Ба хотири чораҳои амниятӣ боздошти ришдорону бастани масҷид дар Исфара

Ислоҳ нет

Дар ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара, мақомоти шуъбаи КДАМ, ШВКД ва ҳукумати маҳаллӣ рейдҳои муштарак ташкил намуда, дар бозору сари роҳҳо мардони ришдор ва занони сатрдорро боздошт кардаанд. Илова бар ин чанде аз масҷидҳои ин минтақа дар шимоли кишвар дар ин чанд рӯзи охир баста шудааст.

 

Дар ин бора як манбаъ аз деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки нахост номаш ифшо шавад, хабар дода гуфт, вазъият дар ҷамоати Чоркӯҳ аз якуми сентябр ба баъд хеле амниятӣ шудааст.

 

“Дар ҷамоати Чоркуҳ рейдҳо бар зидди риш ва сатр хеле сахт рафта истодааст.  Инчунин масҷидбандиҳо аз 1 сентябр дида мешавад. Дар маҳаллаву бозор ва кӯчаҳо аз одамони КДАМ, ВКД ва ҳукумат хеле зиёданд. Рейд гузаронида истоданд.  Ҳаминшаб бошад масҷиди маҳҳалаи Сари Ҳисорро муҳр заданд. Масҷид пурра ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, дар асоси қонун фаьолият мебарад”. – навиштааст манбаъ.

 

Тибқи манбаъ чанде аз ҷавонони боздоштшударо озод кардаанд. Аммо боздоштшудагон аз саволу ҷавобашон дар мақомот ба касе чизе нагуфтаанд.

 

Тибқи баъзе маълумотҳои дигар дар шаҳри Душанбе ҳам вазъият амниятӣ будааст. Аз пойтахт хабар доданд, ки рейдҳо идома доранд ва тибқи хабари манбаъи мо ин рейдҳо то 9-уми сентябр идома меёбанд.

 

“Ин ҳама барои иди Истиқлолият аст. Пас аз он боз ба ҳолати муқаррарӣ бар мегардад” – шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо аз шаҳри Душанбе.

Share This Article