Ҳушу ёди ҳама дар нишасти САҲА, дар Бадахшон чӣ мегузарад?

Ислоҳ нет

Қариб як ҳафта мешавад, ки  ҳама дар бораи конфронси САҲА менависанд, мегӯянд, баромад мекунанд, тамошо мекунанд. Ҳушу ёди ҷомеа ва мардум ба ин конфронс аст. Аммо, дар Бадахшони Тоҷикистон чӣ мегузарад оё медонед?

 

Чанд рӯз аст, ки “Пешво” дар ин вилоят сафари корӣ дорад ва аз онҷо диду боздидҳо мекунад. Тибқи хабарҳои аз манбаъҳои гуногун ба мо расида, ҳолати Бадахшон оромии қабл аз туфонеро мемонад. Баъзе миш-мишҳое радду бадал шуда истодааст. Гурехтани гапҳо миёни мақомоти қудратӣ, созишҳо бо як қисм ва муноқишаҳо бо қисми дигар алакай вирди забонҳо шудаанд. Тибқи маълумоти дақиқ аз долонҳои амниятии кишвар, оромии ин минтақа танҳо то баргашти ҷаноби “Пешво” боқӣ мемонад ва баъди хайрухуш як нақшаи саркубкунӣ рӯи даст гирифта шудааст. Ин саркубкунӣ метавонад вазъияти минтақаро вахиму ноором гардонад.

 

“Аз берун тарзе менамояд, ки ниҳодҳои давлатӣ ва ба истилоҳ “чиновникҳо” ҳама якдилона, бо рафоқат кор мебаранд. Бовар кунед, тамоман ин тавр нест. Ҳама қабри якдигарияшро кофта мегардад. Ҳатто баъзе аз шахсони калидӣ барои резонидани обрӯи президент корҳоеро анҷом медиҳанд, ки ҳайрон мемонӣ. Вазъияти Бадахшон шухӣ нест, метавонад таъсираш ба тамоми кишвар расад. Аммо, аллакай нақшаҳое рӯи даст гирифта шудааст ва айни ҳол ҳама чизро ин ҷо гуфта наметавонам” – гуфт манбаъи мо.

 

Тибқи маълумоти ба мо расида, ҳамкории иддае аз шахсони боломақоми ҳукумати кишвар бо мухолифон фош шудааст ва ё ҳеҷ не якдигарро ба ҳамкорӣ бо мухолифон мутаҳамкунӣ оғоз гардидааст.

 

“Ҳукумат ҳоло мисле, ки дар дасти як маймун ду норинҷак (граната)-ро бидиҳӣ, намедонад ба кадом тараф онҳоро андозад, дақиқан дар ҳамин ҳолат қарор дорад. Ба чанд нафар ишора мекунанд, ки бо мухолифон ҳамкорӣ кардааст ва сирҳои ҳукуматро фош мекунад ва аммо аҷибаш ин аст, ки онҳо дар вазифаи худ истодаанд. Бар замми ин, фикр мекунам, роҳбарияти кишварро бовар кунонидаанд, ки то ба ҳол мардуми Бадахшон ба таври лозим гапдаро нашудаанд”. – шарҳ дод манбаъ.

 

Маврид ба зикр аст, ки илова бар ин ҳама, эътибори ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилал рӯ ба коҳиш аст. Иттиҳомотеро, ки алайҳи мухолифони сиёсияш карда истодааст, ҳеҷ давлате то ба ҳол напазируфт. Ин ҳолат низ режимро ба як вазъияти сангин ва тасаввурнашаванда рӯ ба рӯ кардааст. Хусусан бемоҳият гаштани ҳайати “қавияш” дар нишасти САҲА ҷузъи ин сардаргумияш ҳам метавонад бошад. Агар ҳолати “ҳайати қавӣ”-и ҳукумат дар нишасти САҲА  тавре, ки ҳаст то охир давом кунад, ин шармандагӣ ҷуброннопазир хоҳад буд. Аммо ҳукумат кӯшиш мекунад, ки ҳушу ёди ҷомеаро сӯи дигар кашида, шармандагии худро пинҳон кунад. Ба назар мерасад, нақшаи нооромкунии минтақаи Бадахшон баъди сафари президент ҳам марбут ба ҳамин аст.

 

Аз ин рӯ ин ҷо як чиз ногуфта намонад, ки мардуми Бадахшон бояд ҳушёр бошанд ва ҳатман барои хунсо кардани нақшаҳои шум ақли солимро истифода кунанд. Сафари подшоҳи золим ба минтақа ҳеҷ хайре надорад.

 

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло хело хуб дар робита ба пайи қадам ва дохил шудани подшоҳон ба сарзаминҳое чунин фармуда аст:

إِنَّ الْمُلُوكَ إِذَا دَخَلُوا قَرْيَةً أَفْسَدُوهَا وَجَعَلُوا أَعِزَّةَ أَهْلِهَا أَذِلَّةً ۖ وَكَذَٰلِكَ يَفْعَلُونَ

[الجزء: ١٩ | النمل ٢٧ | الآية: ٣٤]

Тарҷума:

“Подшоҳон чун ба деҳае дароянд, вайронаш мекунанд ва азизонашро хор месозанд. Оре, чунин кунанд”

( Сураи Намл,ояти 34)

 

Чуноне, ки бузургони мо гуфтаанд: “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ”

Мардуми Бадхшон зиракии сиёсиро аз ёд набаред ва онро ба кор бубаред ин сухани худи “Пешво” аст. Нагузоред, мисли ҳодисаҳои соли 2012- ро ин режим такрор кунад ва боз ҳам омилони он бе ҷазо боқӣ бимонанд. Як тарҳашро бо мардуми ғаюри Язгулом дар нутфа хунсо кардем ва ба боздошти чанд ҷавон поён ёфт ва мардум дар амон монданд. Ҳоло тарҳи шум болои ин минтақа аст.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article