Футӯҳот ва кишваркушоиҳои Усмон ибни Аффон (раз)

Ислоҳ нет

Футӯҳот ва кишваркушоиҳои Усмон ибни Аффон (раз)

(Бахши ҳафтум)

Дар ин мақола мехоҳам аз футуҳоте, ки дар аҳди хилофати Усмон ибни Аффон (раз) ба уммати ислом тақдим намудааст нависам. Он футуҳоте, ки миллати тоҷикҳам дар осиё бо файзу баракати он ба ин дини поки Илоҳӣ,  исломи азиз гаравиданд. Намехоҳам муқадиммаи тулонӣ нависам мепардозам ба асли матлаб.                                                                                                                                                                                                                                                                                      

   Нахуст: Футуҳоти Куфиҳо дар , дар соли 24 –  ҳиҷрӣ. 
                                                                                                                                                                                               

Куфиҳо дар ду ҷабҳаи Рай, дар маркази Форс ва Озарбойҷон, дар ғарби он сарзамин ба набард бо душманони ислом мепардохтанд. Лашкари Куфа иборат аз чиҳил ҳазор сарбоз буд, ки  ҳар сол ҳазор нафар аз онҳо ба майдонҳои набард сафарбар мешуданд. Ин нерӯҳо дар  Озарбойҷон ва чиҳил ҳазор нафари бақия дар Рай ҷойгир мешуданд. Чун Усмон ибни Аффон  (р) баъд аз барканор кардани Абу Мусои Ашъарӣ (р), Валид ибни Уқбаро волии Куфа намуд, мардуми Озарбойҷон даст ба туғён заданд ва бар ҳокими онҷо Уқба ибни Фурқад шӯриданд ва паймони сулҳи худ бо Ҳузайфа ибни Ямон соҳиби сир (р) – ро зери по ниҳоданд. Валид низ Салмон ибни Рабиъаи Боҳилиро бо лашкаре ба унвони пешқаровули сипоҳи худ ба ҷониби онон гусел кард.  Мардуми Озарбойҷон чун аз қазия хабардор шуданд, намояндагоне назди Валид фиристоданд ва аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ намуда ва хостори риояти сулҳномаи онон бо Ҳузайфа ибни Ямон (раз) шуданд. Валид низ ин хостаи онҳоро қабул кард. Сипас Валид ба фиристодани нерӯ ба минтақаҳои атроф пардохт, то шӯришҳои дигар манотиқро саркуб кунад. Ў Абдуллоҳ ибни Шабили Аҳмасиро бо чаҳор ҳазор сарбоз ба ҷониби Мавқон, Бабр ва  Тилсон равона кард ва онҳо низ тавонистанд бо саркубии шӯришиҳои он ҷо ғаниматҳо ва асирони бисёреро насиби худ созанд, ҳарчанд ба далили гурехтани шӯришиён аз сипоҳи ў натавонист ба таври комил онҳоро саркуб намояд. Сипас Валид, Салмон ибни Рабиъаи Боҳилиро бо дувоздаҳ ҳазор нерӯ ба Арманистон фиристод. Салмон низ дар айни ба даст овардани ғаниматҳои бисёр тавонист мардуми он диёрро ба итоати давлат  даровард. Пас аз ин набардҳо, Валид ба Куфа бозгашт.[i] Аммо  мардуми Озарбойҷон бори дигар даст ба шӯриш заданд.  Ашъас ибни Қайс волии  Озарбойҷон аз Валид дархости кӯмак кард ва Валид низ лашкареро ба ҷониби он ҷо фиристод. Ҳангоме ки  Ашъас тавонист шӯришиҳоро шикаст диҳад, онҳо бори дигар сулҳномаи Ҳузайфа ибни Ямон (раз)-ро мусолиҳа намуданд. Ашъас чун метарсид мардуми он сарзамин бори дигар туғён кунанд, қабилае аз аъробро дар он ҷо ҷойгузин ва бо пардохти пул ва подош онҳоро маъмур намуд, то мардуми он диёрро ба дини ислом даъват кунанд. Баъд аз барканор кардани Валид ва гузаштани Саъид ибни Ос ба сифати волии Куфа мардуми Озарбойҷон бори дигар сар ба туғён бардоштанд ва бар волии нави худ шӯриданд. Саъид, Ҷарир ибни Абдуллоҳи Баҷалиро ба ҷониби онон фиристод. Ў низ тавонист ононро шикаст диҳад ва фармондеҳашонро кушод. Оҳиста – оҳиста аксарияти сокинони он ҷо ба ислом гаравиданд ва ба  фарогирии Қуръони карим рӯ оварданд ва ба ин тартиб вазъи Озарбойҷон рӯ ба оромиш ва субот ниҳод.

 Дар аҳди вилояти Абу Мусои Ашъарӣ (р) бар  Куфа  низ як бор мардуми Рай даст ба шӯриш заданд.

Абу Мусо низ Қурайза ибни Каъби Ансориро ба муқобила ва саркуби  он шӯриш ба он диёр фиристод, ки ӯ низ дар маъмурияти худ муваффақ шуд,то ин сарзаминро бори дигар зери нуфузи сайтараи комили ҳукумати исломӣ дароварад.[ii]

Дуввум: Саҳмдор будани Куфиён дар шикасти лашкари Рум.

Ҳангоме, ки Валид аз набардҳои Озарбойҷон ба ҷониби Мусил бозгашт, номае аз ҷониби Усмон ибни Аффон  (р) ба дасти ў расид, ки дар он чунин омада буд: Муъовия ибни Абусуфён ба ман хабар додааст, ки румиҳо  сипоҳеро фароҳам оварда  ва қасди ҳамлаи бузург бар  ҷабҳаи мусалмононро доранд. Ман низ ба ҳамин далил аз ту мехоҳам, ки сипоҳе наздик ба даҳ ҳазор сарбози шуҷоъ ва қудратмандро ба сўи онон бифиристӣ.[iii] Валид мардумро ҷамъ намуд ва пас аз ҳамду санои Худованд ба онҳо чунин хитоб кард: Эй мардум! Худованд бо фатҳ ва зафаре, ки дар Озарбойҷон насиби мусалмонон кард онҳоро аз имтиҳони дигаре сарбаланд намуд, сарзаминеро, ки ба куфр бозгашта ва бар ислом туғён карда буд ба онон бозгардонид, сарзаминҳои дигарро ба тасарруфи онон даровард, онҳоро пирӯзманду солим ва бо дастони пур аз ғаминатҳо ба шаҳр ва диёри худ бозгардонид ва аҷр ва подоши ин ҷиҳоди онҳоро назди худ ҳифз хоҳад намуд. Сипас бояд бар ин лутфи ӯ ҳамд ва сипос ба ҷой овард. Эй мардум! Амирулмуъминин ба ман дастур додааст, то аз миёни шумо афроди шуҷоъ ва қудратмандеро интихоб намоям, то дар набард бо румиҳо ба кӯмаки бародарони мусалмони Шом биштобанд, ки дар ин ҷиҳод аҷри бузург ва ифтихори муҳимме нуҳуфта аст. Ман Салмон ибни Рабиъаи  Боҳилиро ба унвони фармондеҳи ин сипоҳ таъйин кардаам, шумо низ бишитобед ва ба ў бипайвандед. Ҳанўз се рўз аз ин суханон нагузашта буд, ки сипоҳе қариб ба ҳашт ҳазор сарбоз аз Куфа ба ҷониби Шом раҳсипор шуд. Ин сипоҳ дар Шом ва дар канори  сипоҳиёни Ҳабиб ибни Муслима ибни Холиди Фиҳрӣ қаҳрамониҳои бисёре аз худ нишон дод ва зарбаҳои сангине бар румиён ворид карданд ва тавонистанд бо фатҳи қалъаҳо ва биноҳои мустаҳкам талафот ва хисоратҳои бузурге бар онҳо ворид кунанд.[iv] Нақл аст, ки чун Шаъбӣ дар маҷлисе бо Муҳаммад ибни Амр ибни Валид ибни Уқба ба суҳбат нишаст, Муҳаммад аз набардҳои Муслима ибни Абдумалик ибни Марвон ибни Ҳакам таъриф намуд. Шуъайб ба Муҳаммад гуфт:  Ту ҳукумати Валид ибни Уқба ва набардҳои ўро дарк накардаӣ, ки ингуна аз Муслима ибни Абдулмалик таъриф мекунӣ. Валид дар ҷангҳои худ ба пирӯзиҳои бузург ва бешуморе даст меёфт ва ҳар кадом аз кормандонашро, ки дар кори худ кӯтоҳӣ ва танбалӣ мекард аз кор барканор менамуд.[v]

Саввум: Ҷангҳои Саъид ибни Ос дар Табаристон: 30 – ҳиҷрӣ.

 Дар соли  сиюми баъд аз ҳиҷрат Саъид ибни Ос волии Куфа, ҳамроҳи иддае аз Саҳобаи Расули акрам (с) мисли Ҳузайфа ибни Ямон, Ҳасан, Ҳусайн, Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос, Абдуллоҳ ибни Зубайр қасди фатҳи Хуросонро намуд. Ҳамзамон бо ў низ Абдуллоҳ ибни Омир, ки аморати Басраро ба уҳда дошт ба ҷониби Хуросон ҳаракат кард ва пеш аз Саъид вориди шаҳри Абаршаҳр шуд. Чун ба Саъид хабар доданд, Абдуллоҳ вориди Абаршаҳр шудааст, ў ба ҷониби Табаристон ҳаракат карда ва дар шаҳри Қумис, ки  пештар ва баъд аз ҷанги Наҳованд, Ҳузайфа бо онон мусолиҳа карда буд, фуруд омад. Ў сипас қасди  минтақаи Тумайса, ки дар соҳил воқеъ буд, намуд. Ҷанги сахте миёни сипоҳи ў ва дифоъкунандагони қалъаи онҷо  даргирифт. Ҷангу мутабодила аз ду тараф  чунон сахт буд, ки Саъид ночор шуд намози  хавфро адо кунад.  Чи гуна ба ҷо меовард, дар аснои ҷанг Саъид бо шамшери худ чунон зарбае бар гардани яке аз душманон зад, ки шамшер аз китфи ў баромад. Ҳангоме, ки муҳосираи қалъа тангтар шуд, мудофиони он эълон карданд, ки ҳозиранд таслим шаванд. Саъид дастур дод, ки танҳо як нафарашонро зинда бимонанд ва бақияро бикушанд! Ба Саъид  хабар доданд, ки марде аз Бани Наҳд сандуқи аҷиберо ба даст овард, қуфле бар он задаанд. Саъид низ он мардро ҳозир кард ва чун дари сандуқро кушоданд,  як ҷомаи зардранг ва дар бари он шароб ва гул ёфтанд.[vi]

 Каъб ибни Ҷуъайл ибни Қумайри Ат-тағлибӣ,ки бо тахаллуси Алахтал маъруф аст. Ӯ ҳангоми бозгашти Саъид ба Куфа дар ситоиши ў чунин суруд, ки маънояш чунин аст:

Саъид ибни Ос мардест бузург, ки Гелонро зери по гузошт,

Ва он гоҳ бо сипоҳиёнаш бар минтақаҳои Дастбӣ ва Абҳар ворид  шуданд ва онро ба тасарруф дароварданд.

Эй Саъид! Эй соҳиби фазоил ва хубиҳо!

 Бидон, ки агар маркабатдар рикоби ту мебуд,

Аз шиддати ҷангҳои ту бими он дошт, ҳалок шавад.

Он рўз, ки ба ҷанг шитофтӣ ба сони шери шуҷоъ будӣ,

Ки аз насли шерони шабиҳ зода шудааст.

Сипоҳе иборат аз ҳаштод ҳазор либоси ҷангӣ ба тан ва силоҳ ба  дастро фармондеҳӣ кардӣ,

Ки пеш аз ту ҳеҷ кас чунон сипоҳеро дар даст надоштааст.[vii]

Чаҳорум: Гурехтани Яздугурд подшоҳи Эрон ба Хуросон.

 Пас аз Фатҳи Форс дар соли сиюми баъд аз ҳиҷрат ба дасти Абдуллоҳ ибни Омир, Яздугурд аз шаҳри Ардаширхура гурехт ва ба ҷониби Кирмон раҳсипор шуд. Абдуллоҳ, Маҷошиъ ибни Масъуди Суламиро аз паси ў ба он ҷо фиристод. Чун Маҷошиъ ба Сирҷон ворид шуд, Яздугурд маҷбур шуд, ки ба Хуросон бигурезад.[viii]

Панҷум: Куштани Яздугурд дар соли 31 – ҳиҷрӣ.

 Муаррихон дар иллати  марги Яздугурд ривоятҳои мухталифе нақл кардаанд.Намехоҳам роҷеъ ба ин масъала нависам, аммо ҳамчун маълумот барои хонандаи тоҷик инро ҳам тақдим мекунам. Беш аз бисту панҷ ривоятҳои гуногун дар ин маврид пайдо намудам, ки бо чандтои он иктифо менамоям. Ибни Исҳоқ дар ин робита чунин мегўяд: Яздугурд ҳамроҳи афроде чанд ба Марв гурехт, аммо сарватмандони онҷо аз кӯмак ба ў худдорӣ карданд. Онҳо дар айни ҳол туркҳоро ташвиқ карданд, то Яздугурдро бикушанд. Онҳо низ ба ў  ва ҳамроҳонаш ҳамла карданд. Худи Яздугурд тавонист аз чанги онон бигурезад. Пас аз он Яздугурд ба осёбе паноҳ бурд ва осёббон Яздугирдро дар аснои  хоб бо санге бар сараш зад ва сипас сарашро аз тан ҷудо кард ва   ўро ба дарё андохт.[ix] Аммо Табарӣ ривояти дигаре нақл мекунад: пеш аз воридшавии арабҳо ба Кирмон, Яздугурд ҳамроҳи чаҳор ҳазор нафар аз тариқи роҳи Табас ва Қуҳистон ба Марв рафт, то битавонад дар Хуросон ба гирдоварӣ ва муҳайёи сипоҳи бузурге ҷиҳати зарба задан  ба арабҳо бипардозанд. Дар Марв ду амир ба номҳои Бароз ва Санҷон ҳузур доштанд, ки душмани якдигар буданд. Чун  Яздугурд ба Марв расид он ду бо ў байъат намуданд. Дар муддати иқомати Яздугурд дар Марв, Бароз тавонист худро ба Яздугурд наздик кунад ва ин кор назди Санҷон нохушоянд буд. Бароз тамоми талоши худро ба кор мебурд, то Яздугурдро бар зидди Санҷон таҳрик намоянд, ки оқибат низ муваффақ ба ин кор шуд. Яздугурд, ки қасди куштани Санҷонро дошт, инро ба назди яке аз канизони Бароз фош намуд ва ў низ ин розро ба дигар занони ҳарамсарои Баро мунтақил кард. Чун хабар ба гуши Санҷон расид, ў сарбозоне фароҳам овард ва ба қасри  Яздугурд ҳамла намуд. Бароз натавонист пеши роҳи афроди  Санҷонро бигирд ва бинобар ин ў гурехт. Чун Яздугурд аз моҷаро хабардор шуд ба сурати ношинос аз шаҳр гурехт то ба осёбе расид. Осиёббон ба ў ҷо ва макон дод ва обу хурок дар ихтиёри ў ниҳод. Чун Яздугурд осуда шуд, осиёббон аз ў хост, ки маблағеро дар ивази он кӯмакҳо ба ў бидиҳад. Яздугурд низ камарбанди ҷавоҳир чидашударо ба ў дод, аммо он мард ба ў гуфт, ки ўро чаҳор дирҳам кифоят мекунад. Яздугурд ба ў гуфт, ки ҳеч пуле ҳамроҳи худ надорад. Осиёббон низ дар муддати он як шабонарўз, ки Яздугурд дар онҷо буд, нисбат ба ў изҳори иродат ва фурутанӣ мекард, то оқибат тавонист Яздугурдро, ки хобида буд, бикушад. Сипас сари ӯро аз бадан  ҷудо намуд ва шиками ўро бо шоху баргҳои дарахти газ, ки дар рудхонаи канори осиёб рӯида буданд, пур кард ва дар  охир  ҷасади ўро ба об андохт, то ҳеч кас аз рози кушта шудани ў огоҳ нашавад. Аммо бар хилоли интизори марди осиёббон ҷасади Яздугурд ба зери об нарафт ва бар болои об равон гашт. Сарбозон, ки аз пайи Яздугурд омадани буданд, ҷасади ўро шинохтанд, пас аз пайи қотил гаштанд. Чун осиёббон аз моҷаро хабардор шуд, аз он ҷо гурехт.[x]

 Дар ривояти дигаре низ чунин омадааст: Чун Яздугурд нопадид шуд, туркҳо аз пайи ў омаданд, аммо бо ҷасади ў рў ба рў шуданд. Онҳо он марди осиёббон ва хонаводаашро кушта ва либосҳои Яздугурдро пас гирфтанд. Сипас ҷасади подшоҳро дар тобуте ниҳода ва ба шаҳри Аслхур бурданд.[xi]

Табарӣ дар китоби худ ду достони дароз аз моҷарои қатли Яздугурд ва мусибатҳо ва ранҷҳое, ки ў дар  рўзхои охири умри худ ба онҳо дучор шуда, ривоят мекунад, ки онҷо фурсати гуфтани онҳо нест.[xii]  Нақл аст, ки чун қасди Яздугурдро карданд, ў ба онҳо гуфт: Мабодо, ки маро бикушед, зеро дар китобҳои муқаддаси мо омадааст, ки ҳар кас подшоҳи худро бикушад,  Худованд ў ва ҳамдастонашро дар дунё бо оташ хоҳад сўзонид.[xiii] Муддати салтанати Яздугурд бист сол буд, ки шонздаҳум соли охири он ба гурез ва дар ба дарӣ гузашт. Ў охирин подшоҳи эрониён маҳсуб мешавад.[xiv]

Ривоят аст, ки Расули Худо (с) дар мавриди подшоҳи Рум ва шоҳаншоҳи Эрон ҳалок шаванд,  ҷонишине баъд аз худ нахоҳанд дошт ва салтанати онон аз миён хоҳад рафт. Ба Худованд савганд, ки ганҷҳо ва хазонаҳои онон дар роҳи Худо ва дар миёни халқи Худо Хазина хоҳад шуд”.[xv]

Шашум: Масиҳиён баъд аз марги Яздугурд эълон мотам мекунанд:

Ҳангоме, ки усқуфи Мавр аз марги Яздугурд бохабар шуд, дигар бузургони масиҳияти он диёрро гирди ҳам овард ва ба онон чунин гуфт: “ Шумо медонед, ки  Яздугурд фарзанди Шаҳриёр ибни Хисрав аст ва Шаҳриёр фарзанди Ширин, ки зане буд порсо ва нисбат ба масиҳиён иқдомати неки бисёре анҷом дод. Илова бар ў теъдоди дигаре аз шоҳон ба масиҳиёнозодиҳое доданд ва барояшон калисо сохтанд то ба иҷрои маросими динии худ бипардозанд. Ҳоло шоистааст, ки дар марги ин подшоҳ азодор шуда ва барояш орогоҳе бисозем”. Дигар сардорони масиҳӣ бо назари ў мувофиқат карданд ва эълон карданд, ки ҳозиранд чунин орогоҳеро бисозанд.  Усқуф дастур дод оромгоҳро дар байни боғе наздики Марв бисозанд. Чун сохтани оромгоҳ тамом шуд, онҳо ҷасади Яздугурдро аз рудхона гирфта ва ба он боғ интиқол доданд ва онро дар даруни оромгоҳ қарор доданд.[xvi]

Ҳафтум: Дар соли 31 – ҳиҷрӣ Абдуллоҳ ибни Омир қасди Хуросон намуд ва дар ин лашкаркашии худ тавонист Абаршаҳр ( Нишопур), Тус, Абевард, Насо ва Сарахсро фатҳ намоянд ва дар он ҷо бо аҳли Марв мусолиҳа намояд. Аз Сакно ибни Омир, Форсро фатҳ кард, пас аз гузаштани Шурайк ибни Аъвари Ҳорисӣ бар Истахр маркази Форс, ба Басра бозгашт. Шурайк низ дар Истахр ба сохтани масҷиди он шаҳри муҳим иқдом намуд. Ҳангоме, ки Абдуллоҳ ба Басра расид, марде аз Бани Тамим, ки бино ба қавле Аҳнаф ва бино ба қавли дигаре марде ба номи  Авс ибни Ҷобири Ҷашмӣ буд, ба назди Абдуллоҳ омад ва ба ў гуфт, ки душмани ту Яздугурд ба хотири тарс  аз ту по ба гурез ниҳодааст, аммо ту ба пайгирии ў намепардозӣ, бархез  ва аз  пайи ў рав, ки Худованд ёридиҳандаи ту ва дини худ аст. Ибни Омир низ сипоҳе фароҳам намуд ва ба ҷониби Кирмон ва аз онҷо ба сўи Хуросон ба роҳ афтод, ҳарчанд дастае низ бар ин боваранд, ки ў аз роҳи Исфаҳон ба ҷониби  Хуросон ҳаракат карда. Ў дар миёнаи роҳ Маҷошиъ ибни Масуъди  Сулламиро ба увони амири Кирмон ба онҷо фиристод ва худро аз тариқи саҳрои Вобур ва Табасин расонд. Сипас аз онҷо қасди Абаршаҳр ё ҳамон Нишопурро намуд. Аҳнаф ибни Қайс, ки пешқаровули сипоҳ буд, аз ҷониби Қаҳистон қасди Абаршаҳр кард. Дар миёнаи роҳқабилаҳои сокини Ҳирот ба муқобила бо ў омаданд. Дар набарде, ки миёни он ду сурат гирифт, Аҳнаф тавонист бар онон ғолиб ояд, он гоҳ Ибни Омир ба ҷониби Нишопур равона шуд.[xvii] Дар ривояте омадааст, ки чун Ибни Омир ба шаҳр ворид шуд, тавонист ниме аз онро ба тасарруфи худ даровард, аммо ними дигар дар ихтиёри оли Канорӣ буд, ба ночор бо ў мусолиҳа намуд ва писари худ ва  писари бародарашро назди Абдуллоҳ гарав гузошт. Абдуллоҳ ду писари Канориро, ки назди ў гарав буданд, назди Нуъмон ибни Афқами Насрӣ  бурд ва  он дуро озод намуд.[xviii] Сипас ба фатҳи шаҳрҳои атрофи Абаршаҳр мисли Тус ва Абевард пардохт, то он гоҳ, ки ба Сарахс расад. Аз он ҷо Асвад ибни Кулсуми Адавӣ аз афроди Бани Рабобро ба ҷониби Байҳақӣ, ки аз тобеъҳои Абаршаҳр ва дар шонздаҳ фарсангии он воқеъ буд (Сабзавор), фиристод. Ў, ки як марди фозил ва аҳли  дин буд, тавонист он шаҳрро фатҳ намояд, аммо худ дар аснои набард кушта шуд. Нақл аст, ки чун Абдуллоҳ ибни Омир аз Басра хориҷ  шуд, чунин мегуфт: Танҳо вуҷўди гармои нимрўзӣ, садои муаззинон ва мусоҳибати дӯстоне мисли Асвад ибни Кулсум аст, ки дарди ҷудоӣ аз Ироқро таскин мебахшад.[xix] Баъд аз тасарруфи Нишопур, Ибни Омир ба ҷониби Сарахс рафт. Дар онҷо бо намояндагони мардуми Марв рӯбарӯ шуд, ки аз ҷониби мардуми он диёр пешниҳоди сулҳ доданд. Ибни Омир низ пас аз бастани сулҳномае ба маблағи ду миллиону дусад ҳазор сикка, Ҳотил ибни Нуъмони Боҳилиро ба ўнвони амир ба онҷо фиристод.[xx]

Ҳаштум: Набарди Албоб ва Баланҷир дар соли 32 – ҳиҷрӣ.

Усмон ибни Аффон  (р) дар номае хитоб ба Саъид ибни Ос дастур дод, то Саъид, Салмон ибни Рабиъаро ба минтақаи “Албоб” бифиристод. Ҳамчунин ба Абдурраҳмон ибни Рабиъа нома навишт, ки ғаминатҳо мардумро аз шуру шавқи ҷиҳод дур сохта аст, бинобар ин онҳоро дар ҳалокатгоҳ наандоз. Аммо ҳеч чиз наметавонист Абдурраҳмонро аз хостааш, ки ҳамоно фатҳи Баланҷир буд, мунҳариф созад. Ў дар соли нуҳуми хилофати Усмон ибни Аффон  (р) бо ҷоигир кардани манҷаниқҳо (олати партоби санг) ва эҷоди сангарҳои зиёд, Баланҷирро ба муҳосираи худ даровард. Муҳосираи чунон танг буд, ки  ҳар кас аз қалъа мебаромад ва ё ба он наздик мешуд,  кушта мешуд. Аммо  мудофиони қалъа ва туркҳо дар пинҳонӣ ва дур аз чашми сипоҳи мусалмонон бо ҳам паймони дифоъ бастанд. Дар рўзи ваъдашуда туркҳо аз як су ва мудофиъони қалъа аз суи дигар бар хатҳои муқаддами лашкари Ислом тохтанд ва зарбаҳои сахтеро бар пайкараи сипоҳ ворид оварданд.[xxi] Дар ин рўз Абдурраҳмон маҷруҳ ва сипас кушта шуд.  Сипоҳи мусалмонон  дучори парокандаги шуд, гуруҳе аз онҳо ба ҷониби сипоҳи Салмон ибни Рабиъа бародари Абдурраҳмон шитофтанд то ба ў паноҳ баранд ва гуруҳи дигар ҳам, ки саҳобагоне монанди Салмон Форсӣ (р)  ва Абуҳурайра (р) ҳамроҳи онҳо буд, ба сўи минтақаҳои Гелон ва  Гургон рафтанд. Онҳо пеш аз ақибнишинӣҷасади Абдурраҳмонро дар сандуқе ниҳода ва дар ҳамонҷо дафн намуданд.[xxii]

Чанде аз корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳо

1-  Ранги хун бар либоси сафед чӣ зебо аст!

   Нақл аст, ки Амр ибни Уқба ба либоси сафеди худ мегуфт: ранги хун бар ту чӣқадар зебо хоҳад буд! Чун дар набард маҷруҳ шуд дид, ки ранги либосаш ба ҳамон ранге, ки дўст дошта музайян шудааст. Ў низ дар он рўзи сахт ҷони худро аз даст дод.[xxiii]

2- Ранги хун бар либос чӣқадар зебо аст!

   Ривоят мекунанд, ки Қуршаъ ба либоси худ мегуфт: ранги хун бар либос чӣқадар зебо аст!

Чун рўзи набард фаро расид то пои ҷон ба набард бо душманон пардохт. Чунон хун сар то пои вуҷудашро фаро гирифта буд, ки гўё либоси ў замини сафедранге буд, ки ранги сурх онро зиннат дод. Бо марги Қуршаъ мусалмонон низ дучори талафоти сангине шуда ва ночор  ба ақибнишинӣ шуданд.[xxiv]

3- Онон низ монанди шумо мемиранд:

           Нақл аст, ки туркҳо дар рўзи набард, худро дар миёни дарахтҳо пинҳон мекарданд, зеро ба ин бовар буданд, ки ҳеҷ аслиҳае дар ҷисми мусалмонон таъсир надорад. Чун як аз онҳо ба таври  ногаҳони тире ба сўйи яке аз мусалмонон партоб кард ва дид он мусалмон аз пой афтод. Ў низ фарёдзанон ба қавми худ гуфт, ки онҳо низ чун шумо мемиранд, пас чаро аз онҳо метарсед? Бо ин тартиб туркҳо аз пинҳонгоҳои худ хориҷ ва бар сафҳои мусалмонон ҳуҷум карданд, ҷанг бисёр шиддат гирифт ва мусалмонон ва фармондеҳи онон Абдурраҳмон то пои ҷон муқовимат намуданд, то оқибат бисёре аз онон ва низ худи Абдурраҳмон ҷони худро аз даст доданд.[xxv]

Нақл аст, ки чун Абдурраҳмон кушта шуд, бародари ў Салмон ибни Рабиъа байрақи сипоҳро ба даст гирифт ва ба набард бо душманон пардохт. Дар ин асно фарде фарёд зад: Оли Салмон! Сабур бошед, Салмон низ дар ин посух ба ин нидо фарёд зад: Оё аз мо нотавонӣ (ё ноумедӣ) ва нолае дидаед?!

 Салмон пас аз дафн кардани Абдурраҳмон дар минтақаи Баланҷир,[xxvi] иқдом ба ақибнишинӣ намуд.[xxvii]Ў ҳамроҳи Абуҳурайраи Давсӣ ва сипоҳиёнаш худро аз таъриқи Гелон ба Гургон расонид то битавонад боқимондаи сипоҳи бародарашро наҷот диҳад.[xxviii]

Муҳмуди Хаттоб бо дуруст донистани ин ривоят баён мекунад, ки ақибнишинӣ шевае буд, ки  мусамонон дар он айём ва дар ҳолати шиддати ҷанг ва зиёд шудани андозаи талафот ва хисоратҳо, онро ба кор мебурданд, то битаворнанд аз тариқи он ва пайвастан ба нерўҳои дигари сипоҳи Ислом, ки дар манотиқи дигар ҷойгир буданд, таҷдиди қувва намуда ва худро ҷиҳати ҳамлаҳои шадидтар бар душманон муҳайё созанд. Салмон ибни Рабиъа  низ бино ба дастури Усмон ибни Аффон (р) ба унвони пуштибони сипоҳиёни Абдурраҳмон ба он ҷо сафарбар шуда буд. Ҳоло читавр метавонист худ дар Албоб бимонад ва сипоҳиёни Абдурраҳмон дар Баланҷир ва зери итоати ҳамлаҳои душман аз миён марафтанд. Чӣ тавр метавонист бародараш Абдарраҳмонро, ки ба шиддат ба ў ва сипоҳиёнаш эҳтиёҷ дошт, дар майдони набард  ба ҳоли худ раҳо созад ва пойгоҳи амни худ бимонад ва оё маъқул аст, бигўем Абдурраҳмон сипоҳи бародарашро, ки  ба шиддат ба он ниёзманд буд дар назар нагирифта ва қасд дошта худи ў натиҷаи ҷангро таъйин намояд?!

Бояд дар назар дошт, ки манзури муаррихони қадим аз калимаи “ ҳазима” ё  “ шикаст “, ҳамон ақибнишинӣ будааст, зеро бештари онон шаҳрнишиноне буданд, ки миёни  ин ду калима тафовуте қоил намешуданд. Аммо бояд донист, ки миёни ин ду тафовуте бузурге вуҷуд дорад. Ҳазимат ё шикаст иборат аст аз тарки майдони ҷанг бе доштани тарҳ ва нақша ва ё фармондеҳӣ, ҳол он, ки ақибнишинӣ равише аст, ки дар он фармондеҳи сипоҳ афроди худро ҷиҳати навсозии қувва ва тадоруки ҳамлаи корсоз бар душманон аз майдони набард берун менамояд. Шоиста аст, ки таърихнигорони муосир дучори ин хатои фоҳш нашуда ва тафовути миёни шикаст ва ақибнишиниро бидонанд.[xxix]

Нуҳум: Аввалин ихтилофоте, ки миёни Куфа ва Шом пеш омад.

Чун Абдурраҳмон ибни Рабиъа кушта шуд, Саъид ибни Ос, Салмон ибни Рабиъаро ба фармондеҳии ҷабҳаи мусалмонон дар он минтақа таъйин намуд. Усмон ибни Аффон  (р) низ ҷиҳати тақвияти сипоҳиёни Ислом, лошкаре аз Шом ба фармондеҳии Ҳабиб ибни Муслимаро ба онҷо фиристод. Бо ҳузури он ду фармондеҳ дар он ноҳия,  рақобат миёни он ду бар сари фармондеҳии кулли сипоҳиён ва низ аморати он минтақа оғоз шуд. Шомиҳо таҳдид ба куштани Салмон намуданд ва дар муқобил Куфиҳо низ Ҳабибро ба қатл ва ҳабс кардани ў таҳдид карданд ва ҳушдор доданд, ки дар сурати мухолифати Шомиҳо  бо назари онон, ҷанги сахте миёнашон рўйи хоҳад дод. Марди Куфие бо номи Авс  ва Мағро  низ дар байтҳои ин низоъ ва ихтилофро чунин бозгў мекунад:

 Эй мардумони Шом! Бидонед агар Салмони моро бикӯшед,

Мо низ Ҳабиби шуморо хоҳем кушт.

Агар ба шикоят назди Усмон ибни Аффон  равед,

Мо низ аз шумо назди ў шикоят хоҳем намуд.

Агар аҳли инсоф бошед, медонед, ки ин манотиқ,

Муҳавватаи қаламрави амири мо аст, ки ҳамроҳи сипоҳиёнаш    ба ҷанг бо душман пардохтаааст.

Мо соҳибони сарзаминҳое ҳастем, ки шабу рўз аз онҳо дифоъ намудем.

Ва дар онҷо ба набард ва ҷанг бо душманон пардохтем.[xxx]

Аммо мусалмонон бо иноят ва лутфи Худованд  ва ҳузури Саҳобагоне мисли Ҳузайфа ибни Ямон (р), ки дар се ҷанги бузурги он минтақа ҳузур дошт тавонист ин фитна ва ихтилофро канор бигузоранд.[xxxi]

Даҳум: Футӯҳоти Ибни Омир дар соли 32 ҳиҷрӣ

Дар ин лашкаркашӣ Ибни Омир тавониси шаҳри Марвруд Толиқон, Фориёб, Ҷузҷон ва  Тахористонро ба тасарруф дароварад. Ў нахуст Аҳнаф ибни Қайсро ба Марвруд фиристод. Ў ҳам шаҳрро ба муҳосира даровард. Сипас дар  набард бо мудофиъони шаҳр тавонист онҳоро  шикаст  дода ва ба пушти деворҳои шаҳр бозгардонад. Пас аз ин рўёруӣ мудофиъони шаҳр  ба сипоҳиёни Ислом эълон карданд:  Эй сарбозони араб! Намедонистем, ки қудрати шумо то ба ин ҳад аст, имрўзро ба мо фурсат диҳед то дар мавриди  шумо  бо ҳам  ба машварат бипардозем ва шумо низ ба лашкаргоҳи  худ  бозгардед. Аҳнаф низ  ба лашкаргоҳи худ бозгашт.  Субҳгоҳ мудофиъони шаҳр, ки худро муҳайё ҷанг намуда буданд, номарасонеро назди ў фиристоданд, ки номае бо худ дошт аз ҷониби марзбони шаҳр ба Аҳнаф. Чун назди Аҳнаф расид аз ў амон хост ва Аҳнаф низ ба ў амон дод. Ҳамроҳи номарасон, бародарзодаи марзбони шаҳр ва низ мутарҷими нома назди Аҳнаф омаданд. Дар нома чунин омада буд:

Матни нома:

“Эзидро сипос, ки қудрат ва тавои аз Ў аст. Салтанати ҳар киро хоҳад тағйир диҳад, ҳар киро салоҳ донад аз зиллат ба иззат расонад ва ҳар, ки салоҳ донад аз иззат ба зиллат кашонад. Ман марзбони шаҳр, туро ба сулҳ фаро мехонам. Аммо шарти сулҳи ду тараф ин бошад, ки ман шаст ҳазор дирҳам хароҷ  ба шумо бипардозем ва  дар муқобил шумо низ тааҳҳуд диҳед, ки маро бар ҳукумати ин шаҳр, ки шоҳаншоҳи Ирон онро ба унвони подоши куштани аждаҳои ин диёр, ки ҷони мардумро меситонд ва роҳро бар мардум баста буд, ба бобои  падарам ато кард, боқи гузоред ва  ҳукуматро аз дасти мо хориҷ нанамуда ва ба афрод вогузор накунед ва низ аз ҳеч як аз афроди хонадони ман хароҷе дарёфт накунед. Агар ин сулҳномаи маро қабул кардед, ман ба ҷониби  шумо меоям ва бо ҳам паймон мебандем. Ман бародарзодаам Моҳакро назди ту фиристодаам то аз қасди ва нияти ман итминон ҳосил кунӣ ва номаи маро ба унвони макр ва ҳила қаламдод нанамоӣ”.

Аҳнаф ибни Қайс низ номае бо ин мазмун ба марзбон навишт: “ Бисмиллоҳир – раҳмонир – раҳим. Аз Сахр ибни Қайс амири лашкариёни Ислом ба марзбони Марвруд ва сардорону сокинони шаҳр. Салом бар он, ки роҳи ҳидоятро баргузид ва аз он пайравӣ намуд ва тақво пеша кард. Бародарзодаат Моҳак  назди ман омад ва паёми туро ба ман расонид. Ман пешниҳоди туро ба дигар фармондеҳони сипоҳ пешкаш намудам ва онҳо низ онро қабул карданд. Ба ин тартиб мо дархости туро оид ба пардохти хароҷи заминҳое, ки подшоҳи ситамкори Ирон ба бобои  падарат бахшид, қабул мекунем. Бидон, ки  замин аз они Худованд ва Расули Ў аст ва онро ба ҳар, ки хоҳад ато кунад. Ту бояд уҳдадор бошӣ, ки  дар ҷангҳои мобо душманонамон моро ёрӣ  диҳӣ  ва дар канори мо бо онон ба ҷанг бипардозӣ.  Мо низ мутааҳҳид мебошем, ки аз ту ва сипоҳиёнат, ки дар канори мо меҷанганд, ҳимоят аст. Бидон агар Ислом биёварӣ ва аз Расули Худо (с) пайравӣ намоӣ, туро назди мусалмонон ҷойгоҳ ва мартабаи  баланде хоҳад буд ва туро бародари худ хоҳанд донист.  Ту ба хотири ин паймон дар паноҳи ман ва дигар мусалмонон хоҳӣ буд”.

Ҷузаъ ибни Муовияи Саъдӣ, 

Ҳамза ибни Ҳирмоси Мозинӣ,

Ҳамид ибн Хиёри Мозинӣ,

 Аёз ибни  Варқои Усайди

шоҳидони ин сулҳнома мебошанд. Ин номаро Кайсон мавлои Бани Саълаба дар рўзи якшанбе аз моҳи  муҳаррам китобат намуда ва Аҳнаф ибни Қайс, амири лашкар онро бо ангуштари худ, ки наққошӣ шуда ба иборати кутоҳи “ наъбудуллоҳа”Аллоҳро ибодат мекунем буд, муҳр намуд.[xxxii]

Ёздаҳум: Ҷанг миёни сипоҳи Аҳнаф ибни  Қайс ва мардуми Тахористон, Ҷузҷон, Толиқон ва Фориёб.

Қабл аз оғози ин бахш мехоҳам инро бигуям,ки ин манотиқе,ки дар боло номҳояшон зикр шуд.Айнан,то имрӯз бо ҳамн номҳо дар давлати Афғонистон вуҷуд доранд ва вилоятҳои шимолии он кишваранд.Дар эронҳам ҳама номҳое аз ҳазорсолаҳо буданд он номҳо,то ба ҳол вуҷуд доранд ва ҳеҷ ҳукумате онро тағйр надоданд.Аммо дар мо бошад пешво ҳар номе хост онро бар манотиқи кишвар мегузорад,ки аслан ҳеҷ иртиботе ба таърихи ин миллат надоранд.Боз пас аз чанд моҳе номашро иваз мекунад.Бо кадом дироят номи шаҳрро ба номи як шоир ё нависанда мегузоранд?.Охир номи хиёбон ва кучаҳо бошанд боке надорад.

Чун Абдуллоҳ ибни Омир бо мардуми Марв мусолиҳа намуд, Аҳнаф ибни Қайсро бо сипоҳе иборат аз чаҳор ҳазор сарбоз ба ҷониби Тахористон фиристод. Аҳнаф дар масири худ дар атрофи Марв таваққуф кард. Ҳангоме, ки ба ў хабар доданд, ки мардуми  Тахористон, Ҷузҷон, Толиқон ва Фориёб сипоҳи сӣҳазор нафариро гирд оварда ва қасди муқобила ба ўро доранд. Сардорони худро фаро хонд ва ба машварат бо онҳо пардохт. Гурӯҳе аз ононро раъй бар ин буд, ки бояд дар ҳамонҷо монд ва аз Ибни Омир дархости неруҳои  бештаре намуд ва  афроде низ пешниҳод карданд, ки  бояд онҳо оғозгари ҷанг бошанд ва бо як ҳамлаи ғофилгирона ба душман, онҳоро дар як мавзеъи дифоъӣқарор дод. Гуянд, ки чун Аҳнаф, шабҳангом дар миёни лашкаргоҳқадам мезад, чанд нафарро мебинад, ки дар гирди оташ ҷамъ шудаанд ва дар бораи  ҷанг ба суҳбат  машғуланд. Аҳнаф,  ки кунҷков буд, меистад ва ба суханони он сарбозон гуш медиҳад. Чанд нафар фардо субҳ ба ҷониби душманон ҳаракат хоҳанд кард ва ба набард бо онон мепардозанд, зеро ў  хуб медонад, ки душманон ба шиддат аз ў дар ҳарос ҳастанд. Дар ин миён яке аз онон, ки машғули пухтани ош буд, ба онҳо гуфт: “ Агар амир чунин коре бикунад, дучори хатои бузурге хоҳад шуд, ман гумон намекунам амир бо ин  неруи андак дар майдони боз ва кушод бо муқобилаи  анбуҳи сипоҳиёни душман биравад, чунки онҳо дар як ҳамлаи сангин, ҳамаи моро хоҳанд кушт. Ба назари ман амир бояд дар миёни руди Мурғоб ва куҳи канори он ҷойгир шавад, ба тарзе,ки руд ба самти рости ў ва куҳ дар тарафи чапи ў қарор гиранд. Ба ин тартиб, душман ба ночор танҳо бо нафарҳои маҳдуд ба муқобилаи бо мо хоҳад омад”.

Аҳнаф бо шунидани ин нақша сардоронои сипоҳро фаро хонд ва он тарҳро бо онҳо дар миёни гузошт. Аз сўйи дигар, мардуми Марв низ сипоҳеро ба ҷониби Аҳнаф ибни Қайс фиристоданд, то ўро дар ҷанг ёрӣ диҳанд. Аммо Аҳнаф ба онҳо эълон намуд. Ки дӯст надорад мушрикон аз ў ва сипоҳиёнаш ҳимоят кунанд. Ў ба онҳо гуфт, ки агар дар ҷанг пирўз шавад, бар аҳду паймони худ бо онҳо хоҳад монд, аммо агар душманони ў пирўзи майдон бошанд, мардумони Марв худ бояд ба дифоъ аз хеш бипардозанд. Гуянд, ки бо оғози ҷанг, Аҳнаф ибни Қайс дар майдони набард, хело суханони рғия диҳанда садо медод,ки руҳияи сипоҳро баланд ва онҳоро қави ирода мекард.

 Дар ривояти дигаре омадааст, ки ду сипоҳ то нимаҳои шаб низ ба набард бо ҳам пардохтанд. Саранҷом сипоҳи ислом тавонист душманонро шикаст диҳанд. Чун сипоҳи Аҳнаф ба минтақаи Раскан, ки дар дувоздаҳ фарсангии лашкаргоҳи ў буд, расид, Аҳнаф ду мардро ба ҷониби марзбони Марвруд, ки дар интизори натиҷаи ҷанг буд то хароҷи  солонаро назди Аҳнаф бифиристад, равона кард. Ҳангоми рафтани он ду тан, Аҳнаф ба онҳо супориш дод, ки чун назди марзбон рафтанд дар мавриди хароҷ, ҳеч чиз нагўянд,то худ онро ба онон бидиҳад. Замоне, ки он ду назди марзбон расиданд, ҳамон намуданд, ки  Аҳнаф гуфта буд ва марзбон донист, ки онҳо танҳо ба ин далил ҷуръати чунин ҷасоратеро ба худ додаанд, ки дар ҷанг пирўз шудаанд ва  ба ҳамин далил хароҷро ба онон бидуни пурсиш супорид.[xxxiii] Аҳнаф ҳамчунин Ақраъ ибни Ҳобисро бо чанд саворае ба Ҷузҷон фиристод то гурехтаҳои лашкари душманро пайгири намоянд. Онҳо низ тавонистанд дар набард бо он гурехтаҳо, ононро шикаст диҳанд.Касири Наҳшалӣ дар ҳамин робита чунин сурудааст:

 Борон онгоҳ, ки  боридан гирифт, ҷасадҳои мардонеро дар Ҷузҷон сероб намуд,ки Ақраъ ононро дар онҷо ба қатл расонид.[xxxiv]

Дувоздаҳум: Сулҳи Аҳнаф ибни Қайс бо мардуми Балх:

Пас аз мусолиҳаи  Аҳнаф бо мардуми Марвруд, Аҳнаф ба ҷониби Балх ҳаракат намуд. Чун ононро ба муҳосира даровард, онҳо пешниҳод карданд, ки бо додани хароҷе баробар бо чаҳор сад ҳазор дирҳам бо Аҳнаф мусолиҳа намоянд. Аҳнаф низ ин пешниҳодро қабул кард ва писари амакаш Усайд ибни Матшамсро ҷиҳати гирифтани он миқдор хароҷ, назди онон нигаҳ дошт ва худ қасди  Хоразм намуд. Аммо сармои сахти зимистон, монеъи ҳаракати сипоҳи ў шуд  ва ба ҳамин далил ва пас аз машварат бо сардорон, Аҳнаф фармон дод то сипоҳиён ба Балх бозгарданд. Гўянд чун Аҳнаф аз сардорони худ оид ба ин бозгашт назар хост, онон бо ин байти аз Амр ибни Маъдикарб назари худро ба ў баён намуданд:

 Агар қодир ба анҷоми коре намебошӣ онро раҳо кун,

 Ва  ба коре, ки тавони анҷоми онро дорӣ рўй овар.

 Аз суйи дигар  Усайд дар набудани Аҳнаф ҳамаи ҳароҷро аз мардуми Балх гирифта ва дар байтулмол нигаҳ дошт.

Дар ин муддат, мардуми шаҳр ҷашни  “ меҳргон” барпо намуданд ва ҳадяҳое мисли  зарфҳои тилло ва нуқра, дирҳам ва динор, коло ва либосҳои гуногунеро ба Усайд пекаш карданд. Усайд чун аз онҳо сабаби ин ҷашн ва ҳадяҳоро пурсид, онҳо посух гуфтанд. Ки ин ҷашнро меҳргон гўянд ва онон он ҳадяҳоро барои он медиҳанд, ки битавонанд   раҳму  шафқати онҳоро нисбат ба худ ҷалб намоянд. Усайд низ ба онҳо гуфт, ки  ҳарчанд намедонад ин ҷашн чист, аммо салоҳ намебинад, ки  он хадяҳоро рад кунад, вале даст ба онҳо намезанад то Аҳнаф бозгардад. Чун Аҳнаф  ба балх боз гашт, Усайд Уро дар ҷараёни моҷаро гузошт.

Аҳнаф низ онҳоро назди Абдуллоҳ ибни Омир бурд ва дар мавриди  онҳо аз ў суол намуд. Ибни Омир ҳам ба ў гуфт, ки ин ҳадя аз он ўст ва метавонад онҳоро барои худ бардорад. Аммо Аҳнаф аз ин кор худдорӣ кард ва ба Ибни Омир гуфт, ки ўро ба он амвол ва ҳадяҳо ниёзе нест.[xxxv]

Сездаҳум: Ба шукронаи ин футуҳот аз ҳамин ҷо муҳрим ба Макка меравам.

Ҳангоме, ки Аҳнаф ибни Қайс назди Ибни омир бозгашт, мардум ба Ибни Омир гуфтанд, Худованд то ба ҳол ҳеч касро ба чунин футуҳот ва пирўзиҳои бузурге насиб накардааст. Дар воқеъ Ибни Омир тавониста буд, ки  Форс, Кирмон, Систон ва Хуросонро ба тасарруф дароварад ва онҳоро ба қаламрави ҳукумати исломӣ замима намоянд. Ибни Омир низ ният кард, ки ба  шукронаи ин пирўзиҳои бузург ва бемонанд, аз Нишопур маркази Хуросон, муҳрим ба ҷониби Макка хоҳад рафт ва ҳаҷро ба ҷой меоварад. Аммо чун назди Усмон ибни Аффон  (р) расид, ў Ибни Омирро ба хотири  ин амал маломат намуд ба ў гуфт, ки мебояд  монанди  дигар мардумон дар маҳалли  хеш иҳром мебаст.[xxxvi]

Чаҳордаҳум: Шикасти Қоран дар Хуросон.

 Чун Ибни Омир аз Хуросон боз мегашт, Қайс  ибни Ҳайсамӣ  Суламиро ба аморати онҷо гузошт. Дар ин аснон Қоран бо чиҳил ҳазор ҷангҷуи  турк қасди  қаламрави мусалмонон намуд. Абдуллоҳ ибни Хозими Суламӣ низ бо чаҳор ҳазор сарбоз ба муқобила бо ў шитофт. Ў пешопеши сипоҳи худ, шашсад пешқаровулро фиристод ва ба онон дастур дод то бар  болои найзаҳои худ, оташ биафрузанд. Чун шаб фаро расид, сипоҳиёни Қоран ба ҷониби  оташи  пешқаровулон ҳуҷум карданд ва ба онон даргир шуданд. Дар ин гирифторӣ, сипоҳи Ибни Хозим ононро ба муҳосира даровард ва тавонист бо ҳамлаи ғофилгирона ва барқосо шикасти сахтеро бар  душман ворид созанд. Дар ин ҷанг бештари сипоҳиёни турк ва аз ҷумла худи Қоран кушта шуданд ва ғаниматҳои бузурге насиби мусалмонон шуд. Чун хабари ин пирузии бузург ба Ибни Омир  расид, ў Ибни Хозимро ба иморати Хуросон таъйин намуд. Дар воқеъ Ибни Хозим, ки бештар тавониста буд Қайс ибни Ҳайсамро қонеъ кунад, ки аз Хуросон хориҷ шавад то худи ў ҷонишини Қайс гардад, бо ин пирўзии бузург тавонист эътимоди Ибни Омирро ба худ ҷабл кунад ва ба ин тартиб ба ҳукумати Хуросон даст ёбад.[xxxvii] Бо ин шарҳу баёнот мебинем, ки Усмон ибни Аффон  (р) чигуна тавонист бо тадбири дуруст ва азми устувор ва бо ёрии сардорони далер ва коромад илова  бар шикаст  додани анвоъи шуришҳо ва туғёнҳои дохили сарзамини Ирон, раванди футуҳоти мусалмононро ҳамчунон идома бахшад.  Бо мутолиаи Таърихи Табарӣ, Ибни Касир, Ибни Асир ва Таърихи Калоъӣ ва ҷустуҷӯ дар ҳодисаҳои даврони хилофати он ҳазрат (р) мебинем, ки интихоби чунин амирон ва волиёне, ки тавонистанд бо дироят ва кордонию шуҷоати  худ, буҳронҳои рўзгорро контрол кунанд ва ба он пирўзиҳои бузург даст ёбанд, худ далиле аст бар волоияти тасмимҳои Усмон ибни Аффон  (р) ва интихоби дурусти он волиҳо ва амирон. Усмон ибни Аффон (р), ки дар оғози хилофати худ бо мушкилот ва буҳронҳои бузурге рў ба рў шуда буд, бо азми  халалнопазир, мудирияти хирадмандона, суръати амали ба мавқеъ ва иҳота ва шинохти комил бар умур ва дар айни ҳол ҳфизи оромиш ва матонати худ. ҳикоят аз тавон ва қудрати шахсият ва низ басират  ва дарки амиқи ў нисбат ба масъалаҳо дорад, тавонист аз уҳдаи он мушкилот ва буҳронҳо барояд ва сарбаланд аз майдони имтиҳон берун равад.

Дар воқеъ муҳимтарин натиҷаҳои ин тасмимгириҳо  ва мавзеъҳои Усмон ибни Аффон  (р) дар он замонро метавон дар мавридҳои зер хулоса намуд:

А: Саркуби шӯришиён ва бозгардондани амният ва оромиш ба сарзаминҳои зери амри хилофат.

Б: Идомаи раванди футуҳот ва густариши рузафзуни қаламрави ҳукумати исломӣ дар ҳақиқат бо ин иқдомот дасисаҳо ва фитнаҳои душманоне, ки ба он сўйи марзхо гурехта ва дар пайи иқдомоти талофиҷуёна бар зидди мусалмонон буданд, хунсо шуд.

В: Эҷоди пойгоҳҳо ва марказҳое, ки  сипоҳиёни ислом аз тариқи онҳо ба нигаҳбонӣ ва муҳофизат аз марзҳои ҳукумати Исломӣ ноил меомаданд.

Ҳоло ин пурсиш матраҳ мешавад, ки агар Усмон ибни Аффон (р) як фарди нотавон ва заиф буд, оё метавонист чунон сиёсатҳои ҳакимона ва шуҷоъонаеро бигирад ва дар айни ҳифзи қаламрави ҳукумати исломӣ  бар  доманаву паҳноварии он биафзояд.[xxxviii] Бешак ин ҳақиқатҳо, бар хилофи дуруғҳо ва таблиғоти бади рофизиён ва шарқшиносон ва пайравони онҳо мебошад.

Мақолаи баъдӣ “Оғози фитнае, ки мунҷар ба шаҳодати Усмон ибни Аффон (раз) гашт” мебошад, бо мо бошед, то аз он ҳодисаҳо ба хубӣ огоҳӣ пайдо кунед.

 

Сарчашмаҳои истифода шуда:


[i]. Таърихи Табарӣ (5/246).

[ii]. Ал хилофату вал хулафоур – рошидун 224.

[iii] . Таърихи Табарӣ (5/247).

[iv] . Таърихи Табарӣ (5/247).

[v] . Усмон ибни Аффон, Содиқи Арҷун 201.

[vi] . Таърихи Табарӣ (5/270).

[vii] . Таърихи Табарӣ (5/271).

[viii] . Таърихи Табарӣ (5/288).

[ix] . Таърихи Табарӣ (5/295).

[x] . Муҳаммад Ассуламӣ, хилофату Усмона 57.

[xi]. Таърихи Табарӣ (5/297).

[xii]. Ал- иктифо, Калоъии Андалусӣ (4/417).

[xiii]. Ал – иктифо, Калоъии Андалусӣ (4/418). ва Торихи Табарӣ (5/302).

[xiv] . Муҳаммад Ассуламӣ – хилофату Усмона 57

[xv] . Саҳиҳи Муслим (ҳадиси 2918).

[xvi] . Таърихи Табарӣ (5/304).

[xvii] . Таърихи Табарӣ (5/305).

[xviii] . Таърихи Табарӣ (5/306).

[xix] . Таърихи Табарӣ (5/307).

[xx] . Таърихи Табарӣ (5/307).

[xxi] . Таърихи Табарӣ (5/308).

[xxii] . Таърихи Табарӣ (5/309).

[xxiii] . Таърихи Табарӣ (5/310).

[xxiv] . Таърихи Табарӣ (5/310).

[xxv] . Қодатул – фатҳил – исмомийи фа Армианияти, Маҳмуд Хаттоб 151.

[xxvi] . Муъҷамул – Булдон (2/278).

[xxvii] . Таърихи Табарӣ (5/309).

[xxviii] . Қодатул – фатҳил – исмомийи фи Арминияти, Маҳмуд Хаттоб 151.

[xxix]. Қодатул – фатҳил – исломийи фа Арминияти, Маҳмуд Хаттоб 151.

[xxx]. Таърихи Табарӣ (5/311) ва Албидоя ванниҳоя (7/166).

[xxxi]. Таърихи Табарӣ (5/311).

[xxxii]. Таърихи Табарӣ (5/316).

[xxxiii].Таърихи Табарӣ (5/317).

[xxxiv]. Таърихи Табарӣ (5/318).

[xxxv]. Таърихи Табарӣ (5/319).

[xxxvi]. Албидоя ванниҳоя (7/167), таърихи Табарӣ (5/319).

[xxxvii]. Албидоя ванниҳоя (7/167).

[xxxviii]. Таҳқиқу мавоқифис – саҳобати фил – фитнати (1/408).

 

Share This Article