Адами ғамхорӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ нишонаи корношоямии ҳукумат

Ислоҳ нет

 

 

Сабаби афзоиши мушкилоти муҳоҷират нотавонбинии ҳукумат аст

 

Масъалаи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ мебояд яке аз асоситарин барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёбад. Чун ба ҳамагон маълум аст, ки донори асосии иқтисодиёт ва буҷаи кишвар муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд. Ҳарчанд фоизи бештари буҷаи кишвар аз ҳисоби андоз аст, месазад гуфт, ки пешрафти кори тамоми андозсупорандагони Тоҷикистон вобастагӣ ба даромади муҳоҷирони меҳнатӣ дорад.

Ҳатто андози истифодаи замин, истифодаи барқ, об, роҳ ва ғайра,  ҳама, на аз ҳисоби маоши кории дар кишвар ба даст оварда, балки аз ҳисоби даромади муҳоҷирати меҳнатӣ пардохт карда мешавад.

 

Аммо, дар баробари ин ҳукумати Тоҷикистон ягон барномаи ғамхорона, барои муҳоҷирони меҳнатии кишвар надорад. Ҳар сол мо шоҳиди он мешавем, ки чӣ қадар муҳоҷирони мо, алалхусус ҷавонон, ҳангоми муҳоҷират ба садамаҳои истеҳсолӣ ва бемориҳои мухталиф дучор шуда, бо гирифтории дараҷаҳои гуногуни маъюбӣ ба ватан бармегарданд.  Ҳар сол аз 800 то 1200 нафар фавти шаҳрвандони мо дар муҳоҷират расман ба қайд гирифта шуда, бо ҳисоби ғайрирасмӣ то ба 2000 нафар ба ҳалокат мерасанд. Агар пештар ҳамагон кӯшиш мекарданд, ҷанозаи пайвандони худро ба ватан бурда, ба хоки диёри худ супоранд, солҳои охир гаронии масрафи интиқоли ҷаноза ба ватан, на ба ҳама имкон медиҳад, ки мурдаи аҳли худро ба ватан баранд. Тахминан аз  6 то 10 ҳазор дар як сол маъюбу бемор ба ватан бармегарданд. Ва то имруз касе аз ин нафарони бемору маъюбшуда, ҳеҷ кӯмаке аз давлат нагирифтааст. Онҳое, ки дар муҳоҷират ҳалок шудаанд, ҷасади баъзеашон ҳамчун гарав дар сардхонаҳои Русия моҳҳо мемонад, касе намепурсад.

 

Табиист, ки аз рӯи нишондоди ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, вақте ҳайсияти ҷасади як фарди хориҷӣ ба қайд гирифта мешавад, пеш аз ҳама намояндагии дипломаттии кишвари соҳиби ҷасад расман хабардор карда мешавад. Аммо бо сабабҳои номаълум намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар ҳориҷ, хусусан дар Русия, то доду войи худи муҳоҷирон баромадан, заррае ба ин масъала эътибор намедиҳанд. Ҷасади аксарияти ҳалокшудагон боз бо кӯмаки  муҳоҷирон маблағ ҷамъоварӣ шуда, ба ватан интиқол меёбанд.

 

Ҳоло мехоҳам ба як нуқтаи асосӣ ишора кунам, ки  натиҷаи муҳоҷирати тоҷик аз ҷанг ҳам бадтар аст, натиҷаи як ҷанг талафоти ҷони инсонӣ, ятим мондани кӯдакон, бе шавҳар мондани занҳо ва бе ному нишон гум шудан аст, айнан муҳоҷирати меҳнатии тоҷик ҳам ҳамин натиҷаро дорад ва ҳатто бештар аз як ҷанг аст. Агар ҳар сол наздик ба 2000 нафар муҳоҷирони мо дар муҳоҷират ҳалок  шаванд, дар ин 27 соли муҳоҷират беш аз 40-45 ҳазор нафар вафот ва беш аз 100 -150 ҳазор нафар маъюбу бемор шудаанд. Аз он ҷумла, маҳз дар хонадони фавтидагон дар ғарибӣ то 200 ҳазор нафар кӯдаки ноболиғ бепарастору ятим шудааст. Агар ин муҳоҷират боз 10 соли дигар бо ҳамин ҳолу аҳвол давом кунад, натиҷааш аз ҷанги шаҳрвандии тоҷикон  ҳам бадтар хоҳад шуд. Ба таври мисол ҷанги Қрим, ки се кишвар  – империяи Рус, Британия ва Фаронса бо империяи Усмонӣ ҷангида буданд,  ҳамаги 47 ҳазор нафар ҳалок ва 140 ҳазор нафар маъюб шудааст, ки тақрибан 3  сол давом кардааст. Ё ҷанги беш аз садсолаи байни Англия ва Фаронса, ки ҳатто ба шуморае, ки  тоҷикон дар муҳоҷират ба ҳалокат расидаанд, дар ин ҷанги беш аз садсола нарасидааст.  Дар ҷанги Амрико барои ба даст овардани истиқлолият, ки 8,5 сол давом кардааст. тақрибан 37 ҳазор бо шумули иттифоқчиёнаш ҳалок шудаанд.  Вале, бубинед, ки натиҷаи талафоти ҷонӣ ва касалманду маъюб шудани шаҳрвандони мо дар муҳочират бештар аст!

 

Ҳоло саволи асосӣ ин ҷост ва ҳатман, ки ҷавоб меҳоҳад, оё ҳукумати Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо  рӯихати ҳалокшудагон дар муҳоҷиратро дорад? Рӯйхати маъюбшудагон дар муҳоҷиратро дорад? Чаро ба онҳо ҷубронпулӣ ва ё нафақа дода намешавад? Чаро оилаи онҳо, фарзандони онҳо аз таваҷҷӯҳи хукумат дур мемонанд?  Ҳама шоҳиди ҳол аст, ки қишри муҳоҷир аз ҳама манбаъҳо сердаромадтар аст ва ду маротиба зиёдтар аз буҷаи кишвар ҳамасола ба кишвар пул интиқол медиҳанд. Як муҳочире, ки бо ҳисоби миёна, агар таҷрибаи 15 солаи кор дар муҳоҷират доштаро ҳисоб кунед, дар ин 15 сол ба кишвар беш аз 50.000 (панҷоҳ ҳазор) доллар пул  фиристодааст, магар ӯ сазовори таваҷҷӯҳи хукумат ва давлат нест?

 

Як вазир ва ё корманди вазоратхона ё сафир, ки аксаран ҳама даст дар фасод доранд ва боз ҳам аз таваҷҷӯҳи хоси ҳукумат бархурдоранд.  Дар расонаҳо хондем, ки вазиру як раиси кумитае кишварро ғорат ва иқтисоди кишварро фалаҷ кардааст, беш аз 15 ҳазору 20 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад.  Дар ҳоле, ки як муҳоҷири тоҷик беҳтар аз як вазиру раиси кумитаи феълии ҳукумат барои кишвар муфидтар хидмат кардааст ва риске, ки як муҳоҷир барои гардонидани чархи  иктисодии кишвар мекунад, болотар аз як вазиру сафир аст.

 

Муҳоҷири имрӯзаи тоҷик сармоягузори ҳақиқии кишвар аст ва сармояи ӯ боиси ободӣ ва оромии кишвар мебошад. Зеро агар муҳоҷир ба кишвар пул нафиристад, ҳукумат ба харобазор табдил хоҳад шуд ва  амнияти кишвар зери хатар хоҳад рафт!

 

Ҳоло  иқтисод, амният, оромӣ ва ободии кишвар  аз пули муҳоҷир вобаста аст, аммо чунин ба назар мерасад, ки ба ҳукумати ҶТ  танҳо пули муҳоҷир лозим асту халос! Аз худи муҳоҷир, ҷони ӯ, саломатӣ ва манфиатҳои шаҳрвандиву иҷтимоии ӯ касе намепурсад.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бояд барои манфиатҳои шаҳрвандоне, ки берун аз хоки Тоҷикистон зиндагӣ мекунанду муҳоҷир ҳастанд, тадбирҳои зарурӣ биандешад. Вагарна, дар оянда раванди тарк кардани кишвар аз ҳисоби шаҳрвандони қобили меҳнат авҷ гирифта. Тоҷикистон ба як базаи маъюбону корношоямон, пирони барҷомонда ва занону кӯдакони бепарастор табдил меёбад. Албатта ин ҳолат метавонад, то ба нобудии миллат бурда расонад.

 

Аз ин лиҳоз,  пеш аз хама, ҳукумати кишварро мебояд мисли дигар ҳукуматҳои мардумӣ  ба ҳар муҳоҷир мисли сармоягузор муносибат анҷом диҳад ва ба ҳар яқ хонадони муҳоҷири ҳалокшуда дар муҳоҷират  арзи тассалият, ҷубронпулӣ дода, фарзандони ятиммондаро парасторӣ кунад. Баъди ба сини нафақа расидан ба якояки муҳоҷир  нафақаи шоиста дода шавад, зеро маълум аст, ки аксарият дар ватан солиёни дароз аз сабаби кор набудан дар кишвар муҳоҷириро ҳамчун касб ва василаи таъмини аҳлу хонавода қабул кардаанд.

 

Суғуртаи давлатии  иҷтимоӣ ва ё суғуртаи  тиббӣ ба муҳоҷир дода шавад, то ҳар муҳоҷир дар кишвари худ бемузд худро табобат карда тавонад.

Дар ҳама шаҳрҳои калони Русия бояд марказҳое созмон дода шавад, ки фаъолияти онҳо барои рӯёнидани ҳаққи муҳоҷир, ба кор таъминкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, вакилӣ ва дифоъи ҳуқуқи муҳоҷир дар мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, суд ва ғайра қатъиян ба таври ройгон ба роҳ монда шавад. Дар ивази ин корҳо аз муҳоҷир тамоман маблағ ситонида нашавад.

 

Агар чунин ғамхориҳо ба роҳ монда шавад, ҳукумат ӯҳдадориҳои худ дар назди мардумро то андозае ба иҷро мерасонад. Вагарна, талаботи конститутсионии принсипи иҷтимоъӣ ва ҳуқуқбунёдии кишвар ба иҷро намерасад. Албатта, ин нишонгари онаст, ки режим аз ӯҳдаи пиёда кардани талаботи Конститутсия набаромада истодааст. Ин далолат бар корношоямии тими ҳукмрон мекунад ва ҳатман бояд ба истеъфо равад, то мардум ба сабаби ноӯҳдабароии ҳукумат, дар ҳама ҷо хору залил ва сархам нашаванд.

 

Илҳомҷон Ёқубов

Раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ,

Роҳбари департаменти кор бо муҳоҷирони ПМТ 

Share This Article