Равишҳои мубориза ва муқобилаи

Ислоҳ нет

Равишҳои мубориза ва муқобилаи мушрикон бо мусалмонон

Ҳангомеки сафаҳоти таърихро мехони, равиши кофирон бо мусалмонон дар бархурд ва мубориза як наво буд.Чунонеки ҳоло ҳукуматдорони худкома дар бархурд бо мусалмонон ин равишҳоеки анҷом медиҳанд.Ин равишро мушрикони макка бо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва асҳоби киром (раз) ҳам кардаанд.Боздоштани ҳамсар,фарзандони асҳоб(раз) аз расидан ба мадина,дуздидани асҳоб аз мадина ва баргардонидан(экстрадица)и онҳо ба макка,гирифтани молу мулк ва раҳоияшон,зиндон кардан ва шиканҷа намудан.Воқеъан пас аз хондани ин ҳолатҳо имони шахси мусалмон бояд бозҳам қавитар гардад.Ончӣ бо Паёмбари мо ва Асҳоби он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар оғози рисолат сурат гирифтааст.Ҳоло пайравони Абуҷаҳл,Утба,Абулаҳабҳо бо умматони он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чунон мекунанд.То охир хонед ва монандии ҳолати мусалмонони пешинро бо ҳоли имрӯза қиёс кунед ва худатон хулоса бароред.

 Аҳли Қурайш мекӯшиданд, то бо ҳар роҳ ва василае муъминонро аз ҳиҷрат намудан ба сӯи Мадина, боздоранд. Ва инак чанде аз он усулҳо:

 

1.Услуби ҷудо кардани мушрикони Қурайш миёни марду зан ва фарзандон.       

   Уммулмуъминин Умми Салама Ҳинд бинти Абӯумая дар бораи ҳиҷрати худ ва шавҳараш мегӯяд: «Чун шавҳарам Абӯсалама азми ҳиҷрат ба сӯи Мадина намуд, шутурашро ба назди ман овард ва ману писарам, Салама ибни Абӯсаламаро савор кард ва ба сӯи Мадина берун шуд. Мардоне аз Бани Муғира ибни Абдуллоҳ ибни Амр ибни Махзум, ки аз наздикони мананд, чун мородиданд, пеши роҳамонро гирифта, гуфтанд: «Оё, мо туро мегузорем, ки ҳамсаратро ба ҳар куҷо, ки хоҳӣ бо худ бибарӣ»? Банди шутурро аз дасташ гирифтанд ва шутурро хобонида, ману писарамро фароварданд. Бани Абдуласад, ки аз қавми Абӯсалама буданд, онҳо низ дар хашм шуда, гуфтанд: «Савганд ба Худо! шумо, ки ҳамсари Абӯсаламаро аз мо гирифтед, мо низ намегузорем, ки фарзандаш Салама бо модараш бошад». Бани Абдуласад  бо Бани Муғира ҷанҷолу хархаша намуда, ҳангоми кашмокаш дасти фарзандамро кашида, аз ҷояш беҷо карданд ва бо худ бурданд ва Бани Муғира маро назди худ ҳабс намуданд, аммо шавҳарам Абӯсалама ба Мадина рафт. Мушрикони Қурайш миёни ману фарзандам ва шавҳарам ҷудоӣ андохтанд. Наздик ба як сол ҳар субҳ ба назди ҷӯе рафта, то шом он ҷо нишаста гиря мекардам, то он ки боре яке аз фарзандони амакам, Бани Муғира аз он ҷо гузашт ва маро ба чунин ҳол дида, раҳмаш омад ва ба Бани Муғира гуфт: «Оё ин зани бечораро, ки аз фарзанду шавҳараш ҷудо намудаед, намегузоред биравад»?! Онҳо ба ман гуфтанд: «Агар мехоҳӣ, назди шавҳарат бирав». Бани Абдуласад низ дар ҳамин ҳол писарамро наздам баргардонида буданд. Фарзандамро бо худ гирифта, болои шутур нишастам. Ҳеҷ кас бо ман набуд. Ба сӯи Мадина, назди шавҳарам раҳсипор шудам. Чун ба Танъим расидам, Усмон ибни Талҳа ибни Абӯталҳа бародари Абдудорро дидам. Ба ман гуфт: «Эй духтари Абӯумая, куҷо меравӣ?». Гуфтам: «Назди шавҳарам, Мадина». Гуфт: «Оё касе бо ту ҳаст»? Гуфтам: «Савганд ба Худо, ғайр аз Худо ва ин фарзанди хурдсолам каси дигар нест». Гуфт: «Савганд ба Худо, туро намегузорам танҳо равӣ». Ӯ банди шутурамро гирифту бо мо ба сӯи Мадина раҳсипор шуд. Чун дар роҳ ба ҳар ҷо, ки манзил мекардем, ӯ шутурро мехобонид ва дуртар мерафт, то ману писарам аз шутур пиёда шавем ва сипас ӯ шутурро гирифта, дар ҷое аз мо дуртар, зери дарахт мебаст. Ҳамон ҷо то субҳ мехобид ва чун субҳ мешуд, шутурро назди мо меовард ва худ канор мерафт, то он ки мо болои шутур савор шуда, қарор мегирифтем. Сипас меомаду банди шутуро гирифта, озими роҳ мешуд. Ва бад-ин сурат моро то Мадина расонид ва чун қаряи Бани Амр ибни Авфро дар Қубо, ки шавҳарм он ҷо буд, аз дур мушоҳида намуд, гуфт: «Шавҳарат дар ин қаря аст ва бо баракати Худо он ҷо ворид шав». Сипас ӯ ба сӯи Макка боз гашт.

Ровӣ мегӯяд: Модари муъминин Умми Салама мегуфт: Савганд ба Худо! Ҳеҷ хонаводаеро надидам, ки бештар аз оли Абӯсалама осеб дида бошад ва ҳеҷ ҳамроҳеро мукаррамтар аз Усмон ибни Талҳа надидаам.» (1)

 Ин намунае аз услубҳои талхи Қурайш баҳри боздошти муҳоҷирон аз ҳиҷрат ба сӯи Мадина буд, ки мардро аз ҳамсару фарзанди ҷигарбандаш ҷудо менамуданд. Аммо, чун имон дар қалби муъмин ҷой бигирад, онро ҳеҷ чиз аз он ҷо берун карда наметавонад, ҳамон гуна, ки Абӯсалама бо мувоҷеҳ шудан ба фироқу ҷудоӣ аз ҳамсару ҷигарбанд ва хонумонаш аз ҳиҷрати ба сӯи Худо даст накашид. Ҳамин аст асари имон, ки чун дар қалби муъмине ҷойгир шуд, онро бо ҳеҷ васила берун карда намешавад. Хонаводаи Абӯсалама, ки аз ҳамсари асиру дар фироқи шавҳару ҷигарбандаш бемор, тифли бегуноҳи ранҷдидаи дур аз волидайну зиндаҷудо ва худи ӯ, ки бе сарпаноҳ ва дур аз аҳлу ёру диёр иборат буд, аз чунин муъминоне буданд, ки нури имон қалбҳои онҳоро мунаввар карда буд ва онҳо аз ҷумлаи аввалинҳое буданд, ки ҳиҷратро ихтиёр кардаву вориди ин сарзамин шуданд. Пас, куфрро куҷост тавоне, ки чунин имони росихро аз қалби муъмин берун карда, бандаи муъминро аз роҳи Худо боз дорад?!

Ва аммо, он замон, ки Усмон ибни Талҳа (р) имон напазируфта буд, Умми Салама (р)  шаҳодат ба карам дар ҳамроҳӣ ва ҳамсафарии ӯ медиҳад, ки чӣ гуна далолат бар покнафсӣ, садоқати ин мард ва ҳимоят аз нотавонон менамояд. Ӯ намегузорад, ки зани покдомане дар ин саҳрои пурваҳшат, бо онки дини дигареро пазируфтааст, ба танҳоӣ сафар кунад. Чунин ахлоқи намунаи нек, миёни муъминони асри ҳозир, шояд ҳам хеле кам дида шавад. Ҳама рӯз хабари ба шарафу номуси занон даст задан ва ғорати моли дигарон ба гӯш мерасад. Ин қисса ва монанди ин худ далел ва намунае аз фазоили накӯи Араб аст, ки ахлоқи неки эшон бештар аз рафторҳои паст ва фурӯмоягии онон аст. Аз ин рӯ Худои мутаол хотами Паёмбаронро баҳри иблоғи рисолат ва даъват аз миёни ин қавм баргузид. (2)

Инояти Худо бар бандагонаш, ин ҷо равшан аст, ки чӣ гуна қалби ғайримусалмонро мусаххар месозад, то тавоноӣ ва вақти пурқимати худро сарфи нигаҳдорӣ ва ҳамсафарӣ аз зани муъмин намояд. (3) Ҳамон гуна, ки далолат бар фитрати Усмон ибни Талҳа дорад, ки пас аз сулҳи Ҳудайбия ӯро водор сохт, то ба Худои якто имон оварад ва шояд равшанӣ дар дили ин родмард аз ҳамон вақт ворид шуда буд, ки Умми Салама (р) -ро ҳамроҳӣ кард. (4)

2. Услуби рабудани муҳоҷирон.

Қурайш бо боздошт намудани муҳоҷирон дар дохили Макка иктифо накарда, мекӯшид, то ба Мадина воридшудагонро низ бирабояд. Чунончӣ яке аз муҳоҷиронро рабуда, ба Макка боз гардониданд.

Умар ибни Хаттоб (р)  мегӯяд: «Чун иродаи ҳиҷрат ба сӯи Мадина намудем, ман бо Аёш ибни Абӯрабиъа ва Ҳишом ибни Ос ибни Воили Саҳмӣ ваъда намудам, ки дар назди Танозуб (номи мавқеъ дар водии Сариф, дар ҳудуди даҳ милии аз Макка) дидор намоем ва ҳар ки аз мо дар субҳ он ҷо ҳозир нагардад, боқӣ хоҳад монд ва дуи дигари мо хоҳанд рафт. Субҳ ман ва Аёш ибни Абӯрабиъа дар Танозуб ҳозир шудем ва Ҳишом ҳозир нагашта, фирефтаи Қурайш гардид. (5) Чун ба Мадина расидем, дар Бани Амр ибни Авф дар Қубо фуруд омадем ва Абӯҷаҳл ибни Ҳишом ва Ҳорис ибни Ҳишом назди Аёш ибни Абӯрабиъа, ки писарамакашон ва бародари модариашон буд, омада ба ӯ гуфтанд: «Модарат ба худ назр намуда, ки ба сараш шона нахоҳад зад ва аз зери офтоб ба соя нахоҳад рафт, то он ки туро набинад». Аёш, ки фирефтаи суханони онон гашта буд, дилгарм ба модар шуд. Ба ӯ гуфтам: «Эй Аёш! Савганд ба Худо, ин қавм мехоҳанд туро мавриди фитна қарор дода, аз динат берун созанд. Қасам ба Худо, агар сари модаратро шабуш фаро гирад, онро ҳатман шона хоҳад кард ва агар гармии офтоби Макка бар ӯ таъсир намояд, зери соя хоҳад рафт». Аёш гуфт: «Савганди модарамро қабул дорам ва дигар ин ки ман он ҷо моле дорам ва бояд онро бигирам». Гуфтам: «Ту медонӣ, ки дар Қурайш ман аз ҳама бештар мол дорам, қасам ба Худо нисфи моламро ба ту мебахшам. Ту фирефтаи онҳо машав ва бо онҳо марав». Чун суханамро напазируфту хост, ки бо онон биравад, гуфтам: «Чун ту хостаи худро кардани ҳастӣ, пас ин шутури маро, ки бисёр шутури мутеъ ва фармонбардор аст бигир. Ба он савор шаву бо худ бибар ва чун аз шариконат дар шубҳа омадӣ, бо ин шутур худатро наҷот деҳ». Аёш бо онон аз Мадина берун шуд. Дар миёни роҳ Абӯҷаҳл ба ӯ гуфтааст: «Эй бародар! Ман бар ин шутурам сангинӣ намуда истодаам, намешавад, ҳарду дар шутури ту савор шавем?» Аёш гуфтааст: «Чаро не». Чун ҳарду шутурро хобониданд, он ду тозон омада, ба ӯ дарафтоданд ва бо занҷир вайро баста, вориди Макка гардониданд. (6)

Умар ибни Хаттоб (р)  гуфт: «Бо худ мегуфтем, ки Худо аз онҳое, ки дар фитна афтодаанд, тавба ва ё бозгаштеро намепазирад, чун онҳо қавмеанд, ки Худоро шинохта, боз ба сӯи куфр бозгаштанд ва барои ҳамин ҳам ба онҳо бало расид!. Ва онҳо низ бар худ ҳаминро мегуфтанд ва чун Паёмбари Худо (с) ба Мадина омад, Худо дар бораи онҳо ва дар бораи гуфтаҳои мо, ин оятро нозил намуд:

Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед машавед, зеро Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад. ҳароина, Ӯст омурзандаву меҳрубон! Пеш аз он, ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба Парвардигоратон рӯй оваред ва ба Ӯ таслим шавед. Ва пеш аз он, ки баногоҳ ва бехабар азоб бар шумо фуруд ояд, аз беҳтарин чизе, ки аз ҷониби Парвардигоратон нозил шудааст, пайравӣ кунед,…». (Сураи Зумар, оёти 53-55)

Умар ибни Хаттоб (р)  мегӯяд: «Ин оятро бо дасти худ дар саҳфае навишта, ба Ҳишом ибни Ос фиристодам». Ҳишом мегӯяд: «Чун ин нома ба дасти ман расид, ман дар Зитаво (номи водие дар Макка) будам ва бар ин оят нигариста, мехондам, аммо мафҳуми онро натавонистам дарк намоям. Гуфтам: «Худоё, мафҳуми инро барои ман осон бигардон! Пас Худо дар дили ман чунин андохт, ки ман дарк намудам, ки ин оят дар бораи мо нозил шудааст. Пас ба назди шутури худ баргашта, болои он нишаста,  назди Паёмбари Худо (с), (7) ки дар Мадина буд, омадам». (8)

 Аз ин ҳодиса бармеояд, ки чӣ гуна Умар ибни Хаттоб (р)  барои худ ва ҳамроҳонаш Аёш ибни Абӯрабиъа ва Ҳишом ибни Ос ибни Воили Саҳмӣ нақшаи ҳиҷрат ба сӯи Мадинаро тарҳрезӣ карда буд, ки мавзеи иҷтимоашонро берун аз Макка, дар роҳи ба сӯи Мадина, дар вақти муайяне тайин карда буданд, ки агар яке аз ин се аз ҳозир шудан оҷиз монад, дуи дигар мунтазири ӯ нашуда, хоҳанд рафт. Чунончи Ҳишом ибни Ос (р)  маҳбус гардид, Умар (р)  ва Аёш дар нақшаи худ комёб гаштанд ва ба ҳиҷрати худ идома бахшида, ба Мадинаи мунаввара расиданд. (9)

 Қурайш тасмим гирифт, то баҳри баргардонидани муҳоҷирон нақшае гузорад ва Абӯҷаҳл ва Ҳорис баҳри пиёда сохтани ин нақша бархостанд. Абӯҷаҳл, бародари худ аз ҷониби модараш Аёшро бо макру ҳилла ва дилгарм намудан ба сӯи модараш итминон дода, тавонист, ки ӯро ба Макка баргардонад ва Умар (р), ки аз онҳо эҳсоси ғадру хиёнат менамуд, ба Аёш шутурашро бахшид, то дар ҳолатҳои ногувор худро бираҳонад. (10) Зимни баррасии ин ҳодиса, бародарӣ ва шафқати бо якдигарро мушоҳида мекунем, ки чӣ гуна Умар (р) нисфи моли худро баҳри ҳифз ва нигаҳдошти дини бародар ва дӯсташ мебахшад, аммо меҳрубонии модар, бар Аёш ғалаба менамояд ва ӯ бо худ меандешад, ки савганди модарашро нашиканад ва моли дар Макка гузоштаашро гирифта ба Мадина баргардад. Ва Умар (р), ки ба машомаш бӯйи ғадри бародарони Аёш мерасид ва гирифтори макри Абӯҷаҳл гаштани Аёшро эҳсос менамуд, чун аз қонеъ гардонидани Аёш оҷиз монд, шутури худро низ ба ӯ бахшид. Ва ҳамон гуна, ки Умар (р)  эҳсос карда буд, Аёшро аз ҷониби бародарони мушрикаш ғадру хиёнат расид. (11)

 Миёни муъминон сухане роиҷ буд, ки Худо онҳоеро, ки дар фитнаи кофирон афтода (аз ҳиҷрат), баргашта ва бо мушрикону кофирон дар сарзамини аҳли ширк ва ҷаҳолат зиндагӣ мекунанд, тавбаашонро намепазирад, аммо Худо ин ояти муборакро нозил кард ва фармуд:

Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро, Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад. ҳароина, Ӯст омурзандаву меҳрубон!». (Сураи Зумар, ояти 53)

Чун ин оят нозил шуд, Умари Форуқ онро дар сафҳае навишта, ва ба сӯи ду бародараш, Аёш ва Ҳишом фиристод, то дубора сарзамини куфрро тарк намуда, баҳри ҳиҷрат ба Мадина бикӯшанд. Ин нишонаи қавиимонӣ ва баландҳимматии Умар (р)  буд, ки кӯшид, то бародараш Аёшро аз бозгашт ба сарзамини куфр боз дорад. Ӯ нисфи моли худро ба ӯ бахшид, то Мадинаро тарк накунад ва чун аз фикраш нагашту қасди рафтани Маккаро кард, шутурашро ба ӯ дод, то дар ҳолатҳои лозима худро аз онҳо бираҳонад. Бар замми ин ҳама, маъюсу ноумед нагашт ва ин ояти муборакаро дар сафҳае навишта, ба он ду рафиқаш ва дигар нотавононе, ки дар Макка боқӣ монда буданд, фиристод, то онҳо кӯшиш намоянд ва бо ҳар роҳу восита худро ба Мадинаи мунаввара, назди ҷамоаи муъминон бирасонанд. (12)

3. Бо усули дар ҳабс нигоҳ доштан.

Яке дигар аз васила ва роҳҳои боздошти муъминон аз ҳиҷрат, ин боздошту ҳабси онҳо дар хонаҳо буд. Муъминонеро, ки қасди ҳиҷрат ба Ясрибро доштанд, ононро боздошт карда, пас аз бастани дасту пой дар яке аз хонаҳои Макка ҳабс мекарданд, то фирор карда натавонанд. Ва баъзан муъминони ба даст афтодаро дар чордевори бебоме ҳабс мекарданд, то зери офтоби сӯзон, дар гармои тобистон, озору шиканҷаашон бештар гардад, чунончи ба Аёш ва Ҳишом ибни Ос (р)  чунин карданд.

 Қурайш баҳри расидан бар ду ҳадаф, яке монеъ шудан аз ҳиҷрати ба сӯи Мадина, ба воситаи ҳабси муъминон ва дуввум, бо ин ҳабс ибрат ва дарсе нишон додан онҳоеро, ки барои ҳиҷрат кӯшиш менамоянд, озору шиканҷаи муъминонро бештар кард. Аммо, ҳама ин василаҳо мушриконро суде набахшид, зеро бархе аз муъминон,  монанди Аёш ва Ҳишом васила ва роҳҷӯӣ намуда, худро ба Мадина расониданд.  (13)

Паёмбари Худо (с) баъди ҳиҷраташ дуои қунут мехонду бар нотавонони Макка, ки бархе аз ононро ном мебурд, дуо мефармуд. Чунончи аз Абӯҳурайра (р)  ривоят аст, ки:

Паёмбари Худо (с), вақте сарашро аз охирин рукуъи намоз мебардошт, мегуфт: «Боро Худоё! Аёш ибни Абӯрабиъаро наҷот бидеҳ. Боро Худоё! Салама ибни Ҳишомро наҷот бидеҳ. Боро Худоё! Валид ибни Валидро наҷот бидеҳ. Боро Худоё! Муъминини бечораю дармондаро наҷот бидеҳ. Боро Худоё! Фишори қаҳри худро бар Музар шиддат бахш. Боро Худоё! Онҳоро дучори хушксолие ҳамчун хушксолии даврони Юсуф бигардон.» (14)

 Ва муъминон аз кори рабуда шудани Аёш худро дар канор нагирифтанд ва ҳамин буд, ки Паёмбари Худо (с) яке аз саҳобагони киромашро омодаи озод намудани Аёш сохт ва ӯ ба Макка рафта, бо камоли зиракию кордонӣ, Аёш ва Ҳишомро аз банд озод намуд ва ба Мадинаи мунаввара баргардонид. (15)

4. Бо роҳи маҳрум кардан аз мол. 

Вақте лашкариёни Рум, минтақаи Бани Намар ибни Қоситро ғорат намуданд, Суҳайб ибни Синони Намарии хурдсолро ба асорат бурданд. Суҳайб дар байни румиҳо нашъу намо ёфта, забони ононро омӯхт ва баъдан ғуломе гашт, ки мавриди хариду фурӯш қарор гирифт, то ин ки Абдуллоҳ ибни Ҷудъон ӯро харида, озод намуд. Суҳайб (р)  ва Аммор ибни Ёсир (р)  дар аҳди Маккӣ, ҳарду дар як рӯз ислом овардаанд. (16)

Ҳиҷрати Суҳайб (р)  ба Мадинаи мунаввара бар имони кас лаззат мебахшад, ки чӣ гуна ин саҳобии бузург ҳама моли худро фидои роҳи тавҳид фармуда, худро ба дастаи муъминон пайваст. (17)

Аз Абӯусмони Наҳдӣ (р)  омада, ки мефармояд: «Ман шунидам, ки чун Суҳайб (р)  иродаи ҳиҷрат ба сӯи Мадинаро намуд, аҳли Макка ба ӯ гуфтанд: «Ту назди мо фақиру нодор омада будӣ, инҷо соҳибмақому соҳиби ин ҳама дороӣ гардидӣ акнун мехоҳӣ, ки молатро бо худ бибарӣ? Савганд ба Худо, ҳаргиз ин гуна нахоҳад шуд», Суҳайб (р)  гуфт: «Агар ман моламро бо худ набарам, маро мегузоред, ки ба роҳам биравам?». Гуфтанд: «Бале». Суҳайб (р)  ҳама молашро барои онҳо гузошт. Чун ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид гуфт: «Бурд кард Суҳайб! Бурд кард Суҳайб!» (18)

 Аз Икрима (р) омадааст: «Чун Суҳайб (р) ба сӯи Мадина баромад, аҳли Макка низ дунболи ӯ баромаданд. Вай аз тирдони худ чил дона тирро бароварда гуфт: «Агар ба ман наздик мешавед, ба сӯи ҳар яки аз шумо як тире хоҳам андохт ва пас, ба шамшер хоҳам зад, шумо худ медонед, киман марде ҳастам, ки ду канизаки худро дар Макка монда омадаам ва онҳо аз шумо ҳастанд» (19)

Ва Икрима (р)  мегӯяд, ки дар он замон бар Паёмбари Худо (с) ин оят нозил шуд:

«Баъзе дигар аз мардум аст, ки барои ҷустани хушнудии Худо, ҷони хешро фидо мекунад, Худо бар ин бандагон меҳрубон аст!». (Сураи Бақара, ояти 207).

 Вақте Паёмбари Худо (с) Суҳайбро дид, гуфт: «Абӯяҳё! Савдоро бурд!» ва он оятро тиловат намуд (Ҳоким, 3\398).

Суҳайб (р)  бо ин амали камназираш, далелҳои раднопазиреро бар фасодақлии он моддипарастоне, ки тамоми ҳаракот ва ҳодисаҳои таърихро бо мизону ченакҳои моддӣ вазн кардан мехоҳанд, пешкаш мекунад, ки дигар онҳоро ҷои чуну чаро намемонад. Куҷост он моле, ки чун Суҳайб ҳама дороии худро дар Макка гузошту раҳо кард, аз онҳо бештарро дар Мадина соҳиб шавад? Оё гумон меравад, ки Муҳаммад (с) ӯро дар ивази ин ҳама талафоти додааш мансабе хоҳад бахшид ва ё ин ки зиндагии пурайшеро дар Ясриб барои ӯ муҳаё кардааст? Балки Суҳайб (р)  танҳо ризои Худоро касб кард ва калимаи тавҳидро боло гузошт, ки ин амали муборакаш панде бар ҷавонони ислом ва ҳақиқатҷӯёни роҳи ҳақ аст.

 Он чӣ, ки зимни ҳиҷрати муборак зикр шуд, танҳо миқдори кам ва намунае аз ҷоннисориҳои саҳобаи киром буд, ки дар роҳи ҳиҷрат ва дарёфти ризои Парвардигорашон ва эълони калимаи тавҳид, дороӣ ва иззату обурӯ ва молу ҷони худро нисор мекарданд ва ин худ панду ибрат ва иззату шарафи ҳар гӯяндаи калимаи тавҳид аст. (20)

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

 

Манобеи истифодашуда

  1.  Ибни Ҳишом, 2\112-113.
  2. Сирату-н-набавия фӣ завъи-л-Қуръони ва суннат, Муҳаммад Абӯшаҳба, 1\461.
  3. Таърихи Ислом, Ҳамидӣ, 3\128.
  4. Сирату-н-набавияту-с-саҳиҳа, 1\204.
  5. Ал-ҳиҷрату-н-набавияту-л-муборака, саҳ. 129.
  6. Сирату-н-набавияту-с-саҳиҳа, 1\205.
  7. Ал-ҳиҷрату-н-набавияту-л-муборака, саҳ. 131.
  8. Баззор, 1746. Байҳақӣ дар Далоил, 2\461-462. Маҷмаъу-з-завоид 6,61.
  9. Тарбияту-л-қиёдия, 2\159.
  10. Фӣ сирати-н-набавия, саҳ 134.
  11. Тарбияту-л-қиёдия 2\160.
  12. Тарбияту-л-қиёдия, 2\160.
  13. Фӣ сирати-н-набавия, саҳ. 132.
  14. Бухорӣ, 1006. Аҳмад, 2\418
  15. Фӣ сирати-н-набавия, саҳ. 135.
  16. Ал-ҳиҷрату-н-набавияту-л-муборака, саҳ. 119.
  17. Ал-ҳиҷрату-н-набавияту-л-муборака, саҳ. 120.
  18. Матолибу-л-олия, 4063. Ибни Ҳишом, 2\121.
  19. Ҳоким, 3\398.
  20. Ал-ҳиҷрату-н-набавияту-л-муборака, саҳ. 119.

 

 

 

Share This Article