Зимистони соли 2003 дар шаҳри Красноярски Русия бо аҳли оила муҳоҷир будем. Хонаи чубии сеҳуҷрагиро агар дар бухорӣ як-ду кунда партоем, баробар ҳама ҳуҷраҳо гарм мешуданд.
Ҳар замон муҳоҷирони беманзилмонда, ё аз ватан навомада, як муддат меҳмонамон мешуданд. Аз тақдирҳои гуногун, рӯзу рӯзгори сангини муҳоҷирон хабар доштаму шукри сарпаноҳи чӯбини иҷоравӣ мекардам, зеро берун то 45 – 50 дараҷа сардиҳо дошт.
Боре як марди деҳотии содабеғуборе меҳмонӣ омад. Ягон соат нишаст, ё на, аммо як дунё маънои зиндагиро гузошта рафт, ки ҳанӯзам дар ёд дорам.
Он мард Тӯйчӣ ном дошт, аз деҳаи Қалъача. Ҳамсари рус дошт, ки аз худаш даҳ сол калонтар буд ва либоси тозаву вақти чоқу сарпаноҳ доштанаш дар Русия вобаста ба ҳамин зан буд.
Тӯйчӣ аз ҳаёти худ чунон нақл кард, ки гӯё навори филме аз пеши назарам гузашт. Мегӯянд – ку, ҳодисаҳои аҷоиб бо нафароне рух медиҳад, ки аҷоиб нақл карда метавонанд.
Инак нақли Тӯйчӣ.
Дар деҳа маро хеле барвақт хонадор карданд, ҳатто вақте ки ҳамсинфонам ҳанӯз синфи ёздаҳ мехонданд. Бобоят касали вазнин, мӯйсафед тӯйи арусиятро дида равад – гуфтанд. Аммо бобо даҳ соли дигар умр дид. Ман ҳам зангириро бозӣ фаҳмидам магар, ё либосҳои нав пӯшида дар кӯча бовиқор мегардам гуфтам, ки зуд розӣ шудам.
Тӯй шуд, як сол нашуда, фарзанддор шудам, бори зиндагӣ ба сарам афтод. Касби таъин нест, кор нест, деҳқонӣ қимор барин гап, як сол ҳосил нағз мешавад, мефурӯшӣ, як сол ба рӯзгори худат нарасида мемонад. Хуллас, қатори халқ ман ҳам борхалтаи муҳоҷирӣ бардоштаму самти Русия пеш гирифтам. Дар бозор хушкмева мефурӯхтам, дар анбори бозор бо посбонон забон ёфта, шабҳоро саҳар мекардам. Зимистон ба Ватан бармегаштам. Деҳқони мавсимӣ барин, ҳар бор меомадам якто кӯдакам зиёд мешуд, оилаам калонтару талаботаш ҳам афзунтар мегашт. Инак, як ба худ омада андеша кардам, ки шаш фарзанд дорам. Рӯзгор ба харида омадан буд намешудааст. Як варақи дафтар пур карда менависад занам, як ароба пур карда меорам, аз дастам гирифта тафтиш мекунад.
Ҳой, мардакҷон, инаш аз хотиратон баромадаасту?!
Шамъ тамом шуд, керосин кам мондагӣ, фурӯзонак сӯхтагӣ, пули барқ надодагӣ, кунҷола, сабӯс…
Пеши чашмонам сиёҳу торик шуда сих мезаданд. Бегоҳ як барқ меояд, хӯрокро хӯрда мешавем, ё не, ки боз мемирад. Бо ҳамин саҳар медиҳанд. Хона бӯйи хокаи ангишт, хӯрок бӯйи дуд, занак бӯйи равған,…
Шаб як ҷойгоҳи дароз андохта кӯдаконро мехобонад. Ҳамагӣ як хонаи гарм, ки дорем, паҳлӯи кӯдаки хурдӣ худаш мехобад. Дар хонаи худам дузд барин менамоям магар, ки ҳар як нафарашон хеста нигоҳ мекунанд, падарашон куҷо хоб аст?!
Нисфи шаб гоҳе инаш об гуфта бедор мешавад, гоҳе ваяш берун барор мегӯяд, хулласи калом шароиту шариат бо ҳам намесозанд…
Ин ҷо дар бозори Русия як зани хандонрӯй мизоҷ (клиент) шуда монд. Арзонтар медодам, миннатдор мешуд, як рӯз мехмонӣ даъват кард. Ду себу ду анор бурдам, ки сараш ба осмон расид. Ҳафтаи дигар зодрӯзаш будааст, номаълумакак гуфта монд, ман ҳам маътали ишора боз омадам, ин дафъа нағзтар шинос шудем. Ду писари донишҷӯ доштааст, шавҳар не. Он шаб хеле сӯҳбат кардему аз аввала ҳам беҳтар муносибат кард. Он ҷо мондам. Минбаъд ҳамон ҷо зиндагӣ кардам.
Ҳамин тавр зани русдор ҳам шудам, ки аз худам даҳ сол калон буданашро ягон бор ҳис накардам. Бегоҳ аз кор бармегардам, хандон пешорӯям мебарояд. Ҳамагӣ ду-се дона пиёз, лимӯ, ё дастовезе дигар, ки он қадар арзанда ҳам нест, аз дастам бо як дунё меҳру миннатдорӣ мегирад.
Ҷонам, боз бардошта омадӣ? Охир худат хаста мешавӣ, рӯзи дароз кор мекунӣ,…
Меҳрубониҳояш хастагиамро мебарорад, хӯрока доимо тайёр, ширинӣ дар паҳлӯяш албатта гузошта шудааст, ҳаммом барои қабул омода, тоза, гарм, либоси шуставу дарзмолшуда ҳар рӯз якто тайёр. Худаш ҳам пардозу андозаш, атру уппояш, нозу карашмаҳояш, хулоса зан-дия…
Зани деҳотиам ҳам хуб аст, мехнатӣ, пуртоқат, аммо, шавҳардориашро бо зани урусам ҳатто муқоиса карда намешавад.
Нақли Тӯйчӣ ва хулосагириаш то андозае шояд дуруст бошад, локин шавҳарбонӣ ҳам шароит мехоҳад. Ин ду занро агар лаҳзае бо шароити ҳамдигар иваз кунем, чӣ ҳодиса рух медода бошад?
Хонандаи азиз! Идомаи ҳикояро қазовати Шумо бояд ранг диҳад.
Боқӣ, Худованд нигаҳбонатон!