«Пешво» аз паси «Элбасӣ» Ин шо Аллоҳ хоҳад рафт!!!

Ислоҳ нет

Поёни шармовару фоҷиабори даврони раҳбарии тулонии Нурсултон Назарбоев, бунёдгузори режимҳои худкома дар паҳнои мусалмоннишини шӯравии пешин аз ончики интизораш мерафт, зудтар рух дод. Вале аз қабл маълум буд,ки як рӯз не як рӯз, ин низоми зиддидемокративу зиддихалқӣ бо ҳамин тарзу бо ҳамин шева, бо рехтани хуни халқи қазоқ ва ба азову мотам нишондани мардум сарнагун хоҳад шуд. Чунки Назарбоев ҳам ба мисли Муаммар Қаззофӣ, Бен Алӣ, Умар Ал-Башир ва даҳҳову садҳо дарозумрони сиёсии худкома ҷойи баромадагии худ, кӣ будани худ ва олу авлоди худро фаромӯш карда, халқро дигар ба ҳисоб нагирифт.

Вай ба як Диктатори аз ҳадду марз хориҷшуда ва дар чавкоти ҳеҷ як қонун намегунҷида бадал шуда худро то ба сатҳу дараҷаи Худо (наузамбиллаҳ) иртиқо дода буд. Курсиву қудрат ба он дараҷа чашмонашро кӯр карда буд, ки як вақтҳо дар тамоми дунё барои вай доруи абадият суроғ карданд. Дарозумрони сиёсии олами имрӯз, ки яке аз онҳо ҳамин Назарбоев мебошад дар рӯи ҷогаҳ ва орому осуда ҷон надоданд, интиҳои онҳо ҳамин гуна рӯсиёҳиву шармандагӣ аст.

Ҳоло Назарбоев шукр бояд кунад, ки хонаву дарашро насӯхтанд ва худашро накуштанд.

Ин ҳамин Назарбоев буд, ки худро Элбасӣ -Пешвои миллат хонд, Қонуни Асосиро иваз карду худро то ба ҳамин имрӯз дар раъси қудрат ҳифз намуд, кеши шахсияташро дар Қазоқистон татбиқ кард ва ончуноне ҳам гуфтем ба сатҳу дараҷаи нимахудоӣ ва ҳатто  наъузубиллоҳ худоӣ расид.

“Ва, дигарҳо, аз ҷумла ҳамин «сарқотили миллати тоҷик»-и ,ки ин ибораро Шодмон Юсуф дар суханрониҳо ва навиштаҳояш истифода менамуд,ки Эмомалӣ Шариповичро дар назар дошт,ки дақиқан дар пайравӣ аз Элбасӣ худро Пешвои миллат эълон карду Қонуни асосиро борбор тағйир доду ҳоло баҳузур пояшро дароз кардааст,ки «модомулумр» асту баъди мурданаш ҳам Рустаму Озодаву инак боз Рухшона бар болои ин миллат ҳукумат меронанд.”

Пойтахти давлат ба номи вай, фурудгоҳ ба номи вай, ҳайкалу ҳайкалчаҳои қатору бешумори вай, хиёбонҳо ба номи вай. Халқи Қазоқистон аз як дарди сари бузург, аз як балои ҳамеша болои сар овезон. Аз як бемории саратонӣ раҳо шуд, ки раҳоияшро мо табрику таҳният мехонем. Вале, инҷо боз афроде мутамаллиқу хушомадгӯву байзамоле амсоли Абдуллоҳи Роҳнамо ҳастанд, ки айни замон ҷомаи сӯгворӣ бар тан кардаву ашки ҳасрат мерезанд, ки «даврони назарбоевӣ» ба поён рафт:

«Нақшу хидматҳои Н.Назарбоев дар таърихи давлатдории муосири қазоқҳо ниҳоят муҳим буда, ҳеҷ “инқилоб” ё таблиғоти сиёҳи сиёсию иттилоотӣ наметавонад, ин воқеиятро инкор намояд. Бо вуҷуди камбудҳои мушаххаси даврони фаъолияташ, ӯ дар маҷмуъ, барои халқу давлаташ хизмати азими таърихӣ анҷом дода, дар ҳақиқат бунёдгузори давлатдории навини қазоқҳо мебошад».

Ин ҷумла иқтибос аз навиштаи ахири Роҳнамо дар робита ба ҳаводиси Қазоқистон аст. Роҳнамо аз Назарбоеви ҳамакнун ба кайфари аъмолаш расида ҳамчун “лидери минтақавӣ”, “татбиқкунандаи модели муваффақи мудирият” тавсифу тамҷид кардааст. (Ба назари ман намуд, ки Роҳнамо ин ҳама тамаллуқу хушомадҳоро ба номи Назарбоев оварда аммо дар асл Эмомалӣ Раҳмонро дар назар дорад).

“Хуб, бигзор, ҳамин тавр ҳам буда бошад: «нақшу хидматҳои Н.Назарбоев дар таърихи давлатдории муосири қазоқҳо ниҳоят муҳим». Барои ҳамин бояд вай аз сари қудрат наравад? Барои ҳамин вай бояд худро аз бақияи халқи қазоқ боло бигирад ва Қонуни асосиро барои шахси худаш тағйир диҳад, ҳайкал гузорад ва худро Пешво эълон кунад?”

Барои ҳамин вай бояд духтару домоду ҷияну додару аҳлу авлодашро ба ҳукумат оварда соҳиби сарвату молкияти миллиарддолларӣ кунад?

  «Нақшу хидматҳои Н.Назарбоев дар таърихи давлатдории муосири қазоқҳо ниҳоят муҳим» , аммо аз кадом ҳисоб? Аз ҳисоби мероси падару бобояш, аз ҳисоби захоири тилло ё газу нефти хусураш.ки ба ӯ мероси аз ҳамсараш монда?  Ё аз ягон ҷое дигар, аз ягон кишвари дигар оварду барои қазоқҳо сохт? Ончи кард аз ҳисоби молу сарвати худи халқи қазоқ кард!  Ё нодуруст мегӯям? Агар бо мантиқи роҳнамоҳо сӯҳбат ва ҳисобу китоб намоем, онкчики Назарбоев барои қазоқҳо кард, кам аст. Чунки вай ба ҷойи ҳадди ақал 7 нафар дар қудрат истод, «истодагӣ» кард, мӯҳлати раёсати ҷумҳурии 7 нафарро гирифт. Мебоист 7 баробари ончики то имрӯз кард, мекард. Яъне на як Остона, ки иваз карду ба номи худаш монд, мебоист 7 Остонаи нав месохт. Барои халқаш 1 Остона сохту барои духтару домоду ҷияну бародарҳояш пули 7 Остонаро дуздид. Дар расонаҳои олам исми Назарбоев ба унвони як ғоратгари моли қазоқҳо на як бору ду бор дарҷ шудааст ва дар бораи қасру кӯшкҳои миллиондолларии вай ва духтару домодҳояш дар кишварҳои аврупоӣ низ навиштаҳои фаровоне чоп шудаанд. Бар фарзе 7 қазоқи дигар тӯли ин беш аз сӣ сол дар Қазоқистон роҳбарӣ мекарду ҳамаи онҳо мисли Элбасӣ медуздид, ба халқи қазоқ чи мерасиду чи мемонд? Чаро Роҳнамо ва роҳнамоҳо ин тарафи мудрияти Элбасиву Пешвоҳои дигарро намебинанд?

“Дар расонаҳо хабаре чоп шуд, ки дар шабу саҳари ҳодисаҳои Қазоқистон танҳо 4 миллиардери қазоқи наздики Элбасӣ ба шумули духтару домоди Назарбоев 4 миллиард доллар зарар диданд. Ҳамин аст «нақшу хидматҳои Н.Назарбоев дар таърихи давлатдории муосири қазоқҳо»? ва ҳамин аст «лидери минтақаӣ» ва ҳамин аст «Элбасӣ-Пешвои миллат»? “

Аз ҳамин ҷо аст ки поёни сарнавишти ин элбасиҳо, ин пешвоҳо  яксону якранг аст. Онҳое, ки мегӯянд такрори ҳаводиси Қазоқистон дар бархе аз кишварҳои шӯравии пешин ногузир аст, беҷиҳат ва бедарак ҳарф намезананд. Чунки сабаб ва иллати дар они воҳид ба эътирозу гирдиҳамоӣ даст задани одамон дар Қазоқистон на дар як солу ду сол, балки солҳои сол ҷамъ шудааст. Кӯр бояд буд, ки ин ҳамаро диду дарк карду вале саъй кард, ки онро бори террористҳову хадамоти махсуси дигар кишварҳо кард ва хеле ҳам ноҷавонмардона ва ноинсофона ба авомили берунӣ рабт дод. Гаронии қиммати бензин як ангезае, як тагдаргироние беш набуд. Чуноне як сабзавотфурӯш дар Тунисмавҷи эътирозҳоро ба бор оварду давлти Бен Алии диктаторро сарнагун кард. Мардуми Қазоқистон аз онки Нурсултон Назарбоев, беш аз се даҳа дар қудрат истодаву ҳатто баъди супоридани курсии раёсати ҷумҳурӣ курсии қудратро насупорид, ба ҷон омада буд:

  «Пирамард рав». Ин садо садои Карим Масимов, раиси КАД-и Қазоқистон набуд, ки ҳоло ба ҳайси табаддулотгар дастгир шудааст. Ин садои халқи қазоқ буд, ки ба муҷарради фаро расидани шароит аз гулӯяш берун ҷаҳид.

Ҳузури ғайриқонунӣ, ҳузури то дами марги Нурсултон Назарбоев, ин диктатори бераҳму шафқат ва ба ҳазорҳо фарсах дуршуда аз воқеияти ҳаёту зиндагии халқи қазоқ буд, ки онҳоро бар алайҳи вай бишӯронду ба бораву барзан, ба майдонҳо ва ба хиёбонҳо овард. Кандани ҳайкали Назарбоев кандани ҳайкал, кандани даврони як диктатор буд, ки ин ҳама муддат халқи қазоқро ба ҳисоби одам нагирифт. Дар гардани ҳайкали вай андохтани ресмони оҳанӣ аломати кафондану рондани буғзу алами халқи қазоқ буд, ки тӯли беш аз се даҳа ҳузури вай ва ҳукумати вайро мурда-мурда таҳаммул мекард ва интизори як чунин рӯз «рӯзшуморӣ» мекард ва ончики ман мегӯям кадом “таблиғи сиёҳ”   нест ва «қазоқистони назарбоевӣ» ҳиҷ кишвари улгӯ ва намуна набуд ва хатму анҷоми он бар манфиати на танҳо мардуми қазоқ бар суди халқҳову кишварҳое ҳаст, ки ҳамин ҳоло ҳам бо сад азобу азият султаи Диктатори дигареро тоқат карда истодаанд.

 “Варианти қазоқӣ кайе набошад  дар Туркманистон, дар Тоҷикистон ва дар Озорбойҷон такрор мешавад. Ангеза ва замина вуҷуд дорад. Онро кӣ таҳрик медиҳад: ФСБ, СРУ ё МИ-6 ё Моссад ва ё ҳар ниҳоди ҷосусии дигар, гапи дигар аст. Дастак ва асос дар дохил аст.”

Агар вазъият ва ҳолати мардум дар ин кишварҳо хуб бошед ҳеҷ қувваи хориҷӣ манзур таҳрикҳоро дар назар дорам ва ҳеҷ қувваҳои сиёсии дохили ҳеҷ номаъқулие кардан наметавонад. Аммо мусиббат инҷо дар он аст,ки ин ҳама аз вазъи дохили кишвар сарчашма мегиранд. Ҳоло ҳам имкони тағйири вазъро то ҷое “пешво” дорад. Аммо на бо роҳи зурӣ ва зиндонкардану куштану бадарға карданҳо.

Ҳузури тулонии Назарбоев барои мардуми қазоқ таҳаммулшикан буд, ҳамчуноне барои мардуми кишварҳои давру бари он ба шумули Тоҷикистон, чунки ин диктаторҳои солҳои сол дар қудрат кафшершудаи бешарму бешараф на танҳо сарвату давлати мансубу мутааллиқи халқҳоро гирифтаанд, онҳо ихтиёри мардумро гирифтаанд, иродаи мардумро шикастанд. Назарбоеву Раҳмону дигару дигар диктаторҳо халқро ба ҳукми рама, пода ва гала меҳисобанд, халқро одам намеҳисобанд. Одам ба назари онҳо фақат худи онҳо ва наздикони онҳост. Дигарҳо ғулому бардаву бандаву канизи онҳоянд. Аз ҷумла ҳамин абдулло роҳнамоҳо ҳам рисолат ва миссияашон айни як ғулом ва як барда аст, ба ин фарқ, ки ғулом ва бардаҳои дигарро таскин ва тасалло ва фиреб диҳанд.

Ин ҳузури ниҳоят тулонии Назарбоев буд, ки халқҳоро ба эътироз баровард.

Қазоқистон кишвари мисли Тоҷикистон ва Қирғизистон фақиру содиркунандаи қувваи корӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ нест. Қазоқистон ба муҳоҷирони кори тоҷику қирғизу узбак ҷойи кор медиҳад. Вале ин ҳузури тӯлонӣ, дилбазан, ҷонкоҳ ва хастакунандаи Назарбоев буд, ки тазоҳурот барпо шуд.

Мардуми қазоқ ин бор хесту гуфт, ки бас!  Мо бо завқу табъи ту зиндагӣ намекунем! Бас аст!

Назарбоев болои мардум дикта мекард, на раҳбарӣ. Вай амир ва шоҳ буд на раиси ҷумҳурӣ. Ҳамачиро вай муайян мекард. Коре, ки бо низоми ҷумҳурият, бо меъёрҳои мардумсолорӣ мувофиқат намекунадро мекард. Шояд вай Қазоқистонро аз хоки сияҳ сохту «байналмилалӣ» кард. Аммо вай халқро ба ҳисоб нагирифт. Вай Остона сохт, вай аз хатари эҳтимолии даъвои марзии русҳо ҷилавгирӣ кард, аммо вай халқро ба ҳисоб нагирифт, писанд накард, одам нашумурд. Вай гуфт ҳама чиз ман ҳастам, оилаи ман аст, домодҳои ман аст, духтарҳои ман аст. Хулоса ҳама чиз ман аст ва Қазоқистон ҳам аз ман аст ва шумо ҳам азони ман мисле, ки гандум аз ман аст, газ аз ман аст уран ва нефту газ аз ман аст, шумо халқи қазоқ ҳам моли манед.

«Панҷгонаҳо, ҳафтгонаҳо, салафиҳо, ихвониҳо», ки Роҳнамо дар Қазоқистон ифшо кардааст ва боз ҳам «дин»-ро газидаасту мазаммат кардааст, дурӯғе беш нестанд. 20.000 террорист,яъне чӣ?Агар 20.000 террорист буд, чи тур тавонист, ки онҳоро хунсо кунад?  Авввал 20 ҳазор президент Тоқаев дар твитераш навишт ва он навишта ҳазф шуду ғайб зад. Баъдан ин адад 8 ҳазор шуд боз яксаду шасту ҳашт нафар шуд .Вақте мепурсанд ҷасадҳо куҷоянд ношармида мегӯяд президент,ки мурдаҳо аз могҳо фирор кардаанд. Пас, онҳо террорист буданд ё артист? Мурдаҳояшон аз моргҳо гурехтаанд. Аҷаб аст. Ҳоло ҳар баду балое, ки ҳаст болои халқи қазоқ бибандед, доишӣ ҳам гуфтед, аммо дониста бошед,ки бо худро фиребидан наметавонед халқро бифиребед.

“Дар рафтани Назарбоеви диктатор ашки ҳасрат нарезед. Онҳо бо ҳамин минвол мераванд, чун риштаи ҷони онҳо бо пои устал-курсиашон баста шудааст.”

Агар хелло хоҳед касе барои бақои “пешво” гиря кунад Мулло Абдурраҳим Каримовро даъват кунед мардак барин гиря мекунад. Аз тани ҳамаатон ҳам хуб гиря мекунад ва дилатон реш мешавад. Аммо мардум барои бақои “пешво” дандон газида истодаанду лаҳза шуморӣ доранд.

Бояд каҷ шишту рост гуфт, ки давлат он вақт обод мешавад, ки ҳама дар он саҳм дошта бошад. Ин тавр набояд бошад, ки давлат барои як оила, масалн Назарбоев Раҳмонов туйхона барои боқии халқ мотамсаро бошад.

“Халқ фақат қурутову оталаву шӯламошак хураду Назарбоеву Раҳмон барракабобу оши якбаяк ва сихкабоби тахтачаи хуҷандӣ, намешавад. Мешавад, як сол ду сол, даҳ сол хуб инак сӣ сол….вале дидем, ки «модомулумр» не. Як рӯз ҳама чиз чапа мешавад ва дигарбора ба ёди шакарови боолича мешаваду ҳаваси шира ба ҷирғот омехта карда хӯрданро мекунад.”

Ҷаҳон дигар шудааст, одамҳо дигар шуда истодаанд. Мардум то қиёмат Нурсултону Эмомаливу Даригаву Озодаву Кулибоеву Нуралиеву Алияву Рухшонаро тамошо кардаву қарсакҳои пурмавҷу давомдор зада  намешинад. Тарсу ҳарос ҳам як рӯз не як рӯз аз байн меравад. Ҳамин ҳамсояи Эмомалӣ Раҳмонов хуб медонист, ки ӯ кӣ буд. Вай аз ҳад гузаронида буд, аз худ рафта буд.

 “Ман аз кори роҳнамоҳо дар тааҷҷуб мешавам, ки вақте ин ҳамаро мебинанду медонандуу аммо намегӯянду баракс тамоман дигар чиз менависанд, дигаргуна тафсиру тавҷеҳ мекунанд. Аммо вақте мо мегӯем, ки ту як косалес, ту як маддоҳи беномусу бешараф, ту як мағзобамафкура, ту як пасоби замини пахта , ту шошаи фермаи гов, ки бӯйи бад мекунадастиву бас, қаҳраш мекунад. Чун ту дидаву дониста ноҳақро, номардро, дуздро, душманро ҳақ, мард, сӯфӣ ва дӯст ҷилва дода истодаӣ.”

Ҳатто ҳамин Қосимҷомарт Тоқаев дар охири охирон кафиду гуфт, ки Назарбоев олу авлодашро аз ҳисоби халқ бой кард. Дастур дод, ки ташкилоти духтари Назарбоевро бубанданд. Фикр мекунед ин тақдири нангин ба сари Эмомалӣ Раҳмонови “пешво”ят ва  “девлатмеҳварат” такрор намешавад. Худоро гувоҳ мегирам, ки ҳолу рӯзаш бадтар аз ин бадбахт хоҳад шуд. Ҳатмани ҳатман роҳи пулакӣ бепул мешавад!!!…

Таҳлилҳои дигари Ислоҳро дар пасманзари ҳодисоти Қазоқистон интизор бошед,ҳатман бархоҳем гашт ва боз ҳам соддатар мефаҳмонем,то гули Роҳнамоҳо ва дурӯғпардозону “давлатмеҳваракон”ро нахуред ва нохудогоҳ ашк нарезед)))

Share This Article