Дар дуввумин рӯзи конфронси САҲА дар Варшава намояндагони ҳукумат ба муштзанӣ ва сӯйи қасд гузаштанд

Ислоҳ нет

 

 Дар Варшава пас аз интригаҳои аҷибу ғариб кор ба муштазаниҳам расид.Сулаймони Орзӯ ба  Мулло Айёмиддии Сатторӣ акси озодӣ ба зиндониёни Сиёсиро дод,то аз ӯ акс бигирад. Сулаймони Орзӯ ба Домуло Айёмиддин гуфтанд: домулло барои озодии зиндониёни сиёсӣ,ки онҳо бародарони шумоҳам буданд ин аксро гиред,то ҳамчун рамзи ҳамдилӣ аксе ба ёдгор бигирем.Дар ин асно корманди амниятӣ,ки дар ҳайат ҳузур доштанд худро ба назди ин ду мерасонад ва варақи дасти Мулло Айёмиддинро аз дасташ гирифта пора карда ба замин меандозад.Ба Сулаймони Орзӯ як мушт мезанад ва боз мехоҳад телефонашро аз ҷебаш ба зурӣ бигирад.Сулаймони Орзӯ бошад дар ҷавоби ин мушт ҷавобро бо мушт намедиҳад зеро хуб медонад дар аврупо мушт задан авоқиби вахиме дорад.Дар ин асно худи Сайфулло Сафаровҳам дар ин ҳодиса ҳузур пайдо мекунад ва мегӯяд қазияро мебинем. Сипас ба рӯйи Илҳомҷон Яъқубов узви ПМТ мошинро бо суръат меронанд,ки Илҳомҷон Ёқубов ба замин меафтанд, алҳамдулиллоҳ осебеҳам надиданд.Шоҳидони дигари ҳодиса мегӯянд дар ин ҳодиса Шуҳрати Раҳматулло хабарнигори маъруфи паём нет  ҳангоми наворбардории ин ҳодиса, пойи ӯро ин мошини бо суръат меомадаи амниятиҳо зер карда мегузарад.Чун ҳар вақта ҳукумат вақте мебинад кор бо муколима ва гуфтугӯй намешавад бо шакли зуроварӣ мехоҳанд корро ҳал кунанд. Қазияро ба шакли фишурд дар мақолаҳои баъдӣ интизор бошед.

Навори ҳодисаи имрӯза инҷост ё дар саҳифаи фейсбукии мо онро тамошо кунед.

 

Share This Article