Дуъо дар дохили намоз дар ҳоли саҷда ва пас аз ташаҳҳуд ҷойз аст?

Ислоҳ нет

Дуъо дар дохили намоз дар ҳоли саҷда ва пас аз ташаҳҳуд ҷойз аст?

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон.Пас аз ҳамду сано бар Аллоҳ ва салавот бар равони поки Муҳаммад, бар хонадон ва асҳоби поки Ӯ.Меравем бидуни муқаддимаи тӯлонӣ суроғи матлабе,ки рӯяш мехоҳам нависам.

Уламо ихтилоф надоранд дар инки намоз маҳалли дуъо аст.Намоз ин ибодатест аз тарафи банда назди маъбудаш Аллоҳ.Ихтилоф миёни уламо дар ду масъала мебошад.

1.) Оё ҷойз аст дуъо кунад намозгузор дар дохили намоз дуъоҳоеки онҳо аз Қуръон нестанд?
2.) Ҳукми дуъоҳои Қуръонӣ дар саҷда?

Дар саволи аввал мазҳаби Имом Абуҳанифа (раҳ) бар ин ақидаанд,ки он дуъоҳоеки аз Қуръон ҳастанд ҷойз аст бо онҳо дуъо кардан дар намоз.Аммо ба ғайр аз дуъоҳои Қуръонӣ дуруст нест.

قال السرخسي رحمه الله تعالى: وحاصل المذهب عندنا أنه إذا دعا في صلاته بما في القرآن أو بما يشبه ما في القرآن لم تفسد صلاته، وإن دعا بما يشبه كلام الناس نحو قولهم: اللهم ألبسني ثوبا، اللهم زوجني فلانة تفسد صلاته.[ المبسوط: 1/198].

Имом Шамсул Аймма Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Абусаҳлӣ Сарахсӣ (раҳ) мегӯяд: Ҳосил ё хулосаи мазҳаби мо ҳанафиҳо чунин аст,ки агар шахсе дуъо кунад, дар дохили намоз ончи дар Қуръон омадааст ва ё монанди он намозаш фосид намегардад.Вале агар дуъо кунад дар намоз бо суханони мардумӣ масалан бигӯяд: Эй Аллоҳ маро либос ё куртае бипушон.Эй Аллоҳ фалониро ба никоҳи ман даровар намозаш фосид мегардад.(Китоби Мабсути Сарахсӣ ҷ1\саҳ198)

Шояд касе инҷо хоҳад фаҳмад далели Ҳанафиҳо чӣ аст?
Далели мазҳаби Ҳанафӣ дар ин масала ин ҳадиси саҳеҳеки онро Имом Муслим ривоят намуда аст мебошад.

:«إِنَّ هَذِهِ الصَّلَاةَ لَا يَصْلُحُ فِيهَا شَيْءٌ مِنْ كَلَامِ النَّاسِ، إِنَّمَا هُوَ التَّسْبِيحُ وَالتَّكْبِيرُ وَقِرَاءَةُ الْقُرْآنِ»[رواه مسلم: 537].
Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд: “Ба дурӯстики ин намоз созгор ё муносиб нест,то дар он чизе аз суханони мардумӣ бошад.Балке ин (намоз) тасбеҳ ва такбир ва қироъати Қуръон аст”(Ривояти Имом Муслим зери рақами 537)

Акнун меравем суроғи мазоҳиби дигари Аҳли Суннат ва ҷамоъат дар ин масала чӣ назар доранд.
Дар ҷустуҷӯе,ки дар ин замина доштам ҷумҳури уламо дуъоро дохили намоз ҷойз медонанд.

Далелашон ин ҳадиси муттафақун алайҳи мебошад:
«فَإِذَا قَعَدَ أَحَدُكُمْ فِي الصَّلَاةِ فَلْيَقُلْ: التَّحِيَّاتُ لِلَّهِ وَالصَّلَوَاتُ وَالطَّيِّبَاتُ السَّلَامُ عَلَيْكَ أَيُّهَا النَّبِيُّ وَرَحْمَةُ اللهِ وَبَرَكَاتُهُ، السَّلَامُ عَلَيْنَا وَعَلَى عِبَادِ اللهِ الصَّالِحِينَ، فَإِذَا قَالَهَا أَصَابَتْ كُلَّ عَبْدٍ لِلَّهِ صَالِحٍ فِي السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ، أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ، وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ، ثُمَّ يَتَخَيَّرُ مِنَ الْمَسْأَلَةِ مَا شَاءَ» وفي رواية «ثُمَّ يَتَخَيَّرُ مِنَ الدُّعَاءِ أَعْجَبَهُ إِلَيْهِ فَيَدْعُو»[رواه: البخاري: 835 ومسلم: 402].

Аз Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) ривоят аст,ки он ҳазрат фармуданд: “Ҳангомеки нишастед яке аз шумо дар намоз пас Аттаҳиёту лиллоҳи вассалавоту …..то охир мехонад.Сипас ихтиёр менамояд он масалаеро,ки мехоҳад(манзур талаб ҳоҷат) инчунин дар ривояти дигар омадааст.Пас аз онки ба охир расонид Ташаҳҳудро,ихтиёр менамояд ҳар дуъоеро,ки писандаш аст ва бо он дуъо мекунад”( Ривояти Имом Бухорӣ №835 Имом Муслим №402)

Ҷумҳури мазоҳиб ин ҳадисро далел ва ҳуҷҷати худ медонанд ва мегӯянд ин ҳуҷҷати ошкор ва сареҳ аст.Намозгузор метавонад пас аз ташаҳҳуд(Аттаҳиёт) ҳар дуъоеро ихтиёр кунад ва бихонад ва талаби ҳоҷҷаташро дар намоз аз Аллоҳ намояд.Инчунин шарт гузоштаанд,ки таъадди андоза гузарӣ накунад.Изофа намудаанд,ки андоза гузари намудан натанҳо барои онки дар дохили намоз аст.Ҳатто дар хориҷ намозҳам ҷойз нест андоза гузари намудан
.
Агар аҳамият дода бошед мо дар намозҳоямон Аллоҳуммағфирли мехонем ин дуъо аст. Яъне метавонед пас аз ин ё дар ҷой ин дуъо дигар дуъоҳоро хонед.Ончӣ хайри дунё ва охирататонро мехоҳед аз Аллоҳ талаб намоед.

-Имом Алмовардӣ(раҳ) мегуяд: Ҳангомеки собит гашт инки дуъо маснун(аз суннат аст) ҳар дуъо ҷойз аст ҳангомеки, дар ғайри намоз гуфта мешавад.Он дуъоро ҷойз аст дар дохили намозҳам гуфта шавад.Аммо ончи қиёс кардаанд,ки сухани одамиён набошад,дуъо аз каломи одамиён намешавад.Балке онро шикастаҳолӣ,рағбат,тамоюл ва он ба зикр монандтар аст( китоби Алҳовӣ Кабир ҷ1 саҳифаҳои 139,140)

-Ибни Қудома (раҳ) мегуяд: Ин суханро Ибни Мунзир аз Имом Аҳмад ҳикоят мекунад,ки гуфтааст: Ҳеҷ мушкиле нест,ки мард(шахс чӣ мард бошад ва ё зан) дуъо намояд ба ҳама ончӣ ҳоҷҷат дорад.Чӣ он ҳаҷҷат дунёӣ бошад ва ё ухравӣ дар дохили намоз.Иншо Аллоҳ ин дуруст аст ба ончӣ омадааст аз зоҳири аҳодис.(Алмуғнӣ ҷ 1 саҳифаи 393)

Барои тӯлонӣ нашудан ба ин ададад ривоятҳо иктифо мекунем.Фаҳмидем,ки дар дохили намоз пас аз ташаҳҳуд ва салавотҳо дуъо кардан иҷозат аст.Хулосаи ончӣ омадааст дар ин масала баён доштам.

2.)Ҳукми дуъоҳои Қуръонӣ дар саҷда?

Ончӣ дар ин масала омадааст хондани Қуръон дар саҷда ва рукуъ манъ аст.Назар ба ин ҳадиси саҳеҳеки онро меорам.

ابْنِ عَبَّاسٍ رضي الله عنهما، قَالَ:… قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:«…أَلَا وَإِنِّي نُهِيتُ أَنْ أَقْرَأَ الْقُرْآنَ رَاكِعًا أَوْ سَاجِدًا، فَأَمَّا الرُّكُوعُ فَعَظِّمُوا فِيهِ الرَّبَّ عَزَّ وَجَلَّ، وَأَمَّا السُّجُودُ فَاجْتَهِدُوا فِي الدُّعَاءِ، فَقَمِنٌ أَنْ يُسْتَجَابَ لَكُمْ» [رواه مسلم: 479].

Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) мегуяд: Расули акрам (салаллоҳу алайҳи васаллам ) фармуданд: “Огоҳ бошед ман боздошта шудаам (манъ шудаам) инки бихонам Қуръонро дар ҳоли рукуъам ё саҷдаам.Аммо дар рукуъ бузургбишуморед ё таъзим намоед дар он Аллоҳро.Аммо дар саҷда кӯшиш кунед дар дуъо намудан.Ҳатмист,ки дуъои шумо пазируфта ё иҷобат мегардад”(Ривояти Имом Муслим № 479 дар ҷойи дигар №480)

Хуб фаҳмида шуд дар ҳоли рукуъ ва саҷда набояд Қуръон хонда шавад.Фуқаҳо бар инанд,ки намозеки дар рукуъ ва саҷдааш Қуръон хонда шавад ботил мегардад.Намехоҳам ин ақволро инҷо зикр намоям зеро муаян аст мавзу ба таври куллӣ.

Аммо ончӣ баҳси хело тӯлонӣ миёни уламои қадим дар гузашта ва муъосир вуҷуд дорад, дар ҳолати саҷда хондани оятҳои Қуръониеки, онҳо дуъо мебошанд.Зеро аҳодиси зиёде вуҷуд дорад дар фазли саҷда ва зиёд намудани дуъо дар саҷда.
Масалан дар саҷда ин дуъоро бихонад.
:{رَبَّنَا لاَ تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِنْ لَدُنْكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنْتَ الْوَهَّابُ}
Ё дуъоҳои дигаре дар Қуръон омадааст ҷойз аст ин дуъоҳоро хондан ва ё не?

-Бархе уламои ҳиҷоз бар ин назаранд,ки ҷойз аст хондани оятҳои Қуръониеки дуъо мебошанд.Зеро беҳтарин дуъоҳо дуъоҳои Қуръонӣ ва дуъоҳои маснун мебошанд.

Фуқаҳо чӣ назар доранд?

-Дастаи аввал бар ин назаранд,ки назар ба он ҳадиси болоеки онро овардам.Дар саҷда иҷозат нест хондани Қуръон,агарчӣ дуъои Қуръониҳам бошад,чун Қуръон аст набояд назар ба он ҳадис дар саҷда гуфта шавад.Зеро матни ҳадис ошкор ва равшан аст дар ин маврид.

-Дастаи дуввум бар ин назаранд,ки саҷда маҳали дуъо аст ва агар дар саҷда дуъоҳоеки дар Қуръон омадааст хонед боке нест. Вале шевои хондани он на мисли Қуръон хондан бошад.Балке бо шевои дуъо ва талаб бошанд боке надорад.

-Дастаи севвум бар ин назаранд,ки дар намозҳои фарз он тасбиҳу дуъоҳоеки собит шудаанд онҳоро бояд хонд ва гуфт. Аммо дар намозҳои суннат ва нофила,қиёми лайл, таҳаҷҷуд, витр боке надорад дар саҷдаҳо он дуъоҳоеки ҳоҷҷати шахсӣ ҳастанд аз дуъоҳои Қуръонӣ истифода ва гуфта шаванд.

Хулоса:

Дуъо пас аз ташаҳҳуд(Аттаҳиёт) ҷойз аст ҳатто дуъоҳои Қуръонӣ ва маснун.Аммо дар саҷда дуъоҳоеки маснун ҳастанд ва ворид шудаанд ҷойз аст.Аммо ончӣ марбут ба дуъоҳои Қуръонӣ аст фишурдаи онро хондед..

Дар мақолаи баъди дуъоҳоеки дар суннат ё аҳодиси саҳеҳ омадаанд.Дар оғози намоз дар рукуъ ва суҷуд ва пас аз ташаҳҳуди охир онҳоро меорам.То намозҳое мегузорем комилан мисли намозҳоеки Расули акрам(салаллоҳу алайҳи васаллам ) гузоштаанд бошанд.

Маъзарат мехоҳам аз хонандагон,ки чанд рӯз аст саломатиам чандон хуб нест дар хидмати шумо қарор надорем.Табибон аз наздик шудан ба компютер ва телефони ҳамроҳ манъам намудаанд.Вале бозҳам наметавонам барои шумо чизе нанависам,бо дуъо бошед.

Share This Article