Муроҷиатномаи дуввум аз зиндони ЯС 3\7

Ислоҳ нет

   Ба Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

 

   Ба Рустами Эмомалӣ,раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон

 

   Ба Озодаи Раҳмон,роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тҷикистон

 

Муроҷиатномаи дуввум аз зиндони ЯС 3\7

 

Аз муассисаи ислоҳии 3/7-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон боз ҳам хабарҳои ниҳоят нохуш ва ҳатто ваҳшатнок ба мо мерасад.  Сухан дар бораи он меравад, ки   чанд рӯз пеш аз номи шуморе аз маҳкумшудаҳои ин зиндон, ки аз муносибату муомилаи хашину хасмонаи мақомоти ин муассиса, прокурори назоратии муассисаҳои ислоҳии Прокуратураи генералӣ ва судяи Суди ноҳияи ….шаҳри Душанбе шикоят мекарданд, мақолае дар “Ислоҳ.нет” ба нашр расида буд. Мазмуни мухтасари нома ин аст ки мӯҳлати “кп”-колоннияи сукунатӣ барои хеле аз маҳбусони ин зиндон фаро расида бошад ҳам бо ҳар баҳона ин талаботи қонун аз ҷониби онҳо иҷро намешавад ва қасдан ба таъвиқ гузошта мешавад. Ба маҳбусоне, ки кайҳо фурсати тағйири шакли адои ҷазояшон расидааст, яъне,ки бояд идомаи ҳукмро дар муассисаи ислоҳии сукунатӣ ба поён бибаранд, гуфта шудааст, ки бар асоси “супориши боло” онҳо бояд то 3 сол мондан ба ҳукм  ба “посиленка”сукунат” фиристода намешаванд. Аммо мусаллам аст ки ин як дурӯғи маҳз аст ва чунин тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон аз ҷумла дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ворид карда нашудааст. Вале инҷо ҳадаф танҳо гирифтани пора аз ҳар маҳкумшуда аст. Аммо на ҳар маҳкумшуда чунин имкониятро дорад, ки ҳам барои маъумрияти муассиса, ҳам барои прокурори назоратӣ ва ҳам барои судя пора бидиҳад. “Супориши аз боло” ҳам маълум нест, ки аз кӣ аст ва дақиқ аст, ки ин як гапи дурӯғ аст.

Матлаби қаблии нашршуда бо ин ҳадаф, ки аз ҷониби ниҳодҳои давлат: Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ ва вазорати адлия таҳқиқу баррасӣ ва вокуниши муносибе дар доираи қонун мешавад, интишор дода шуда буд. Мусаллам аст ки ҳеҷ гоҳ як маҳбус ва як маҳкумшуда, ки дасту пойи баста дорад ва дар зиллату хорӣ қарор дорад ва танҳо орзуяш расидан ба озодӣ мебошад, барои худаш мушкил ва азобу уқубати дигар намехарад. Онҳо инсонанд, гуноҳ кардаанд ва ё накарданд, маҳкум ва маҳруманд ва  кайфари аъмол мебаранд. Раҳосозии як бандӣ ва зиндонӣ аҷр ва савоби зиёд дорад ва ҳатто кафорати гуноҳони инсони наҷотдиҳанда ҳам мешавад, бахусус барои раҳбарону сарварон, ин кори онҳо дар номаи аъмолашон сабт  хоҳад шуд. Аммо, маъаласаф, ин ниҳодҳое, ки мебоист ба арзу доди бандиҳо мерасиданд, омада дар ин муассиса дӯғу дағдаға кардаанд, ки “шумо ҷавоб” намешавед. Манобеи “Ислоҳ.нет” хабар медиҳад, ки баъди интишори он матлаб прокурори назоратӣ Сафарзода Музаффар ба муассиса омада, ба аризанавиштагон фаҳмонидааст, ки он (шикоят) ягон натиҷа намедиҳад, ҳолат ранги пештара мемонад, чунки супориш аз боло шудааст.

Муовини сардор  оид ба корҳои фаврӣ ва низом Қурбонов Рустам аз маҳкумшуда Грезов Соҳибназар ин маълумотҳоро кӣ ба “Ислоҳ.нет” додааст гуфта пурсидаву истинтоқ карда истодааст. Сафарзода Музаффар мехоҳад Грезовро ба муассисаи пӯшида(крытая зона) бифристад ва аз маъмурияти муассиса хоҳиш кардааст, ки 2–3 вайронкунии тартиботи дохилиро нисбати Грезов ошкор кунанд. Вай гумонаш ин аст ки ин маълумотҳо ё ба воситаи Грезов ва ё бо воситаи наздикони ӯ ба берун баромадааст. (Дар ҳоле Ислоҳ ин маълумотҳоро аслан аз Гурезов нагирифта аст,агар мегирифт номи маълумот диҳандаро намеовардем инро ҳадди ақал бояд фаҳманд.)

Воқеан ҳам авзоъи маҳбусони ин муассиса, ки муӯҳлати “кп”-ашон расидааст, хеле тоқатфарсо аст. Дар ҳоле,ки фиристодан ба “кп” кори асосии прокурори назоратӣ аст ҳамин маҳз ӯ ҳоло монеа шуда истодааст. Мо, намедонем арзу додамонро ба кӣ бирасонем.

Мутаассифона дар зиндонҳо шароитеро, ки қонун пешбинӣ кардааст, муроот намешавад ва онҷо қонун ва нормаҳое вазъу татбиқ мешавад, ки нонавишта аст. Ин қонунҳо беш аз пеш шадидтар ва сангинтар шуда истодааст. Зеро дар кори муассисаҳои ислоҳӣ сиёсат таъсир мегузорад ва гоҳо алами Исоро аз Мусо мегиранд. Дар ҳоле, ки дар қонунҳо ҳар нафари 18 сола барои аъмоли худаш худаш ҷавоб медиҳад. Ин тавр нест, ки барои ҷиноёти бар фарзе бародар бародар ҷавоб диҳад ва ё ниқори баробарро аз бародар бигиранд.

Ба наздикӣ ба маҳбас Кузов Абумуслимро овардаанд ва нисбати ӯ бо моддаҳои 307 иловаи 1 қисми 2 ва 179 парванда боз карда  ба муҳлати 18 сол маҳкум кардаанд. Абу муслим бародари Кузов Мирзораҳим (Шоҳнаъим) муовини ҲНИТ мебошад. Аз шиканҷа ва лутту кӯби зиёд як пояш чулоқ шуда бо чигас гашта истодааст. Ба қарибӣ аз амният якҷоя бо кадом коргари амнияти Русия омада, суроғаи зану фарзандонашро дар Москва гирифта маҷбур карданд, ки дар ТВ бо танқиди ҲНИТ баромад кунад. Ишора кардаанд, ки агар бихоҳад зану фарзандаш зинда бимонанд, ин корро кунад

Шояд дар филми “Хиёнат” баромади Кузов Абумуслимро нишон медиҳанд. Вайро барои додани интервюи бардурӯғ, ки гуё якҷоя бо бародаронаш, дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ ташкил карданӣ буданд, маҷбур сохтаанд. Амалҳои онҳоро гӯё соҳибкорон Шералиев Абдуманнон аз н.Ашт ва Шокиров Акмал аз ш. Конибодом маблағгузорӣ карданӣ бошанд. Кузов А. солҳои 1997 то 1998 аз ҷониби КДАМ ҳамчун телохранители Саид Абдулло Нурӣ кор кардааст. Барои ҳамин гӯё ин нақшаҳоро дар вақташ Нурӣ ва Кабирӣ кашида, ҳокимиятро ғасб карданӣ будаанд. Абумуслимро водор кардаанд ва дар варақ навишта додаанд,ки ҳамин гапҳоро дар навор бигӯяд.

Дар охир мо аз нафароне, ки барояшон ин муроҷиатномаро ирсол кардем хоҳиш мекунем, ки ба мушкилоти мо бирасед. Ин бор хоҳем дид, ки Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандонаш қабл аз интихобот ҳусни нияте нишон медиҳанд ва ба доди маҳбусон мерасанд ё не?

Share This Article