Дар кишвари азизамон-Тоҷикистон, имрӯз вожаи фарҳангро ғолибан ба маънои ҳамон “маданият” ё “култура”-и дар замони шуравӣ роиҷшуда, мефаҳманд ва истифода мебаранд. Ибораҳои вазорати фарҳанг, чорабиниҳои фарҳангӣ, қасри фарҳанг ва амсоли инҳо баёнгари ин иддаоянд.
Иддаи бузурге аз ҳамватанон зери вожаи фарҳанг фақат рақсу сурудро мефаҳманд. Баъзеи дигар атласу чакан ва галстуку костюми аврупоиро чун рукнҳои фарҳанг маънидод мекунанд. Имрӯз фарҳанг чун дар замони шуравӣ хеле сиёсӣ шудааст ва рисолату маънии аслияшро то ҷое гум кардааст.
Шукр, ки андешамандону муҳаққиқони асили миллат ин вожаро хеле фароху саҳеҳ бо далоили илмӣ ташреҳ додаанд ва медиҳанд. Вале мутаассифона аксари онҳо, ки имрӯз дорои минбару мансабе дар кишвар нестанд ё дар хориҷ аз он заҳмат мекашанд, садои онҳоро гӯё касе намешунавад. Миллат (қабл аз ҳама ҳукумат) ба ҷои қадршиносӣ ва сарпарастии моливу маънавии ин азизон, гоҳо машғули бадгуйиву туҳмат задани онҳост. Бархеро фурухташудаи Эрон меноманду дигариро арабпараст ё ҷосуси аврупоӣ. Миллат гуё аз мил кашидани дидагони Рӯдакиву ба ҳиҷрат водор кардани Камоли Хуҷандӣ ва Носири Хусрав сер нашудааст…
Банда аз эҷоди ин бузургмардони миллат чунин маъние бардоштам, ки вожаи фарҳанг ифодакунандаи таълиму тарбият ҳам ҳасту илму дониш ҳамчунин. Ақлу хирад, одобу адаб, фазлу маърифатро низ бо вожаи фарҳанг метавон баён кард.
Ба андешаи банда ибораи “фарҳанги миллӣ” низ чандон саҳеҳ нест, чун фарҳанг аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ ва фаромиллист. Шояд перомуни хусусият ва вижагиҳои миллии фарҳанг ё саҳми порсигуён дар ташаккулу такомули фарҳанги башарӣ ҳарф задан дурусттар бошад. Аз ин рӯ безории хешро аз он “патриоту фарҳангидаъвоҳои хасин” эълом медорам, ки худро чун “эҳёгару муҳофизи фарҳанги миллии тоҷикӣ” ҷилва дода, вале дар асл аз фарҳанг бӯе ҳам набурдаанд. Ин ҷанобон ва хонумҳои олуфта, аз мансабу мақом ё дастрасиашон ба минбарҳову расонаҳои расмӣ сӯистифода намуда, мардумро гуё “фарҳанги миллӣ” меомӯзанд, вале бехабар аз онанд, ки худ ба омӯзиши фарҳангӣ бештар ниёзманданд.
Бозмегардем ба сархати ин матлаб. Дар оғози сол Ҳусейни Назрулло ном хабарнигоре дар нашрияи расмии кишвар “Садои мардум” мақолаеро бо номи “Алҳазар аз фарҳанги бегона” ба чоп дода, нигаронии хешро аз “ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва омезиши фарҳангҳо дар асри 21” баён намудааст. Муаллиф хотироташро аз сафари мубораки ҳаҷҷ пешкаши хонандагон намуда, навиштааст, ки “барои ман бисёр тааҷҷубовар буд,ки баъзе ҳамватанон дар Маккаю Мадина, куртаю эзори домандарози сафеди арабиро ба бар кардаанд”. Саволе ба миён меояд, ки куртаву эзори сафед аз кай моли арабӣ шудаву падару бобоҳои мо-тоҷикон ва ҳамсояҳои мо-ӯзбеку қирғизу қазоқҳо то давраи истилои шуравӣ чи куртаву эзоре мепӯшиданд? Дурӯғу туҳматпароканӣ аз шеваҳои эҷоди ин “фарҳангдӯсту фарҳангомузи навбаромади тоҷик аст магар, ки дар идомаи мақола менависад: “Аз воқеаҳои феврали соли 1990 хуб дар ёд дорем, ки дар пойтахти кишвар ҷавонони даст ба сухтору куштору ғорату талаву тороҷзада, ҳама дар сар тоқиҳои тунуки сафед доштанд.” Сирф такрори ҳарзаҳои телевизиюни Отахон Сайфуллоев бо гузашти 28 сол! Баррасии тафсилоти он ҳаводиси фоҷиавии таърихи Тоҷикистон-ку мавзӯи ин баҳс нест, вале аз муаллифи номуҳтарам фақат як суоле дорем, ки он замон ҷавонон аз тири амниятиҳо ва фронти халқӣ шаҳид шуданд ё баръакс?
Бузургон беҳуда нафармудаанд, ки “пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад”. Хабарнигори “бомаданият”-и “Садои мардум” пасттарин ҷаҳолату хурофот ва таҳаммулнопазирии хешро чунин ифшо намудааст: “Имруз ба шахсоне, ки дар кӯча тоқиҳои сафед ва куртаю эзори дарозу сафед мепӯшанд, менигараму нафратам меояд. Охир ин бемаданиятист”.
Оҷонсии расмии кишвар khovar.tj чун рамзи ҳамнавоӣ бо муаллиф, ин чарандиётро бознашр намудааст ва акси як саф гулдухтарони атласпӯши тоҷикро зери он чун намунаи “либоспӯшии фарҳангии миллӣ” дар ҳоле гузоштааст, ки домони куртаи духтарон аз зонуҳои урёнашон андаке болост.
Бо баррасиву интиқоди дигар ҳарзаҳои муаллиф вақти тиллоии хеш ва хонандагони арҷмандро зоеъ накарда, фақат ҳаминашро зикр мекунем, ки аз оғоз то анҷоми мақола бӯйи бади исломситезӣ ва бехудоӣ меояду халос. Паси шиорҳои зоҳиран миллатдӯстона, муаллиф гоҳ сатру ҳиҷоби модару хоҳарони боимону тақводорро беасос интиқод мекунаду гоҳ саллаи мӯйсафедони нурониро мавриди накуҳиш қарор медиҳад. Аз бисёр ва бемамониат фурухта шудани фиттаҳои суруду филмҳои аҷнабии ба ахлоқи ҷавонон таъсири манфидошта, дар кӯчаву бозорҳои кишвар барҳақ изҳори нигаронӣ мекунад, вале дар ҳамин ҷо низ, фақат сабтҳои арабиву туркиро ёдрас мекунад, вале перомуни фаҳшфиттаҳои русиву аврупоӣ ҳарфе намегӯяд. Аз куртаи сиёҳранги дароздомани арабӣ безорӣ меҷӯяду ҷасорат ё хоҳише надорад, ки миниюбкаву кофтаи беостину бегиробонро либоси бегона эълон кунад…
Хулоса, ба ҷанобону хонумҳои тоза “бомаданиятшуда”-и ҳамватан ёдрас карданием, ки халқи бузурги тоҷик бо дурӣ ҷустану бадном кардани арзишҳои исломӣ соҳибфарҳанг нашудааст, балки маҳз “ИСЛОМ-СУТУНМУҲРАИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН АСТ” (иқтибос аз Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ). Ҷудоӣ андохтан ва мухолифи ҳам қарор додани арзишҳои милливу мазҳабӣ дар кишвари 97 фисад мусалмоннишини Тоҷикистон ҳади ақал ҳамоқат аст, болотар аз ин ҷиноят ҳам ҳаст.
Билохира, тибқи муқаррароти Сарқонуни кишвар ҳуқуқҳои фитрии шаҳрванд дахлнопазиранд, ки интихоби либос, дину мазҳаб – аз ҷумлаи чунин муқаддасотанд. Агар худ пойбанди арзишҳои исломӣ нестед, лутфан бо эҳсоси мазҳабии аҷдодону аксари ҳамватанон ва милюнҳо ҳамсоягон бозӣ ва беҳурматӣ накунед. Агар шумо ба соҳибони куртаҳои дароздоман нафрат доред, вале бидонед, ки онҳо раҳми шуморо мехуранду дуогуятон ҳастанд, то зудтар ҳидоят ёбед. Чунин фарҳанги таҳаммулпазириву хайрхоҳиро ба онҳо динашон таълим додааст.
Мудассир Устозода