Мирзохӯҷа Исмоиловро, ки бо ваъдаи авфи мақомоти Тоҷикистон санаи 29 сентябри солӣ ҷорӣ ба кишвар баргашт, КДАМ маҷбур карда истода будааст, ки худро аъзои ҲНИТ муаррифӣ намуда, изҳори пушаймонӣ кунад, то дар авф шомил гардад.
Дар ин бора, як манбаъи муътамад ба сомонаи Ислоҳ аз Суғд хабар дод.
Ёдовар мешавем, баргашти ин ҷавонро ба кишвар, охири моҳи сентябр сомонаи Ахбор иттилоъ дода буд ва дар он гуфта мешуд, ки Мирзохӯҷа Исмоилов, сокини ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 29 сентябр аз Олмон баргашт ва мавриди афв қарор гирифт. Мақомот ӯро узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ном мебаранд. Намояндагони ҲНИТ узви ин ҳизб будани Мирзохӯҷа Исмоиловро рад мекунанд.
Аммо тавассути шабакаи паёмрасони Телеграм хабаре, ки ба сомонаи Ислоҳ фиристодаанд, дар он гуфта мешавад, ки Мирзохӯҷа Исмоилов аз Олмон барнагаштааст, балки ӯ то баргаштанаш ба Тоҷикистон муддати 8 моҳ дар Қазоқистон будааст.
Илова бар ин тибқи маълумоти муътамаде, ки ба мо расидааст, Мирзохӯҷа Исмоилов ҳеҷгоҳ узви ҲНИТ набудааст.
Манбаъ мегӯяд, ӯ бо ҳизбиҳо хилофи назар дошт ва фаъолият дар сиёсатро кори беҳуда медонист.
“Мирзохӯҷа чанд муддат дар шаҳри Мадинаи Мунаввара буд. Дар ҳалқаи дарсии касоне менишаст, ки онҳо бо аҳзоби сиёсӣ нигоҳи хуб надоштанд. Созмон додани аҳзоби сиёсии исломиро бефоида ва номувофиқ ба талаботи шариати исломӣ медонист ва ихтилофи назарҳам дошт. Ӯ чанд ҷузъ аз Қуръонро ҳифз медонад ва бо забони арабӣ то ҷое ба шакли муҳовара огоҳ аст”, – мегӯяд манбаъ.
Аз рӯи гуфти манбаъ Мирзохӯҷа Исмоилов баъди бозгашташ аз Арабистони Саъудӣ, соли 2015 сараввал ба Русия меравад ва авоили соли 2016 ба Белорусия сафар мекунад, то бо роҳи заминӣ ба хоки Аврупо гузарад. Чун гузаштан ба Аврупо бо роҳи заминӣ барояш муяссар намешавад, ба Русия баргашта, визои ҷумҳурии Литваро мегирад ва озими Аврупо шуда, дар Олмон ҳуҷҷатҳояшро ҳамчун паноҳанда месупорад.
Аммо, мақомоти муҳоҷирати Олмон дархости мақоми паноҳандагияшро рад мекунад. Ҳарчанд ду маротиба пай дар пай шикояти апелятсионӣ ва касатсионӣ мекунад вале дар натиҷа боз ҳам ҷавоби рад мегирад.
Баъд тасмим мегирад, ки Аврупоро тарк гуяд. Сараввал Қазоқистон меояд. Онҷо тули ҳашт моҳ иқомат дошт. Ҳини дар Қазоқистон буданаш волидайнаш пофишорӣ мекунанд, ки ба ватан баргардад. Чун мақомоти амниятии ноҳияи Мастчоҳ, прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ, раиси ҳукумати ин ноҳия падару модарашро фишор меоранд, то ба фарзандашон фаҳмонанд, ки ба Тоҷикистон баргардад. Дар ҳолати бозгашт мавриди авф қарор хоҳад гирифт ва ӯро ҳеҷ ҳабсу таъқиб таҳдид намекунад.
Ниҳоят, санаи 29 сентябр ба Тоҷикистон бармегардад, вале мавриди авф қарор гирифтан ба осонӣ барояш муяссар намешавад.
Тибқи маълумоти ба мо расида, Мирзохӯҷа Исмоилов тавассути Қирғизистон бо роҳи заминӣ ба зодгоҳаш бармегардад, аммо ҳамагӣ тули чанд соат ҳамроҳи пайвандонаш будаасту халос. Баъди чанд соати дар хонаи волидайн буданаш ба мақомоти амниятии ноҳияи Мастчоҳ ӯро даъват намуда, аз онҷо ба шуъбаи вилоятии КДАМ дар вилояти Суғд интиқол медиҳанд. То санаи 5- октябр ӯро дар боздоштгоҳи шуъбаи КДАМ ҳабс намуда, барояш фишор меоранд, то иқрор шавад, ки вақти дар Олмон буданаш дар нишасти солонаи САҲА, соли 2016 бо ҳамроҳии мухолифон ширкат кардааст. Аммо ӯ рад мекунад. Ҳини аз боздоштгоҳ баромаданаш барояш ҳушдор медиҳанд, ки то иқрор шуданаш ба инки узви ҲНИТ асту соли 2016 дар Нишасти САҲА ширкат кардааст, даъват ба шуъбаи КДАМ ва агар лозим шавад, дигарбора боздошту ҳабс низ дар назар аст.
Мақомот хешовандони Мирзохӯҷа Исмоиловро даъват карда, як расмеро, ки дар нишасти САҲА гирифта шудаасту каме ба ӯ шабоҳат доштааст, маҷбур мекунанд, то гувоҳӣ диҳанд, ки воқеъан ин расми Мирзохӯҷа аст. Аммо онҳо рад мекунанд ва мегӯянд, ки шахси дар расм буда, Мирзохӯҷа нест.
Баъди ин мақомоти амниятӣ як чанд нафар собиқ наҳзатиҳои ноҳияи Мастчоҳро даъват мекунанд, то онҳо иқрор шаванд, ки дар ҳақиқат Мирзохӯҷа Исмоилов дар гузашта узви ҲНИТ будааст. Шахсони ба мақомоти амниятӣ даъватшуда ҳам иқрор намешаванд, ки ӯ дар гузашта узви ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ буд.
Як нафар собиқ масъули ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба мо гуфт, ки тавассути собиқ масъулини бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ рӯихати собиқ наҳзатиён баъди интихоботи парлумонии соли 2015 бо роҳи иҷборӣ дастраси мақомоти амниятии ноҳия шуда буд.
“Худи масъулини шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Мастчоҳ ба хубӣ медонанд, ки Мирзохуҷа Исмоилов дар рӯихати аъзои ҲНИТ ҳеҷгоҳ набуд. Илова бар ин ӯ бештари вақт дар ноҳияи Спитамен зиндагӣ мекард”. – гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти ба мо расида, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен, Сафармаҳмад Абдуллоев низ ба мақомоти амниятии ноҳияи Спитамен эҳзор шуда, ӯ низ гуфтааст, ки Мирзохӯҷа Исмоилов ҳеҷгоҳ узви ҲНИТ набудааст. Балки бо наҳзатиён хилофи назар доштааст.
Мудири кулли пойгоҳи хабарӣ ва таҳлилии Ислоҳ, Муҳаммадиқболи Садриддин дар шарҳи ин қазия гуфт, ки соли 2016 дар нишасти САҲА шахсе бо номи Мирзохӯҷа Исмоилов тамоман ҳузур надошт.
“Ман дар конфронси САҲА – 2016, ки аввалин иштироки мухолифони тоҷик пас аз ҳиҷрат буд, иштирок доштам. Қабл аз оғози конфронс дар пикете, ки доир гардид, муҷрии он будам. Ба чанде аз иштироккунандагони он пикет сухан додам. Ду изҳоротро, яке ба забони тоҷикӣ дигаре бо забони арабӣ онҷо хондам. Инчунин беш аз 40 дақиқа дар мавриди аъмоли сиёҳи режими Эмомалӣ сӯҳбат доштам ва онро чандин хабарнигорон сабт намуданд. Дар мавриди онҳое, ки дохили толор гаштанд ва дар тан футболкаҳои бо аксҳои маҳбусини сиёсӣ доштаро хуб медонам ва якто якто мешиносам. Дар миёни онҳо шахсе бо номи Мирзохӯҷа Исмоилов аслан вуҷуд надошт”, – мегӯяд Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ӯ афзуд: “Аслан дар онҷо касе аз бародарони берун аз Лаҳистон набуд. Чӣ гӯна он ашхоси дар тан футболкаҳои зиндониёни сиёсиро фаромӯш метавон кард? Модари Абдусамад Абдусатторов, яке аз ширкаткунандагонро мақомоти амниятии ноҳияи Панҷ ба хотири иштироки фарзандаш фишор оварданд ва он модар тобу тоқат наоварда аз олам даргузашт. Маҳз ҳузури он муборизон сабаб гашт, ки ҳайати ҳукумат зери сарпарастии Зариф Ализода дигар тобу тавони идома дар он конфронсро накарда, шармандавор фирор кард”.
Мудири сомонаи Ислоҳ тахмин мезанад, ки ба наҳзатӣ будан муттаҳам кардани Мирзохӯҷа Исмоилов як амали муғризона аст ва ӯ таъкид мекунад, ки бояд ба ингуна амалҳо хотима дода шавад.
“Ман ҳама ҷузъиёти он конфронсро ба хубӣ дар ёд дорам. Дар нишасти САҲА- 2016 шахси амниятие, ки дар хонаи фаъоли сиёсӣ, Маҳмадӣ Тешаев силоҳ партофта буд, тавассути додараш Ҳабибуллоҳ Тешаев ва ҳамсараш шиносоӣ гардид ва ба раёсати конфронс шикоят расонда шуд ва ӯ қабл аз фирори ҳайати ҳукумати Тоҷикистон Варшаваро ба қасди Душанбе тарк намуд. Инро ҳам ба самъатон мерасонам, ки он конфронсро бародар Илҳомҷон Яъқубов роҳбарӣ мекарданд ва бо ҳам будем. Боз мегӯям, шахсе бо номи Мирзохӯҷа Исмоилов дар онҷо ҳузур надошт. Бас аст бо туҳматҳои воҳӣ ҷавонони миллатро зиндонӣ кардан!”. – таъкид намуд Муҳаммадиқболи Садриддин.
Илҳомҷон Ёқубов, роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ, собиқ раиси шуъбаи ҲНИТ дар Вилояти Суғд, ки соли 2016 дар нишасти САҲА масъулияти ситоди ҳамоҳангии мухолифони тоҷикистониро дошт, мегӯяд, ки Исмоилов дар соли 2016, онҷо дида нашудааст. Ба қавли ӯ Мирзохӯҷа Исмоилов агар хоҳиши иштирок карданро ҳам медошт, бино ба талаботи қонуни муҳоҷирати Аврупо наметавонист иштирок кунад.
“Мувофиқи маълумоте, ки мо дорем, рӯзҳое, ки соли 2016 нишасти САҲА мегузашт, Мирзохӯҷа Исмоилов ҳуҷҷатҳои худро бо дархости мақоми паноҳандагӣ ба мақомоти Олмон таслим карда буд. Мувофиқи қонуни марбута, ӯ то баромадани қарори мақомоти муҳоҷирати Олмон ҳаққи тарк гуфтани ҳудуди Олмонро надошт. Ҳол он, ки нишасти САҲА дар кишвари дигари Аврупо, яъне шаҳри Варшаваи Лаҳистон шуда гузашта буд. Соли 2016 дар Нишасти САҲА чандин мухолифон ва фаолони сиёсии тоҷик, ки дар дигар кишварҳои Аврупо ҳуҷҷатҳои паноҳандагӣ супорида буданд, чун қарори мақомоти муҳоҷирати он кишварҳоро нисбати дархосташон ба даст оварда набуданд, натавонистанд ширкат варзанд. Худи Ҷаннатуллоҳи Комил, ки масъули дафтари ҲНИТ дар Олмон буд, ба хотири ҳаққи аз ҳудуди Олмон берун шуданро надоштанаш ҳамон сол натавонист дар Нишасти САҲА ширкат варзад. Илова бар ин Маҳмудҷони Файзраҳмон, ки он замон сухангӯи раиси ҲНИТ буд, мувофиқи ин талабот натавонист ширкат варзад. Акнун худ дарк кунед, ки даъвои мақомоти амниятии Тоҷикистон нисбати ин ҷавон тӯҳмате беш нест” – таъкид кард Илҳомҷон Ёқубов.
Муҳаммадҷони Абдуҷалил, як хешованди Мирзохӯҷа Исмоилов, ки дар Арабистони Саъудӣ ба сар мебарад, мегӯяд, Мирзохӯҷа Исмоилов фаъолият дар сиёсатро як кори беҳуда медонист ва вақтҳое, ки дар Арабистон буд, дар ҳалқаи дарсии касоне менишаст, ки бо аҳзоби сиёсии исломӣ сару кор надоштанд.
“Аслан Мирзохӯҷа Исмоилов саводи кофии исломӣ надорад. Ӯ дар Мадинаи Мунаввара ягон донишгоҳ нахондааст. Як ду соле, ки дар Арабистон буд, дар чанд ҳалқаҳои дарсии Ҳарам иштирок мекард, ҳатто бо мо ҳам ихтилофи назар дошт. Аммо, инсони хушахлоқ ва содиқ, ки буд зиёд баҳс намекардем”. – мегӯяд Муҳаммадҷони Абдуҷалил.
Маврид ба зикр аст, мақомоти Тоҷикистон тули як сол аст, ки бо ваъдаи афв кӯшиши ба Ватан баргардондани мухолифон ва фаъолони сиёсиро, бар асоси эзоҳи зери моддаи 307 КҶ ҶТ мекунанд. Дар худи давоми соли 2018 тақрибан 200 нафар аз фаъолони сиёсии тоҷик, ки дар хориҷа ба сар мебурданд, аз ҷумла аъзои ҲНИТ ва “Гуруҳи 24” бо истифода аз ин имкони афв ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар байни онҳо бархе нафарони дар гузашта маъруф, аз ҷумла ду нафар собиқадорони ҲНИТ – Саидиброҳими Назар ва Аёмиддин Сатторов, ва аз Гурӯҳи 24 Меҳрубон Сатторов, Файзуллоҷон Сафаров ва Оятуллоҳ Гиляев ба ватан баргаштанд.
Ҳини бозгашт ба Ватан аксари онҳо дар шабакаҳои иҷтимоъӣ изҳорот дода буданд, ки тули як ҳафта ё зидтар аз он боз ҳам ба кишварҳои дигар сафар хоҳанд кард.
Меҳрубон Сатторов, собиқ узви фаъоли “Гурӯҳи 24”, ки 27 -июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргашта буд, санаи 29- июн баъди ду рӯзи бозгашташ бо пахши як навор эълон кард, ки тули ду рӯз дар боздошт буд. Тибқи гуфтаи Меҳрубон парвандаи ӯро мебоист Прокуратураи генералии ҷумҳурии Тоҷикистон тули як ҳафта дида мебаромад ва иҷозаи сафар дубора ба ӯ дода мешуд.
Меҳрубон Сатторов дар ҳамон баромадаш эълон карда буд, ки дар давоми як ҳафта, баъди ҳал шудани масъалаи ҳуҷҷатҳояш ба Русия бармегардад. Аммо ин ҷавон наздик ба чор моҳ мешавад, ки наметавонад аз ҳудуди Тоҷикистон берун шавад. Ҳол он ки тибқи маълумоти таъйидшуда, чандин нафаре, ки бо Меҳрубон Сатторов муомилаи пулӣ кардаанд, баргашти ӯро дар Русия шабурӯз интизоранд ва ҳамарӯза пофишорӣ карда истодаанд, то Меҳрубон баргашта, пулҳои онҳоро бидиҳад.
Ҳарчанд Меҳрубон Сатторов даъво дошт, ки мушкилиҳоро бидуни ҳарос дар дохил ҳам зикр хоҳад кард, аммо фаолияти ӯ танҳо бо рекламаи корнамоиҳои роҳбарият ва ҳукумати кишвари Тоҷикистон тули ин чор моҳ маҳдуд шудааст.
Фаъоли сиёсии дигари “Гурӯҳи 24” Оятулло Гиляев ҳам, ки ба Тоҷикистон баргашта, мавриди “авф” қарор гирифта буд, мебоист санаи 5 – октябр ба Русия сафар кунад. Аммо, бо сабабҳои номаълум ин сафари ӯ ҳам лағв шуд. Ҳол он ки Оятулло Гиляев эълом дошт, ба Русия сафар карда, ҳамсафонашро барои тарки фаъолият дар “Гурӯҳи 24” даъват хоҳад кард. Мебинем, ки “авфшудагон” ҳатто ба сафари муфид ба ҳукумати Тоҷикистон иҷоза дарёфт карда наметавонанд.
Яке аз собиқадорони ҲНИТ Аёмиддин Сатторов, ки бо ваъдаи авф ба кишвар баргашт, барои ширкат ба нишасти САҲА-2018 бо ҳайати ҳукумат омада буд, аммо дар ҳалқаи конвой (муҳофизони ҳукуматӣ) мегашт. Ба ӯ иҷоза намедоданд, ки ҳатто аз ҳалқаи конвой дақиқае берун шавад.
Ин аст, ки ҳоли “авфшудагон” дар Тоҷикистон ба худашону ба Худо маълум асту халос. Онҳо мегӯянд авф шудаем вале аҳволе, ки онҳо доранду ба ҳамагон маълум аст, ба ҳеҷ ваҷҳ ба шахси авфшуда монандӣ надорад. Бештар ба он мемонад, ки як шахс бо дӯ дасти адаб худро ба гирифторӣ супоридааст.
Ин ҳам ногуфта намонад, ки мақомоти кишвар, то имрӯз дар ҳеҷ аҳду паймоне содиқ набуданд ва то охир чунин боқӣ мемонанд. Мусалмони закиро мор аз як сурох ду маротиба намегазад. Ҳафт бор чен кун як бор бур гуфтаанд.