Ҳадя ба муносибати зодрӯзи Саймумин Ятимов

Ислоҳ нет

 

(ба муносибати 63 солагии раиси КДАМ эҳдо мегардад)

Тасмим гирифтем ба муносибати зодрӯзи раиси кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар Саймумин Ятмов ҳадяи муносибе барояш тақдим намоем. Ҳарчӣ фикр намудем, ки он чӣ ҳадияе бошад, ки ҷаноби раис аз он хушҳол гардад ва барояш ҳадяи хотирмоне бошад пайдо накардем.

Муҳим рӯзи зодрӯзашон гузашт ва бархе аз рӯйи тарс ва ваҳшатафкан буданашон табрик ва шодбошиҳо барояш намуданд. Онҳое, ки аз дасташ ҷафо кашиданду озорҳо диданд, писарон, падарон, додару бародар ва наздиконашонро маҳз кумитаи ӯ шиканҷа намуда, баъзеро нопадид намуда, баъзеи дигарро барои солҳои тулонӣ равонаи зиндон намудааст, дуъоҳои бад намуданд. Барояш умри кӯтоҳ ва марги хашинро аз Аллоҳ таманно ва орзӯ намуданд. Албатта мо пас аз фикри тулонӣ ба чунин тасмим расидем, ки бояд барои инки ин кумитаро ислоҳ намоем, то миллат ва кишвар аз дасти ин кумита дигар озору азият набинанд. Як минбари дигаре дар шабакаи Зелло бо номи “ИСЛОХ” кушоем ва тавассути он нахуст барои ислоҳи худ ва пас аз он барои ислоҳи ҷомеъа ва кишварамон камари ҳиммат бубандем. Метавонед ба шабакаи Зелло ва канали “ИСЛОХ”, ки махсус ба унвони ҳадя ба ҷаноби С. Ятимов ифтитоҳ гардидааст ворид шавед. Дарди дилҳои худ, насиҳатҳо ва машваратҳои неки худро барои миллат ва ин кумита иброз намоед. Умед аст ин минбар тавонад холигоҳеро пур намуда, ба ин миллати азиз хидмат намояд.

 

 

Як хоҳиш аз ҳама воридшавандагон!

Ҳама онҳое,ки тоза ба ин канал ворид мегарданд, аз онҳо хоҳиш ба амал меорем, ки пас аз ворид гаштан ба канал пас аз бурдани номи Аллоҳ як таманниёт ба ҷаноби “имениник” шахси зодрӯздор намоянд. Дар ибрози таманнои худ комилан озодед ва ҳар таманниёте доред ба ӯ мерасад зеро дар канал ҳатман афроди ин кумита алакай ворид мегарданд ва ба ҷаноби Ятимов онро мерасонанд. Аммо аз дашном, ҳақорат ва фаҳш гуфтан комилан худдорӣ намоед. Воқеан Зелло барои хуб кардани нутқ ва суханварӣ хело муфид аст  ва метавонед дар он суханвари хубе гардед. Канал барои ҳама афроди ин миллат аст, шумо дар кадом ҳизб, гурӯҳ, созмоне ҳастед дар суханонатон хушунат ва тавҳину таҳдид ҷой надошта бошад, озодона ворид гардед ва сӯҳбат намоед.

Даъват аз Саймумин Ятимов дар ифтитоҳи канали ИСЛОХ!

Мақомдорони ҳукуматӣ низ метавонанд ворид шаванд ончӣ мехоҳанд ба мардум бигӯянд озодона барояшон фурсат медиҳем,то ончӣ мехоҳанд бидуни қатъ кардан суханонашонро комилан бигӯянд ва ба мардум бирасонанд. Агар дар ифтитоҳи канал ҷаноби Ятимов худашон иштирок мекарданд ва лентаи ифтихориро худашон мебурриданд хело кори хубе мешуд, дар таърих номашон сабт мегашт. Медонам чунин ҷуръате намекунанд, аммо мо аз эшон даъват мекунем ва мунтазирашон хоҳем буд. Агар мардум аз шумо гурезанд мо баракс шуморо даъват мекунем ва бо шумо хоҳони суҳбат дар фазои озод ҳастем. Ифтитоҳи канал аз 25 моҳи июл то охири моҳ мебошад. Агар дигар шахсони мақомдори ҳукумати хоҳиши ворид шудан ва сухан гуфтан бо мардумро дошта бошанд, моро огоҳ кунанд, то эълон кунем ва мардумро ҷамъоварем ва каналро дар хидматашон гузорем. Барои шумо аслан вақте муҳаддад намекунем ва дар суҳбат комилан озодед ва ҳарчӣ мехоҳед бигӯед. Пас аз суҳбати шумо мардум муҳтавои суханронии шуморо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Мо мунтазири шумо ҳама вақт дар ҳар рӯз ва соати муносиб бароятон ҳастем!

Муқаррарот ва барномаҳои канали ИСЛОХ

Дар назар дорем, дар канал суханоне гуфта шаванд, ки он ба нафъи ҳар шахси ворид шаванда бошад. Суханрониҳои муфид ва созанда, баҳсҳои илмӣ ва сиёсӣ, дарсҳои ақидавӣ, назарҳо дар масоили гуногӯни рӯзмарраи дохилӣ ва хориҷӣ, ҳодисоте дар кишвар сурат мегиранд ва ё дар хориҷи кишвар сурат мегиранд ва ба кишвар ва шаҳрвандони мо марбут мебошанд. Ҳар ҳафта кушиш мекунем дар канали ИСЛОХ шахсиятҳои маъруф, суханронӣ кунанд. Нашри ахборҳои ба забони тоҷикӣ ва русӣ инчунин хабарҳои оламро ба самъи шумо расонем. Дар оянда кушиш мекунем саволҳои шаръиро ба роҳ монем ва ба саволҳои шаръии шумо ҷавоб гӯем. Хулоса, як қатор корҳое карданӣ ҳастем, агар аҷал амон диҳад бо ҷаноби зодрӯздор барномаҳои муфидеро дар нақша дорем. Марҳамат ба канали зеллои ИСЛОХ ворид шавед ва аз он баҳра баред!

Бо эҳтиром Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article