Гугл ҳамеша макони буду боши корбаронашро пайгирӣ мекунад
Гугл макони корбаронро, ҳатто агар худи онҳо нахоҳанд ва сервиси маконёб ё JPS мобили худро ғайрифаъол карда бошанд, пайдо ва сабт мекунад.
Ин мавзӯъ, шомили корбарони ҳудуди ду миллиард дастгоҳи телефон эйпл ва андроид мешавад, ки аз мотори ҷустуҷӯи гугл ё аз нақшаҳои онлайнии ин ширкат (гугл мп) истифода мекунанд.
Ин таҳқиқи ҷадид, ки ба таъйиди муҳаққиқони донишгоҳи Принстони Амрико расида, намояндагони маҷлиси Амрикоро хашмгин кардааст.
Ширкати гугл дар эълом кардаааст, ки дастуруламали истифода аз обзорҳои маконёбро ба корбарон ироа намуда мушаххас кардааст, ки чи тавр метавонанд онҳоро ғайрифаъол кунанд.
Ин пажӯҳиши тоза нишон медиҳад, ки мавқеияти ҷуғрофиёӣ корбарони гугл, ҳатто дар ҳолате, ки бахши марбут ба собиқаи макони дастгоҳи онҳо ғайрифаъол бошад ҳам, боз ҳам сабт мешавад.
Барои мисол, вақте корбар нақшаҳои гуглро боз мекунад, гугл тасвиреро аз мавқеияти ӯ сабт мекунад.
Қобилияти пешбинии вазъи ҳавои гӯшиҳои андроид низ, ба таври худкор маконеро, ки корбар дар он қарор дорад, нишон медиҳад.
Ҳатто ҷустуҷӯҳое, ки ҳеҷ иртиботе бо макони корбарон надоранд, тӯл ва арзи ҷуғрофиёии мавқеияти онҳоро сабт мекунанд.
***
Гирифтани мақоми шаҳрвандӣ дар Русия осон шуд
Мутахассисони хориҷии соҳибмаълумот метавонанд, дар сурати лозим донистанашон, шаҳрвандии Русияро дар як системаи содда ба даст оранд. Равиши бо таври содда қабулсозии шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия тавассути Вазорати умури дохилаи ин кишвар пешниҳод шудааст. Пешнависи лоиҳаи таҳияшуда барои баррасӣ ба Думаи давлатии федералӣ ирсол шудааст.
Дар ин бора нашрияи Российская Газета иттилоъ додааст.
Дар ҳоли ҳозир, тибқи қонуни федералӣ “Дар бораи шаҳрванди Федератсияи Русия”, хориҷиёне, ки дар Русия ҳадди ақал се сол аз замони дархости шаҳрвандӣ кору зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо як равиши содда шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд. То ба имрӯз танҳо мутахассисони ҳирфаии хориҷӣ ҳаққи дарёфти шаҳрвандии Русия бо усули соддакардашударо доштанд.
Ҳарчанд ин қонун аз соли 2016 ба тасвиб расида буд, дар саросари Русия танҳо ба 24 нафар шаҳрванди хориҷии соҳибмаълумот муяссар шуда буд, ки бо таври соддакардашудаи ҳуҷҷатгузорӣ, ҳамчун мутахассис ва соҳибмаълумот шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин, президенти Русия дар бораи ниёз ба содда намудани тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия, гуфта буд: «Итминони комил дорам, ки мо роҳи осонгардонии қабул ба шаҳрвандии Русияро, ҳарчӣ зудтар бозбинӣ хоҳем кард».
Президенти Русия таъкид карда буд, ки “чораҳои ҷиддӣ, бо назардошти манфиати шаҳрвандони Русия ва ба инобат гирифтани вазъи бозори меҳнати кишвар, ҷиҳати осон кардани иқомати доимӣ барои хориҷиён дар минтақаҳои муайяни Русия шароит фароҳам оварда хоҳад шуд”.
Аммо, тибқи ин қарори нав хориҷиёне, ки ихтисос надоранд ва бештар дар Русия ба корҳои кӯчарӯбӣ, аробакашӣ, корҳои омехтаи ғайрикасбӣ машғуланд, муҳол аст, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оваранд.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст, санади ҷадид имкон медиҳад, ки давраи кор барои талабгорони шаҳрвандии Русия аз се сол то ба як сол фароварда шавад. Дар зимн теъдоди талаби ҳуҷҷатҳои лозим низ ихтисор хоҳад шуд.
***
Созмонҳои ҳуқуқӣ: Бӯҳрони бесобиқаи ҳуқуқи башар дар Миср идома дорад
Созмони афви байналамилал (Amnesty International) ва Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) бо гузашти панҷ сол беҷазо мондани омилони қатли оми тазоҳургарон дар Мисрро бо шиддат интиқод кардаанд. Дар изҳороти ин ду Созмони байналмилалӣ омадааст, ки қатли оми тазоҳургарон дар соли 2013 аз ҷониби мақомоти амниятӣ “бузургтарин куштори таҷаммӯъи мардум дар таърихи Мисри муосир буд.”
Тавре хабаргузории Алҷазира иттилоъ додааст, Соро ли Витсон, мудири бахши Ховари миёнаи Созмони Дидабони ҳуқуқи башар гуфтааст: “Панҷ сол пас аз қатли оми чаҳорум, танҳо посухи мақомот ин аст, ки талош барои фурӯ нишондани тӯфони тазоҳурот кардаанд”.
Дар моҳҳои июл / августи соли 2013 нерӯҳои амниятии Миср бо зӯри силоҳ тазоҳургарони ҳизби Ихвонулмуслиминро, ки дар эътироз ба кудатои Вазорати дифоъ, бо ҷонибдорӣ аз Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури мунтахаби Миср, ба майдони Робиаи Адавӣ рехта буданд, бо зӯри силоҳ пароканда карда буд. Аз паи ҳуҷуми артиши Миср алайҳи тазоҳургарон садҳо нафар мардуми осоишта шаҳид гашта буданд.
“Дасти кам 817 тазоҳуркунанда, ҳамагӣ дар муддати чанд соат, дар бузургтарин қатли оми таърихи Мисри муосир кушта шуданд”. – гуфтааст Соро ли Витсон
Созмони Дидабони ҳуқуқи башар гуфтааст: “Садҳо нафар аз тазоҳуркунандагон дар додгоҳҳои азим бо иттиҳомоти ноъодилона маҳкум шудаанд”.
Созмони афви Байналмилал гуфтааст, ки бо гузашти панҷ сол аз қатли оми чаҳорум, “бӯҳрони бесобиқаи ҳуқуқи башар дар Миср идома дорад”.
“Дар панҷ соли гузашта, нақзи ҳуқуқи башар аз ҷониби нерӯҳои амниятии Миср рӯзафзун шуда, садҳо нопадид шудани фаолони сиёсӣ ва эъдомҳои ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз дасти нерӯҳои амниятӣ кушта шудани фаолони сиёсӣ ва беҷазо мондани онҳо бесобиқа аст”, – гуфтааст намояндаи Созмони афви байналмилал.
***
Педофилҳои католик дар Пенсилваниё ошкор шуданд
Девони олии Аёлати Пенсилванияи Амрико номи 300 рӯҳонии католикро, ки дар зарфи чанд даҳаи гузашта кӯдаконро мавриди озор ва азияти ҷинсӣ қарор додаанд, мунташир кардааст.
Ҳайати таҳқиқи вижаи парванда гуфтааст, беш аз як ҳазор нафарро, ки дар зарфи 70 соли ахир дар даврони кӯдакӣ мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд, шиносоӣ кардааст.
Ин ҳайат дар айни ҳол тахмин задааст, ки бо эҳтисоби афроде, ки асноди шикояти онҳо дар калисо гум шуда ё мавориди озори эҳтимолиро гузориш накардаанд, рақами воқеии қурбониён метавонад “ҳазорон” нафар бошад.
Ин ҷадидтарин гузориш дар бораи иттиҳомоти озори ҷинсии кӯдакон тавассути рӯҳониёни католик дар кишварҳои мухталиф аст.
Бино ба асноди ин парванда, қурбониён – духтарон ва писарони хурдсол ва ҳамчунин навҷавонон будаанд.
***
Азияплюс: Сафири Британияи Кабир аз Хайрулло Мирсаидов ҳимоят кард
Додгоҳи вилояти Суғд баррасии шикояти Хайрулло Мирсаидовро ба рӯзи чоршанбеи оянда, 22-уми август ба таъхир гузошт.
Барои иштирок дар раванди таҷдиди назар намудан ба ҳукми қаблии додгоҳ нисбати раиси “КВН Тоҷикистон», журналист Хайрулло Мирсаидов ин субҳ ба бинои Суди вилояти Суғд намояндагони САҲА, Иттиҳоди Аврупо, сафорати Амрико, воситаҳои ахбори омма, пайвандони Мирсаидов, дар маҷмӯъ 25 нафар ҷамъ омада буданд.
Бо вуҷуди ин, пеш аз оғоз намудани мурофиаи судӣ, котиби додгоҳ хабар додааст, ки мурофиаи судӣ ба таъхир гузошта шуд.
Ӯ шарҳ додааст, ки дар давоми тайёр намудани парванда, яке аз се коллегияи судӣ дар шунидан ва қарори суди қаблӣ иштирок кардааст. Дар асоси ин, коллегия қарор дод, ки судяро иваз кунад. Судяи нав, дар навбати худ, бояд бо маводи парванда шинос шавад, ки ин мӯҳлат мехоҳад.
Котиб эълон кардааст, ки суди касатсионӣ рӯзи 22 август соати 10:00 баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба шикояти таҷдиди назари ҳукми Хайрулло Мирсаидов ҷиддӣ муносибат кунанд.
«Итминони комил дорам, ки ҳукми мусбии судӣ ва дастгирӣ ба манфиати Мирсаидов нишонаи он хоҳад шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон зидди ришвахӯрӣ ва ҳама намуд падидаҳои он бераҳмона мубориза мебарад, – навиштааст сафир. – Шояд ин парванда ангезаи сиёсӣ надошта бошад, аммо Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор бояд дарк намоянд, ки ин парванда барои тақвияти мубориза бар зидди ришвахӯрӣ, манфиати бунёди ҷомеъаи демократӣ ва беҳтар намудани фазои рушди иқтисодие, ки Тоҷикистон талоши онро дар ин вақтҳои мушкил дорад, аз ҷиҳати сиёсӣ хеле муҳим мебошад».
Ӯ бар ин назар аст, ки мактуби кушоди Мирсаидов оид ба ҷалб кардани диққати Роҳбари давлат ба амалиётҳои ғайриқонунии коррупсионии корманди давлатӣ мисоли барҷастаест, ки чӣ тавр дар ҷомеаи тараққикарда фаъолияти бомасъул ва пайдоиши имкониятҳо барои саҳм гузоштани шахрвандон ба беҳтар гардонидани манфиатҳои қонунии давлат ва рушди ҷомеаи демократӣ пайдо мешаванд.
Ба ақидаи дипломат, мубориза зидди ришвахурӣ раванди мушкил ва дарозмуддат аст ва бе ҳамкории муштараки мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва шахсони фаъоли ҷамъият имконнопазир аст.
«Бояд ҷиддӣ дарк намуд, ки агар шахсони ришвахӯр имконияти нишон додани муқовимат, ҳимояи манфиатҳои худбинона ва авҷ додани муҳите, ки дар он муқовимат зидди ришва амали хатарнок ва беилоҷ менамояд, ришвахӯрӣ ҳамеша ғолиб мебарояд. Дар ин ҳолат, мубориза маъно надорад ва шахсони ришвахӯр ҷазои одилона нахоҳанд гирифт», – изҳор доштааст сафир.
Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд.
Пас аз содир шудани ҳукми суд, оилаи ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ, маблағ пардохт намуд.