Реҳлати ҷонгудози падарам дар ҳиҷрати дуввум

Ислоҳ нет

 

Падарам нӯри чашмонам,падареки волотарин ҷасорату пойдори ва суботу истиқоматро аз ӯ омӯхта будам шаби ҷумъа 15 уми моҳи Раҷаб мутобиқ ба 21 уми моҳи март дилаш аз тапидан бозмонд.Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун,мо аз Аллоҳем ва ба сӯйи ӯ бозхоҳем гашт.Ӯ аз худ ҳафт писар ва панҷ духтар боқӣ гузоштааст,ки аз ҳама бузургашон ман ҳастам. Дар тули умри 68 солаи бо баракати худашон азиятҳо ва озорҳои зиёде кашида буданду вале ҳаргиз таваққуф ва хастагияшонро ба ҳеҷ кас вонамуд намекарданд.Ҳамеша дар чеҳраашон табассуме,ки хосси худашон буд ҳувайдо буд.Дар сангинтарин ҳолат ва хашмашон табассум мекарданд.

Аллоҳ дар қуръони карим дар мавриди онҳоеки дар ҳиҷрат аз олам мегузаранд чунин фармуда аст:

 وَمَنْ يَخْرُجْ مِنْ بَيْتِهِ مُهَاجِرًا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ يُدْرِكْهُ الْمَوْتُ فَقَدْ وَقَعَ أَجْرُهُ عَلَى اللَّهِ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا 

“Ва ҳар кас,ки аз хонаи хеш берун ояд,то ба сӯи Аллоҳ ва Расулаш ҳиҷрат кунад ва онгоҳ марг ӯро дарёбад,муздаш(аҷраш) бар уҳдаи Аллоҳ аст ва Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст!”

(Сураи Нисо,ояти 100)

Аҳодиси зиёде дар фазли шахсе дар ҳиҷрат вафот мекунад дар суннати набавӣ омада аст.Ҳадисе ҳаст,ки Имом Табаронӣ онро ривоят карда аст мазмуни ҳадис чунин аст: “ Шахсе аз хонааш хориҷ мешавад дар роҳи Аллоҳ ва дар аснои ин сафараш(ҳиҷраташ) агар дар ҳар ҳолатҳое мисли аз асп афтодан,аз уштур афтодан,ё ҳашароте ӯро газад ва ё дар ҳар азияте ҳатто дар рахти хобаш вафот кунад агар Аллоҳ хоста бошад ӯ шаҳид аст”

 

Бидуни ҳеҷ шакку шубҳае падарам дар ин пиронсоли баҷойи онки дар хонааш ором даврони пирӣ ронад аз фишору озору азияти ин режим,ки пайваста фишору озораш медоданд ватан, хонаву кошонаашро тарк кард ва  ба сӯйи Аллоҳ ҳиҷрат намуд.Дигар тобу тавон ва тоқати зиндагони дар он ҳолати зиллату хориро накарданд чун озодмарде буданд,ки тобу тавони ғулому барда буданро дар рӯйи рахти хобашонҳам надоштанд ва аз ин сабаб ҳиҷрат намуданд.Аз омадан,то ин рӯз саломатияшон хуб набуд ва пайваста дар бистар қарор доштанд.Ин асароти он фишор ва ранҷҳоеки дар кишвар мақомоти қудрати пайваста бар ӯ расонида буданд буд.Аллоҳ он ҳама ранҷҳо,азиятҳо,талошҳо,муборизаҳо,ҳиҷратҳо,бемориҳои охиреки кашиданд сабаби маҳви саҳву хатоҳояшон гашта ва ӯро аз ҷумлаи шуҳадо бипазир ва бо анбиё ва шуҳадову солеҳин маҳшураш намо омин.

 

Зиндонии сиёсӣ

 

Дар айёми иттиҳоди шуравӣ бидуни ҳеҷ тарсу ҳаросе аз он низоми ба ҳамагон маълум, нотарсида бар алайҳи дохилшудани нерӯҳои иттиҳоди шуравӣ ба Афғонистон баромадҳо намуда буду барои ин ва  ҷамънамудани ҷавонони ҳушёри миллат дар атрофашон ба ду соли зиндон маҳкум гашта буд.Аммо дар толори додгоҳ,ки манҳам дар ёд дорам судия Мирзоев аввал хело сиёсат кард дар назди ҳама аҳли толори маҳкама,ки ба Сибир мефиристему онҷо ҳолат хароб мешавад чунин таҳдид намуд.Бо чеҳраи хандон ба тарафи толор ишора кард,ки онҷо писаронам ҳастанд пас аз ман онҳо муборизаро идома медиҳанд.Дар ин асно дар боз шуд ва як лифофае ба судияи доданд,ки рангурӯйи судия тағйир кард.Ба утоқи машварати рафту аз онҷо омаду гуфт: “аз хориҷ барои озодии шумо номаҳои зиёде ба совети вазирон, шахсан ба Грамыко Андрей Андреевич омадааст ва қароре содир намуданд,ки шумо шомили “Гласность” гаштед вале дусол условный маҳкуматон менамоем.” Дар он сол 1986 барои падарам дар 28 давлати олам “флейшмоб” карда буданд,ки ӯро раҳо кунед ва ӯ зиндонии сиёсӣ аст.Номаҳои аз хориҷ ирсол гашта,ки тавассути шуъбаи КГБ вилоятӣ ба падарм супорида шуда буданд.Аксари он номаҳо як шамъе дар дохили симхор кашида шуда буд,ки озодӣ ба падарам навишта шуда буд,ки аз хориҷ ирсол шуда буданд.

 

Падарам мухолифи ҷанг ва хунрезӣ буданд

 

Дар оғози даргириҳои соли 1992 ҳамеша мухолифи ҷанг ва хунрези буданд.Ман хуб дар ёд дорам,ки пас аз ҳиҷрат дар соли 1998 назди бозори шаҳри Қурғонтеппа ду мард падарамро диданд ва давиданду аз дастонаш гирифта падарамро ба оғуш кашиданд.Чунин гуфт якеи онҳо нашинохтед бобои ҳоҷӣ ? Падарам гуфтанд на.Гуфт: мо 17 нафар ҷавононе будем,ки шумо омадед ва гуфтед накушед ва гуфтед ин ҷавононро раҳо кунед қариб шуморо мепаронданд.Падарам хандиданду гуфтанд мо одам куш нестем бачам.Ҷаноби Абдумаҷид Достиевро бо Маҳкамбой шахсан аз дами теғ халос карда буданду ба тарафи Калелинобод сарбанд гусел карданд ва инро ман аз Достиев худам шунида будам дар КОМ.

 

Порае аз суханонашон

 

Ҳамеша мегуфтанд,ки шахсе одам накушт ӯро намекушанд ва ман алҳамдулиллоҳ дастам ба хуни ҳеҷ бандае олуда нест ва ҳамеша бар алайҳи қатлу куштор ва шиканҷаву озор мубориза бурдам ва мубориза мебарам.Мо барои эҳё намудан ва зиндагонии осудаи миллати ранҷкашидаи тоҷик мубориза бурдем ва ончунон боқӣ мемонем.Амалҳои моро Аллоҳ ва миллат хуб медонанд,ки мо аз ҷавони роҳеро пешгирифтем,ки хело сангину душвор буд,агар мо надидем ояндагони ин миллат онро хоҳанд дид.Истиқлолхоҳие,ки мо хоҳонаш будем ва барои он алайҳи низоми сахту оҳанини шуравӣ талошҳои пайваста намудем,ки баъзеҳо он талошҳоро дар хобашон медиданд метарсиданд,алҳамдулиллоҳ  миллат дар ниҳоят ба он ноил гашт.Агарчӣ онро як туда авбоше аз ин миллат дуздиданду ба номи худ сабт карда бошандҳам,таърихи ин миллат гувоҳи он аст.  

 

Ҳиҷрати аввал ва сӯиқасдҳо

 

Ҳиҷрати аввал барои ҳамагон маълум аст ва дар ин ҳиҷрат мо дар 17 уми декабри соли 1992  ҳама бо падарам будем ва пас аз гузаштан аз марз аз Хостави Дарвоз ҳудуди 17 рӯз пиёда роҳ рафтем тавассути Бадахшони Афғонистон,ки як пайраҳаи борике буд ва ниҳоятан расидем ба минтақаи Хоҳони Афғонистон,ки ин тарафаш ноҳияи Московски буд ҳамин режими ҳоким бар кишвар хоста буданд,то моро ба “фронти халқӣ” соли 1993 таслим кунанд. Аммо бо ҳушёри аз ин сӯиқасдҳам наҷот ёфтем ва бо ду чархбол бо ҳамроҳи Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Давлат Усмон ба Толиқон  интиқол ёфтем дақиқан охирҳои моҳи январи соли 1993 буд.

Падарам дар Толиқон вазифаи муҳоҷирони он минтақаро ба уҳда доштанд.Дар мавриди таъмини муҳоҷирон пайваста талош мекарданд,то эҳтиёҷе надошта бошанд.

Дар соли 1994 дар толиқон сӯиқасд ба ҷонашон сурат гирифт,ки шом буд нохудогоҳ ва ғайри чашмдошт аз ҷояшон хестанд ва пас аз ду дақиқа дар ҷойи нишасташон граната андохта шуда буд,ки касе осеб надид ва омилонҳам пайдо нагаштанд.

Инчунин як сӯйиқасди дигар дар кобул сурат гирифта буд,ки шахси ҳамлагар аз пушт тир хурд ва дар ҷойи ҳодиса ҳалок гашт ва шахсияташ ношинохта монд.Пас аз он дар Ҳироти Афғонистон раёсати дафтари ҲНИТ ро ба уҳда доштанд,ки корҳои зиёде,ки инҷо ҷойи зикри онҳама нест анҷом доданд ва ашхосе он солҳо буданд онҳамаро хуб медонанд.Дӯстии хубе бо генерал Исмоилхон волии он минтақа ва охир вазири энержии Афғонистон доштанд.Инчунин бо Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд,ки пайваста дар тамос ва гуфтугӯ буданд. Пас аз он дар Балх Мазоришарифҳам дар чунин вазифа буданд, сафаҳоти шимоли кишвар соли 1997 моҳи сентябр аз дасти Дустум ба дасти генерал Малик афтод ва миёни толибон ва Ҳазораҳо ҷангҳо сурат мегирифт.”Кампи Сахи”,ки муҳоҷирони тоҷик дар онҷо сукунат доштанд қабл аз баргашт ба кишвар соли 1997 мавриди ҳамлаи ҷанговарони Толиб ва ҳизби Ваҳдати Ҳазораҳо қарор гирифт ва дар ин ҷанг 17 нафар шаҳрвандони мо ҷоми шаҳодат нӯшида буданд. Падарам вақте диданд касе намехоҳад бо тарафайн музокира кунад ва вазъро фаҳмонад худашон дар зери он тирборони ду тарафа ба сӯйи ҳарду гурӯҳ рафтанд аввал ба назди Муҳаққиқ яке аз саркардагони ҳизби Ваҳдати ҳазора ва пас аз он бо тарафи дигар,ки бо ҳазораҳо дар ҷанг буданд рафтанд ва “Кампи Сахи”ро аз ҳамлаҳои дигар ва зери тиру тупи гурӯҳҳои даргир наҷот доданду,дигар ба рӯйи кампи муҳоҷирон тиру туп намерехт ҷуз тирҳои дайдуеки партоб мешуданду ба “Кампи Сахи” исобат мекард.

 

Баргашт аз ҳиҷрати аввал

 

Мо бо аҳлу оила дар 7 уми октябри соли 1997 аз ҳиҷрат баргаштем,на ба Хатлон балке ба Душанбе.Дар ноҳияи фирдавсӣ хонаи се ҳуҷрагӣ харида онҷо сукунат намудем.Бозҳам сӯиқасд ар соли 1998 як шоме аз назди бозорчаи гипразем ду силоҳбадаст ӯро дар мошини худашон шинонда ба назди мошинбозор,ки он вақт як макони бесоҳиб буд барои куштан бурданд вале пас аз гуфтугӯ бо онҳо ва мошинашон,ки рақамаш КЮБ ва дар қайди кулобшаҳр буд ва яке аз шогирдонашон аз он минтақа оварда буданд қотилонро мутақоид сохт,ки онҳо иштибоҳ мекунанд ва падарам он шахсеки мехоҳанд ба қатл расонанд нест.Падарам мегуяд инаш ба онаш нигоҳ мекард ва мегуфт охир моро гуфтанд шумо одами опозится ҳастед ва ба мо дастур аст,то шуморо убрат кунем? Падарам мегӯяд ҳарчи фикр кардам чӣ гӯна раҳо ёбам дар ҳол рақами мошин дар хотирам омад ва гуфтам марҳамат рақами мошинро бинед. Инҷо танҳо ин рақами мошин ҷонашро раҳонида буд ва он шаби сиёҳу ваҳшатнокро хуб дар ёд дорам.

 

Узви зеркомиссияи КОМ дар бахши муҳоҷирон

 

Дар зер камисяи муҳоҷирони комиссияи оштии миллӣ дар бахши муҳоҷирон кор карданд ва барои баргардонидани хонаҳои муҳоҷиронеки аз Афғонистон ва давлатҳои ИДМ  ба кишвар баргашта буданд ва хонаҳои онҳоро дар кишвар бо зури силоҳбадастони “Фронти халқӣ” гирифта буданду ба дигаре фурӯхта буданд, талошҳо намуданд ва бо талошҳои падарм ва комиссияеки аз ҳама ниҳодҳо буданд беш аз 3400 хонаҳои ғасб шуда ба соҳибонашон дар вилояти Хатлон баргардонида шуд.Пас аз онки кори КОМ ба охир расид аз соли 2000 то 2010 раиси бахши Вилоятии ҲНИТ ифои вазифа намуда буданд.

Осори ба ҷо гузошта

Ба навиштан ва таҳқиқи масоили таърихи шавқу рағбати зиёде доштанд ва муаллифи чанд китоб ва мақолаҳо ҳастанд,ки дар нашрияҳои дохилӣ нашр гаштаанд.Китобҳое чун “Биҳишти нақд” Аз сабзиш,то лағжиш” Дастхатҳои зиёде дорам,ки аз корҳои анҷомдодаи эшон мебошанд.Навиштан дар ман аз падарам мондааст,ки ман медидам пайваста менавиштанду китоб мехонданд.Ёд дорам худам аз солҳои 1985 Радиои Озодӣ,ББС ро гуш мекарданд ва пайваста аз ахбори олам огоҳӣ доштанду таҳлилҳо мекарданд.Он солҳо ин ду сарчашмае буд,ки аз хориҷ дар кишвар огоҳӣ пайдо мекарданд. 

 

Ҳиҷрати дуввум

 

Дар моҳи августи соли 2017 бо ҳолатҳои сангине кишварро тарк карданд ва ба Лаҳистон ворид гаштанд ва ин ҳиҷрати бе бозгаште буд,чун имшаб чашм аз ин олами ҳасти пушиданд. Аллоҳ раҳмату мағфиратат кунад падари мушфиқамро, Аллоҳ моро фарзанди солеҳ гардонад,ки дар ҳаққи падарам пайваста дуъо ва истиғфор намоем.Дигар тавони навиштан надорам ва худро наметавонам ором намоям.

 

Изҳори сипос !

Дар охир аз ҳама бародаронеки дар аёдат ва парастории падарам хидматҳо намуданд изҳори сипос менамоям нахуст аз раёсати олии ҲНИТ устод Муҳиддин Кабирӣ барои талошҳо ва ҳидоятҳои пайвастаашон нисбати падарам ва бародароне ба мисли Домулло Исломиддини Сайид,Домулло Муҳаммадсайид Ризоӣ,Эшони Абдусатор Бобоев,Қорӣ Муҳаммадҷони Нурӣ,бародар Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ,Азимҷони Ваҳҳоб,Эшони Абдуллоҳ,Ҳабибуллоҳ Тешаев ва хоҳаронеки пайваста ба аёдаташон меомаданд ва дигар бародаронеки асомии онҳо аз қалам ба ҷой мондааст,нагузоштанд,ки эҳсоси танҳогӣ намоянд, Аллоҳ аз шумо розӣ ва хушнӯд бод.

Эй Аллоҳ ман шаҳодат медиҳам,ки падарам шахси муъмин ва ҳамеша дар фикри бедории уммат ва миллат буданд,руҳашонро шод ва охирати ободро таманно менамоям омин.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Share This Article