзе уламо ҳаром аст;
24. Зани ҳомила метавонад дар ҳолати рукўъ ва суҷуд ва қуъуд ва ҳар шакле, ки барояш муяссар бошад ва зараре бар худ ва бачаи дар батн доштааш нарасад, адо намояд;
25. Дар ҳолати сафар, агар шавҳари зан дар ҷое нияти иқомат намуд, зан ба пайравии аз шавҳараш муқим гуфта мешавад ва ба нияти ҷудогонае зарурат надорад.
Умед аст фаҳмида бошед !