“Зиёиҳои террорист”

Ислоҳ нет

 

    Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шуморе аз зиёиёни тоҷикро “душман” ва “хоин”-и миллат ҳисобида аз онҳо тақозо кардааст, то дер ношуда аз миллат, меҳан ва давлат узрхоҳӣ бикунанд.

 

    “Фермаи ҷавоб”-идораи вобаста ба КДАМ дар дастикам 5 навишта дар шабакаҳои иҷтимоӣ , ки шуруъ аз душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ба нашр расонидааст, зиёиёни тоҷикро бо шадидтарин лаҳн дашному ҳақорат карда ва дар ҳамдастӣ ва ҳамкорӣ бо ҲНИТ муқассир хондааст.Ин навиштаҳо  зери сарлавҳаҳои “Зиёиён бояд раҳнамои ҷомеа бошанд” ба қалами Раҳими Ҳошим, “Интеллигенсияи хоболуд ва наҳзати нафсбедор”  аз номи  Сиёвуши Карим,файласуф, “Равшанфикрони иттифоқчии руҳонияти таассубзада дар Европа”,нависанда Рустамбек Додалиев, аспирант,ш.Маскав, “Интеллигентсия бо руҳонияти мутаассиб тухми адоват ва хиёнат мекорад”,  муаллиф  Сироҷиддин Эмомалӣ,декани факултети филологияи ДМТ, “Душманон дар либоси зиёию фарҳангӣ”,Нодири Қодир, таҳлилгар тавассути Гулсара Мамадбекова,  Давлатёр Пирумшоев, Шифо Амонова, Азизхон Тошев дар сафҳаи “Ахбори ҷаҳон ва Тоҷикистон” гузошта шудаанд. Мутаассифона маро дар ин гурӯҳ то 15-уми май масдуднамудаанд,ки наметавонам чизе нависам вале танҳо метавонам хонам.

 

   Мундариҷа , мазмун, маъно ва моҳияти ҳамаи ин навиштаҳо як аст.Ба назар мерасад, нафаре аз маъмурони “ ферма” муаллифони ин навиштаҳоро дар толоре шинонида,ҳамчуноне муаллим барои шогирдонаш мавзӯе нақли хаттиро  ҳикоят мекунад ва сипас талабаҳо ҳарчиро, ки дар хотир ва зеҳн ҳифз ва забт карданд,руи варақ меоваранд, ин навиштаҳо ҳам айнан шабеҳи нақли хаттианд:-ҳамагӣ бо як мазмун ва бо як маъно: интеллигенсия, равшанфикр, зиёиҳои хоболуд,иттифоқчии руҳонияти мутаассиб, худношинос…

 

Беҳтар аст ки аз навиштаҳои бесару нуг ва пордарҳавои онҳо инҷо оварам, то якҷо бубинем, ки чиҳо мегуянд. Нависандаи гумноме бо исми Раҳими Ҳошимтаҳти унвони “Зиёиён бояд раҳнамои ҷомеа бошанд” чунин навиштааст:

 

 “……мутаассифона аз тарафи баъзе зиёиён як навъ бетарафӣ ва беаҳамиятӣ дар ҳифз намудани арзишҳои миллӣ ба назар мерасад. Бетарафӣ зоҳир намудани баъзе аз зиёинамоёни мо нисбат ба густариш ин ё он ақидаҳои ифротӣ ва ё хусусияти зидди миллидошта,аз он шаҳодат медиҳад,ки ин ашхос шахсиятҳои донишманду огоҳ ва худшиносу ватандӯст нестанд…..Инчунин зиёиёне низ дида мешаванд, ки ақидаҳои ин ё он ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ ва мухолифинро, ки бар зидди суботу амнияти кишвар ва арзишҳои миллӣ равона шудаанд, дастгирӣ менамоянд.”

 

Ин навишта ва навиштаҳои дигари фармоишии муаллифони “ферма”  воқиан боиси тааҷҷуб аст.Онҳо зери мафҳуми “арзишҳои миллӣ” чиро дар назар дошта бошанд? Ва зиёиёни кишвар ба кадоме аз ақоиди ифротӣ ва зиддимилӣ бетарафӣ карда бошанд? Ва чаро ин зиёиёни  мо “зиёинамо” буда бошанд. Бар шумо расида бод, ки ончики шумо арзиши миллӣ меҳисобед арзиши миллӣ нест ва шумо аслан ба миллат ва арзиши он ҳеҷ гоҳ арзиш қоил набудаед ва дар ин авохир корҳое ба анҷом мерасонед, ки бар зидди миллат ва мардуми тоҷик аст: куштори сарбозони ҷавон дар артиш,”облава”-и онҳо, говсуди инсонҳои бегуноҳ дар маҳкамаҳои пушти дарҳои баста, кашида гирифтани бизнеси соҳибкорону тоҷирон, бастани расонаҳои мутақил,сайтҳо, муҳр задан бар дар дари масоҷид ва таблиғи ошкорои зиддидинӣ аз қабили рузахурӣ,ҳукуматро ҳукумати қабилавӣ ва қавмӣ кардан, порахуриву ришватситонии ошкоро, ва ҳазоруяк мушкилу мониаҳои дигареро, ки болои мардум ҷорӣ кардаед,магар танҳо равшанфикру зиёӣ мебинаду менависад.

 

 Миллати тоҷик аз ҳамон рӯзе, ки шумо ба сари қудрат расидаед,дарбадару овораву мазлуму  муздуру беҳақу ҳуқуқ, дар чор гӯшаи олам парешон аст,магар онҳо аз хешу табори ҳамин зиёиҳо нестанд ва аз азобу азияташон зиёиҳо бехабаранд? Агар мухолифин ин ҳарфҳоро  ошкоро гуфтанду навиштанд, чи коре ғалат карданд? Магар нодуруст аст ин ҳама саҳанаҳои пур аз фоҷиа, ки бар сари миллат маҳз шумо овардаед!Фикр мекунед, ки зиёӣ ин ҳамаро намебинад ва набояд бинад? Пас ӯ чи зиёӣ аст? Дар чунин ҳол зиёӣ чи гуна тарафи шуморо бигирад, ки муттаҳам,муқассир ва муҷрими ин ҳол шумоед.

 

Нафаре дигар бо номи Сиёвуши Карим,ки худро файласуф муаррифӣ кардааст, навиштаеро бо номи “Интеллигенсияи хоболуд ва наҳзати нафсбедор” бо кумаки Давлатёр Пирумшоев боз ҳам дар ҳамон сафҳаи “Ахбори ҷаҳон ва Тоҷикистон” чоп карда ва дар тавҳину таҳқир ва туҳмату буҳтон аз муаллифи қаблӣ ҳам гузаронидааст. Ба ақидаи ин файласуфе аз ҷангалҳои диссернетӣ равшанфикрон на бедорон, балки беморони миллатанд.

 

   ”Мутаассифона равшанфикрон на бедор,балки беморанд…. Интеллигентсияи дар Аврупо  қарордошта,аз ҷумлаи чунин афродест, ки танҳо пазириши арзишҳои ботил ва хоми ифротиро дораду худхоҳу мағрур аст.Ба инсонҳо нафрати беандоза дорад,ҷанҷолдустдору пархошгар аст……Ин зиёии шариатмадор ғайбату дурӯғро дар бораи вазъияти ҷумҳурӣ дар пеши хоҷагонаш чаппа нишон намедод.Амалан ҳамин тоифа 2 дафъа аст ки ба миллат хиёнат мекунад.Солҳои навадум дар авҷу шӯри бозсозӣ ба майдони хатарноки сиёсат пой ниҳоданд.Чун пойгоҳи илмӣ ва шуури мустаҳкам надоштанд, мафтуни ақидаҳои митингбозӣ ва беҳокимиятӣ гардиданд”.

 

Ҳоло ин “файласуф”-и навбаромад,ки дар боло муаррифияш намудам, киро мухотаб қарор додааст ва руи суханаш ба тарафи кист, гуё номаълум аст. Аммо яқинан медонем ки киро дар назар дорад. Вале ин ҳам муҳим нест. Муҳим аз навиштаи ӯ чанд нукута аст: яке ин аст ки у ин зиёиро  як иттиҳоми аҷоиб зада дуруст даҳрӣ ва Марксист ва зидди миллати мусалмон будани худро ошкоро баён доштааст: “шариатмадор”.Ин муаллиф гуфтанист, ки ӯ аз шароиат ва дин безор аст. Вагарна чаро агар у равшанфикр бар тибқи шариат навишта бошад бар ӯ писанд наомадааст. Аз инҷо бармеояд, ки ҳар чизе ки аз шариат ва аз дин навишта бишавад ба онҳо хуш намеомадааст ва ба ҳамин далел зиёиҳоро душман ва хоин эълом карда истодаанд. Хуб, пас динатонро бигуед ба мардум, ки шумо дар кадом динед ва ошкоро ба мардум бигуед, аз руи шариат кор накунанд, зиндагӣ насозанд. Агар бар шумо дин ва шариати ин мардум қабул набуд, ба зиёиҳо, ки ҷузъи ин мардум ҳастанд қабул аст.

 

 Чаро зиёиҳоро маҷбур мекунед, ки зиддидин ва зиддишариат бинавасанд.Як нуктаи дигарро ба гуши хотиратон овеза кунед. Дин ва шариат аз Кабирӣ нестанд ва барои онки бо Кабирӣ мубориза баред дин ва шариати мардумро таҳқир ва тавҳин накунед ва худатонро ҳам дар қатори аҳли ҷаҳим ва сақар насозед.

 

Муаллифи файласуф дар идома ингор кашфиёте карда бошад, ки мефармояд: “Вале боз ҳам дар ин қитъа парда аз сирру асроре ҳамчун муште аз хирвор дар бораи аҳли зиё бардошта шуд,ки ботини исёнҷуи онҳоро барои аз ҳам рехтани низоми мавҷуда, фош месозад”.

 

Аз ҳам рехтани низоми мавҷударо на танҳо зиёӣ,тамоми мардуми Тоҷикистон мехоҳад, боварӣ дорам ҳатто худи шумо мехоҳед, ки дар Тоҷикистон навигарӣ ба вуҷуд ояд. Мардум ва миллат аз онки қариб сӣ сол аст зери бори ситами як оила ва як авлод мондааст, чаро нахоҳад ки ин низом ҳарчи зудтар фуру резад? Ва ошкоро ба зиёиҳои тоҷик туҳмат мезанед, ки ду маротиба аст ба миллат хиёнат мекунад.Эй, файласуфи “диссернетӣ”. Туро кӣ иҷоза додааст, ки зиёии тоҷикро баҳо бидиҳӣ?Ҳамин зиёии тоҷик буд, ки вақте дар бораи бедорӣ,истиқлолият, забони давлатӣ масъала мегузошт ва аз давлати миллӣ ҳарф мезад, он вақт ту дасти ростатро аз чапат фарқ намекардӣ, каду мехурдӣ, қуротов мешакидӣ ва майдони “Озодӣ” омадӣ, зери раҳбарии як ҷинояткори одамкуш, ки 23 сол собиқаи зиндон дошт ва бо шиорҳои “СССР-ро барқарор мекунем”, “Мо муқобили демократия”, “Демократия мараз аст” ва Душанберо буву таф гирондӣ. Акнун туву шуури милливу давлати миллӣ. Нафрат бар туву нафрин бар туҳо!

 

  Дар ҳамон соли навадум, замоне, ки вориди Душанбе шудед даст ба чуру чаповул задед. Қири ғармиву помириро баровардед. Аз ҷавру зулми шумо шоирону нависандагони тоҷик, олимон-зиёиён ҳама тарки пойтахт ва тарки ватан карданд.

Зиёии тоҷик шуруъ аз Муъмин Қаноату Гулрухсор то журналистону донишҷуён ҳама гуреза шуданд. Нашрияҳои “Наҷот”,“Чароғи руз”, “Адолат”, “Ҳафтганҷ” баста шуда коргарони онҳо тарки ватан карданд. Ин шумоед,  ки аз фарҳангу адаб дуред,  бо миллат пайванде надоред, бо дастони бегонаҳо бар тоҷикон ва Тоҷикистон ҳукумат меронед ва ба вижа аз тиловат, қироат ва истеъмои Каломи Аллоҳ сахт мутанаффиред ва ин шумоед, ки арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддунии тоҷики мусалмонро қабул надоред.Ман туҳмат намекунам магар барои Ба номи Худо гуфта шурӯъкардан дар шабакаҳои давлатӣ журналистонро аз кор нарондаед?

 

Шумо тоҷикро ҷудо аз ислом меҳисобед. Тоҷикеро, ки мусалмон аст ва ислом дар хуну ҷонаш, дар танаш, дар хонаву дараш, дар зиндагии маҳрамонааш, дар обу ғизояш ва мунтаҳо дар гураш шарику ёвараш аст ва удар ислому ислом дар тоҷик ҳаллу ҳазм шудааст, чашми дидан надоред. Шумо мехоҳед ҳама сокит бошад, касе ҳарфе назанад ва шумову қавми чун “яъҷуҷу маъҷуҷ”-и шумо халқро тохта гардад. Ба пиндори шумо ҳар касе, фарқ намекунад, ки ӯ кӣ аст, дар кадом ақида аст, агар ки аз нуқсу камбуду ҷинояту хиёнати Раҳмону дору дастааш гуфт ҳатман наҳзатӣ аст. Ҳар касе ба тарафдории Раҳмону шумоҳо нанавишт ӯ наҳзатӣ нест. Ҳар касе воқеияти кишварро гуфт ӯнаҳзатӣ аст.Шумо бо ин фикру хиёли хоми абтару аблаҳонаатон тушбераро хом шумурдаед.Бо онки дар сари қудрат ҳастед, гумонатон ин аст ки дурусту дурусткоред. Ва фикратон ин аст ки зиёии кишвар тавре шуморо ба ҷилва диҳад, ки шумо мехоҳед.

 

 

Ба пиндори шумо  зиёии кишвар набояд аз мушкилоти мардум чизе бигуяд.Ин қадар, ки ба худ шефтаву мафтун шудаед, аз воқеият, аз реалияти зиндагии тоҷик канда ва дур шудаед, ки  фикр мекунед ҳама мисли шумо  зиндагӣ доранд. Аслан намедонед, ки хона ва хонаводаҳое дар Тоҷикистон ҳаст, ки шумораашон шояд аз даҳҳо ҳазор бештар аст, нони ба серӣ надоранд. Луқмаи даҳони онҳоро шумо кашида гирифта истодаед. Шумо қасду талошатон ин аст ки худро миллат ва меҳан ва давлат бишиносонед, бехабар аз онки мардум ва миллати тоҷик шуморо мардум ва миллати тоҷик намеҳисобанд.  Ана, барои чӣ зиёиҳо, зиёиҳои асил аз шумо ҷонибдорӣ нахоҳанд кард.

 

 

Бубинед, ки шумо бо устоди сухан, бо равшанфикри ашрофзодаи тоҷик Муҳаммадҷон  Шакурии Бухороӣ чи кор кардед? Чандин сол аз шумо хоҳиш кард, ки манзили чорутоқаашро, ки дар қабати аввали бино буд ва нам мекашид ба манзили ҳатто дуутоқаи ошёни болотар иваз кунед, накардед.

Мӯъмин Қаноат,он рӯшанфикр ва он шоири нотакрори тоҷик ҳасрати бунёди китобхонаашро дар Дарвоз ба хок бурд.

Ончӣ бар сари Ҳошим Гадо овардед барои ҳама аҳли кишвару зиёӣ ва равшанфикр маълум ва ҳувайдост.

Шумо, ки бо сухан ва суханвар аслан ҳамхонӣ ва як заррае ҳам наздикӣ надоред.Шумо куштори афроди машҳурро бори наҳзат карда истодаед. Аммо Муродулло Шерализода,сардабири “Садои мардум” дар даруни Шӯрои олӣ, ки дар тасарруфи Сангаку Муллоҳайдар буд, чи тавр аз дасти наҳзат кушта мешавад? Ӯро худи шумо куштед ва қотили ӯ ҳоло ҳам зинда аст.

Ҳамчунин С. Кенҷаевро, ки шумо куштед ва Исҳоқӣ,Осимӣ  дигару дигарҳоро. Чанде қабл П. Муллоҷонов, яке аз дигар равшанфикрони тоҷик, ки аз қазия огоҳ будааст, навишт ва нашр кард,ки журналисти рус В.Никулин аз ҷониби қумандони Фронти халқӣ,Лангарӣ Лангарев кушта шуд. 

Мӯъмин Қаноат борҳо мегуфт, ки “ҷанги шаҳрвандӣ ҳануз идома дорад ва Фронти халқӣ (манзураш Раҳмон ва шумо) ҳанузам кушторро идома медиҳад ва Лоиқи бузургвор ҳам шумоҳоро “сагдил”, “курдил” ва бо дигар ибороти лоиқ бар шумо  гуфта буд, ки бо расидани пойи шумо  “байтушшараф” ба “байтулҳазан”  мубаддал шуд.

 

Чаро бояд зиёӣ ҳатман  мубаллиғ ва агитатори ҳукумат бошад?

 

 

Чаро зиёӣ зери бори ҳарфҳои дуруғии шумо биравад?

 

Чаро зиёӣ бояд муқобили дину оини худ бинависад ва гар нанависад зиёӣ набудааст?

 

Чаро бояд афкор ва ақиди атеистӣ, марксистии шумо болои мардуми мутадаййини тоҷик таҳмил бишавад?

 

Зиёие, ки тарафи чунин ҳукумат рафт чоплуси тардомани хоямоли лаганбардор аст.

 

 Як бор ба худ ва ҳоли худ нигаред?

 

Фикр мекунед, бо инки чанд хона Бег Сабур пӯшонду мепӯшонад, ё инки аз хуни халқ Қасри миллат месозед ва ё кохи “Наврӯз” рӯзу рӯзгор барои мардум хубтар шуд?

 

На, аз ҳар кадоме азин биноҳо миллион-миллион сомонии халқро дуздидед,”списат” кардед, магар халқ намефаҳмад?

 

Зиёиро то ин андоза аҳмақи нодон меҳисобед?

 

Худованд як рӯзеро муқаддар мекард, ки бо шумо рӯбарӯ мешудам ва мегуфтам бо ин ҳама обсофкунӣ, бо ин ҳама чоназанӣ, бо ин ҳама виҷдонфурушӣ муродатон чӣ аст?

 

Яъне дар воқеъ мехоҳед ҳамин шаклу ҳамин сурату ҳамин ҳол боз идома биёбад ва Рустам президент шаваду рӯзу рӯзгор аз ончи ки ҳаст батартар шавад?

 

Ҳамин ҳолу аҳволро шумо ситоиш доред?

 

Шумо ояндаатонро ҳам аз ёд набароред. Ҳоло ки дар сари қудрат ҳастед, худро зиёӣ,аллома ва ҳамадон мешуморед ва имрӯз, ки пойгаҳ холист,шумо, ки ба илм кадом иртиботе надоред, ба адабиёт дахле надоред,” член корр”-у “шоир” ва “дромнавис” шудаед. Дар воқеъ мояи ҳайрат аст.

 

Чаро қабл аз соҳиби вазорат шудан, масалан чаро вақте “завотдел”,  “началники управления” ва ё “муовин” дар худи ҳамин вазорат будед, чизе нанвиштед. Аммо вазир шудеду ба навиштан оғоз кардед?

 

Чӣ, курсии вазирӣ илҳом бахшид?

 

Худатон дар ин бора чи фикр доред?

 

Ё ҳамин пешвоятонро  бигирем. Одаме, ки дар умраш ҳатто газета намехонд, ҷилд, ҷилд китоб менависад.Мисли Брежнев, ки мурдан баробар ҳама осору асрораш ифшо шуд. Бо ҳамин гуна “спектакл”-у “саҳна”-созиҳо боз ба рушанфикру зиёии тоҷик баҳо медиҳед. Ман дар дастам далоили зиёде дорам дар мавриди он ашхосеки китобҳоеки бо номи ӯ нашр мегарданд киҳо ҳастанд,киҳо буданд.

 

Ҳеҷ зиёии асил ин ҳолу ҳаворо дида тараф намегирад.бубинед ҳатто справкаи тиббӣ дар мактабро,ҳатто як гиёҳи худрӯй-шираи камолро гирифту ба шӯи духтараш дод. Вақте ӯ ва оилааш ғайри худ боқии миллатро одам намешуморад чи тавр зиёӣ тавсифаш кунад?

 

 

Зиёие,ки шуморо мамдӯҳ қарор медиҳад, фардо нафари дигарро ҳам ба ҷои шумо мадҳ хоҳад кард. Зеро ӯ аз рӯи сидқу ихлос ва самимият шуморо мадҳ накардаасту нахоҳад кард. Мадҳи шумо мадҳи Бутафлиқа аст, мадҳи шумо мадҳи Умар-ал-Башир аст. Ҳоло  бародарони ҳардуи ин Ҷаноби Олӣ ва Пешвои муаззами то чанд моҳи пеши Алҷазоир ва Судонро ба зиндон кашониданиянд. Аз пешомади чунин рӯзҳо биандешед. 

 

Ва дар ин навиштаи зер, ки бо “Душманон дар либоси зиёию фарҳангӣ” ва бо қалами Нодири Қодири таҳлилгар(?) рӯи чопро дидааст, дигар “ферма” комилан бурқаъ зи рӯ афканд ва хафтону ҷавшанашро бадар карду ошкоро  номи хоинон ва душманонро зикр кард. Дуруст ҳамон даста аз зиёиёнеро, ки афкору ақидаашонро озодона баён мекунанд:

 

  “Бо вуҷуди ин гурӯҳе аз зиёиён, чун Т.Варқӣ, Д.Раҷабиён, И.Одина, Б.Абдураззоқ, И.Назар, М.Шарифзода, Д.Саидмуҳаммадиён, С.Аюбзод,М. Салимпур ва даҳҳо нафари дигар дидаю дониста,худро ҳамсафу ҳамсангар ва ҳамқадами ТТЭ ҲНИ донистанд… Аз ин рӯ, месазад гуфт, ки ин тоифаи зиёиён,на зиёӣ,балки террористу экстремист ва душмани давлату миллат мебошанд”….. бояд аз миллату меҳан бахшиш ва узрхоҳӣ кунанд”.

 

Худоро гувоҳ мегирам, ки ҳеҷ яке аз ин афродеки исмашонро зикрнамудаед,ҳеҷ гоҳ узви ҲНИТ набуданду нестанд ва воқеан ҳам, то онҷое медонам ҳар кадоме аз онҳо дар касби худ устод ва беназиранд. Акнун, ки имрӯз онҳо аз сиёсатҳои қулдурӣ ва ёғиёна ва чингизии шумо нақду интиқод карданд, шуданд  хоину душман ва ҳатто террорист ва экстремист.Ба Аллоҳ паноҳ мебарам аз ин тудаи авбош ва тиҳисари ин ҳукумати зиё “Фронти Халқӣ”

 Бархе аз онҳо, солҳост, ки дар Аврупоянд ва то инки Наҳзат ба Аврупо ояд ҳам онҳо инҷо кору зиндагӣ доштанд. Барзу Абдураззоқ борҳо пешниҳод дод, ки омодаи ҳамкорӣ аст ва мехоҳад дар Тоҷикистон кор кунад ва саҳмашро дар тараққиёти театри тоҷик гузорад. Аммо театру киноро ҳам “приватизатсия” кардагиед.Дар дасти бачаҳакои шӯхи Данғара аст.Ва чанде дигарашон, ки аз зулму истибдоди шумо дар Аврупо паноҳанда шудаанд ва агар тарки ватан намекарданд,ҳоло дар канори рушанфикрони дигар дар зиндон буданд. Шумо кори онҳоро гирифтед, корхонаашонро бастед ва ба худашон таҳдид кардед. Пас, онҳо чи тавр дар хориҷа , дур аз ватан, дар ҳасрати ёру бародар бошанду боз ҳам шуморо тавсиф кунанд. Дар ҳоле, ки ба чунин рӯз шумо гирифторашон кардаед.

Аммо, ҳеҷ кадоме аз онҳо,бори дигар бароятон бигӯям, ки наҳзатӣ нестанд ва рабте ба ҲНИТ надоранд. Вале онҳо ҳар кадоме шумо ва чеҳраи шуморо ба хубӣ шинохтаанд, ҳамчуноне, ки миллат ва мардум онҳоро шинохтаанд ва дӯсташон доштаанд.

 

Эмомалӣ ҳар зиёии миллатро наҳзатӣ медонад

 

Ҳоло тоза маълум мешавад, ки чаро Э.Раҳмон  анъанаи мулоқот бо зиёиҳои кишвар дар Наврӯзро риоят накард. Аз зиёиҳо на танҳо дилсарду нороҳат шудааст, балки онҳоро хоину душман ва ҳамсафу ҳамқадами ҲНИТ меҳисобад.Зиёиҳое, ки фарзанди ин мардум ва ин миллатанд, ва ин шо Аллоҳ ин мардум ва ин миллат дар канор ва пушти ҳамчунин зиёҳои худ хоҳанд буд.

 

 

Share This Article