Дар Истаравшан ду мадраса фаъолият мекард, ки домони маърифати исломии ҷавононро фаро гирифта, илми диниву дунявӣ медод ва шогирдони ин даргоҳ аз ноҳияҳои атроф ҳам буданд. Мадрасаи ҷавонписарон ба номи “Абдулатиф Султон”, ки дар маҳалли Кӯкгумбаз, дар як тарафи худи қалъаи гунбази кабуд воқеъ гашта буд. Ҷавондухтарон дар мадрасаи ба номи Муҳаммад Иқбол таҳсил мекарданд. Баъзан ба ин даргоҳи нур ташриф меовардам. Оромии духтаракони батамкину пурҳаё ин даргоҳро чунон фаро гирифта буд, ки касе гумон ҳам намекард, он ҷо се синфхона толибаҳо дарс мехонанд. Оромиро фақат ҳар замон садои занг халалдор мекард.
Пушти дарвоза доимо ду ё се зан интизорӣ мекашиданд ва ҳангоми ба охир расидани машғулиятҳо бодиққат духтаронро нигоҳ мекарданд. Ин қабил занҳо аз мақомотҳои қудрати не, балки хостгорон буданд, ки “мазза” – и келини баимонро медонанд. Бештари духтарон аллакай фотеҳа, ё тӯй ҳам шуда буданд, аммо таҳсилро идома медоданд.
Муаллимаҳои мадрасаро хеле эҳтиром мекардам. Малоҳати гуфтор, бе кибр, беғубор, нуронӣ, хуллас арзанда. Боре дар дарси забони арабӣ иштирок карда. қоил ҳам шудам. Духтарон мавзӯъро хонда, бо забони арабӣ фикр баён мекарданд. Забони русӣ ва англисӣ ҳам роҳандозӣ шуда буд. Шеваи тозаи гуфтори русӣ дар забони муаллимаи ин фан маро дар ҳайрат монду баъдтар фаҳмидам, ки хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти рус будааст. Боре аз ӯ пурсон шудам, ки чаро русӣ ҳам бояд донанд? Гуфт: “Русиро нағз фаҳмад, арабӣ омӯхтанаш осонтар мегардад. Ҷинси занонаву мардона, падежҳо… ин қоидаҳои имло дар забони тоҷикӣ нестанд.
Хонаи омӯзгорон ҳам ба ҳамаи талаботи мактаб ҷавобгӯ буд. Ҷадвали дарс, рӯйхати навбатдорон, ҷадвали зангҳои даромад ва баромад, як тараф рафи китобҳо, як тараф дафтарҳои даврӣ. Бе ягон кӯмаки давлат ин ҳамаро ташкил карда тавониста буданд. Гоҳ-гоҳе рафта, як дунё маъно гирифта меомадам, чун дӯстони дерин будем, эътироз ҳам надоштанд.
Аммо. боре сари роҳ як қадам даромадаму табъи гирифтаи омӯзгорон маро шигифтзада кард. Хеле ғамгин буданд, аммо садо баланд намекарданд, ҳамон тамкин, ҳамон дурандешӣ. Пурсидам, ки ҳодисае шуда?
Гуфтанд, меҳмони макомотӣ доштем, ки ҳудудҳоро комилан убур кард. Хандаам омаду гуфтам: “Магар арзандаи ранҷиданатон ҳастанд?”
Гуфтанд: “Моро дашном диҳанд, садқаи сар аст, аммо динро дашном дода рафтанд”
Он рӯз фаҳмидам, ки раиси шӯъбаи кор бо ноболиғони шуъбаи корҳои дохилии шаҳр омадааст. Дидааст, ки ҷурме дар рафти таълиму вақти танаффус, ҳуҷҷатҳои омӯзгорону нақшаҳои тақвимӣ наёфтааст, ба либоси донишҷӯён эътироз кардааст.
Ҳатто ангушти ишоратиашро бо ситеза ба китоби Қуръон сахт-сахт кӯфта, чунин фарёд задааст: “Дар ягон ҷойи ана ин китоб ҳиҷоб пӯшед, сатр гиред, навишта нашудааст”
-Пас Шумо чаро далел наовардед?
-Фурсати ҳарфзанӣ надоданд. Ҳақорат ҳам карда рафтанд. Мегӯянд. “ҳамаро ба хурофот олуда кардаем”.
Ман хеле шӯрида рафтам, ором истода намешуд, мехостам ба шӯъба раваму аз болои он бефаросат арз кунам, аммо ба раис аз раис арз карда ҳам намешуд.
Ин лаҳза дар ҳайрат ҳам будам, ки чаро худи муаллимахо ғамгинанд, аммо тамкин бой намедиҳанд?! Каме ман ҳам ором нишастам. Баъд яке ояте аз Қуръон қироат карду шарҳ дод.
Ин оёт мисли доруе буд, ки мағз – мағзи равонро оромиш доду самти таваккалро танҳо сӯйи Худованд муайян кард. Нағз фаҳмидам, ки баҳс бо он раисони бераисмондаи заминӣ фоидае надорад. Ва довар дар ҳама ҳол Аллоҳ аст, подоши хубу зишт ҳам аз ҷониби Ӯст.
Аксари вақт сабру бурдбории аҳли донишро сифлагон ғолибияти худ мепиндоранд, аммо сабаби оромиву сабри онҳо дар баробари ингуна аблаҳиҳо чизи дигар аст.
Бо аблаҳон нашояд арзи сухан намудан,
Ҷойи гуҳарфурушӣ бозори хар набошад.
Шифо