Бег Сабур, вазири алоқаи Тоҷикистон бо мусоидати келинаш Зарина Эмомалӣ Раҳмон, духтари президенти Тоҷикистон кони ангишти Кафтархона, воқеъ дар Камароби ноҳияи Раштро аз дасти саҳмдоронаш бо сӯистифода аз мақому мансаб кашида гирифтааст.
Ин хабарро ба сомонаи Ислоҳ аз деҳаи Камароби ноҳияи Рашт фиристоданд.
Гуфта мешавад, соли 1998 ду бародарони соҳибкор Роҳат ва Мурод Хушвақтовҳо бо маблағи шахсии худ то кони Кафтархона роҳ сохта, коркарди ангиштро оғоз намуда будаанд. Ҳамон сол ҳатто литсензияи коркарди ангиштро ба мӯҳлати 10 сол, яъне то охири соли 2017 ба даст меоваранд.
Ин ду соҳибкор сараввал кӯшиш мекунанд, диққати инвесторҳои хориҷиро барои коркарди ангишти кони Кафтархона ҷалб намоянд.
Ниҳоят сармоягузор ҳам ёфт мешавад. Ҳамон сол бо Роберт ном соҳибкори англис шартномаи саҳмдорӣ ба имзо мерасонанд, ки 49% саҳм аз Роберт ва 51% саҳм аз они Хушвақтовҳо маҳсуб меёфт.
Муддати 10 сол, то соли 2008 шароити роҳ то кони ангишти кафтархона ҳарчанд мавсимӣ бошад ҳам, Хушвақтовҳо бо таҳаммул ва умед ба фардои беҳтар корро пеш мебурданд.
Ин муддат ҳамагӣ ду се моҳи Тобистон роҳ кушода мешуду халос. Дар ҳамин ду се моҳ ҳарчӣ метавонистанд, мекашониданд.
Аммо, соли 2008 тавассути дараи Дидих ба кони Шикорхона роҳ кушода, коркарди ангиштро дар инҷо ҳам оғоз намуданд. Мутаассифона, роҳбари ин кон, Роҳат Хушвақтов вафот мекунаду роҳбарии онро бародараш Мурод Хушвақтов ба уҳда мегирад.
Соли 2010, замоне, ки дар дараи Камароб ҷанги нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи Абдулло Раҳимов оғоз шуд, Роберт саҳмияи худро ба соҳибкорони Чинӣ фурӯхта меравад.
Соли 2012 бо ҳамроҳии саҳмдори чинӣ роҳҳоро таъмир карда, корҳои мавсимиро пиёда мекунанд.
Ҳамин тариқ то соли 2017 кони Кафтархона ва Шикорхона пурра ба кор медарояду фоида гирифтан аз коркарди ангишт ба ин соҳибкорон муяссар мешавад. Наздик ба 20 сол имрӯзро мепоиданд, ки кай ин кони ангишт фоидаи назаррас медодагӣ мешавад.
Мутаассифона, ҳамин, ки замони аз кони ангишт фоидаи назаррас ба даст овардан фаро мерасад, муҳлати литсензияи коркарди ангишти Хушвақтовҳо ҳам ба поён мерасад. Соли 2017 дигар ба Хушвақтовҳо муяссар намешавад, ки мӯҳлати литсензияро тамдид кунанд.
Айни ҳол литсензияи коркарди ангишт дар дараи Камаробро Бег Сабур ба даст оварда, Хушвақтовҳоро ба тамом аз кон рондааст.
Нафаре, ки ин хабарр ба Ислоҳ навишт, мегӯяд, ки новобаста аз мушкилиҳо дасти саховати Хушвақтовҳо барои мардуми дараи Камароб ҳамеша дароз буд.
“Ба мактаб, ба бепарасторон, масҷиду бунгоҳи тиббӣ, ҳатто ба иддае аз аҳолӣ Хушвақтовҳо ройгон ангишт медоданд. Айни ҳол, баъди ба дасти Бег Зуҳур фаромадани ин кон ягон нафар, як килло ангишти ройгонро надидааст. Роҳ, ки хуб шудааст, шабу рӯз ангиштро мекашонанд. Дар худи назди кон як тонна ангишт 560 сомонӣ аст. Дар Камароб бошад, аллакай як тонна ангишт 900-1000 сомонӣ аст. Инсоф куҷост? Агар хешу ақрабои президент бошӣ, зарур аст, ки ҳама буду шуди миллатро аз худ кунӣ? Бечора Хушвақтовҳо наздик ба 20 сол маҳнат карданду ранҷ бурданд, то нони ҳалолашонро аз коркарди ангишт ба даст оранд. Аммо ҳамин, ки даҳонашон ба нон расид, зургӯён кашида гирифтанд.” – навиштааст манбаъ.
Манбаъ афзудааст, ки вақтҳои охир васиқаи талаву теппа ва дараҳо ба пайвандони президент муд шудааст.
“Ҳар куҷое меравӣ, мегӯянд ин дара истироҳатгоҳи Тахмина, он теппа аз они Озода, ин токзор азони Рустам, он чорбоғ аз они Асадуллоҳ, ваяш азони Муҳибуллоҳ, ин кони тилло аз они Асадулло вай кони ангишт азони Зарина, ин бозор азони ин қудои президент ваяш азони он қудои президент. Магар хеши президент ё фарзанди президент набошӣ ҳақ ба сарвату замини ин миллат надорӣ? Адолат куҷост?” – бо исрор мепурсад манбаъ
Маврид ба зикр аст, ки худи ҳамин ҳафтаи охир номи Зарина Эмомалӣ бори дувум аст, ки расонаӣ мешавад.
Дирӯз, 29. 09. 2018 сомонаи “Ахбор” навишта буд, ки Зарина Эмомалӣ ба зудӣ, ба курсии роҳбарии яке аз калонтарин бонкҳои Тоҷикистон “Ориёнбонк хоҳад нишаст.
“Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди 16 сол аз мақоми роҳбари раёсати “Ориёнбонк” канор меравад. Як манбаи наздик ба Асадуллозода гуфт, ки ӯ шояд моҳи ноябр баъди ба кор даромадани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун вазифаро ба ҷавонҳо супурда, дигар давлати пирӣ биронад. Ба ҷои Асадуллозода ба мақоми роҳбари “Ориёнбонк” духтари шашуми президент Зарина Эмомалӣ Раҳмон биояд. Зарина Раҳмон феълан муовини раиси “Ориёнбонк” аст”. – гуфта шудааст дар хабар.
Зарина Эмомалӣ Раҳмон, духтари президент бо писари Бег Сабур, вазири алоқаи Тоҷикистон хонадор шудааст ва 24 сола мебошад. Ӯ чанде дар Бритониёи кабир таҳсил кардааст. Дар аввали соли 2017 муовини раиси “Ориёнбонк” таъйин шуд. Исми Зарина Раҳмон бори аввал дар соли 2010 вақте расонаӣ шуд, ки ӯ дар синни 16-солагӣ дар телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳамчун муҷрии барномаи “Ахбор” ба забони англисӣ бафаъолият сар кард. Расмҳои Зарина дар расонаҳо дида намешавад. Расме, ки дар расонаҳо мечархад, ҳамон расми замони муҷрӣ буданаш дар телевизион аст.
Нақл мекунанд, ки писари Бег Сабур, яъне шавҳари Зарина ниҳоят рашкин будааст ва ба зарина иҷоза намедодааст, ки расмҳояш дар расонаҳо пайдо шаванд. То куҷо воқеъият доштани ин маълумот таъйид нашудааст. Аммо, қудрату дастдарозии Бег Сабур ба аксарият сарватҳои миллӣ ва тиҷоратҳои калони кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки писараш то ҷое ҷойгоҳи худро дар тақсими капитали “оила” пайдо кардааст.