(дар ин рӯйхат Муҳаммад(с) ва асҳоби киром ҳам шомил буданд)
Дар тули таърих ҳама имперяҳо, хилофатҳо, ҳукуматҳои хурду миёна рӯйхатҳоеро тартиб медоданд, ки дар он номҳои мухолифони сиёсӣ, динӣ ва ақидавии худро дарҷ мекарданд.Намехоҳам аз ҳукуматҳои асрҳои дур чизе нависам,чун бароямон муҳим нест.Мепардозам аз рӯйхати зуҳури биъсати охирин паёмбари ислом Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам).
Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чун ба паёмбарӣ баргузида шуд олам ва сокинони он дар сахттарин вартаи бехудоӣ ва ширку хурофот дур аз огоҳӣ мезистанд.Бо омадани ӯ дар олам навиди тозае дамиду нидои тавҳидро танинандоз намуд.Қабл аз инки бигӯяд ман паёмбар ва фиристодаи Аллоҳ ба сӯйи шумоям дар назди қавми худ эҳтироми вижае дошт.Бо номи Муҳаммади амин ӯро мешинохтанду эҳтиромаш мекарданд. Аммо пас аз инки аз ҳомилу бардуш доштани рисолате, ки овардааст оғоз намуд ин ҳама эҳтирому иззат бар алайҳи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гашт ва ӯро шуруъ карданд ба коҳин, ҷодугар, шоъир, дурӯғгӯ, девона гуфтан. Аммо ин ҳама таҳқирҳо ва тӯҳматҳо ба андозаи сари сузане бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) таъсир надоштанд.Сабаб он буд, ки ӯ медонист ҳақ аст ва фиристодаи Аллоҳ бар ин қавм ва ҳама ақвоми олам,то рӯзӣ қиёмат. Умед дошт қавме он рӯз ӯро чунин медонанду таҳқир мекунанд рӯзе даъвати ҳақро мепазиранду барояш омодаи ҳама чиз ва ҳама кор мегарданд.Ҳатто дар интишори ин рисолаташ бар ҳама ақтори олам ӯро кумак мекунанд. Билохира ончӣ умед дошт ва аз Аллоҳ талаб кард онро Аллоҳ барояш ато кард.Натиҷааш ман, шумо хонандаи ин сатрҳо ва тақрибан ду миллиард мусалмонони дигари оламанд.
Ҳангоме ҳолати онҳое, ки ба ислом ва рисолати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) имон оварданд дар Макка сангин гашт.Сангинтарин шиканҷа ва озорҳоро мушкрикони Макка бар онҳо,ки аз қавми худашон буданд раво медиданд. Амр ба аввалин ҳиҷрат намуд,то ин ҳолати тоқатфарсоро барояшон осонтар намояд.
Барои мусалмонон амр шуд,то ҳиҷрат намоянд.Дар аввалин ҳиҷрати мусалмонон ба Ҳабаша ададашон 11 мард ва чаҳор зан буд.Сардори ин даста Усмон ибни Мазъун (раз) буд. Албатта Усмон ибни Аффон (раз) бо ҳамсараш Руқия бинти Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳам дар ин қофила буданд.Чунонеки ҳоло овозаҳое мекунанд дигар ҳукумат чизе намегӯяд вазъият хуб шудааст.Ин муҳоҷирон ҳангоме мешунаванд, ки аҳли Макка мусалмон шудаанд баъзе аз онҳо ба Макка бармегарданд, вақте мебинанд аслан чунин нест дар ҳиҷрати дуввум бо дигар муҳоҷирон боз ба Ҳабаша бармегарданд. Ҳиҷрати дуввуми мусалмонон ҳам ба Ҳабаша буд ва ададашон дар ин ҳиҷрат чунонеки аҳли сират менигоранд аз 83 мард ва 19 зан иборат буд ва раёсати ин қофилаи муҳоҷиронро Ҷаъфар ибни Абутолиб (раз) ба уҳда дошт, ӯ забони он қавмро медонист ва ба хуби суҳбат мекард.Чун мушрикони Макка диданд ин ҳолатро дар ҳол дар фикри истирдод ё (экстрадитсия)-и онҳо ба Макка шуданд. Маълум аст, ки ҳокимони золим ва ситамгар пас аз инки зулм карданд ва раъияташон аз қаламрави зери тасарруфашон берун шуданд пас аз он дар фикри обурӯйи худ мешаванд, ки мабодо маро золиму ситамгар нагӯянд, дарҳол роҳҳои истирдодро пеш мегиранд.Барои ин истирдодҳо маблағҳои ҳангуфтеро ҳам масраф мекунанд. Муҳим барои истирдоди Асҳоби киром (раз) мушрикони Макка дар “Дори Надва” гирди ҳам омаданд.Беҳтарин ҳадияҳоро омода намуданд, яъне айнан мисли кори имрӯзаи ҳокимони золими мо ва ду нафарро ҳамчун сафир фиристоданд.Ин ду сафир ё намояндаро дар баъзе сарчашмаҳо Амр ибни Ос ва Аммор ибни Валид мегӯянд. Дар сарчашмоҳои дигар Амр ибни Ос ва Абдуллоҳ ибни Абурабиъа мегӯянд.
Ҳангоме ки ин ду намояндаи ҳукумати Абуҷаҳл ба Ҳабаша расиданд ва ҳадияҳои гаронбаҳои худро тақдими подшоҳи Ҳабаша, Наҷошӣ намуданд. Дарҳол талаби истирдоди онҳоро намуданд, аммо ҳукумати одилу адолатпарвари Наҷошӣ пас аз шунидани оёти қуръонӣ ва ҳақ будани муҳоҷирон ва ботил будани ҳукумати мушкрики он давраи Маккаро фаҳмид.
Барояшон чунин гуфт: Савганд ба Аллоҳ ин дин ва дини Исо ҳар ду аз як (мишкот) макон сарчашма мегиранд. “Биравед аз инҷо, савганд ба Аллоҳ ҳаргиз бароятон таслимашон намекунам, зери ҳеҷ шароите”.Яъне экстрадирват ашон намекнам ва инро аз ман интизор набошед.
Шикасти ҳукумати Абуҷаҳл дар баробари муҳоҷирон.Мақсад аз овардани ин ҳодисаи таърихӣ дар он буд, ки он ашхосе, ки номҳояшон дар рӯйхати пайгарди қонунӣ дарҷ аст парешонхотиру ғамгин набошед.Ин ҳолати имрӯзи мо ва шуморо айнан Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо асҳоби киромаш доштанд.Ситам бар онҳо раво доштанд, зиндониашон карданд, бо онҳо равобиту ҳатто салом намудану муомилаи тиҷоратӣ, духтар додан ба занӣ ва аз онҳо издивоҷро манъ намуданд.Маҷбур ба ҳиҷраташон карданд, боз мақсади истирдодашонро намуданд, худи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро қабл аз инки мехост ба Мадина ҳиҷрат кунад мақсади куштанашро доштанд, пас аз хориҷ шудан дунболаш карданд барои шахсе ӯро мекушад сад шутур ҷоиза гузоштанд.Аммо ба ҳеҷ як мақосиди шумашон мушрикони Макка нарасиданд.Инчунин ин золимон ҳам наметавонанд ҳама миллатро бикушанд ва дар мазорашон ҳукумат кунанд. Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам) пас аз ҳиҷрат нӯри эшон ва даъваташон ҳамаро фаро гирифту аз пештара боқувват шуд.Бо сари баланд ба Макка бо асҳоби киромашон баргаштанд ва онҳое, ки ба ӯ душмани меварзиданд мусалмон шуданду мутеъи ӯ гаштанд.Пас метавонам дар як мақтаъи кутоҳ бигӯям Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо асҳоби киром (раз) рӯзҳое дар пайгард ва дар рӯйхати сиёҳи ҳукуматдорони Макка қарор дошт, аммо ҳеҷ баде натавонистанд бикунанд.Мо ва шумо уммати ҳамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳастем.Оё месазад бар сари он Ҳазрат (с) ва асҳоби киром (раз) ин ҳама биёяд ва бар сари мову шумо чизе наояд ва мо осуда зиндагӣ кунем? Ҷонам фидои он Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва ин роҳи муқаддаси пурфарозу нишеби пурхатар.Имон доштан ва устувор будан дар ин роҳ ва даъват намудан ба ин роҳ осон нест ва дар оянда ҳам осон нахоҳад буд.Абуҷаҳл ва Абулаҳабу Утбаи дирӯз,пайравони онҳо имрӯз дар як саф қарор доранд ва дар муқобили ҳақ камин гирифтаанд.Аммо ноогоҳ аз инки “Ҳангоме ки ҳақ омад, ботил меравад,ботил аз миён раванда ва нобудшаванда аст”.
Зиед мехостам номҳои ин муҳоҷиронро нависам, вале аз сабаби дароз шудани мақола сарфи назар мекунам, то медидед кадом асҳоб дар рӯйхати Абуҷаҳл ва ҳокимони Макка қарор дошт,чунонеки мо ва шумо дар рӯйхати имрӯзаи ин ҳукумати фосид ва фоқиди ҳама салоҳитяти роҳбарӣ қарор дорем.
Хонандаи гиромӣ, ҳолатҳои зиёде дар таърих вуҷуд дорад,ки ҳокимони ситамгар,мухолифони сиёсӣ ва диниву ақидавии худро аз дигар кишварҳо талаб намудаанд, аммо аксари онҳо ба нокомӣ анҷом ёфт ва онҳое, ки таслим ҳам намудаанд, пас аз чанде худ ҳам паноҳандаи кишвари дигаре шудаанд ва ончӣ бар он паноҳандагон карданд бо онҳо ҳам айнан чунонеки карда буданд, сурат гирифта аст.Бархи дигар дар он зиндонҳое, ки мухолифони дирӯзшонро нигаҳдорӣ ва шиканҷа мекарданд худ ва омилонашон қарор гирифтанд ва ё ба хоку хун кашида шуданд.Рӯзгор дар гардиш аст ва ҳаргиз ҳолати ин олам яксон намемонад ва тез тез тағйир мехурад,эй кош панд мегирифтанду ислоҳ мешуданд.
“Рӯйхати номҳои терористон ва ё хоинони миллат”.
Ҳоло дар олам муассисаҳое вуҷуд доранд,ки дунболи ҷинояткорони муташаккил ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша амал мекунанд.Ин кори хубе аст барои безарар гардонидани онҳо,то дигар ба ҷиноят даст назананд онҳоро дунбол мекунанд, аммо афроде дар ин рӯйихати имрӯзаи тартибдодаи ин ҳукумат қарор доранд аслан ҳеҷ иртибот ба ягон ҷинояте надоранд.Ҳукуматҳои мустабид ва диктотурӣ аз фурсати муносиб истифода бурда барои ҳифзи мақому қудрати худ ё барои идомаи истибдоди худ беҳтарин афроди огоҳи милллатҳои худро дар қоимаи сиёҳ сабт менамоянд. Фикр мекунанд бо нобуд кардани он афрод умри онҳо афзун,ҳукматҳояшон поянда,иқтисодҳояшон ба қувват,норозиёни дохилашон кам,исми давлатҳояшон боло меравад.Дар ҳоле ба истирдод ё куштану зиндон кардани як мубориз ё мухолиф ғазаби сад нафари пеш дар ин фикр набударо меоранд. Сафи норозиёни худро рӯз ба рӯз афзунтар, умри ҳукуматҳои худро камтар ном ва шаъну шарафи давлатҳои худро пасттар ва худро дар назари шаҳрвандон манфуртару дар назари оламиён аз он бадтар муъаррифӣ мекунанд.Ба кушта шудан ё истирдоди мухолифони сиёсӣ, динӣ ҳеҷ тағйиротеро интизор набошед.Бар акс рукуд ва заволи ҳукуматҳоятонро мунтазир буда,ҷойе, ки мухолифони имрӯзатон қарор доранд фардо худа қарор хоҳед гирифт.Ин сухани ман нест ва ин шаҳодати таърих ва фармонравоёни пеш аз шумост!
Дирӯз чанд нафар бароям навиштанд: Устод табрик мекунем номи шуморо аз “Листи сиёҳи БМТ” бардоштанд.
Посухи ман: Савганд ба он Аллоҳе,ки ҷони ман дар қабзаи Ӯст, агар номи маро дар рӯйхати хатарноктарин афроди олам шомил кунанд.Маро маҳкум ба зиндони абад ё як умра ва сангинтарин зиндони ин олам ҳукм содир намоянд парвое надорам, ҳангоме ки Аллоҳам аз ман розӣ бошад.Агар ҳама он ашхосе дар гузашта бо ман буданд пас аз интихоби ин роҳи пур хатар аз ман рӯй гардонанд танҳо дар паймудани ин роҳе интихоб намудаам бимонам,ҳаргиз ин роҳи пурифтихори даъват ва баёни ҳақиқатро тарк нахоҳам кард.Ман ҳаргиз барои ризои ҳеҷ шахсе ва ҳеҷ ниҳоде хидмат накардаам,ки дар он ризои Аллоҳро ҷӯё нашуда бошам,то охир маро бо ин ҳолат нигаҳ дор.Эй Аллоҳ ман ризо ба ризоӣ Тӯям ва таслим ба ҳама ончӣ бароям дар ин дунё муҳайё ва омода намудаӣ. Аллоҳ моро шомили рӯйхати сиёҳи худ ва онҳое, ки номаҳои аъмолашонро ба дасти чапашон медиҳи нагардон.Моро аз ҷумлаи онҳое бигардон,ки аз онҳо розӣ ва хушнӯд ҳастӣ ва бидуни ҳисоб шомили ҷанноти адн мегардонӣ.Ба онҳо мегӯед шуморо имрӯз ҳеҷ хавфу тарсе нест ва онҳо он рӯз ғамгину ошуфта хотир нестанд.Аллоҳ бароям дар навиштан ва баёни ҳақ қувват, малака ва мавҳибаи хоссатро ато бинмо ва маро аз ҷумлаи бандагони мухлисат қарор бидеҳ.Ҳақро ҳамеша дар пеши назарам ҳамчун ҳақ ҷилвагар ва пайрави аз онро бароям муяссар бигардон. Ботилро дар назарам ботил намудор бигардон ва дур будан аз онро насибам бигардон. Ончӣ ин золимон мекунанд аз он маро ҳеҷ тарсу хавфе нест дар ҳоле Ту аз ман розӣ ҳастӣ.Шаҳодат дар ин роҳи пурифтихорро,ки орзӯйи ҳар бандаи мухлиси Туст бароям муҳайё ва аломати ризоро дар он ҳолат бар забонам гӯё бигардон.Охирин сухане,ки аз ин дунё маро ба он қабзи рӯҳ менамоӣ калимаи зебои шаҳодатро гӯё бигардон.Ба ҳурмати ин моҳи бузург,ки номаи аъмоли бандагонат бароят арза мегарданд инро аз ман бипазир, омин.
Муҳаммадиқболи Садриддин