Порчаҳое аз матни суханронии Муҳаммадиқболи Садриддин, муассиси сомонаи илмӣ, таҳлилӣ ва сиёсии Ислоҳ, дар Ҳамоиши бахшида ба 21-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон.
Ваҳдати миллие, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, аслан баъди имзои Созишнома то соли 2015 идома ёфт. Моҳи сентябри соли 2015 Эмомалӣ Абдураҳмон бо имоматии бидуни вузуяш ҷанозаи сулҳу ваҳдатро дар додгоҳи олии кишвар хонд. Аз сулҳ чизе боқӣ намондааст. Имрӯзҳо бошад, пои худро фаротар гузошт ва гуфт, ки ман аслан ба чизе имзо накардаам
Дар “Ховар” матлабе нашр шуд, ки ба ширкаткунандагони ин нишасти мухолифин аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Барои ҳаммаатон аз 5 то 8 соли зиндонӣ шудан муборак бошад! Ин нишонгари он аст, ки ҳукумат аз мову Шумо дар ҳарос аст.
Дар худи кишвари Олмони Иттиҳоди Аврупо наздик ба 15 ҳазор паноҳандаи тоҷик сукунат доранд. Ин далолат бар он мекунад, ки аз зери зулму истибдоди як золим ва оилааш, ки беш аз 25 сол мешавад, дар сари ҳукумат аст ва то ба ҳол дар фикри додани қудрат ба каси дигар нест, ин мардум сар ба гурез шудааст.
Раисҷумҳур, ки то ба имрӯз ҳамчун як ҷониби сулҳ ифтихори ба имзо расонидани Созишномаро дошт, худаш инкор карда гуфт, ки ба чизе имзо накардааст. Ин далолат бар он мекунад, ки нуқтаи таммат ва ниҳояти сулҳ гузошта шудааст ва дар Тоҷикистон ҳеҷ сулҳе ва ё ваҳдате вуҷуд надорад.
Касоне, ки имрӯз ба фиреби ин режим афтодаед, бидонед, ки хиёнаткор даст аз хиёнат барнамедорад. Ба бузургоне мисли устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ин хоинро ба зону шинонда буданд, хиёнат кард, пас дасти хиёнаташ сӯи ману шумо дароз аст. Шахсе, ки дар тинаташ хиёнат вуҷуд дорад, имкон надорад, ки хиёнаташ такрор нашавад.
Мо ба Аврупо барои саёҳату сукунат наомадаем ва ҳатман ба ватани худ бармегардем. Ягона сади роҳи баргаштани мо ба ватан, ин режими худкома аст. Рӯзи баргаштамон ба ватанро рӯзи озодии мардуми тоҷик аз зулму истибдод эълон хоҳем кард.
шаҳри Дортмунди Олмон
15.07.2015