Хушдоман ҳам модар аст. Ба хотири обрӯйи хонадонаш, мехоҳад келин бамаънӣ, қобилу лоиқ бошад. Ягон хушдоман намехоҳад, ки ҳаёти писараш бо келин нохуш гузарад. Фақат инсон, ки фаромӯшхотир аст, хушдоманҷонҳо ҳам замони келини камтаҷриба буданашон аз ёдашон мебарояду мехоҳанд келин баробари хушдоман аз нозукихои зиндагӣ бархурдор бошад. Ба сарфаву саришта бошад. Ва фардои дигар ҳамин келинхои гоҳ-гоҳе норозӣ айнан ҳамин хел хушдоман мешаванд.
Бобати рашки хушдоман бошад, кӯтоҳи гап ҳамин, ки ҳақ дорад. Бист, сол ё зиёда аз он писарро калон мекунад. Ба қавле як бурда гӯшт буд, як ҷавони тануманд мешавад. Ороставу пероста домод мекунанд, хонаи бахташро аз ҷиҳоз пур мекунанд ва келин меоранд. Вақто ба чашми сар мебинанд, ки шаҳписар аз модар дида, ба зан бештар меҳр зохир мекунад, чаро рашк накунанд?!
Албатта, ки рашки модаронаи хушдоманро бояд таҳаммул кард. Навбати келиндорӣ расад, баъд мефаҳмем.
Ҳашт фарзандро бечора модар ба воя расонид . Чор нафари дигараш дар хурдӣ намиранд, дувоздаҳто мешуданд. Панҷ писар панҷ келин оварду се духтар ба кӯчаҳои тақдир баромада рафтанд. Модар халос намехӯрад гуфтагӣ барин, навбати набераҳо расида буд. Боз сарфа мекард, ҷамъ мекард, хона мекард, чиз мекард, ба гуфтаи худаш боз яктаякашро басар мекарду як муддат хотирҷамъ мешуд.
Гузаштани навбати худашро фаромӯш карда буд хушдоман. Келини чорумаш будам. Баъзан дар корҳоям эрод гирад, мепазируфтам, баъзан хаста мешудам, аммо бо гузашти айём дарк мекардам, ки дуруст мегӯяд. Маълумоти миёнаи нопурра дошта бошад ҳам, бисёр сабур, зирак, хушкалом, маданӣ буд. Дар хонаамон баландтар шодӣ кардан ҳам мумкин набуд. Айб аст, ҳамсоя мешунавад – мегуфт.
Мо ҷанҷол надорем-ку гӯям, фарқ надорад, ба хонаи ҳамсоя овози баланд ҷанҷол барин меравад, обруйдорӣ осон нест – мегуфт. Дуруст ҳам мегуфту мақсадашро ман дер пай мебурдам.
Пайти муносиб мекофтам, то ба маъракае меҳмонӣ мерафт, тӯбро ёфта хуб бозӣ карда, хумори дил мешикастам. Бегоҳ вақти омад-омади хушдоман боз келини бомаънӣ шуда, пешдоманро баста, хизмат карда мегаштам.
Келинҷон гӯяд, ҷонам медаромад, ба ҷонаш ҷо шудан мехостам. Хӯроки пухтаат таърифӣ шуд, аз ин ҳам беҳтар ёд гир мегуфту як дона қанд медод, ки ин як ҷумла суханашро аз баҳои баландтарини донишгоҳ арзандатар медонистам.
Аз рӯзгор мекашад, сарфа мекард, аз либосу ашё мекашид. Гумон мекардам, ки дасткушод нест, аммо хато мекардам. Рӯзгори калон ғор барин фурӯ мебурд, модар аз даҳони ин ғор ризқи рӯзи мабодоро кам-кам захира мекард. Рӯзҳое низ буданд, ки деги сиёҳ намеҷӯшид, аз сарфаҳояш мебаровард, даридаро дарбеҳ мешуд.
Як духтараш қариб ҳар рӯз меомад. Мо ҳам одат карда будем. Баъзан вақти омаданаш шавад, аз кӯча гусел мекард. Боре дида мондам, ки сарзаниш мекунад:”Чаро ҳар рӯз меойӣ? Айб аст пеши келинҳо.”
Духтар рафту дилам сӯхт. Гуфтам, ки модарҷон, бигузор дарояд буд?!
Оби дидаашро пок карда, ҷавоб дод :”Дили ман ҳам мекашад, ки дарояд. Шароиташ хуб нест, аммо одат мекунад. Хонааш хона шавад мегӯям”
Ҳамин ҷумлаи хурдакак як олам маъно дошт. Хонааш хона шавад.
Хонаи ҳамаамон хона шуд. Фақат умри модарҷон дар остонаи баромадгоҳи дунёи бевафо қарор дошт. Рӯз аз рӯз рангаш паридаву таскини дардашро бо дору харида, умедашро аз зиндагӣ канда, бештар танҳоиро мехостагӣ шуд. Ҳар рӯз якчанд соат дарро аз дарун маҳкам карда менишаст. Баъд чашмонаш суп-сурх шуда, аз хона мебаромад. Як гапро чандин маротиба такрор мекарду боз гуфтаашро фаромӯш карда, аз нав мегуфт.
-Келинҷон, духтарам, баъди сари ман ту азоб мекашӣ – дия! Ҳамин хислати кӯдаконаатро напартофтӣ ҳеҷ. Саводат ҳаст, мардона ҳама корро ташкил мекунӣ, аз мушкилӣ наметарсӣ – ин нағз. Локин ҳамаро дӯст доштанат, бовар карданат, бачаи майда барин охир. Фалонӣ дониш дорад гуфта, сахт эътимод накун, пешпо мехурӣ, илматро хор мекунӣ. Ту ҳеҷ калон нашудӣ, ки нашудӣ-дия.
Ин суханҳо бароям сухани даври пиронсолии як зани қадима менамуд. Замонаро намефаҳмад гуфта фикр мекардам, вале аз ман беҳтар мефаҳмидааст.
Вопасин лаҳзаҳои ғаниматаш аз хотирам намеравад. Як субҳ келин нагуфт, балки модарҷон гуфта муроҷиат кард. Бале гӯям, хурсанд шуд.
“Мана бардоред модарҷон, шаҳри урус баред, бачаякома дида меоям” – гуфт. Аз китфаш гирифта, ҷисми лоғару бемадорашро ба китфонам бардоштам. Базӯр то рӯйи ҳавлӣ баровардам, ки тез-тез нафас гирифта, инони гиряро сар дод. Русия омадем-мӣ? Бачаҳоям канӣ?
Як нафас ором шуду сӯям нигариста ба худ омад.
-Келин, маро як худат баровардӣ? Акнун чӣ хел медароем?
Ақлаш ҳам даро-баро шуда буд. Рӯзҳои охир аз беморбинии мардум ҳам дилгир менамуд, танҳоӣ мехост. Модар пухта мондагӣ, будагиаш ғанимат гуфта, фарзанди калонӣ тӯй сар кард. Ҳама дар базмгоҳ буданд. Келину хушдоман танҳо мондем. Субҳи дигар бедорам карду тӯй гузашт-мӣ? Арӯси нозанина бахташба супорида омаданд-мӣ? Гуфта пурсид. Бале модарҷон, имрӯз ҳалво мепазем гӯям, дурудароз ба рӯям нигоҳ карда монд. Баъд дастони нимҷони ларзонашро ба сарам расонид, боз гирист.
Духтарам, умри ҷавонатро дар роҳи писари муҳоҷирам гузарондӣ. Арӯсии дуруст надида, духтарҳоят арӯсӣ шудаанд. Гӯр замон шавад, гӯр подшоҳи носерам шавад, гӯр авлоди худхоҳамаш шавад,…
Модар ларзида рафт.
-Илоҳо аз фарзандонат бинӣ духтарам! Гӯё худро гунаҳкор меҳисобид, узр мепурсид.
Ман аз қисматам ҳазор бор розӣ модарҷон гуфтаму худам ҳам гиря карда фиристодам.
Субҳи рӯзи душанбе буд. Ду писари модар аз муҳоҷират баргаштанд. Аз шодӣ бошад, ё хотираш ҷамъ шуд, ки модар чашм пушиду ором шуда монд. Ҳама дар таҳлука афтоданд. Сарҷамъ шуда маслиҳат сар карданд, аммо модар ба худ омад.
-Саросема нашавед. Рӯзи панҷшанбе бегоҳӣ меравам, болохона бароед, дар халтаи сафед кафаниам тайёр аст. Либосаш ҳам дӯхта мондагӣ. Пушти сандуқ як чойники чуянии қадима ҳаст, чояш дер вақт гарм меистад. Сари қабр барои гӯркоб чой баред. Дарунаш як халтача парварда ҳам барои гӯркоб, даҳон ширин кунад, ки хаста нашавад. Дар сандуқ як фаранҷии нав дӯхта мондам, болои тобутам партоед, як арӯс барин хушрӯй карда баред…..
Модар табассум кард. Дигарон лаб газида мегиристанд.
Ин охирин калому охирин табассумаш буд.
Моҳи апрел серборон омада буд, аммо ҳамон субҳ офтобак баромад. Рӯйи ҳавлӣ гӯё замин кафида одам рӯйида бошад, ҷойи кадаммонӣ набуд. Масҷиди маркази шаҳр, ки наздик буд, намозгузорон аввал тиловат карда, баъд мегузаштанд.
Фаранҷии ба ният духтаи модарро болои тобуташ партофтанд. Ҷилои марҷону марворид, мӯҳраҳои ранга аз нури офтоб диққатҷалбкунанда буд.
Арӯс барин бурданд. Ба хонаи наваш супурданд.
Ягон ҳафтаи дигар хона серодам буд. Баъд мазор барин сокит шуда рафт.
Бо гузашти вақт хушдомане дигар ёфта омадем, аммо…..
Даҳр бенуwсон буд,
Айбҳо пинҳон буд,
Роҳи бахт осон буд,
Вақте ки модар буд.
Нони гармам медод,
Ҷойи нармам медод,
Дарси шармам медод,
Вақте ки модар буд
Сарамон боло буд,
Ҳама ҷо бар ҷо буд,
Кай зи ғам парво буд,
Вақте ки модар буд.