Эътирофи Кумитаи дин

Ислоҳ нет

Эътирофи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ё худсафедкунӣ)

Хабаргузории Озодагон бо нашри як матлаб аз ҳуввияти корманди фаҳҳоши Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили масҷиди ҷамоати деҳоти Чорякарони ноҳияи Рӯдакӣ парда бардошт.

Ин марди фаҳҳошу палид ва бедину имон сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Чорякарони ноҳияи Рӯдакӣ, Шокирҷон Холдоров мебошад. Бар асоси ин матлаб, Шокирҷон Холдоров  корманди фаҳҳоши Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Чорякарони ноҳияи Рӯдакӣ маст набуда, балки  натавониста  худро идора кунад.

Кумита ба ҷойи ин ки ӯро барои ин кор танбеҳ медоданд ва ба хабаргузорӣ изҳор медоштанд, ки ӯро барои чунин густохӣ ҳатман танбеҳ хоҳанд дод, баръакси ин амал намуда, афзуданд, ки масҷид ғайриқонунӣ буда, иҷозаи фаъолият надоштааст. Ман ҳамчун як шаҳрванд қотеъона аз ҳукумати кишвар талаб менамоям, ки Шокирҷон Холдоров нахуст аз вазифаи давлатияш сабукдӯш ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

Тавре ки дар навор дидем суханони фаҳши ӯ дар навор хитоб ба аҳли масҷид ва имоми он масҷид, ки ҳама шаҳрвандони кишваранд, мебошад.  Бар зами ин корманди кумита аз салоҳиятҳои худ берун амал карда, таъкид ҳам кард, ки бо чунин рафтораш метавонад Ҳукуматро дар ҷабҳае муқобили мардум қарор диҳад. Бад-ин хотир ба эҳсосоти мардум нохун зада, яке аз рукнҳои асосӣ ва рамзии муқаддасоти мазҳабиро таҳқир ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст. Тоҷик дар хориҷ аз кишвар тавҳин мешавад, кушта мешавад, зиндонӣ мешавад, мегӯед он дар хориҷ аз кишвар буд коре карда наметавонем. 

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ хеле зиёд чархид, афкори мухталиф ва муҳокамаҳои густурдаеро дар пай дошт, дар айни ҳол дар умум аз ҷониби мардум маҳкум гардид. Дар ин сурат агар вонукиши мақомоти дахлдор ҳамин қадар бошад, пас маълум мешавад, ки тамоми Ҳукумат дар муқобили арзишҳои мазҳабии мардуми мусалмони Тоҷикистон сангар гирифтаанд ва мехоҳанд гоҳ ба зӯрӣ, гоҳ ба фиребу найрангҳои дигар онҳоро аз асли динашон дур карда, миллатро дар муқобили муқаддасоти мазҳабиашон қарор диҳанд. Дар ҳоле, ки чунин бошад, пас ончӣ аз минбарҳои баланд мегӯед ва садову симои кишвар пур аз каломи хуши шумост, ҳамагӣ дурӯғанд.

Инчунин ин мард ҳангоми тавҳинаш ба аҳли масҷид мегӯяд: “Ман Амниятро мефиристам ва шуморо мешинонам” (зиндонӣ мекунам). Оё барои КДАМ ин як беобрӯгӣ ва таҳқир шуданро надорад, ки миллатро аз шумо ва бо номи шумо метарсонанд. Ё воқеан шумо ба зулми мардуми осоишта машғулед? Ё шумо ғазаби Худо барои миллат ва шаҳрвандонед ва ё як ниҳоди зулм ва шиканҷа маҳсуб меёбед, ки бо номи шумо мардумро метарсонанд?

Дар мавриди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳама уламои узви ин марказ ҳаминро гуфтаниам, ки дигар аз номи мусалмонони кишвар сухан нагӯед. Инчунин насиҳат ва фатвое ҳам содир накунед, зеро ин ҳақ аз шумо дигар салб шуд. Шумо аз ҳуқуқи маъмулии як масҷид ва як мусалмони кишвар ҳаққи ҳимоят карданро надоред. Дар муқобили ҳеҷ хушунат ва поймолкунии ҳуқуқҳояшон аз тарафи кадом ниҳоде сурат гирад, то кунун садое баланд накардаед. Вақте чунин аст барои  миллати мусалмон шумо, то имрӯз аслан набудед ва вуҷуд ҳам надоштед, пас аз инро ҳам надоред. Агар танҳо барои муайян кардани оғози моҳи рамазон ва идҳои рамазону қурбон гӯед, осуда бошед, шаҳрвандон аз шабакаҳои интернетӣ онро пайдо мекунанд.

Дар фарҷом аз ҳар фарди огоҳи миллат тақозо менамоям агар худро як мусалмони оқил ва болиғ меҳисобад, пас ин амали шанеъ ва пасти корманди Кумитаи дин,… Шокирҷон Холдоров анҷом додаро маҳкум кунед. Пешниҳоди ман ин аст, ки Додгоҳ бояд ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашад ва агар розӣ бошед пас зери ин навишта аломати ризояти худро (+ ) баён намоед. Агар Ҳукумати кишвар ба ин шикояти мо расидагӣ накард ва боз ҳам ин ҷинояткори фаҳҳош дар озодӣ гардад ва боз ҳам дар ин кумита корро идома диҳад, пас мардумӣ ва озоду демократӣ будани кишвар бароятон ошкор мешавад. Мо нашри  ҳукми додгоҳи Шокирҷон Холдоровро аз расонаҳои расмии Ҳукуматии кишвар интизорем. На шарҳу тавзеҳ ва сафсатаҳои Кумитаи дин ва Маркази исломии бесалоҳияти кишварро.

 

 

Share This Article