Чандест интихоботи президентии Украинаро пайгирӣ мекунам. Ба мушоҳида мерасад, тарзи баргузории интихобот ба таври хеле демократӣ ва шаффоф ба роҳ монда шудааст.
Дар марҳалаи якуми интихоботи президентӣ 39 нафар довталаби курсии президентӣ тавонистанд худро ҳамчун номзад сабти ном карда дар сабқати интихоботи ширкат кунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шароити номзад шудан ҳам дар Украина дастрас ба тамоми қишри ҷомеа аст.
Тибқи талаботи қонунгузории Украина ҳар нафаре, ки дорои шаҳрвандии Украина аст, синаш ба 35 солагӣ расида бошад, ҳаққи овоздиҳӣ дошта бошад, тӯли даҳ соли охир, то рӯзи баргузории интихобот дар Украина зиндагӣ карда бошад, забони давлатиро донад, метавонад дар сабқати талош ба курсии президентӣ ширкат кунад. Дар талаботи қонунии Украина барои номзад шудан дар интихоботи президентӣ дорои маълумоти олӣ будан шарт нест.
Муҳим инаст, ки талаботи зикршуда риоя шаванд ва шумо бо қарори суд ва ё дар натиҷаи ташхиси тиббӣ шахси корношоям ба ин вазифа дониста шуда набошед.
Ин аст, ки ҳар нафаре истеъдоди рохбарӣ дорад ва ба ин андеша аст, ки аз дигарон дида бештару беҳтар кишварашро метавонад рохбарӣ кунад, роҳ барояш ҳамеша боз аст. Ҳеҷ нафареву гурӯҳе ба ин роҳ сад монда наметавонад.
Як чизи аҷибе, ки дар сабқати интихоботии президентии Украина мушоҳида кардам, инаст, ки агар интихобот шаффоф гузарад, беш аз ҳама мушкилиро дар ба сӯи худ кашидани мардум, ҳамон номзаде мекашад, ки президенти феълӣ аст.
Президенти феълӣ, ки аллакай муддати панҷ сол аз кӣ будани худ дарак додааст ва аз чӣ истеъдод доштани ӯ мардум аллакай бохабаранд, барояш хеле мушкил аст, ки бигӯяд ваъдаҳои анҷом дода натавонистаашро дар давраи такроран интихоб шуданаш ба иҷро мерасонад.
Интихобкунандагон ба ин ваъдаҳо гӯш ҳам намедиҳанд. Барои шахсе, ки президенти феълӣ аст ва мехоҳад бори дигар дар сабқати интихобот ҳамчун довталаби курсии президентӣ ширкат кунад, лозим аст, ки ниҳоят маҳорати хуби суханварӣ (ораторӣ) дошта бошад. Ё худ, гуфта тавонад, ки ваъдаҳои собиқаш дар ҳоли иҷро ҳастанду мехоҳад ба сомон расонад. Вагарна, ҳар куҷое ба вохурӣ рафт, бо кафшу попушии мардум тирборон мешавад.
Ҳамин аст, ки Пётр Порошенко, президенти феълии Украина дар сабқати интихобот сагворӣ азоб мекашад. Мурда-мурда, бо чӣ азоб ба марҳилаи дувуми интихобот роҳ ёфт. Ҳаминам бошад, бо ними орои рақибаш. Ҳол он ки тамоми дастгоҳи ҳукумату вазоратҳо зери фармонаш аст.
Ногуфта намонад, дар марҳилаи якуми интихоботи президентии Украина, ки 39 нафар номзад ширкат карданд, ду нафар ба марҳилаи дувуми сабқат роҳ ёфтанд. Владимир Зеленский, ҳунарпешаи машҳури Украина бо касби орои 34% ва президенти феълии ин кишвар Пётр Порошенко бо касби орои 17%.
Юлия Тимошенко, собиқ сарвазири ин кишвар бо касби орои 14% натавонист ба марҳалаи дуюми интихобот роҳ ёбад.
Шигифтовараш ин ки барои президенти феълӣ ҳеҷ пайроҳае ақалан вуҷуд надорад, ки аз он сӯистифода кунад. Тарзе маъракаи интихоботӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба шаффоф ва демократӣ гузаштани интихобот ҳатто аҳзоби сиёсии мухолиф ва рақибони сабқати интихоботӣ шубҳаи ҷиддӣ намекунанд.
Аз он ҷумла, мардум низ ба ҳамин бовар аст, ки ба овози додааш касе наметавонад хиёнат кунад. Ин аст, ки вақте рӯзноманигорон ё коршиносон дар хиёбонҳои шаҳрҳои Украина назарсанҷӣ мегузаронанд, ба саволи ин ки дар интихобот чӣ касе ғалаба мекунад, аксарият кӯтоҳ бо боварии комил мегӯянд, “Народ Украины!” Яьне, мардуми Украина ғалаба хоҳад кард.
Худи ғалабаи Владимир Зеленский, ҳунарпешаи машҳури Украина, дар марҳилаи якуми интихобот, бо касби орои ду баробари президенти феълӣ, Пётр Порошенко, метавонад далели гуфтаҳои боло бошад. Ҳол он ки Зеленский пеш аз номзадияш як рӯз ҳам дар сиёсат набуд.
Чаро ҳама сиёсатмадорони беҳтарин ва иқтисоддонҳои Украинаро мардум ба Зеленский, як шахси фархангӣ тарҷеҳ дод? Бисёриҳо ин саволро медиҳанд. Аммо тибқи донистаҳо ҷавоб якто аст. Мардум аз дуздии олигархҳо ва азхудкунии моликияти давлатӣ аз ҷониби тоҷирони мансабдор мехоҳад пешгирӣ кунад. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки интихоби Зеленский вокуниши умумимиллӣ ба элитаи сиёсии ин кишвар аст. Фазои сиёсӣ, ки боз аст ва интихобот, ки нисбатан шаффоф мегузарад, мардум тавонист тавассути интихоби худ нишон диҳад, касе, ки ҳарчанд оқилтарину кордону гапдонтарин аст, то он рӯз мардум ба ӯ бовар мекунад, ки ба сӯи моликияти давлатӣ ва кисаи мардум чашм ало накунад.
Бо ин ҳол президент Порошенко дар сари қудрат истода, наметавонад, алайҳи иродаи мардум кор гирад. Ҳарчанд хушоянд барояш нест, маҷбур аст, ба хости мардум амал кунад. Ба саволи мардум рӯ ба рӯ ҷавоб диҳад. Бе чуну чаро ба дебатҳо ҳозир шавад. Мустақиман ба саволҳои рӯзноманигорон посух гӯяд. Худи Порошенко медонад, ки агар чунин накард, ҳеҷ кас хотири хидматҳои собиқаш ва ё дар сари қудрат буданашро намекунад. Ва бо сиёсат хайрухуш хоҳад кард.
Ҳамин буд, ки вақте Зеленский барои дебат ба калонтарин майдони варзишии Украина, ки ғунҷоиши шаст ҳазор нафарро дорад, даъват кард, ягон найранги Порошенко кор надод. Бо ду дасти адаб ба даъват лаббай гуфта, омада, дар дебат ширкат кард. Албатта ин нишонгари қудрат дар дасти мардум будан аст.Дар ин дебат худаш дар назди мардум бо зунӯ нишаст ва аз Поршенкоҳам даъват кард,то ӯҳам чунин кунад.Аммо Порошенко бар хилофи ӯ ба пушти минбар,ки парчами Украина овезон буд ба зонӯ зада парчамро бусид ва ба минбар баргашт.
Дар тоҷикистони мо чӣ?
Дар ҷое, ки мардум саркӯб аст, ба ҳуқуқи шаҳрванд роҳбар эҳтиром қоил нест, ингуна шароит асло фароҳам нахоҳад шуд. Вақте мардум ҳаққи худро талаб намекунад, касе ба сари қудрат омад, мардумро писанд нахоҳад кард. Инаст, ки дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 6 ноябри соли 1994 бо касби орои 34,7%, бо зури силоҳи “Фронти халкӣ” рақиби интихоботияш Абдумалик Абдуллоҷоновро, ки 59,5% овоз гирифта буд, сар ба гурез кард ва худаш ғайрилегитимӣ Президент шуду роҳбари кишвар боқӣ монд. Барояш овози мардум, интихоби мардум заррае қадр надошт. Ба интихоби мардум туф кард. Баъди ин тадриҷан қудрат гирифт. Дар се интихоботи баъдии президентӣ бо масрафи миллионҳо доллар аз буҷаи кишвар, барои бақояш дар курсии президентӣ, се маротиба Конститусияро иваз кард. Ҳарчанд ҳаққи ҳамчун номзад дар интихоботи президентиро надошт, ба қонун ва хоҳиши мардум туф мекарду номзад мешуду худро Президент таъин мекард. Бале, таъин мекард!
Чун дар ҳеҷ интихоботи президентӣ ӯ номзади қонунӣ набуд, ки интихоб шавад. Бар замми ин дар таърихи “президентияш” ягон маротиба ба саволи рӯ ба рӯи мардум ҷавоб нагуфтааст. Ягон маротиба дар дебати номзадҳо ширкат накардааст. Ягон маротиба бо хабарнигор ё рузноманигори мустақили тоҷик рӯ ба рӯ нашудааст. Ягон маротиба нишасти матбуотӣ доир накардааст… Аммо, вақте мардум ҳуқуқи худашро намедонад, вақте фазои сиёсӣ боз нест, ҳар номаъқулие ба сараш зад, иҷро кардан мегирад. Ана барои ҳамин 27 сол боз худро Президент таъин кардааст. Боз мехоҳад ин вазифаро моли меросӣ кунад. Ба ингуна густохӣ чӣ касе ҷасорат мекунад? Албатта, ҳамон касе, ки мардуми кишвараш кайҳо ҷанозаи ҳуқуқи инсонии худро хондаанд.
Бармегардем ба Украина. Ба дилхоҳ расонаҳои мустақили ин кишвар ворид шавед, мебинед, ки мардум бидуни ҳарос аз камбудӣ мегӯяд ва мешунавад. Ҳатто зидди президент ё вазири амнияту корҳои дохилӣ. Ҳар мансабдор медонад, ки агар талаботи мардум иҷро нашавад, имрӯз ё фардо пушти дари идорааш анбӯҳи мардум тазоҳурот мекунанду ҳаққашонро талаб менамоянд. Бинобар, олигархҳои наҳангнафс ҳам, ки соҳибмансаб шудаанд, ба тамоми вуҷуд кӯшиш мекунанд, баробари ҷайби худашон дар бораи ҳаққи мардум низ андеша кунанд. Ҳамин аст, ки ҳукумат маҷбур аст, новобаста аз мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомияш шабу рӯз дар фикри хидмат ба мардум ва ободонӣ бошад. Дар Украина касе соҳибкоронро ҷамъ намуда, мактаб бисоз, роҳ мумфарш кун, беморхонаро таъмир кун, андози яксоларо пешпардохт кун намегӯяд. Дар ҳама ҷо, ҳамарӯза худи ҳукумат роҳ таъмир мекунад, мактабу беморхона месозад,…
Илова бар ин барои нафақахӯрон, мактаббачагон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, маъюбон, ниёзмандони бепарастор истифода аз нақлиёти давлатӣ дар Украина ройгон аст.
Вақте аз як дӯсти украиниам пурсидам, ки чаро дар кишваратон мардум ба ҷои сиёсатмадор ё иқтисоддон мехоҳанд масхарабоз президент шавад, дар ҷавоб гуфт, ки мардуми Украина ҳушёртар аз ҳама мардуми кишварҳои узви ИДМ ва ҳатто баъзе кишварҳои Урупост. Илова бар ин сатҳи саводнокии мардум ҳам дар муқоиса бо кишварҳои ИДМ ҳатто аз Русия баланд аст. Мардуми ин кишварро сӯистифода кардан кори осон нест. Хусусан баъди аз даст рафтани нимҷазираи Қрим ва танишҳо бо Русия хеле мардум ҳушёр шудааст. Аз ин рӯ дар интихоботи президентӣ, на Зеленский, на Порошенко, балки мардум ғалаба мекунад. Агар Зеленский ғалаба кард, инро пеш аз ҳама метавон вокуниши мардум ба зургӯён номид. Яъне, агар мардум хоҳад, ба ҷои ҳар зургӯе метавонад ҳатто масхарабозро шинонад. Ин ба намоиш гузоштани қудрат ва огоҳии мардум аст…
Имрӯз 21.04.2019 дар Украина интихобот аст. Марҳилаи ниҳоии интихоботи президентӣ. Ду номзад, яке президенти феълии ин кишвар Пётр Порошенко, дигаре ҳунарманд ва танзгӯй Владимир Зеленский сабқат мекунанд. Ҳарду дар маъракаи интихоботӣ ба таври шаффоф, хеле моҳирона аз худ гуфтанду дарак доданд. Зеленский дар марҳалаи аввал 34% орои мардумро касб кард ва Порошенко, президенти феълӣ бошад, тавонист танҳо 17% орои мардумро касб намуда, ба марҳилаи дувуми сабқати интихоботӣ роҳ ёбад.
Аммо, имрӯз умед мебарем, чуноне, ки худи мардуми ин кишвар ба ин бовар аст, бигзор мардум ва орои мардум ғалаба кунад.
Ба мардуми шарифи тоҷик ҳам насиб кунад, ки рӯзе мардум ва орои мардум баранда шавад ва тақаллубгарону зургуён забун гарданд.