С.С. Ятимовро хубтар шиносед (бахши дуввум)

Ислоҳ нет

Саймумин Ятимовро хубтар шиносед (бахши аввал)

С.С. Ятимов,  раиси КДАМ кист, дар чи шароит ба ин мақом даст ёфт ва аз худ чи нақше ба ёдгор мегузорад?

Хонандагони гиромӣ, дар бахши аввал се амалиёти маърӯфи ташкил намудаи С.С.Ятимовро тақдими шумо намуда будем. Дар бахши дуввум панҷ амалиёти дигари дар муддати даҳсоли раёсаташ дар КДАМ-ро тақдими шумо менамоем.  

Амалиёти № 4 Боздошти Зайд Саид. Монеа барои ташкили як ҳизби дигари мухолиф

Зайд Саид, собиқ вазири саноати Тоҷикистон ва аз тоҷирони муваффақи кишвар ягон корашро бидуни маслиҳати С.С. Ятимов иҷро намекард. Тавассути Гурез Зарипов, раиси Хадамоти Гумрук ва Маҳмуд Қосимов, муовини Зайд Саид, дар Кумитаи тадорукоти ҳизби сабтиномна шудаи “Тоҷикистони нав” ӯро фиреб карда оварданд. Гурез Зарипов аз номи Президент гарантия дод ва Сӯҳроб Паноев омад назди Зайд Саид ва ӯро чи доруе нушонида бурданд,манзур аз чӣ доруе ин аст,ки ӯро мутақоид карданд,ки шумо бегуноҳед ва чизе таҳдидатон намекунад. Албатта ончи гузашт ва чи гӯна ӯро бо туҳматҳои сохта, ба сангинтарин ҳукми ноодилона маҳкумаш карданд.

 

 

Албатта, ҳадаф маълум буд, пешгирӣ аз таъсиси як ҳизби дигари нав, ки ҳизби оппозитсионӣ мешавад. Ҳаросашон аз Зайд ин буд, ки бо бархе аз доираҳои феълӣ ва собиқаи ҳокимияти Русия алоқа дошт ва низ хеле аз бизнесменҳои муваффақи тоҷик дар Русия Зайдро сахт эҳтиром мекарданд. Ин яке аз ҳазорҳо ашхоси доро ва тоҷире буд,ки С.С.Ятимов ӯро ба ин ҳол гирифтор ва ҳама дороиҳояшро мусодира кард. Хуб шоҳиди ҳодисоти зиндони кирпични будем,ки чи гуна мехостанд ӯро ба шаҳодат расонанд.Амсоли Зайд Саид ва дақиқан ба чунин сарнавишт гирифторашон карда хело зиёданд. То имрӯз 113 нафарро мо баршумурдаем,ки чунин сарнавишт доранд ва рӯяшон кор дорем.

 

 Амалиёти№5 “Протколи 32–20”

Амалиёти Протокли 32–20 дар замоне иттифоқ афтод, ки Шӯрои амният бо С.С. Ятимов муқовимат мекард. Аз рӯзе,ки С.С. Ятимов раиси КДАМ таъин шуд, кормандони Шӯрои амният бо ӯ муқобил буданд. Протоколи 32–20ро таҳия ва тасдиқ намуда махсус барои ҳарбиҳои Русия “утечка” карданд, ҳадаф “подставит” кардани Шӯрои амният буд. Дар он вақт аз мансабдорони баландмақоми ҳукумати Раҳмонов, Шералӣ Хайруллоев тарафдор ва “одам”-и Русия ба ҳисоб мерафт. Соли 2012 мақоми ҳуқуқии пойгоҳи ҳарбии 201-и Русияро бояд муайян мекарданд. Русҳо барои таҳқир кардани Раҳмонов асноди шартномаи 201-ро на тавассути вазорати корҳои хориҷӣ (он замон Ҳамрохон Зарифӣ вазири хориҷа буд) тавассути вазорати мудофиа ва Шералӣ Хайруллоев фиристоданд. Раҳмонов ҳеҷ кор карда наметавонист. Чунки аз як тараф Диана духтари Шералӣ Хайруллоев,ки занаш буд, аз тарафи дигар дар пеш интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дошт. Мақсади асосии ин амалиёт аз байн бурдани таъсири Шералӣ Хайрулло болои Раҳмонов буд. Агарчи дар протоколи 32–20 ва ҳама бандҳои он бар алайҳи ҲНИТ  иборат буд.Аммо ҷаноби С.С.Ятимов моҷароҳои худ ва интригаҳои худро дошт. Мо танҳо ончӣ аз зовияи дигари масала буд онро рӯй сафҳа овардем.               

 

  Амалиёти №6.Табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим.

Роҳбарии амалиёти куштори Ҳоҷӣ Ҳалимро Мансур Умаров бар ӯҳда дошт. Ҳадафи амалиёт аз байн бурдани Ҳоҷӣ Ҳалим ва махсусан рондани ҲНИТаз саҳнаи сиёсати кишвар ва комилан тасарруф кардан муҳити сиёсиву иҷтимоии он ва таъмини яккатозӣ буд. Ҳадафи дигар “подстава”-и Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ ва Ҷалов, муовини худи раиси КДАМ, ки онҳоро дар ҳамкорӣ ва мусоидат ба Ҳоҷӣ Ҳалим гумонбар медонистанд. Аммо аз ин амалиёт хитоиҳо ва русҳо пешакӣ воқиф буданд. Хитоиҳо барои ҳамин самолёти Эмомалӣ Раҳмонро иҷозати парвоз надоданд. Раҳмонов он шабурӯз барои анҷоми як сафар дар Хитой қарор дошт. Вақте ҳоҷӣ Ҳалим аз шаҳр баромад, сипас самолёти Раҳмонов дар Душанбе нишаст. Як рӯз пас аз нақшаи сафар. Хитоиҳо барои хеле аз барномаҳои тавтиавии С.С. Ятимов спонсорӣ мекунанд. Барои мисол ҳамон 5млн.еврои барои МуллоАбдуллову Алии бедакӣ овардашударо аз хитоиҳо пурсида буданд. Вақте пулро Душане оварданд аз рӯи серия ва баста- пачкаҳо маълум кардани онки аз кадом банк оварда шудааст, ягон мушкил надошт. Хитоиҳо ҳамчунин силоҳ ва афзору абзори ҷангӣ ҳам медиҳанд. Вақте Хоруғро заданд,2 самолёт силоҳ оварданд. Бидуни кадом қайду ҳисоб. Раҳмонов фикр мекунад, ки хитоиҳо ӯро кӯмак кардаанд. Аммо ин кӯмак ба Раҳмонов нест, кӯмак ба С.С. Ятимов аст. С.С. Ятимов ҳамроҳи келину зану бачаву домодҳо дар клиникаҳои Ҳизби коммунисти Хитой муолиҷа мегирад. Дар клиникаҳое, ки ба аъзои Бюрои сиёии ҳизби коммунисти Хитой  хизмат мекунанд. Вақте дар мақоми муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард, яке аз асоситарин амалиёти ӯ дар ин симат ҳарчи зудтар вогузории замини Помир ба Хитой буд. Ин корро ба дастони Ҳамрохон Зарифӣ ва дигарҳо иҷро кард. Дар ҳамин амалиёти ҳоҷӣ Ҳалим саволҳо ва паҳлуҳои норавшан хеле зиёд аст. Ҳар қадар он ошкортар шавад, ҳамон андоза дурӯғ ва ботил будани он ошкор мешавад. Инҷо С.С. Ятимов Раҳмонро мутақоид карда ва тарсонида буд, ки ҲНИТ ин навбат дар интихоботи президентӣ аз хориҷа аз Эрон барои сарнагун кардани ҳукумат кӯмак мегирад. Барои ҳамин он набояд имконияти иштирок дошта бошад. Ин яъне ҳамон “интерес”ва “устухон”-е аз ин амалиёти тавтиаи С.С. Ятимов буд. Бубинед, бародар ва акаи ҳоҷӣ Ҳалимро кӣ аз МВД ба Ромит бурд? Ва, чаро бурданд. Онҳо, ки ҳамроҳи ҳоҷӣ Ҳалим набуданд. Онҳоро Абдулло Навҷувонов, феълан сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба онҷо бурд. Чи хеле гуфтем Рамазон Раҳимов ҳамроҳи Ҷалов дар ин амалиёт “подстава”шуданд.

Бояд нишон диҳанд, ки инҳо зидди ҳоҷӣ Ҳалиманд. Вақте эълон карданд, ки ҳоҷӣ Ҳалимро дар Ромит пайдо кардем, Маҳмадзоири домоди Раҳмонов ва Рамазон Раҳим зуд либоси ҳарбӣ пӯшида Ромит рафтанд. Наёфтанд,гаштанду омаданд. Вақте ҳоҷӣ Ҳалимро охирин гурӯҳи разведка ёфт ба Мансур Умаров, ки раҳбарии амалиёти безараргардонӣ таъин шуда буд, хабар доданд. Рафт ва оператсияи “уничтожени”-ашро дар онҷо ба сомон расонд. Соатҳои 1то 2-и он рӯз Ҳафиз Шодиев, сардори УБОПро фармон доданд, ки онҳоро-додару акаи Ҳоҷӣ Ҳалимро, ки боздошт шуда ва дар ВКД нигоҳдорӣ мешуданд, биоваред. Ҳафиз пайхас кард, ки онҳоро мебаранду мекушанд фармонро иҷро накард. Гуфт ман одамкуш нестам, ман ин корро намекунам. Ва, ҳамин тавр ба дасти ин Бадахшии бе пушту паноҳ Абдулло Навҷувонов онҳоро Ромит бурд ва дар онҷо куштанашон.

Бо иҷрои яке дигар аз амалиётҳо  С.С. Ятимов Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷро “подставит” кард.  Дар тамоми Душанбе овоза андохт ва ин овозаро дар интернет ҳам “утечка” кард, ки Ҳамрохон Зарифӣ видеои алоқаи ҷинсии Озода Раҳмон, он вақт масъули Идораи консулии вазорати хориҷиро дорад. Гӯиё бо як корманди худи ҳамин вазорат дар Ҳисор. Мақсад дур кардани Зарифӣ аз давру бари Раҳмонов. Яке аз аҳдофи ҳамаи ин тавтиаҳо  дар он нуҳуфта буд,ки С.С. Ятимов мехост, наздиктарин ва содиқтарин одами Раҳмонов худро нишон диҳад. Ӯ намехост,ки барои мисол Хайруллоев, ё Зарифӣ, ё Раҳимзода ва ё ҳар касе дигар бо Раҳмонов бештар аз ӯ дар иртибот бошанд. Мехост,ки Раҳмонов ба ӯ бештар моил бишавад ва лаҷоми идораи Раҳмоновро ноаён ба даст бигирад, ки ба ин кор муваффақ ҳам шуд. Зимнан баъди барканории Зарифӣ, тақрибан якуним сол аз доираи ҳукумат дур зада шуд. Вале баъди онки маълум шуд Зарифӣ ҳеҷ гунаи видеои алоқаи ҷинсии Озодаро надорад ва ин гапҳо ҳамагӣ тавтиае беш нестанд, ӯро сафир дар Ҷопон таъин карданд. С.С. Ятимов барои ҳар як амалиёт барои Раҳмонов як устухон мепартояд. Барои мисол устухони амалиёти №1 дур кардани Хайриддин Абдураҳимов буд, чун ӯ зидди Раҳмонов компромат дошт.

Инро ҳам бояд гуфт, ки мақолаҳои ин аъзо-коореспондентро дигарҳо аз танаш менависанд. Аксари онҳоро Муродулло Давлатов, раиси пешини Кумитаи дин менависад. Агар китобҳояшро хонед тарзи баёнашон фарқ мекунад. Вале ӯ мастер провакатсия аст. Дар ин кор устухон надорад. Ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳам буд ва метавонист дар Фронти халқӣ ҳузур дошта бошад. Барои мисол ӯ шоҳиди аз тарафи Сангак кушта шудани Ҷиёнхон Ризоев, раиси пешини вилояти Кулоб ҳам ҳаст. Аммо он замон ҷуръат надошт. Ҷуръат ва қудратро баъди омадан ба мансаби феълиаш гирифт.

 

     Амалиёти № 7.Данғара.

Амалиёти Данғара саропо буҳтон аст. Чи зарурат буд ҳамон кӯдакҳоро куштан? Дар дохили   Норак ҳама медонистанд, ки онҳо пивахуранд. Ду рӯз пеш пивахуриашонро ҳама дида буданд. Айёш буданд ва пеши беваҳо мерафтанд. Шумо дар ягонҷои дунё муҷоҳиди пивахури бевабозро дидаед?. Байъат карда мерафтаст бевабозӣ? Ин як спектакли номуваффақ буд барои нишон додани онки Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм сахт муқовимат мекунад ва кишварҳои аврупоӣ сармоягузорӣ кунанд. Ин амалиётро ҳам Мансур Умаров роҳбарӣ ва иҷро кардааст. Давлатҳое шаҳрвандонашон дар ин спектакли сохти С.С.Ятимов қурбон шуданд хуб фаҳмиданд,ки инҷо чӣ гап аст вале барои манофеъе,ки доштанд корро ба сари ДОИШиҳо бор карданду делоро бастанд.

 

Амалиёти №8.Ҳуҷум ба Душанбе.

Ҳадафи ин амалиёт хароб кардани муносибати Тоҷикистон ва Узбакистон буд. (барои чӣ? Чи манфиат дошт?) Ва, бояд нишон медоданд, ки дар ин кор Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои миллиардери Раҳмонов ҳам шарик аст. Гурӯҳи истаравшаниҳоро тайёр карда ва дар даруни мошинҳояшон каҷкордҳо барои гирифтани шираи камолро гузошта буданд. Онҳоро омода карданд, ки шумо Душанберо мезанед. (онҳоро кӣ омода кард? Бо пойи слансӣ? Кудако дар онҷо чи мекарданд?) Вақте ба самти Душанбе омаданд МВД фаҳмид ва онҳоро зад. Шоҳрух Саид, Рамазони Раҳим ва чандин нафари дигар фаҳмиданд, медонанд, ки ҳамин корро амният кард. Баёнияҳои бесарунуг ва берабт, ки онҳо аз Афғонистон омаданд, ба Узбакистон ҳуҷум мекарданд, гапҳои хушке буданд, ки он шабурӯзҳо амният нашр мекард, зеро роҳбарияти амалиётро инҳо бар ӯҳда доштанд. Раҳмонов дар Фаронса буд ва хостанд бо ин спектаклашон ҲНИТ ро барчасп зананд,ки шармандаи олам шуданд.Раҳмонов баргашт ва гуфт: “бас кунед,ки бӯй гандатон баромад ландаҳурҳо,як кори дуруст ҳисобӣ карда наметавонед”

 

Дар худи КДАМ ба ӯ се тахаллус ва ё лақаб додаанд:

 

“Муаллим” ва “Маркс”, ахиран “СС” ҳам ба ӯ илова намуданд, ки аз аввалҳои ҳарфҳои номи ӯ ва номи падараш мебошад. Аммо ин “СС” аз ҳамон гурӯҳи махсӯси зудамали Ҳитлерӣ ифода мекунад. Муаллим барои онки Донишгоҳи омӯзгориро хатм кардааст. Маркс барои онки ҷаҳонбиниаш ҷаҳонбинии марксистӣ аст ва Худову расулашро қабул надорад. Корҳои илмии ӯ дар мавриди ҳодисаҳои инқилоби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва махсусан поягузорони низоми исломӣ дар ин кишвар аст. Сиёсати зидди эронӣ, зиддидинӣ ва зиддимасҷиду зиддимуллову зидди ҳиҷобу ришро маҳз ӯ дар авлавияти кори давлати Раҳмонов қарор ва ба сиёсати давлат мубаддал кардааст. Давоми 2 сол кори ҳам номзадӣ ва ҳам доктори илм ҳимоя кардани С.С. Ятимов дар масоили вобаста ба Эрон ҳам хеле суолбарангез аст.

С.С. Ятимов тазоҳур мекунад, ки ӯ масъули амнияти 9 миллион мардуми Тоҷикистон аст. Ва, ниҳоди зери раҳбарии ӯ барои таъмини амният, адолат ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон кору фаъолият мекунад. Ӯ тазоҳур мекунад, ки бар муқобили мансабдорони порахӯру ришвагир ва фасодкор мубориза мебарад. Аммо амалан ӯ барои манфиати гурӯҳҳои алоҳида ва ҳимояти  тиҷорату бизнеси онҳо ин ниҳоди муҳимми давлатиро сафарбар кардаву машғул медорад. Мисоли зиндаи он боздошт ва ба боздоштгоҳ равона кардани Баҳром Иноятзода, раиси собиқи шаҳри Кулоб аст. Боздошти Иноятзода тавассути кормандони амният 100% закази Бег Сабур, қудои Эмомалӣ Раҳмонов аст. Ҳамин чанд моҳ пеш ду полковники КДАМ, ки аз тарафи Оҷонси мубориза бо фасод ба ҳангоми гирифтани пора дастгир шуданд, далели он аст ки КДАМ яке аз фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ аст.

Агар дар воқеъ С.С. Ятимов масъули амнияти аҳолии кишвар буд, ҳоло даҳҳо ҳазор, ки дар байни онҳо адибу рассому рӯзноманигор кам нест, чи расад ба муллову наҳзатӣ, ки имрӯз ноҷавонмардона гуноҳони набударо борашон кардааст, дар кишварҳои Аврупо зори ватан намешуданд. Агар амният таъмин буд, онҳо чаро ҷилои ватан карда ва дар талоши гирифтани мақоми паноҳандагианд?

Ҷамшед Зиёев, собиқ раиси “Тоҷпромбонк” дар боздоштгоҳ таҳти ҳимояти С.С. Ятимов мебошад. Ӯро бо дастури С.С. Ятимов як сол дар ИВС нигоҳ доштанд. Барои нигоҳдорӣ дар ИВС ба С.С. Ятимов 200ҳазор $ додааст. Феълан, ки Ҷамшед Зиёев дар СИЗО аст дар кабинети кадом корманди СИЗО ҷо кардаанд. ”Дачка”-и ӯро бидуни кадом мушкилӣ, ҳатто дар давраи коронавирус ҳам мегиранд. Ин ҳама шароитро барои ӯ С.С. Ятимов ташкил кардааст ва барои ин кор ҳар моҳ ба С.С. Ятимов наздикони Зиёев.Ҷ, 30ҳазор $ доля медодаанд.

Дар деҳаи Зимчуруди дараи Варзоб дар масоҳати 1.5 гектар замин, ки қаблан ба КДАМ тааллуқ доштааст, як коттеҷи сеошёнаи муҳташамеро бино кардааст. Ҳоло агар таркиби масолеҳи сохтмонии онро бароятон бигӯям шояд боваратон наояд: русӣ, турки, эронӣ, чинӣ, итолиявӣ ва ғайра. Ин бинои бӯстонсарои пешини КДАМ будааст, ки бо иловаи талу пушта ва замини ҳамвор ва дар лаби об 1.5 гектар масоҳатро дар бар мегирад. Гуфта мешавад, ки дар давру бари он камераҳои назоратии бисёреро насбу фаъол кардаанд. Аз 200–300 метр камераҳоро шинонидаанд. Шабҳо худаш онҷо зиндагӣ мекардааст. Дар ҳамин моҳи август чанд соҳибкорро ”грузит” кардааст ва онҳо роҳи аз роҳи калон то пеши коттеҷашро мумфарш ва дар ду тараф палафон-лампаҳои махсус бо пояҳои оҳанӣ шинонида ва чароғонӣ кардаанд. Дар масофаи чизе бештар аз 2 километр.

С.С. Ятимов тавассути як бародараш-Абдумумин, дар ноҳияи Фархор, ки раиси Идораи хоҷагии ҷангал аст ба тиҷорати беҳадду марз машғул аст. Ёдатон бошад дар авоили соли ҷорӣ 49 сар гови бародари С.С. Ятимов  ,ҳамин раиси Идораи ҷангалро қочоқбарони афғон рӯирост гирифта бурданд. Зеро бародарон С.С. Ятимов  ҳо пули героини афғонҳоро напардохта будаанд. Садҳо гектар ҷангал, ҳамчунин фермаи гов, галаи асп ва замини зиёди пахта дар ин ноҳия, ки ба бародари “лесник”-и С.С. Ятимов тааллуқ дорад, дар асл аз они худи генерал С.С. Ятимов мебошанд. С.С. Ятимов ҳам дар “Домпечат” ва ҳам дар 91 микрорайон сексия ва як ҳавлии калон дар тарафи колхози Россия дорад.

Абдумӯмин, на пули андоз месупорад ва на пули истифодаи нерӯи барқ. Яке аз заминдори калон, соҳиби чанд ферма, талу теппа ва куҳистони Фархорро тасарруф кардааст. Онҷойҳое, ки қаблан сардум гову моли худро ба чаро мебурд, ҳоло ҳатто дар як ваҷабаш ҳам ҳақ надорад. Абдмумин ҳоло раиси Идораи хоҷагии ҷангали ноҳия набуд, ки дар даст як камон дошт ва ҳангоме сари заминҳову дараву талу теппаҳо мерафт, ҳатман онро дар даст дошт. Агар ягон гов ва ё чорпои одамонро дар ин заминҳо бинад, ҳатман мепарронд. Ҳатто сари он говро намебурид, ки акалан ҳалол шаваду гӯшташро соҳибаш истеъмол кунад. Зеро ӯро ҳеҷ кас ва ҳеҷ чи гуфта наметавонад. Пештар мардум кӯҳ пистачинӣ мерафт ва гову молашро бо худ мебурд. Ҳоло ин тавр нест. Бепул намемонад, ки тарафи кӯҳ равед. Говро диданд, тир мезанад ва ё ҷарима мекунанд.

 

Ба Ислоҳ аз Фархор чунин навиштанд ва мусоҳиба карданд

 

Ҳамсӯҳбати Ислоҳ гуфт: Солҳои кӯдакӣ мо ҳамроҳи калонсолҳо мерафтем, гову мол мечаронидем ва писта мечиндем. Ҳоло Абдумӯмин Ятимов бародари ҷаноби С.С.Ятимов чунон нотарс шудааст,ки тарафи кӯдакҳо оинаи мошинашро пойин карда мили камонашро бароварда тир холӣ мекунад. Кӯдакҳо ҳам, агарки дилашон писта хоҳанд, дилёб намешаванд,ки сӯи кӯҳ тоб хуранд.Чанд вақт пеш кӯдакҳо, синфи 2-ю 3 ва ҳатто панҷсолаҳоро зери лагад гирифт. Бо пои мӯзаи кирзаш,ҳеҷ кас мадори сухан гуфтан ва эътироз карданро надоранд. Дар болои сарашон тир холӣ кард,ҳама сар хам итоат мекунанд. Киссаҳошонро кофта пистаҳои ҷамъоварикардаашонро  ба замин чош дод. Таҳдид кард, ки як бори дигар омадед, мепарронаматон. Абдумумин ҳоло дар ноҳия ягон касро сари мӯ писанд намекунад. Заминҳои хирманҷои пахта ва ҷаву гандуми ноҳияро аз ҳисоби лесхоз фурӯхт. Як қисми ҳарбии Нерӯҳои марзбонии КДАМ ҳаст дар ноҳияи Фархор. Ин  қисми ҳарбӣ пурра зери дасти Абдумӯмин аст. Барои ин қисми ҳарбӣ заминҳои зиёд вобаста шудагӣ аст. Аммо онро дар асл Абдумумин истифода мебарад. Бо афғонҳо кадом муомилаҳои ғайриқонунӣ дорад. Афғонҳоро кидат мекунад. Афғонҳо шабошаб дарёи Панҷро убур карда меоянд ва садҳо сар говҳояшро аз фермааш гирифта мебаранд. Чанде пеш дар ин бора дар расонаҳо хабар чоп шуда буд, ки 49 сар гови Абдумумин гум шудааст. Мардуми Фархор шоҳиданд,ки афғонҳо ба сари Абдумумин омаданд, наёфтанд. Чанд бор. Диданд, ки наёфтанд, баъд ин говҳоро бурданд. Ин қисми ҳарбӣ ва заминҳои он дар наздики марзи Афғонистон ҷойгир аст. Абдумумин аз ин заминҳо барои фермааш хошок захира мекард ва ҳар сари чанд вақт бо Нивааш онҷоҳоро хабар мегирифт. Баъди ин ҳодиса савори Нива лаблаби ин заминҳо тоб мехуранд то барои говҳо   алаф захира кунанд. Дар ин қисмат лухзори васеъе ҳаст ҳам дар он самт ва ҳам дар ин самти дарё.

Аз даруни лухзори соҳил афғонҳо бо снайпер аввал шофёрро мезананд. Дуввум марди дар бари ронандаро. Нафари саввумро, ки дар нишастгоҳи қафо нишаста буд, афғонҳо пайхас намекунанд ва ӯ ҳам, ки як бачаи ҷавони маҳаллӣ ва барои муйян кардани ҷойи заминҳои нисбатан сералаф бурда буданаш, нишастгоҳи бари ронандаро бо як азоб ба пеш тела дода ва ноаён ва хамидаву рустшуда аз дохили мошин ба замин мефарояд ва дарун-даруни лухзор мегурезад.Тахминан 50–60 метр аз мошин дур мешавад. Вақте ба қафо мегардад, ки бо чи силоҳе мезананд, ки Нива дар ҳаво мепарад ва садои таркиш гирду атрофро пахш мекунад. Афғонҳо ин корро барои он карданд, ки гумон доштанд ин бор низ дар дохили мошин худи Абдумумин аст. Аз тарафи дигар бубинед, ки инҳо ба хотири манфиати шахсӣ вазъи сарҳади давлатӣ ва ҳамин тавр оромии мардумро ба чи аҳвол расонидаанд, ки афғонҳо нотарсона дохили Тоҷикистонро тирборон мекунанд. Он ҷавоне, ки ҷон ба саломат бурд назди қисми ҳарбӣ меояд. Сарбозҳо мегӯянд, ки биё баргардему равем. Вай ба пойи онҳо афтода ҳодисаро ҳикоят мекунад ва мегӯяд, ки намераванд. Ҳозир чанд пуле, ки аз истифодаи об, барқ ва андоз ноҳияи Фархор қарздор бошад, як қисми асосиаш қарзҳои Абдумумин аст.

Як бародари дигари С.С. Ятимов дар Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузорӣ кор мекунад бо номи Ҷамшед  Ятимов  . Ошкоро пора талаб мекунад.5% ҳақ дорад.

 

Поёни бахши дуввум, дар мавриди фарзандон,домодҳо ва баъзе дороиҳояш дар қисмати севвум хоҳем гуфт. Бо Ислоҳ бошед, то С.С.Ятимовро хубтар шиносед. Агар шумо ҳам маълумоте доред ба мо ирсол намоед, то дар қисматҳои дигар онҳоро изофа намоем.

Share This Article