Бо вуҷуди он, ки тули чанд сол дар дохил ва хориҷ аз кишвар бо иқтисодиёт ва тиҷорат сару кор доштам ва дар ин ҷода то паноҳанда шудан мувафақиятҳоеро ҳам ноил шуда будам, ба баъзе аз масоили иқтисодии Тоҷикистон сарфаҳм намеравам.
Тиҷорати баъзе аз дороиҳои кишвари азизамон Тоҷикистон, мисли фурӯши қувваи барқ, ки дар асл ягон таҳдиди касодшавӣ надорад, ба монанди меваи тар ё сабзаи гармхона ҳамеша ба фурӯш нарафта мепӯсаду соҳибашро муфлис мекунад.
Ширкати “Барқи тоҷик” қувваи барқро худаш истеҳсол намекунад ва барои истеҳсоли қувваи барқ тамоман миёни ин ширкат дард намекунад. Як ширкати монополист ва миёнараве мебошад, ки аз истеҳсолгар ба нархи арзон қувваи барқро мехараду ба истифодабарандагон қиммат карда мефурӯшад.
Аммо, ҳамеша хабари муфлисшавиву қарздоршавияш расонаӣ мешавад.
Магар ширкати “Барқи тоҷик” қувваи барқро бо “дуланҳо” аз Афғонистон мекашонанд, ки дар роҳ Толибон лингаҳои қувваи барқро фуроварда мегиранд?
Магар қувваи барқ меваи тар аст, ки ҳангоми хариду фурӯш то ба мизоҷ расидан дар роҳ мепӯсад?
Ё худ анбори қувваи барқро гоҳ-гоҳ дуздон мавриди ғорат қарор медиҳанд?
Ширкати “Барқи тоҷик” ширкати давлатии монополӣ аст. Рақиб надорад, ки бигӯем, ҳангоми фурӯши барқ дар бозорҳо, ӯзбекҳо фалон тонна барқро ба бозорҳои Тоҷикистон дароварданду чанд тона барқи тоҷикӣ ба фурӯш нарафта пӯсид.
Ин ширкат бо вуҷуди он, ки ҳамеша бо пули нақди ҳармоҳа фурӯши барқро ба роҳ мондааст ва дар ҳолати насупоридани пули барқ, ҳатто дар сармои зимистон хати барқи касоне, ки пули барқро напардохтаанд, меканад ва барои қарздорон ҷаримаҳои ҳангуфти чандкарата ҳам дорад, мудом аз истеҳсолгарони қувваи барқ қарздор аст.
Семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1» қариб 130 млн. сомонӣ зиёд шуда, айни замон ҳаҷми умумии қарз 894 млн. 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2017 ҳаҷми қарзи ин ширкат назди нерӯгоҳ дар маҷмӯъ 110 млн. сомонӣ зиёд шуда буд.
Ба сурати умум, давоми 10 соли фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкати «Барқи тоҷик» ҳамагӣ наздики 64%-и маблағи нерӯи барқи истеҳсолшударо пардохт намудааст.
Тавре дар сомонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1 гуфта шудааст, аз замони мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» (20 январи соли 2008) дар он беш аз 18,7 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, арзиши умумии он 2 млрд. 444,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ширкати «Барқи тоҷик», ки имрӯз ягона харидори нерӯи барқи «Сангтӯда-1» ба шумор меравад, ба нерӯгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон давоми тамоми муддати фаъолияти он 1 млрд. 550, 3 млн. сомонӣ ё худ 63,4% аз маблағи умумии нерӯи барқи гирифтаашро пардохт кардааст.
Ҳоло ҳамин ҳолат бо истеҳсолгари дигари қувваи барқ НБО “Сангтуд-2” ҳам вуҷуд дорад, ки ширкати “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтуда-2” миллионҳо сомонӣ қарздор аст.
Ин ширкат чигуна қарздор мешавад, мутахассисе дар кишвар ҳаст, ки инро таҳлил кунад?
Ба гумони ғолиб ин ширкат ҳатман мавриди ғорат қарор гирифтааст ва ғоратгарон ҳам одамони қаторӣ нестанд.
Аз рӯи характеристика ё худ намуди ғоратшавӣ бармеояд, ки ингуна ғоратро танҳо шахси аввали кишвар ва ё афроди наздик ба ӯ метавонанд. Зеро, ҳеҷ кас дилу гурда намекунад, ки як ширкати монополисти давлатиро ғорат кунад. Ба ҷуз ғорат шудан бо дасти зургӯён, ягон роҳи дигари муфлисшавие барои ин ширкат вуҷуд надорад.
Агар ин ширкат бо вуҷуди он, ки ягон рақиб дар кишвар надорад, ҳамеша кораш муфлисшавӣ бошад, пас барои миллат ин ширкати давлатӣ як дарди сар аст.
Чизи дигар ин ки фикр мекунам, мавҷудияти ҳамин ширкати миёнарави гуфти ӯзбекҳо “олубсотар” барои Тоҷикистон тамоман нолозим аст. Чаро мисли дигар кишварҳо мо роҳи аз истеҳсолгар ва ё дасти якум ҳаққи харидани қувваи барқро надошта бошем?