ҲНИТ меросбари ИНОТ-и собиқ аст

Ислоҳ нет

 

Дар пас манзари ҳамоиши имсолаи Дортмунд

 

Сабаби ташкили ин ҳамоиш ва арҷгузорӣ ба Сулҳу Ваҳдати миллӣ

Имсол ҳам мисли соли гузашта дар Дортмунди Олмон ҳамоиши бахшида ба “Сулҳ ва ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Аллоҳро шукр мегӯям, ки шарафи иштирок дар инҲамоишро баром иноят фармуд. Ин ҳамоиш бо ибтикори ҲНИТ ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои бузургоне, ки бо ҷонфидоиҳои содиқонаашон тавонистанд, сулҳро барои ҳадди ақал 18 сол  дар Тоҷикистон барқарор намоянд баргузор шуд. Наҳзат барои расидан ба ин сулҳу ваҳдат нухбатарин ашхосашро фидо кард. Агар ба он арҷ нагузорад воқеан амали нобахшиданӣ ва бе эҳтиромӣ ба амали анҷомдодаи он нухбагонаш мебошад.

асосгузорон

 

Чаро сулҳ то охир пойдор намонд?

Хиёнатҳои тарафи муқобил аз оғоз ҳам дида мешуданд ва аҳдшиканиҳояшон дар санадҳои имзо кардаашон ошкоро мушоҳида мешуд. Аммо ҷониби дигари сулҳ бо он созишнома ва санади ҳамдигарбахшӣ ва ризоияти миллӣ комилан амал мекарданд ва аз худгузариҳои зиёде ҳам барои ҳифз ва по бар ҷо мондани он то дақиқаҳои охир анҷом доданд.  Дар муқобили ҳама хиёнат, аҳдшиканӣ ва ҷиноятҳои сангини Эмомалӣ сиёсати “Сабр”-ро пеш гирифта буданд. Ниҳоят Эмомалӣ вақте дид бо куштан, зиндонӣ кардан, тахриби шуъбаҳои ҳизб, тухмшапак кардан, сухтори масҷиди ҳизб, латукуб кардани чанде аз фаолон ва кормандону узви РО ҳизб, ғасби моликиятҳои шахсии онҳо натавонистанд наҳзатиёнро ба эҳсосот оваранд. Чун воқеан сабри оҳанини наҳзатиён ҳукуматро ба хашми оҳанин овард ва гузаштанд ба марҳалаи ниҳоӣ, ки он иттиҳом намудан ба инқилоби сохта ва бофтае, ки ҳеҷ бовар карданӣ набуд. Наҳзати орому собирро аз фаъолияти орому тобеъ ба ҳукумат дар дохил ба хориҷ аз кишвар берун карданд.

Ҳарчанд ин ҳизб то ду соли баъди мамнӯъ эълон шуданаш, марҳилаи аз нав шаклгирӣ ва аз навсозиро тай намуд, аллакай тули чанд моҳи охир баръало мушоҳида мешавад, ки аз худ ҳамчун як ҳаракати умумимиллӣ ва муборизи варзидаву ботаҷриба дарак дод.

 

Чаро дар ин ҳамоиш беш аз ҳама наҳзатиён иштирок доштанд?

Савол ба миён меояд, ки чаро дар ин ҳамоиш маҳз наҳзатиён иштирок намуданд. Албатта, дар ин ҳамоиш буданд афроде, ки тоза ба саҳнаи сиёсат ва мубориза бар алайҳи режими мустабиди Эмомалӣ ба саҳна баромадаанд. Инчунин афродеки шомили ҳеҷ гурӯҳ ва созмоне ҳам набуданд иштирок доштанд. Посухи асосӣ дар ин савол ин аст: Меросбари ИНОТ, ки бо ин режим созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллиро имзо намуданд, танҳо ҲНИТ боқӣ монда аст. Ҳизби демократ,ҷумбиши Лаъли Бадахшон, созмони Растохез ва ҳама афроди варзидаи дар он солҳо буда, дигар қариб ки касе аз онҳо дар масири худ боқӣ намондаааст. Бо як ишораи кутоҳ мегӯям, ки бидуни ҳеҷ шакку тардиде Эмомалӣ онҳоро ба қатл расонид ва он ҳизбу созмонҳо сабти ном нашудаанд ва ё шахсони тасодуфӣ раёсати онҳоро ба уҳда доранду ба ҳизбҳои кисагӣ мубаддал гаштаанд. Метавон ҳизби демократи дар гузашта номдор бо Роҳбарии Шодмон Юсуф ба ин мисол шавад, ки роҳбари кунунияш ин ҳизбро ба ҳизби кисагӣ табдил додааст.

 

Баъзеи дигар аз сарнавишти бар сари ҲНИТ омада, ҳушдори ҳукуматро гирифтанду хомӯш шуданд. Баъзе афроде, ки дар гузашта, чеҳраҳои шинохта буданду дар музокироти сулҳ, ҳамеша дида мешуданд, на фақат мардум ё як ҳаракатеву анҷуманеро роҳбарӣ карда натавонистанд, балки ҳатто аз уҳдаи идораи шахсияти худ набаромада, ба инзиво рафтанд.

Анҷумани нерӯҳои мухолифоне, ки бо кӯшишу ғайрат ва ҷонбозиҳои даҳҳо ҷавонони мубориз шакл гирифта буд,  пароканда шуд.

 

Пас, аз ин ҳама таърихе, ки аз гузашта ёдовар шудем бо сароҳат метавон гуфт,  танҳо меросбари ИНОТ, ки дар гузашта бо ҳукумат созишномаи сулҳро имзо кард ҲНИТ ҳамчун як намоди барчаста боқӣ монда аст. Нисбати иштироккунандагони ин ҳамоиши Дортмунд дигар ҳеҷ таваққуъи дигареро набояд дошт. Барои ашхоси оқил бояд кофӣ ва басанда бошад, ки меросбар дилаш ба хидмати гузаштагонаш бештар месӯзад на афрод ва созмону гурӯҳҳои тозатаъсиси дигаре, ки феълан арзи ҳастӣ менамоянд. Ман дилсузӣ ба миллат ва хоҳони пешравию тараққиёти кишвар будани дигар созмонҳову гурӯҳҳои мухолифро зери суол бурданӣ нестам. Аммо фаъолиятҳои бориз ва самимонаи ҲНИТ  хусусан дар ин рӯзҳои мушкилаш, далолат бар он мекунад, ки Наҳзат ба ҳар қиммате набошад, посдори хидматҳои бурзургони миллат аст.

ввавав

 

ҲНИТ магар дар ин сулҳ иштибоҳ кард?   

Ман ин сулҳро ҳаргиз иштибоҳ намедонам. Зеро раёсати ҲНИТ ҳеҷ фикри шуме дар муқобили Эмомалӣ надошт. Содиқона, бо ӯ ин созишномаро имзо намуд. Чун наҳзатиён барои миллат хоҳони некуаҳволӣ ва зиндагонии осударо доштанд ва ба он то охир содиқ ҳам монданд. Инки тарафи муқобил ба ин созишнома хиёнат кард ва аз оғоз кӯшиши аз саҳнаи сиёсии кишвар маҳв намудани мухолифони сиёсии пурқувваташ чун ҲНИТ-ро дошт, ин бар мегардад ба виҷдон ва номуси хоине чун Эмомалӣ, на ба ҲНИТ. Инкори имзои созишнома бо ҲНИТ, ки меросбари асосии ИНОТ аст ва дар суханрониҳои Эмомалӣ зикри номи он дида мешавад бузургтарин далели дигар барои меросбарии асосии ИНОТ ин ҲНИТ аст.

вав

 

Ҳароси Эмомалӣ аз ҲНИТ ва сукути Эрон дар муқобили режими Тоҷикистон

Эмомалӣ ва мушовироне, ки ӯро машварат медиҳанд хуб медонанд, ки ҲНИТ дар гузашта ва ҳоло аз ҳимояти мардуми кишвар бархурдор аст. Агарчӣ дар интихоботҳо пирӯзии ҲНИТ- ро камранг ҷилва медоданд, вале дар асл аз онки миллат ҷонибдораш буд ва аксари овозҳоро соҳиб мегашт ва то ба ҳол ҷонибдорони бештаре аз дигар аҳзоб дорад, огоҳии хуб дорад. Аз ин хотир ҳатто барои як мулоқоти раиси ҲНИТ устод Кабирӣ бо Алӣ Хоманаӣ муносиботи худро қариб, ки бо Эрон комилан хароб карда аст. Дар ҳоле, ки Эрон дар Тоҷикистон тарҳҳои бузурги ҳаётӣ дошт. Эмомалӣ аз баҳри ҳама гузашта аст, чун аз даст додани курсии раёсатҷумҳуриашро танҳо дар ҲНИТ мебинад. Ин дар ҳолест, ки ҷумҳурии исломии Эрон феълан ҳеҷ кумаки малмусе барои ҲНИТ намекунад ва агар мекард, кайҳо соҳиби шабакаҳои телевезионӣ, будҷаи қавӣ мегардид, нерӯ ва қуввати мубориза бар алайҳи режим шиддати қавӣ мегирифт. Баракс ҳанӯз як соли пеш, то он ҷо ки хабар дорам, ҳама фаолони наҳзат, ки ба ин кишвар паноҳ бурда буданд, аз хоки ин кишвар берун карда шуданд. Ҳатто чандин нафарашон истирдод ҳам шуданд.

 

Аммо, шигифтовараш ин аст, ки Эрон ба ин бузургӣ ва муқтадир буданаш, ки дасту панҷа ба Амрико ва кишварҳои абарқудрати дигар мезанад, чаро ин ҳама хунсардӣ ба иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистон нишон медиҳад ва хомӯш аст? Дар ҳоле агар як кишвари дигар мебуд, садҳо радияҳо ва сару садоҳо, ҳатто роҳпаймоиҳоро бар алайҳи он кишварҳо мекард ва карда асту онҳоро дидаем. Ҳатто миллиард доларе, ки авлоди Эмомалӣ аз Бобаки Занҷонӣ тасарруф намуд ба Эрон барнагардонд ва аз чунин маболиғе инкор ҳам кард. Дар ҳоле ширкатҳои Бобаки Занҷонӣ ва сармояҳои гузоштаи ӯ, ширкатҳои ифтитоҳнамудааш бо ҳузури худи Эмомалӣ ва тавсифҳои роҳбарияти Тоҷикистон барои ин сармоягузориҳояш дар расонаҳо бозтоб ёфта буд. Иттиҳомотҳои мақомоти Тоҷикистон нисбати Эрон рӯз ба рӯз меафзояд. Боз ҳам ҳеҷ вокунишеро мушоҳида намекунем. Агар ҳукумате чун Эрон дар муқобили ин аъмоли режими хирасари Эмомалӣ иттихоз накунад ва аз худаш ҳадди ақал ҳимоят накунад, воқеан хело бад аст.

 

Ман гуфтани нестам Эрон аз ҲНИТ ҳимоят кунад, аммо бояд гуфт, ки агар Эрон иродаи посух ба ин амалҳои мақомоти Тоҷикистонро пайдо кунад ва аз худаш ҳимоят кунад,  бутлони ин иттиҳомотҳо, ҳам алайҳи Эрон ва ҳам алайҳи ҲНИТ хунсо ва ошкор мешавад. Бидуни ҳеҷ тараддуде ҲНИТ бегуноҳ буданаш барои ҳамагон бори дигар ҳувайдо мегардад. Имрӯзҳо ҷумҳурии исломии Эрон ҳатто ҳамчун яке аз кишварҳои кафили Сулҳи тоҷикон низ ба ин ҳама гирудорҳои сиёсии Тоҷикистон тамошобин аст ва садое баланд намекунад. Танҳо метавонам як чизро тахмин занам, ки ҲНИТ мустақилияти худро бо вуҷуди ин ҳама азобҳои иқтисодиву иҷтимоъӣ ва пеш аз ҳама сиёсӣ ҳифз кардааст. На Эрон ва на ягон кишвари дигаре аз ҲНИТ наметавонад ба нафъи худ истифода кунад. Чун ҲНИТ як ҳаракате мебошад, ки маҳз ба хотири озодиву истиқлолият аз баданаи миллат ба миён омада аст.

 

Рӯҳияи мардум дар беруни Ҳамоиш ва дохили он

Дар беруни ҳамоиш мардум аз чунин чорабиниҳо истиқбол мекарданд. Ҳузури иштироккунандагонеро, ки ба Дортмунд рафта буданд, ба хубӣ ва самимият пазируфтанд. Воқеан, бо ҳузури анбӯҳи чандсад нафар аз дигар манотиқи Олмон ва кишварҳои дигар, як хушҳолие дар чеҳраи меҳмонон ва мизбонон баръало дида мешуд. Мизбонон тақрибан ҳама меҳмононро дар хонаҳои худ ҷой карданд ва меҳмондорӣ намуданд. Худи ҳамин фазои баҳамоӣ ва мизбониву меҳмонии тоҷикон умедворкунанда буд. Ин аз он дарак медиҳад, ки аллакай иттиҳоди мухолифон дар муҳоҷират шакл гирифта истодааст.

 

Дар дохили толор ҳам  самимият ва шуру шавқи штирок кунандагон  дида мешуд. Як дигарро ба оғуш мегирифтанду аз фироқи якдигар, ки солҳост ҳамдигарро надида буданд, ашк мерехтанд. Ҳама суханрононро бо кафкубиҳои самимонаву содиқона истиқбол менамуданд. Ин саҳнаҳоро намешавад ба қалам кашид, бояд онро бо чашми сар дид ва лаззат бурд. Иштиёқи ватан ва ёру дӯстоне, ки дар ватан боҳам будему чандест аз ҳам дурем ин Ҳамоиш муттаҳид ва гирди ҳам оварда буд.Хело аз иштирок дар ин ҳамоиш худро хушҳол меҳисобам,агарчӣ ба ҳукми зиндонҳам маҳкумам намуда бошанд. Воқеан, рӯзи хотирмон ва фаромӯшнашавндае буд.

вв

 

Хитоб ба афроде, ки қалбану рӯҳан бо моянд вале амалану ҷисман не!

Мардум аксаран наззорагарро мемонанд ва мунтазири вуқӯъи ҳодисае аз ғайб ҳастанд. Мунтазири нузули малоик аз осмон ҳастанд, ки ин режими хуношоми Эмомалиро сарнагун созад. Ё Аллоҳ аз осмон паррандагони Абобилро бар алайҳи ин режим фиристад ва пас аз он гӯянд, мо ба ин имон доштем ва медонистем.

 

Набояд мусалмоне, ки ин қадар зулм, шиканҷа, қатл, дуздӣ, ғорат, мухолифоти ошкорро ба эътиқод, дин, мазҳаб ва афроди ин миллат, маҳдудият дар зиндагонии шаҳрвандон, ба ҳолати худкушӣ оварда расонидани онҳоро аз тарафи як фарде ба номи Эмомалӣ ва афроди оилаи ӯ бо чашми сар бубинад ва боз ҳам мунтазири муъҷизае бошад. Ин беҳайсиятӣ ва имони росих надоштанашро ифода мекунад. Воқеан Аллоҳ шоҳид аст, касеро вонахурдам, ки аз ин режим розӣ бошад ва ё ҷонибдорӣ аз ин режим карда бошад. Ҳама бидуни истисно мухолифи ин режим ва аз мо бештар хоҳони аз сари қудрат рафтани ин шахс мебошанд. Аммо мехоҳанд, ки коре кунем, то он малмус бошад ва вақте  пешравиро диданд, паёмфиристиҳо сар шуд.

 

Мегӯянд, ки ҳатман мо бо шумо ҳастем, дуогӯи шумо ҳастем, аз пешравиҳои шумо хурсанд ҳастем, каме вақт бароямон лозим аст, мунтазири ин ҳастем ва ё мунтазири он ва ҳоказои дигар, ки чанд моҳи охир хеле зиёд чунин паёмҳо меоянд.

 

Медонам бо мо ҳастед, дар ин шакку тардиде ҳам надорам. Медонам зулму ситам дар тану ҷисму ҷони ҳар фарди миллат эҳсос мешавад. Аммо агар мунтазири муъҷиза бошед бо сароҳат мегӯям, мӯъҷизаи ин уммат ҳангоми мубориза бар зулму истибдод ва мубориза баҳри ҳифзи дину имони хеш ба миён меояд. Хотиратонро ҷамъ доред бабеғамону бетарафон ва касоне, ки аз ғайри Ӯ Таъоло метарсанд, ҳеҷ муъҷизае намешавад. Агар мунтазири пешравие ҳастед, пас ба мубориза ҳамроҳ шавед. Ба кумаки фард-фарди ҷомеъа барои сарнагун кардани золимон ниёз ҳаст.

 

Агар мунтазири иттиҳод бошед, пас бояд ман, тӯ, дигаре бояд якҷо шаванд, то он иттиҳод ба вуҷуд ояд. Ҳеҷ як гурӯҳ ё нафари озодихоҳу озодидӯст тобеъи як нафар ё созмони дигаре буда наметавонад. Танҳо моро ҳадафи ягона ва умумӣ гирди ҳам ҷамъ меоварад ва муттаҳид мекунад. Бо хаёлпарастиҳо ва орзӯҳои бачагона наметавон пеш рафт.

 

Ин гуфтаҳо танҳо ба бародароне, ки аз улум шаръӣ хуб огоҳанд ва медонанд, ки Эмомалӣ кӣ ҳаст ва ислом ба ӯ чӣ ҳукме мекунад. Агарчӣ медонам ҳамеша Аллоҳ дар Қуръони карим дар чиҳилу чор оят аксариятро “нодонон, эмон намеоварандагон, бехирадон, гумонкунандагон, носипосон, бединон, бадбинандагон, дурӯғпиндорандагон” гуфта аст. Бештар дар ин чиҳулу чор оят вожаҳои “Эмоннамеоварандагон, нодонон, бединон, бехирадон”-ро ба такрор баён дошта аст.

 

Ҳаргиз ба камии адад таваҷҷӯҳ накунед. Ҳамеша, сифат муҳим аст на адад ва шумораи бештар. Умед дорам, ки каме фикр кунед ,то шомили афроде нагардед,  ки онҳоро Аллоҳ бо вуҷуди бештар буданашон мазаммат кардааст. Аҷали мо ва шумо муқаддар аст ва он ҳаргиз дар дасти муҷриме чун Эмомалӣ ва афроди низомии ӯ нест. Аллоҳ шоҳид бош ман масъулияти имониямро анҷом додам.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article