Амалҳои “боевиконаи” сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ

Ислоҳ нет

 

Мусалмонони дирӯзе, ки ҳазор сол бо шаҳомату салобат аз машриқ то ба мағрибро ҳукмронӣ мекарданд, имрӯз дар ягон гушаву канори дунё амн надоранд.

Ҳамин қадар замини васеъи олам чунон барои мусалмонон, хусусан ба тоҷикон танг шудааст, ки гумон мекунӣ ҳатто як қадам ҷойи амн намондааст.  

Вазъияти мусалмонон ва дар умум шаҳрвандони Тоҷикистон, на танҳо дар дохили кишвар, ҳатто дар Русия ва давлатҳои муштаракулманофеъ барои ҳама маълум.

Вазъияти шаҳрвандони мо, то оғози соли 2016 дар хориҷ аз кишвар ва ИДМ нисбатан ором буд. Дар мақолаи қаблӣ вазъияти тоҷикони Мисри арабро навишта будем.

Баъди навиштани ду мақолаи пай дар пай дар бораи вазъияти донишҷӯёни Миср, иддае аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳрҳои гуногуни Арабистони Саъудӣ таҳсил мекунанд, ба Ислоҳ нома навиштанд. Донишҷӯёни тоҷик дар Арабистони Саъудӣ аз мо гила карданд, ки чаро дар бораи вазъияти мо касе чизе намегӯяд. Ҳол он ки ҳоли мо бадтар аз ҳоли донишҷӯёни тоҷик дар Миср аст.

Муносибати Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ дар умум ва хоссатан давлатҳои ҳошияи Халиҷи форс хело хуб аст. Ин муносиботи хуб албатта барои дарёфти кӯмакҳо мебошад. Чуноне, ки ин кӯмакҳоро аз давлатҳои Қатар, Имороти Араб, Қувайт ва давлати бузурги минтақа, Арабистони Саъудӣ ба даст меорад. Аммо ин баҳси дигар аст. Ин ҷо танҳо ба вазъи вахими шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ дахл мекунем.

То омадани Заробиддин Қосимӣ, Сафири феълии Тоҷикистон дар Саъудӣ,  ҳар се сафирони пешин бархурду муносибат бо донишҷӯён ва муқимони ин давлат бад набуд. Ин муносиботи бади Сафорати Тоҷикистон бо донишҷӯён ва шаҳрвандонамон тибқи маълумоти манбаъҳои Ислоҳ аз соли 2016 бештар ва шадидтар гаштааст. Ҳамеша аз ҷониби Сафорат ба донишҷӯёне, ки  расман дар донишгоҳҳои маъруфи ин кишвар таҳсил мекунанд, бо ҳар роҳу васила таҳдид мешавад. Дар ҳар донишгоҳ афроди махсуси сафорат аз донишҷӯён интихоб гаштаанд, ки маълумот ҷамъ намуда, дар ихтиёри сафорат мегузоранд. Сафорат ин маълумотҳоро ба Душанбе мефиристад ва аз дохил ба наздикони ин донишҷӯён фишор меоранд, ки фарзандонатонро ба ватан даъват кунед, то таҳсилро идома надиҳанду баргарданд.

Мо шоҳиди беш аз сад донишҷӯёне будем, ки ба ватан дар таътили тобистона рафтаанд ва дигар барнагаштаанд. Бархе дар курсҳои охир буданд вале дигар аз Тоҷикистон ба Саъудӣ барнагаштаанд. Донишҷӯёне, ки мӯҳлатҳои шиносномаҳояшон тамом шуда бошад, пас аз муроҷиъат ба Сафорат барои шиносномаи ҷадид, сафорат баҳона мекунад, ки компютерамон хароб аст ва наметавонем бароятон шиноснома диҳем. Танҳо метавонем бароятон варақаи баргашт ба ватан (возврашение на родину) диҳем.

Донишомӯзон медонанд, ки ин сафарашон ба Тоҷикистон яктарафа аст ва дигар наметавонанд дубора барои идомаи таҳсил баргарданд. Бечораи донишҷӯе, ки  ду сол ва ё се сол таҳсил кардаааст, дар солҳои охири таҳсил дигар намедонад чӣ кор кунад.

Аммо донишҷӯёне ҳам ҳастанд, ки аз Тоҷикистон ин мушкилотро тавонистаанд ҳал кунанд. Аз Тоҷикистон як занг мезананд ва Сафорат барои шаҳрванди дар Саъудӣ буда, шиноснома ва он номаи лозимаро медиҳанд. Яъне сафорат барои осон кардани кори донишҷӯён ва шаҳрвандон дар ин кишвар фаолият намекунад ва ҳадафашон фишор овардан ба донишҷӯёне, ки дар ин кишвар иқомат мекунанд, мебошад.

 

Шиносномаи Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ

Аз соли 2008 Тоҷикистон дар Саъудӣ сафоратхонаи  худро ифтитоҳ намуд ва се сафири қабл ин ҷиноятҳои сафири феълиро накарда буданд.

Мепурсем, ки Шумо аз охири марти соли 2016 ба ин мақом таъин шудед, фикр мекунед шумо аз зодгоҳи пешво ҳастед ва бароятон мардумозорӣ иҷозат аст? Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 93-96 дар маркази матбуъотии ВКД кор кардаеду аъзои фаъоли “Фронти халқӣ” будед дар тавҷеҳ ва тағйир додани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо хидмат кардаед. Пас аз он, аз соли 1996 то 2005 раиси маркази матбуъотии вазорати мудофиъа ва котиби хосси вазири дифоъ будед. Қатлҳо ва ҷиноятҳои онҳоро ба ВАО чигуна тавҷеҳ медодед ба ҳама маълум аст. Аз соли 1996 то 2015 мушовири матбуъотии президенти кишвар ва муовини раиси дафтари матбуотӣ будед. Шабро рӯз ва рӯзро шаб, ҳақро ботил ва ботилро ҳақ ҷилва доданҳоятон фаромӯш нашудааст. Замони раиси АМИТ Ховар буданатон, машғул ба тӯҳматҳо бар алайҳи озодандешони миллат будед. Ин ҳама ҷиноятҳои бепурсиш шуморо он қадар далел кардааст, ки дар диёри тавлиди дини мубини Ислом, зодгоҳ ва шаҳри паёмбари гиромӣ тарс аз Худо боре ба хотиратон омада?

Ҳа, ба ростӣ, аз як нафаре, ки солҳо бо қотилону мардумдарони “Фронти халқӣ” аз як дастархон нон хурдааст, боз чиро ҳам метавон интизор буд?

Замони раиси АМИТ Ховар  буданатон досияи иддае аз ҷиноятҳои бешуморатон дар дасти мост, аммо ифшои он вақту замони худро дорад. Инчунин аз тиҷоратҳое, ки доред ва зери чӣ исмҳое сабти ном шудаанду киҳо ба он машғуланду чӣ корҳое мекунед феълан чизе намегӯям. Мегузорем онҳоро барои оянда, то мақола тулонӣ нагардад.

Ҷаноби Заробиддин Қосимӣ даст аз нусхаи амалҳое, ки боевикҳои “Фронти халқӣ” мекарданду мекардед, дар ин сарзамини муқаддас бардоред. Ба шаҳрвандони кишвар муомилаҳое, ки дар он солҳо мекардед,  дар хориҷи кишвар накунед. Шумо ба қавле дипломат ҳастед ва зебанда нест дар шахсияти шумо чунин амалҳои “Боевикона”!

 

Донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Саъудӣ

Донишомӯзони тоҷик дар чор донишгоҳҳои маърӯфи сатҳи ҷаҳонии ин кишвар таҳсил мекунанд.

1.)  Донишгоҳи Исломии Мадинаи Мунаввара, яке аз пуртоҷиктарин донишгоҳҳо дар ин кишвар аст, ки дар солҳои охир дар натиҷаи  фишорҳое, ки Сафорат ба сари инҳо оварда истодааст, адади донишомӯзон рӯ ба коҳиш овардааст. Феълан дар ин донишгоҳ тибқи хабари як манбаъ ҳудуди 55 толибилм таҳсил доранд. Аммо собиқ адади ин донишомӯзон бештар аз 300 нафар буд.

Соли гузашта  34 нафар ба Донишгоҳи исломии Мадинаи мунаввара пазируфта шудаанд, манбаъи дигар бошад қабулшудаҳоро беш аз 50 нафар мегӯяд. Аммо ягон нафар барои таҳсил аз Тоҷикистон омада натавонистааст. Сабаб маълум, раводиде, ки донишгоҳ ба Сафорати Саъудӣ дар Душанбе ирсол намудааст, ба ягон нафари ин донишомӯзон дода нашудааст. Ин ҳама хидмати КДАМ ва мақомоти кишвар аст, ки бар алайҳи ин миллат равона шудааст. Имсол танҳо аз Тоҷикистон як нафар шомили ин донишгоҳ шуда аст ва он ҳам раводидашро аз кишвари дигаре гирифтааст, то дар ин донишгоҳ таҳсил намояд.

 

Сафари кории сафир ба Мадина

 

Соли равон, санаи 17 уми октябр Заробиддин Қосимӣ, Сафири Тоҷикистон дар Саъудӣ  ба ин донишгоҳ ташриф оварда буд. Бо раиси донишгоҳи исломии Мадинаи мунаввара доктор Ҳотим бин Ҳасан Алмарзуқӣ мулоқот намуд. Дар ин мулоқот Заробиддин Қосимӣ дар назди хабарнигорон ин мулоқотро хело мулоқоти хуб баён намуд ва иброз дошт, ки мо ин донишгоҳро эътироф мекунем ва медонем, ки манҳаҷ ва равишаш муътадил ва васатӣ ҳаст. Инчунин ба роҳбарияти донишгоҳ тӯҳфаи хотиравие тақдим намуд. Акнун диққат кунед хонандагони гиромӣ инҳо забонашон як гап мегӯяд, амалашон комилан чизи дигарест.

 

Агар шумо ин донишгоҳро эътироф мекунед ва манҳаҷи таълимии онро мепазиред, пас чаро монеъи таҳсили донишомӯзони тоҷик мешавед? Чаро довталабони тоҷик, ки соли 2018 ба ин донишгоҳ пазируфта шуда буданд, натавонистанд раводиди сафар ба Саъудиро ба даст оранд? Чаро онҳое, ки дар курсҳои охир ҳастанд ба хонаводаҳояшон фишор меоред, ки ба фарзандонатон гӯед, то ба ватан баргарданд?

 

Инҷо зарур медонам номаи як хонандаи Ислоҳро ҳамроҳ бихонем:

 

Ҷаноби Сафир Заробиддин Қосимӣ, қабл аз ин ки бо раёсати донишгоҳи исломии Мадинаи мунаввара мулоқот намояд, нахуст бегоҳи он рӯз бо донишомӯзони тоҷик мулоқот кард. Ҳама донишомӯзонро ҷамъ оварда, бо онҳо гуфтугӯ доир намуд. Дар мулоқот бо Сафир ба мо тавсия шуда буд, ки ҳама бо шиму костюм бошем. Чанд нафар бо либоси арабӣ иштирок намуданд, барои сафир нохушоянд буд. Охир мо дар ин гармии Саъудӣ либосе, ки ин мардум мепушанд, моҳам мепӯшем ва дар дарсҳо бо он либоси “Савб” иштирок мекунем. Мо дар донишгоҳи исломӣ мехонем ва ҳатман ришҳам дорем, ин ришҳои мо Сафирро хело нороҳат карданд. Бовар кунед забонаш як гап мегуфт ва дар асл эҳсос мекардем, гӯё мехоҳад моро бо дастонаш дар ҳамонҷо аз гулӯҳоямон дошта кушад. Аз тарзи  сухан гуфтан ва песониданҳояш, нафраташро нисбати донишҷӯён пинҳон карда наметавонист. Мақсад аз омадани сафирро ман ҳамин қадар фаҳмидам, ки барои ташкили “Ҷамъияти Тоҷикон” омада будааст. Дар мавриди кушодани сафҳаи интернетӣ барои навиштани раддияҳо бар алайҳи ҲНИТ ва инчунин Муҳаммадҷони Абдуҷалил, ки бояд мо бар алайҳи инҳо фаъол бошем, таъкид кард.

“Инҳо хоинонанд ва мабодо фиреби инҳоро нахуред”. – такрор ба такрор мегуфт сафир.

Мақсади ташрифи сафир ҳамин буд ва бовар кунед аз иштирок пушаймон шудем. Охир мо барои таҳсил омадаем, на барои бозиҳои сиёсӣ ва радия навиштану ба ин корҳо машғул шудан. Муҳим як нафарро вазифадор намуданд, ки ин раиси ҷамъияти тоҷикон бошад. Фаъол будан дар муқобили ҲНИТ ва Муҳаммадҷони Абдуҷалил вазифаи мо шуд.

“Нагузоред Тоҷикистон мисли солҳои 90 нашавад, шукронаи тинҷӣ ва ҷаноби “Пешво” кунед”. – амр кард сафир.

Ҳамон рӯз субҳгоҳӣ вақте мулоқоташ бо мо гузашт, бо мудири ҷомеъаи мо намедонистам чӣ мегӯяд? Тарзе сухан мегуфт, ки гӯё аз таҳсили мо дар ин донишгоҳ шод аст. Гӯё барои изҳори сипос омада бошад, ки мо дар ин ҷо таҳсили илм дорем. Дар ҳоле комилан чизи дигаре мехоҳад ва чизи дигаре мегӯяд. То имрӯз чунин инсонро надида будам, ки ӯро бо чунин рафтор аз наздик дида бошам.

 

Тоҷикистон аз ҷиҳати теъдоди донишҷӯён дар радаи сеюм

 

 

Аз Донишгоҳи исломии Мадинаи мунаввара то  7 уми апрели соли 2018 аз кишварҳои осиёӣ ва муштаракулманофеъ бо теъдоди зер донишҷӯён фориғут-таҳсил шудаанд:

 

1.)   Аз Афғонистон 641 донишомӯз

2.)  Аз Эрон 127 донишомӯз

3.)  Аз Тоҷикистон 125 донишомӯз

4.)  Аз Қирғизистон 72 донишомӯз

5.)  Аз Қазоқистон 66 донишомӯз

6.)  Аз Узбекистон  61 донишомӯз

7.)  Аз Туркистони шарқӣ Чин  46 донишомӯз

8.)  Аз Туркманистон 8 донишомӯз

 

Алҳамдулиллоҳ дар ин радабандӣ  125 донишомӯзи тоҷик аз ин даргоҳ фориғ шуда,  дар радаи севум миёни давлатҳои осиёӣ қарор доранд. Аммо, минбаъд дар гумон аст  шаҳрвандони мо аз ин донишгоҳ тавонанд идомаи таҳсил кунанд ва мадрак ба даст оранд.  Тоҷиконе, ки айни ҳол дар ин донишгоҳ таҳсил доранд, ба фикрам охирон донишомӯзон мебошанд. Шояд дар оянда фарзандони ашхоси муъайян аз кишвари мо барои таҳсил ба ин донишгоҳ меоянд, то дар хидмати режим қарор бигиранд. Як маротиба фикр кардаед хонандаи гиромӣ ҳоли ин фориғуттаҳсилони ин донишгоҳ дар Тоҷикистон чӣ гӯна аст? Ин донишгоҳе, ки Сафир бо лабханди дурӯғин ба хабарнигорон изҳор намуд, ки гӯё манҳаҷи хуби муътадил дорад ва гӯё аз ин донишгоҳ ҳукумати мо розӣ мебошад.

 

Чанд пурсиш аз сафир

-Воқеан шумо аз манҳаҷи ин донишгоҳ розӣ ҳастеду барои шомил шудан ба ин донишгоҳ шаҳрвандони кишварро кумак мекунед, ки ба он озодона шомил шаванд?

-Оё ба он чӣ дар аснои мулоқотатон ба раиси донишгоҳ  ва хабарнигорони дохилии Саъудӣ гуфтед, худатон самимона боварӣ доред?

– Оё гуфта метавонед, ки боре ба донишомӯзони ин донишгоҳ бидуни мамониъат кумаке кардаед, ки онҳо дар ин донишгоҳи муътадил ва васатӣ таҳсилашонро идома диҳанд?

Хуб чуноне, ки мегӯянд ҳофизаи дурӯғгӯй хуб нест ва ончӣ гуфта буд, пас аз гуфтан фаромӯш мекунад.

 

Бигӯед, тибқи ваъдаи пешвоятон чанд фоизи ин донишҷӯёни ба Тоҷикистон зуран овардаатон дар мадрасаҳо ва ё донишгоҳи Имом Абуҳанифаи кишвар айни ҳол таҳсил мекунанд?

Баръакс бар сари ин фориғуттаҳсилон мақомоти амниятии кишвар балоҳои зиёде овардааст. Аксарашон дар ҷустуҷӯи дохилӣ ва хориҷӣ қарор доранду таҳти таъқибанд. Сабаб ва ё гуноҳашон дар он аст, ки дар ин донишгоҳ таҳсил намудаанд.

Номҳои донишҷӯёне, ки фориғони ин донишгоҳанд дар ихтиёри Пойгоҳи Ислоҳ маҳфуз аст. Ҳамагон медонем, ки гуноҳашон танҳо таҳсил намудан дар ин донишгоҳи Исломии Мадинаи мунаввара асту тамом.

Бидуни ҳеҷ шакке метавонам бигӯям, беш аз 90%  фориғшудагони ин донишгоҳ дар ба дар ва дар хориҷи кишвар, дар ҳоли гурез аз зулму фишори режими кунунӣ қарор доранд.

Албатта, ҳастанд чанд нафаре, ки бо табли ин режим рақс мекунанду лабай мегӯянд.  Дар кумитаи дин бо Сулаймон Давлатов кор мекунанд. То он ҷое хабар дорем ададашон ду нафар аст ва бо худи раиси кумитаи дин, ки ӯ аз донишгоҳи Имом Муҳаммади Риёз, пойтахти ин давлат фориғ шудаанд, се нафар мебошанд, ки рӯзро шаб ва шабро рӯз гуфта, машғули кору фаолият ва дар хидмати ҷаноби “Пешво”яшон ҳастанд.  Ҳалолро ҳаром ва ҳаромро ҳалол гуфта бо гардани каҷ қути лоямут ёфта гаштаанд. Аллоҳ аз чунин донандагони дин наҷот диҳад, ки бад кореро анҷом медиҳанд.

(идома дорад)

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article