Саймумин Ятимовро хубтар шиносед (бахши аввал)

Ислоҳ нет

 Саймумин Ятимов,  раиси КДАМ кист, дар чи шароит ба ин мақом даст ёфт ва аз худ чи нақше ба ёдгор мегузорад?

 

(бахши аввал)

 

Фирори то ба имрӯз мармуз ва боварнакардании 25 маҳбус аз боздоштгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар 22–23 августи соли 2010 сари Хайриддин Абдураҳимов, раиси КДАМ ва муовинони ӯро хӯрд, аммо баракс барои ба мақоми раҳбарии ин ниҳод омадани Саймумин Ятимов мусоидат кард. Чаро раиси Кумита ва мобақияи муовинони ӯ барканор вале танҳо як нафар:- Ятимов истисно ва раис шуд? Рабти ин таъинот бо ин ҳодиса рӯшан аст аммо дар вуқуъу раванди он дахл дорад ё хайрро наметавон чизе гуфт. Аз он замон 10 сол мегузарад. Тарроҳ ва муҷрии асосии ин “фирори аср”,ки доманааш то ба Афғонистону Русия ҳам расид, пушти пардаи асрор ва номаълум боқӣ монд.

Бад-ин минвол 10 сол аст ки Ятимов раёсати КДАМ-и Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад ва ҳаводисе мисли ин фирор дар зиндонҳо баъдҳо низ рух доданд. Бадтар аз ин лашкаркашиҳо ба самти Бадахшону водии Қаротегин ва куштори одамони осоишта таййи ин даҳ сол аз ноамнии авзоъ дар ин кишвар шаҳодат медиҳанд. Бадахшон дар соли 2012 ва қатлу куштори сокинони осоиштаи Хоруғ, куштори асири бесилоҳ Аловиддин Давлатов, ки навори он та ба ҳол дар шабакаҳои маҷозӣ давр мехурад ва тарҳи ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ дар Камаров, ба ном табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим, ҳодисаи хунолуди посгоҳи Ишқобод дар ҳумаи Душанбе дар соли гузашта натиҷаи фаъолияти Идораи амнияти мамлакат аст. Ҳоло ки дигар мақомоти қудратӣ ва ба хусус амният ҳар сол аз даҳҳо “амалҳои террористӣ” ҷилавгирӣ мекунад ва “афроду гурӯҳҳои террорист”-ро дастгир ва билодиранг хабари онро пароканда мекунанд, дар хориҷ аз қаламрави кишвар яке аз синонимҳои нави тоҷик дар канори Равшану Ҷамшуду гастарбайтер террорист ҳам шудааст. Таъйид ва тасдиқи эълом ва эътирофнашуда ин аст ки бо барандохтани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷиноёти хислату хосияти террористӣ дошта дар кишвар афзоиш пайдо кардааст, ки ба ин омори мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳад. Ҳар касе ҳам буд мепурсад, агар чунин аст КДАМ дар ин фурсати даҳсола рисолати худро анҷом дод ва ё хайр? Рисолати КДАМ дар ин давра ба унвони ниҳоди давлат барои тақвияти давлат камтар зоҳир шуд, то инки барои тақвият ва таҳкими ҷойгоҳ ва мақоми шахси аввал. КДАМи ин давра фарқи миёни давлат ва давлтадорро аз дастури кор гирифт. Бар пояи ҳамин барнома мамлакат зеру забар шуд. Ҷойи онки ба унвони як вазир ва он ҳам вазири муҳим ва асосӣ бар қабули қонуне назири “Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат” мухолафат варзад ва ислоҳоти Қонуни Асосӣ ба манзури мусоид кардани он барои Раҳмонов ва аъзои хонаводаи ӯро ҷилавгирӣ кунад, баракс ин иқдомоти ғайриҳуқуқӣ, ғайридемократӣ ва ғайриинсониро пуштибонӣ ва ташвиқу таблиғ кард. Ба унвони роҳбари як ниҳоди муҳимми давлатӣ ходими давлат набуд, балки марди кор ва ходими дари давлатдор шуд. Барои устуворӣ ва пойдории давлатдор хидмат кард. Ҳеҷ коре, ки як вазири мудаббир ва рӯшанназар анҷом диҳадро наметавон дар ин фурсат ёд оварду баршумурд.

Густурдани дом барои овардани Зайд Сайид, ки маълум буд, ҳабсу зиндон мешавад, аз бадтарин корҳое аст ки дар ин муддат анҷом шуд. Ва, ҳамин тавр саҳнаи сиёсии кишварро бидуни ҳузури ҲНИТ кардан, ки як созмоне боиси ифтихору сарфарозии давлат ва миллати тоҷик буд. Мавориде, ки ҷойи салла, калла оварда шуда бошад, дар ин муддат хеле фаровон аст. Маъаласаф, мард ва ходими давлат нестанд. Мард ва ходими раҳбар ҳастанд. Вале бо тамоми вонамудсозӣ ва чашмбандӣ воқеият рӯ задаасту рӯ мезанад. Садоқат ва вафодорӣ дар чунин низомҳои фосид ва ғайримардумӣ бетамаъ ва подош намебошад. Ҳатман, ки ғаразеву баҳраеро интизор аст ва ё худ даст ба кор мешавад барои “тенҷ” кардани худ ва наздикон. Як нафаре, ки хонаву дар надорад, ҳасрат мехурад, яке дар маркази шаҳр соҳиби хонаву манзили зист мешавад. Муҳим нест, ки аз кӣ буд ва рӯзе ба суроғи он манзил меоянд. Муҳим ин аст ки холист ва дар шумори ғаноим медарояд. Ҳамчунон ки давлат ва ниҳодҳои он ва пулу сармояи он ғанимат дониста мешавад ва аз ҳар “рӯзи офтобӣ” бояд истифодаи максималӣ кард. (худи ҷаноби Ятимов хуб фаҳмид ман чиро дар назар дорам ва соли 1997 ро) Дар ин қисмати навишта аз ҳаводис ва ё амалиёте ёдовар мешавем, ки дирижёраш ҷаноби Ятимов буд.

Агар хоҳед Ятимовро воқеан шиносед пас,то охир ин матлабро,ки иборат аз чанд бахш мешавад бихонед. Дар оғоз шурӯъ мекунем аз ҳашт амалиёти муҳимме,ки дар ин даҳ сол Ятимов тарҳрезӣ карда ва ҳаёти ҳазорҳо шаҳрвандро бо ин амалиётҳояш дучори чолиш,қатл,зиндонӣ шудан,шомили листҳои сиёҳ ва фирорӣ шудан аз кишвар,мусодираи молу амвол ва ҳазорҳо ҷиноятҳои дигареро дар пай дошт ва,то ҳанӯз идома дорад. Ин чунин маълумотҳоеро тақдими шумо менамоем,ки яқинан,то имрӯз аз зиндагонии комилан дастнораси ин шахс нашунидаед.

 

Амалиёти №1

 

Шаби 22 ба 23 августи соли 2010, 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии КДАМ фирор карданд. Боздоштгоҳе,ки дар дохили зиндон ва дар фосилаи ҳамагӣ 300 метр дуртар аз манзили зисти Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов қарор дорад. Ва маҳбусони фирорӣ ҳам чи маҳбусҳое: бародари Ғаффор Мирзоев- Абдурасул, бародарони Мирзо Зиёев ва Ҳикмат Азизов-мулаққаб ба Кӯри Малиш, бародари Неъмат Азизов, аз фармондеҳони пешини ИНОТ, ки дар ҳаводиси соли 2009 дар шарқи кишвар кушта шуд ва Иброҳим Насриддинов-зиндонии собиқи Гуантанамо ва се шаҳрванди Афғонистон Маҳмадалӣ валади Қунбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Маҳмадзокир валади Маҳмадҳалим. Онҳоро мисле, ки барои анҷоми намози таровеҳ аз камераҳо берун мебароранд. Ва онҳо 5 корманди зиндонро кушта ба саҳнаи зиндон баромада ва савори 4 мошин шуда фирор мекунанд. Дар пайи ин ҳодиса, ки “фирори аср” унвон мешавад, Эмомалӣ Раҳмонов Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва се муовинашро аз мақом барканор кард. Вале яке аз муовинҳои Абдураҳимов ба ҷойи ӯ ва дар тафовут бо бақия муовинин, ки барканор шуданд, раиси ин Кумита таъин шуд. Ин нафар касе ба ҷуз аз Саймӯмин Ятимов набуд, ки ҳамагӣ моҳи май дар мақоми муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъин шуд ва ҳодисаи фирори 25 маҳкумшудаҳо ҳам дуруст баъди се, чаҳор моҳи ин таъинот сурат гирифт. Ҳамин тавр ҷаноби Ятимов давоми ин муддат аз курсии муовинӣ ба раисӣ биншинад. Маълумоте, ки дар дасти мо расид тасдиқ мекунад, ки “фирори маҳбусҳо” як амали тарҳрезишуда будааст, ки се ҳадафро ба дунбол доштааст. Ҳадафи аввал озод кардани хешовандони Иброҳимӣ аз зиндони Тоҷикистон. Иброҳимӣ як мақоми масъули он замон дар Афғонистон буд. Онҳоро аз дохили се зиндон ва се дарвоза озод карданд. Онҳо озод шуданд, Афғонистон “рафтанд” ба даст афтоданд, тоҷикҳоро доданд аммо онҳоро надоданд ва ҳамин тавр онҷо монданд. Бо хешовандони Иброҳимӣ яке аз бародарон Ятимов, ҳоло раиси Идораи ҷангал-Абдумумин ва бародари Мансур Умаров, ки он вақт сардори Хадамоти амнияти раиси ҷумҳурӣ буд-Фаридун- ҷонишини сардори бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддири шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Фархор бо лақаби “Пантера” Амонулло Ҳукумов, раиси пешини Идораи Роҳи оҳан ва Исмати дулик  (Исмат Абдуллоев, феълан раиси фурудгоҳи Душанбе) ҳамкорӣ мекарданд. Дар ин қисмат ба мақсади худ расиданд.

Ҳадафи дуввум ин “подстава”-и Хайриддин Абдураҳимов. Генерал Хайриддин Абдураҳимов, раиси КАМ, ки гуфта мешавад, дар як “папка” ба воситаи русҳо бар зидди Эмомалӣ Раҳмонов “компромат”дошт, соли 11уми кораш дар ин мақом буд ва Раҳмонов ӯро барканор карданӣ буд. Вақте аз ин Ятимов ва Мансур Умаров дарак ёфтанд ва инро ҳам фаҳмиданд, ки Эмомалӣ Раҳмонов аз Абдураҳимов дар “ташвиш” аст ба ин қарор омаданд, ки амалиёти фирори маҳбусҳоро анҷом медиҳанд ва Президент Абдураҳимовро барканор мекунад. Ва ҷои раис холӣ ва шонси омадани Ятимов ба мақоми ӯ фароҳам мешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Ҳадафи саввум ин буд,ки дар доираи барнома ва махсусан қисмати кофтукоби маҳбусони фирорӣ пойи қумандонҳои собиқи мухолифин дар водии Раштро ба ин қазия мепечонанд ва ҳамин тавр онҳоро нобуд мекунанд. Гап дар ин ҷост ки муаллифони ин барнома дар паси ҳамаи маҳбусони фирорӣ ”слежка” ва ҳама ҳаракоти онҳоро зери назорат доштанд.

Азбаски маълумот доштанд, ки онҳо-қумандонҳои Рашт ҳам дар ин кор (қочоқи маводди мухаддир шариканд) тасмим гирифтанд, ки ҳамзамон тақдири онҳоро низ якбора ҳал кунанд. Инҷо як кори дигар ҳам ангеза дода буд ба Ятимов, ки аз ин қумандонҳо қасос ситонад.

Он замон ҳоҷӣ Илҳомиддин (домоди Ятимов) дар кони антрадсити дараи Камаров мудир буд.  Аммо Алӣ бедакӣ (Аловуддин Давлатов) одамҳои ӯро заду техникаҳояшонро гирифт.Онҳо “одамҳои” Ҳасан Асадуллозода буданд. Намояндаҳои Ҳасан Асадуллозодаро ронданд аз онҷо. Мирзохӯҷаи белгӣ, Алии бедакӣ, Алии гӯшлақа ва чанд каси дигарро фиристод. Хулоса, онҳоро заданду техникаҳояшонро гирифтанд ва аз онҷо пеш карданд. Ба Ҳасан ултиматум монданд, ки инҳо дигар дар инҷо кор намекунанд. Ҳоҷӣ Илҳомиддин баъдан раиси “Тоҷикангишт” шуд. Дертар ӯро вазири саноат аз кор берун кард.

Як мақсади дигари ин амалиёт маҳви физикии Ёқуб Салимов буд. Як рӯз пеш пешакӣ хабар медиҳанд, ки пагоҳ мебароед. Вале боз кадоме “предупреждат” кардааст, ки набуро, ки мезананд.  Дари камераҳоро боз мекунанд вале Ёқуб намебарояд. Саймӯмин Ятимов психологияи Эмомалӣ Раҳмоновро хелу хуб омӯхтаву зӯр медонад. Ҳар гоҳ ягон тавтиачинӣ кунад, як “интерес”-и Эмомалӣ Раҳмоновро иҷро мекунаду 2 ва 3 “интерес”-и худашро. Раҳмонов “тормоз аст”, “задним ходом” мефаҳмад, ақли тез надорад, ”поздний зажиганий”. Дар мавриди тибқи нақша гурезонидани ин маҳбусин худи Абдураҳимов ба Президент мегӯяд, аммо ҳамин “компромат”, ки тавассути Мансур Умаров ба ӯ расида буд, ба ҳарфҳои Абдураҳимов аслан аҳамият намедиҳад. Аз тарафи дигар сухангӯи он замони Идораи зиндонҳо ҳам ба хабаргузориҳои он замон ишораҳое аз “дастисохт” будани ин фирор кардааст. Ӯ гуфтааст:  “воқеаи мармуз аст, ки сарварони боздоштгоҳи Кумтаи амният ахиран маҳбуси пешини Гуантанамо Иброҳим Насриддиновро бо сабабҳои номаълум аз маҳбаси Қӯрғонтеппа ба ин боздоштгоҳ интиқол ва барояш имтиёзҳо додаанд”.

 

Амалиёти № 2.Куштори мулло Абдулло ва Алии бедакӣ

 

Мақсади асосӣ аз роҳандозии ин амалиёт асосан Мулло Абдулло буд. Чаро? Мулло Абдулло тавассути контрразведкаи вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки ин вазорат он замон дар дасти Шералӣ Хайруллоев қарор дошт бо русҳо барои трафикаи героин ба фоидаи ҳарбиҳои Русия шартнома дошт ва амниятро таъмин мекард. Вақте ОМОН ба маҳалли буду боши МуллоАбдулло рафту задухӯрд оғоз шуд, ҳанӯз Алии бедакӣ боздошт нашуда буд. Пулеро,ки гирифта буданд ба  Душанбе гардонида оварданд. 4 миллион 500.00 евро бастаҳои сад евроӣ ва панҷсад еврогӣ. Ин пулро ба Алии бедакӣ аз номи Мулло Абдулло дода буданд. Алии бедакӣ пулро гирифт, омад пеши Шоҳ. Шоҳро натавонист ба гап дароварад ва омад пеши Мирзохӯҷаи Белгӣ. Пеши Белгӣ пулро рехт. Гуфт бачаҳо, бигиред, сар мекунем. Дар Душанбе одамони дуввуму сеюми кишвар тайёранд. Ҳама ҳамроҳи моянд. Мо аз инҷо мезанем, онҳо аз онҷо мезананд, мегирем тамом. Ба Алии бедакӣ тавре расонида буданд,ки Убайдуллоев ҳам ҳамроҳи мост. Дар наворҳое, ки дар иртибот ба ин ҳодиса дар шабакаҳои маҷозӣ нашру пахш шуд, лаҳзаҳо ва нафарҳое нишон дода мешуданд, ки аслан ба ҷанговар ва муҷоҳид монанд набуданд. Дигар инки барои одамҳое, ки аз тарси ҷон болои кӯҳ баромадаанд, то худашонро ҳимоят кунанд, чи зарурат ва чи даркор буд худашонро “съемка” карда Душанбе роҳӣ кардан? Зеро мебоист отчет -ҳисобот медоданд. Ин барои “заказчик”-и видео даркор буд. Вақте видеоро дар интернет нашр карданд, дигар тамом, ҳама бовар кард. Зану духтари Президентро ҳақорат доданд. Баъди ин ҳамаи нақшаҳо 100% шуд,“добро” барои  уничтожени” гирифта шуд. Заданд. Вақте МуллоАбдуллоро ба муҳосира гирифтанд, Миг-ҳои Русия ҳам расида омаданд. Шоҳ Искандар, Алии бедакӣ, Мирзохӯҷаи белгӣ, фармондеҳони собиқи ИНОТ барои маҳви МуллоАбуддло пешопеш рафтанд. Ҳама мақсадашон як буд: МуллоАбдуллоро кушанд, ки сир набарояд. Ду тараф манфиатдор барои набаромадани сир ва куштани Мулло Абдулло буданд. Шоҳ Искандар ва Мирзохуҷаи белгӣ барои онки аз ин бозӣ тоза бароянд,дар пешопеши амалиёти куштори МуллоАбдулло қарор доштанд. Шоҳ Искандар бо Раҳмонов вохӯрд. Президент гуфт Мулло Абдуллоро занеду нобуд кунед. Инҳо рафтанд нобуд карданд. Ва, ҳамин тариқ Шоҳ Искандар ва Мирзохӯҷаи белгиро бахшиданд.

 

                Амалиёти №3 Хоруғ ва ҳуҷум ба Помир 

 

Мансур Умаров, сардори Идораи зиндонҳо ва дар гузашта муовини раиси КДАМ яке аз ҷӯраҳои ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов буд ва аз даврае, ки сардори хадамоти амнияти Раҳмонов буд Умаралиро, ки бо Шамсулло Соҳибов тиҷорат дошт ва ба ин васила хонаи Раҳмонов рафта меомад, мешинохт. Мансур Умаров медонист,ки Қувватов бо қумандонҳои Бадахшон дар чи бора гап задагӣ аст. Мақсади асосии ин амалиёт зери назорат гирифтани наркотрафика буд. Абдулло Назаров, сардори Идораи амнияти ВМКБ-қурбонии ин амалиёт,ки сабаби асосии баргузории амалиёт шуд,тасодуфӣ қурбонӣ нашуда буд. Ӯ бояд қурбонӣ мешуд, то барои ҳуҷум болои ин вилоят ва аз зери дасти лидерони мардумӣ гирифтани наркотрафика замина фароҳам мегардид. Дар амалиёти Хоруғ кӯшиш карданд, ки ҳам Имомназар Имомназар кушта шавад ва ҳам Шоҳ Искандар. Шоҳ Искандар ҳамон шаб ҷойи хобашро дигар кард. Манзили хоби ӯ ҳам мунфаҷир шуда буд. Вале ӯ онҷо қарор надошт, кушта нашуд. Ин вақт аллакай иҷрокунандаи вазифаи Раиси КДАМ-и ВМКБ Бекназаров буд. Ҳоло ин одам муовини раиси Кумтаи дин ва ҳамзамон сардори яке аз Раёсатҳои КДАМ мебошад.

 

Поёни бахши аввал, бахшҳои дигари ин барномаро дунбол кунед, то Ятимовро хубтар шиносед.

С.С. Ятимовро хубтар шиносед (бахши дуввум)

Share This Article