Абуҳурайра (раз) аз Расули акрам(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунанд, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар шабзиндадории шабҳои рамазон рағбати беандоза доштанд, вале (асҳобашонро) амр намекарданд, то барояшон мушаққат нашавад (ё мабодо барояшон фарз нагардад).
Аммо чунин мефармуданд: ”Шахсе зинда дорад рамазонро аз рӯйи имон(яъне эътиқод дошта бошад ба фарз будани рӯзадорӣ, намоз хондан, қироъати Қуръон намудан, дуъо кардан ва дигар амалҳо дар ин моҳ) ва эҳтисоб (яъне талаби савоб доштан аз Аллоҳ ё холис намудани ният, ки дар он ҳеҷ шакке надошта бошад), бахшида мешавад он гуноҳоне, ки аз ӯ сар зада буд. (манзур аз гуноҳони сағира аст, барои маҳви гуноҳони кабира тавбаи насӯҳ ва боз нагаштану пушаймон будан аз он гуноҳон лозим аст)”. Ҳадиси саҳеҳ, Имом Бухорӣ
Албатта, дар мавриди ин ҳадис муҳаддисин маъонии зиёде баён намудаанд. Манзури мо танҳо “зиндадории рамазон” мебошад. Муҳаддисин дар тафсири ин мақтаъ мурод аз зиндадории рамазонро шабзиндадорӣ дар шабҳои рамазон гуфтаанд. Баъзе дар шаби қадр гуфтаанд, аммо бархи дигар дар умум шабҳои ин моҳро гуфтаанд. Албатта, шаби қадр дар яке аз шабҳои ин моҳ аст ва барои дарёфти он шаб ҳама шабҳои ин моҳро ҷустуҷӯ бояд кард.
Мо ҳадиси дигаре дорем, ки мазмунаш чунин аст. ”Агар мард (ё зан) ҳангоме, ки намоз гузорад бо имом, то ин ки ба охир расонад (намозашро бо имом) навишта мешавад барояш қиёми лайл (шабзиндадории комил)”. Ривояти Имом Аҳмад ва дигарон
Ин ҳадиси охир мужда ё хушхабари Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Асҳоби киром(раз) ҳангоме буд, ки Асҳоб(раз) аз Ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хостанд, то бо онҳо намоз гузорад ва шабро бо намоз сипарӣ намоянд. Дар посух ва исрори онҳо ин хушхабарро барояшон паёмбари гиромӣ салаллоҳу алайҳи васаллам доданд, ки ба мо умматонаш ҳам далолат мекунад. Пас, шахсоне, ки рӯзона кору фаолиятҳо доранд ва барояшон имкони шаб то субҳ намоз хондан ва шабзиндадорӣ дар шабҳои рамазонӣ нест, кофӣ аст, ки намози хуфтанро бо имом гузоранд ва пас аз он намози таровеҳро бо имом бихонанд. Баробари имом аз намоз фориғ шудан барояшон савоби ибодат ё шабзиндадории комили он шаб навишта мешавад. Пас, ҳадди ақал аз ин фазилати бузург худро маҳрум накунед. Намози хуфтанро бо таровеҳ бо имом гузоред ва ин фазлро соҳиб гардед.
Муҳаммадиқболи Садриддин