Босмачӣ (қиссаи воқеъӣ)

Ислоҳ нет

Бобои худамон-ку, пир шудааст, гапи гуфтагиашро намедонад, эътибор надиҳед-мегуфт модарам. Аммо эътибор надода намешуд.

 

Бобо ҳарф мезад, ман гӯш мекардам. Гоҳо бо хоҳараконам барои пул талош мекардем, ки бобо бинад табассум мекарду “Ҳоло ҳамаашро бароварда, ба партов мепартоед, ба касе даркор намешавад” мегуфт.

Мепурсидем: “Сурати Лениндорашро ҳам?”  Хусусан сурати Ленинро! Ин вақт ба ҳоли бобо механдидем. Вале, боз бо қотеъият суханашро идома медод.

 

“Умри иштибоҳ кӯтоҳ аст, дурӯғро рост карда намешавад. Як рӯз Худованд пардаро аз рӯйи ҳақиқат мебардорад. Он вақт ман намешавам, аммо ин суханҳоро пул дода харида наметавонед. Нағз дар гӯш доред, ки ин давлат иштибоҳист”. – мегуфт бобо.

 

Ин суханҳоро падарам шунида монад, мешӯрид. Муқобили сиёсати давлат гап назанед охир, ин давлати советӣ (шуравӣ) бозича нест, калонтарин давлати дунёст, пойбарҷост, гуён сухани боборо дигар самт мебурд.

Ҳарчанд дигар худи падарам ҳам мефаҳмид, ки ин давлат нопойдор ва дар арсаи поён аст.  

 

Бобо бо чашмони пӯшида, дар харита тамоми давлатҳоро нишон медод, аз Саъдиву Ҳофиз ғазали бисёр медонист. Замоне, ки дигар кӯдакон шеъри ” Ман калон мешавам, Қаҳрамон мешавам”-ро азёд мекарданд, моро бобо ба тарзи худаш азёд мекунонид.

Ё Фаттоҳи бахшанда,

Бикшой дили банда,

Ин банда мусалмон аст,

Хонандаи Куръон аст.

 

Боре боборо пурсидам: Иштибоҳ кист? Чи хел умраш кӯтоҳ аст? Чандсола шудааст?

Ӯ шарҳ дод: Қариб ҳафтодсола мешавад иштибоҳ, аммо гумон аст, ки ба сад равад. Солҳои 1917 сар шуда буд …

 

… Бобо хеле мефаҳмонид, аммо ман нав мактабхон шуда будаму ақли кӯчакам ин ҳамаро фарогир набуд. Ҳамин қадараш дар хотирам ҳаст, ки дар бораи қолаб ва рӯҳи давлат чунин шарҳ дода буд: “Таълим дар мактаб ройгон, табобат ройгон, арзонӣ, фаровонӣ, … – ин ҳама қолаби давлат дуруст аст. Локин аз қолаб рӯҳашро гирифтаанд. Дини миллатро, арзишҳои дини ниёгонашро, китобашро, мазмуни вуҷудашро барҳам додаанд. Ба ҷойи калимаи тавҳид, “Ленин бародар рахнамо” шуд. Чи хел раҳнамо? Охир худи бародар раҳгум зада аст, чи тарз метавонад роҳи дигаронро равшан кунад? Дами маргаш барои гуноҳҳояш ҳатто аз мизу курсиҳояш маъзарат пурсида аст . Зеро тавбапазирашро фаромӯш кардааст, ё худ инкор кардааст, ки иштибоҳаш, талқини куфраш нобахшиданист”.

 

Қобилияти дарки хеле заъифи ман ҳамин қадарашро базур сабт карда буд. Падару бобоёни боборо бо ҷурми душмани халқ, ё худ босмачӣ бадарға карда буданд. Бобо 14-сола танҳо мондааст. Дар синни 84 солагӣ дунёро тарк кард. Ба гуфтаи худи бобо умри иштибоҳ низ ба охир расид. Давлати шуравӣ пароканда шуд, аммо он сол бобо набуд.  

 

Бобоям дар ҶБВ 7 сол қарор доштанд, чун ӯ асир афтода буду пас аз ду соли тамомшавии ҷанг аз Олмон соли 1947 озод шудаанд. Ба нақли худашон, барои бинои мактабҳои нав дар Олмон бухорӣ месохтаанд. Соли 1985 ё 1986 дар сини 84 солагӣ аз дунё гузаштанд. Қабл аз вафоташон хуб ёд дорам намозҳояшонро нишаста мегузоштанд. Равони бобои босмачиям шод бод.

 

Кош дар вақташ ақлам мерасиду мепурсидам, ки ин ҳамаро аз куҷо пай бурдааст? Ҳоло ҳар як ҷумлаи суханашро ба хотир оварда, гаштаю баргашта қоил мешавам, ки ҷавҳари ҳақиқат дошт.

 

Солҳо гузаштанд, хондам, дидам, фаҳмидам, ки дин пояи устувориву пойдории давлат будааст. Ҷойе, ки дин ҳаст, кин нест.

 

Қисса аз шаҳри Истаравшани бостонӣ ба Сомонаи Ислоҳ ирсол гардидааст.

Share This Article