Қонунҳои маҳкамаи Илоҳӣ дар рӯзи қиёмат
Мо ҳамеша қонунҳои ба тасвиб расида аз тарафи парлумонҳои кишварҳоро мебинем мехонему мушоҳида менамоем.Ин қонунҳо пас аз инки ба тасвиб расиданд қозӣ ё судияҳо дар маҳкама ва ё додгоҳҳои кишварҳо тибқи он ҳукм содир менамоянд.
Ҳоло мехоҳам бидонем оё Аллоҳ дар қуръони карим барои маҳкамаи он рӯз чизе навиштааст,то аз он мо қабл аз расидани он рӯз огоҳӣ дошта бошем?
1.) Ҳеҷ делое сирри нест дар он рӯз:
وَكُلَّ إِنسَانٍ أَلْزَمْنَاهُ طَائِرَهُ فِي عُنُقِهِ ۖ وَنُخْرِجُ لَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ كِتَابًا يَلْقَاهُ مَنشُورًا (13) اقْرَأْ كِتَابَكَ كَفَىٰ بِنَفْسِكَ الْيَوْمَ عَلَيْكَ حَسِيبًا (14
Кирдори неку бади ҳар инсонеро чун тавқе ба гарданаш овехтаем. Ва дар рӯзи қиёмат барои ӯ номаи кушода берун оварем, то дар он бингарад. (Гуем:)«Бихон номаатро (номаи аъмолатро). Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардан (амалҳоятро), басандаӣ!»
(Сураи Исро,оятҳои 13 ва 14)
—————————————————————————————————————————————————————————————————————————
2.) Иштирок дар маҳкама зери назорати шадид анҷом мегирад:
وَجَاءَتْ كُلُّ نَفْسٍ مَّعَهَا سَائِقٌ وَشَهِيدٌ
“Ҳар касе меояд ва бо ӯ касест, ки меронадаш ва касест, ки барояшон шаҳодат медиҳад.”(Сураи Қоф,ояти 21)
—————————————————————————————————————————————————————————————————————————
3.) Зулм ё ба ноҳақ ситам шудан имкон надорад:
وَمَا أَنَا بِظَلَّامٍ لِّلْعَبِيدِ
“Ва Ман ба бандагон ситам намекунам»(Сураи Қоф,ояти 29)
_______________________________________________________________________________________________________________________________
4.) Он рӯз адвокат ё ҳимоятгаре нест,то аз ту ҳимоят кунад:
اقْرَأْ كِتَابَكَ كَفَىٰ بِنَفْسِكَ الْيَوْمَ عَلَيْكَ حَسِيبًا
(Гуем:)«Бихон номаатро (номаи аъмолатро). Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардан (амалҳоятро), басандаӣ!»
(Сураи Исро,ояти 14)
_____________________________________________________________________________________________________________________________
5.) Пора ё ришва додану восита кардан имкон нопазир аст:
يَوْمَ لَا يَنفَعُ مَالٌ وَلَا بَنُونٍَإ لَّا مَنْ أَتَى اللَّهَ بِقَلْبٍ سَلِيم
“Рӯзе, ки на мол суд медиҳад ва на фарзандон,магар он кас, ки бо қалбе раста аз ширк ба назди Худо биёяд!»
(Сураи Шуъаро,оятҳои 88,89)
_______________________________________________________________________________________________________________________________
6.) Он рӯз ташобуҳи асмо ё дар номҳо иштибоҳ сурат намеград:
وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيًّا
“…Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест.”
(Сураи Марям,ояти 64)
_____________________________________________________________________________________________________________________________
7.) Ҳалномаи суд ҳатман дар дасти инсон дода мешавад:
فَأَمَّا مَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ فَيَقُولُ هَاؤُمُ اقْرَءُوا كِتَابِيَهْ
“Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: « Номаи маро бигиреду бихонед.”
( Сураи Ҳоққа,ояти 19)
___________________________________________________________________________________________________________________________
8.) Дар ин маҳкама ҳукм дар набудани инсон содир намегардад:
وَإِن كُلٌّ لَّمَّا جَمِيعٌ لَّدَيْنَا مُحْضَرُونَ
“Ва ҳеҷ касе нест, ки назди Мо ҳозираш наоранд.”
(Сураи Ёсин ояти 32)
____________________________________________________________________________________________________________________________
9.) Боз нигари дар ҳукм ё Апелляцияпас аз содир шудани ҳукм вуҷуд надорад:
مَا يُبَدَّلُ الْقَوْلُ لَدَيَّ
“..Ваъдаи Ман дигаргун намешавад.”(Сураи Қоф ҷузъи ояти 29)
___________________________________________________________________________________________________________________________
10.)Шоҳидони бардурӯғ бар алайҳи ҳеҷ касе истифода намешавад:
يَوْمَ تَشْهَدُ عَلَيْهِمْ أَلْسِنَتُهُمْ وَأَيْدِيهِمْ وَأَرْجُلُهُم بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ
“Рӯзе, ки забонашон ва дастҳояшону пойҳояшон ба зиёнашон бар корҳое, ки мекардаанд, шаҳодат диҳанд.”(Сураи Нур,ояти 24)
_____________________________________________________________________________________________________________________________
11.)Он рӯз ҳеҷ делое фаромӯш карда намешавад:
يَوْمَ يَبْعَثُهُمُ اللَّهُ جَمِيعًا فَيُنَبِّئُهُم بِمَا عَمِلُوا ۚ أَحْصَاهُ اللَّهُ وَنَسُوهُ ۚ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ
“Рӯзе, ки Худо ҳамагонро зинда мекунад, ононро аз коре, ки кардаанд, огоҳ месозад. Худо аъмоли онҳоро ҳисоб кардааст, ҳарчанд худ аз ёд бурдаанд ва Худо шоҳиду нозир бар ҳар чизест!”( Сураи Муҷодала,ояти 6)
______________________________________________________________________________________________________________________________
12.) Он рӯз ҳама аъмоли инсонҳо дақиқ ва бе хато мавриди санҷиш қарор мегиранд:
وَنَضَعُ الْمَوَازِينَ الْقِسْطَ لِيَوْمِ الْقِيَامَةِ فَلَا تُظْلَمُ نَفْسٌ شَيْئًا ۖ وَإِن كَانَ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِّنْ خَرْدَلٍ أَتَيْنَا بِهَا ۗ وَكَفَىٰ بِنَا حَاسِبِينَ
“Барои рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас чизе (камтарин) ситам намешавад. Агар чи амале ба вазни як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисобро басандаем!”(Сураи Муҷодала,ояти 47)
______________________________________________________________________________________________________________________________
Оё чунин маҳкамае имрӯз дар кадом давлате суроғ доред бо ин ҳама диққат ва одилона?
Пас барои истодан дар назди ин маҳкамаи адли Илоҳӣ аз имрӯз омодагӣ бигир.
Муҳаммадиқболи Садриддин