Ҳукумат – аждаҳои миллат

Ислоҳ нет

 

Гуноҳи ин миллат чӣ аст, ки ҳеҷ оромишу осудагиро намебинад ва ҳамеша шахси аввали кишвар ҳушдорашон медиҳад, ки шукронаи ҳамин кишвари тинҷу осударо кунед. Шукронаи ҳамин пешво ва истиқлолиятро кунеду он чӣ ман мекунам аслан садо баланд накунеду дастҳо пеши бар  “бале ҷаноби олӣ” гӯед.

Охир сабр ҳам андоза ва ченакеро доштагист. Сабре ин миллат кард, аксари миллатҳои дигар ҳатто дар хобҳояшон онро таҳаммул намекунанду пас аз дидани он кобус, дар ҳол ба табиби равоншинос муроҷиъат мекунанд, то аз ончӣ дар хобашон диданд, табобат шаванд. Аммо ин миллат дар дохили кишвари бобогӣ ва аҷдодияш, аз тарафи як оила ва мафяи марбут ба ӯ, ҷафо болояш сурат мегирад. Боз тими рӯпӯшкунандааш онро либоси қонуният мепӯшонанду мазлумонро гунаҳкор хонда, ТЭТ ва ҳазор исмҳои ночаспи дигарро бар ӯ мечаспонанд.

Ончунон ҷиноятҳои ин режим зиёданд, ки як китоби даҳ муҷалладаи бо сафаҳоти зиёд он ҳама ҷиноёташонро намеғунҷонад. Қалам аз навиштани он ҳама оҷизӣ дораду ба гиря меояд, ки ин миллат чӣ гуноҳ дошта бошад, ки ба чунин бало гирифтор гаштаанд?

Аз вақте ин Саймумин Ятимов ба раъси КДАМ омад, ҳоли табоҳи ин миллат табоҳтар гашту исми кишвар сол ба сол дар радаи кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқи шаҳрванд шомил шудан гирифт. Вазнинтарин ҷиноятҳое дар кишвар сурат гирифт, ки ҳамаашон ба сӯйи ин марди қотил ишорат менамоянд. Аммо ин деви дад ангуштони ба сӯяш ишорат шударо ҳам мешиканад, то дигар ба сӯяш ишорат накунанд. Қалам аз дасти нависандагон гирифта, худаш шоиру нависанда, зиёӣ, уламои дин, ҳунармандони ин миллатро ба як туда ғуломони маддоҳ ва беҷуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ мубаддал намуда аст.

Сад афсӯс, ки иддае сустиродаву бешуҷоат ба хотири зинда мондан дастҳо пеши бар лабай мегӯянду барояш мадҳия ва шеър менависанд. Минбар, симо, садо ва ВАО-ро дар ихтиёри ашхосе гузоштаанд, ки ҷуз маддоҳӣ ва тавсиф аз як шахси бемасулияту бедироят кори дигар надоранд. Ба аждаҳо ҷомаи Хоҷа Аҳрори Валӣ мепӯшонанд. Наздик ба се даҳсола, ки ин хирасар сари қудрат аст, ҷуз чанд қасре барои худ, ки барои  пазироии меҳмонони хориҷӣ ва чанд боғу гулзоре, ки бо сармоягузории кишварҳои хориҷӣ бунёд гаштаасту миллатро қарздор намудааст чизи дигаре тақдим накардааст.

Агар як бесаводтарин фарди ин миллат ба ҷойи ин хирасар мебуд, бо машварат метавонист корҳоеро анҷом диҳад, ки воқеан пешво ва қаҳрамони ин миллат мешуд. Аммо ин аждаҳо, ки аслан ҳадафи ободӣ ва некуаҳволии кишвару миллатро надорад, кораш ҷуз куштану зиндонӣ кардани шаҳрвандони кишвар чизи дигаре нест. Зеро дақиқан бо ин роҳ сари қудрат омадааст ва чизи дигареро ҳам намедонад.

Тоҷик на дар дохили кишвар осуда асту на дар хориҷ. Ин аждаҳо ҳатто дар маҳбас мардумро медарраду мекушад. Мисле, ки зиндон анбори захиравии ин аждаҳосту маҳбусин тӯшаи зимистонааш.

Дар хориҷ аз кишвар тоҷик на қадр дораду на касе ба додаш мерасад. Тоҷик барои милисаҳои қирғиз, қазоқ, русу беларус мисли гови ҷушоро мемонад. Ҳамин ки шиносномаро дид, дигар шахсияти ту муҳим нест, дар ҳол мегӯянд, “Таджик давай деньги и уходи” Агар пурсӣ ман чӣ коре мухолифи қонуни кишвари шумо кардаам? Даҳҳо дашном болои сарат меборад, лату кӯб ва ҳатто эҳтимоли ҷисман нобудшавӣ ҳам ба миён меояд.

Наход ин миллати асрҳо шӯҳратёрро то ба ин андоза ба поёнтарин сатҳ оварда расонед?

Аз ин миллати бузург чӣ сохтеду ба чӣ мубаддалаш намудед?

Сарватҳояшро дуздидед, хоки кишварашро фурӯхтед, занашро бе ҳиҷобу бе иффат кардед, ҷавононашро аз бекорӣ ба хориҷ бадарға кардед, онҳое ки хориҷ нашуданд зиндонашон кардед, озодии диниашро аз ӯ гирифтед.

Савганд ба Аллоҳ ҳеҷ аҷнабие ин амалҳои шуморо ба ин миллат накарда буд ва ба ин сатҳи пасте, ки шумо қарораш додаед нарасонида буд.

Даст аз сари ин миллат бардоред !!!

Сабри ин миллат ба охирон марҳалаи лозима расидаасту аз хашми ин миллат тарсед, ки бо шумо дигар мудоро намекунанд.

Ин мақола аз гиряи як ҷавоне маншаъ мегирад, ки ба ман занг зад ва бо нигаронӣ аз ҳолати сахти кишвар бо риққат мегиристу мегуфт чи кор кунам, дигар тоқат надорам ин ҳамаро бубинаму ором бишинам.

Ҳой ҷанобони курсинишини аз ҳисоби ин миллати мазлум шикамҳо варамида, ба худ оеду даст бардоред аз ин бедодгариҳои нопокатон. Шумо ин миллатро дар асорати худ наҳисобед. Нагӯед, ки дар дастамон қувваву нерӯст. Нерӯйи ин миллат имону виҷдон ва он дӯстдории ватани азизаш ҳаст, ки шумо худатон бо амалҳоятон ба он муқаддасот нохун зада истодаед. Нохун задани шумо ба ин муқаддасот бидуни шак ангезаҳоро бедор карда истодааст, ки ҳеҷ қувваву нерӯятон дар муқобили ин миллат тавони истодагариро надоранд.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article