Хотираи аҷиби як муаллимае аз муаллим

Ислоҳ нет

 

 (Қиссаи воқеъӣ)

 

Аввалҳои соли таҳсил буду саҳни ҳавлии мактаб ҳангоми танаффус пур аз хонандагони бо либоси мактабӣ омода  мешуд.  Тамошои ин саҳна хеле гуворо ҳам буд, ки ба хонаи муаллимон даромаданам намеомад. Сабаби дигаре ҳам дошт он ҷо надаромаданам.  Назди омӯзгороне, ки ба худам дарс додаанд, шарм медоштам, ки ҳамчун муаллима даромада нишинам.

 

  Ҳаминхел  моҳи сентябр ба охир расид. Октябр сербориш омад. Боре маҷбур ҳангоми танаффуси калон ба утоқи муаллимон даромадам. Чун ҳарвақта аз чор тараф сӯҳбату ҳазлу мутоибаашон набуд, ҳама сархаму ором менишастанд. Табъи роҳбари мактаб ҳам гирифтагӣ.  Ин ҳангом касе аз муаллимон маро нишон дода, ин ҳам шогирди худамон, ғоибона мехонад, омӯзгор, ки намерасад, кор ҳам мекунад гуфт.  Ман баъд фаҳмидам, ки дар ин миён як марди бегона ҳам ҳаст.

 

   Аз шеваи каме дигаргуни гуфтораш тез пай бурдам, ки он мард ҳамшаҳрии мо нест. Кӣ буданашро рӯзи дигар аз сӯҳбати муаллимаҳо фаҳмидам. Аз ҷумҳурии Ӯзбекистон будааст. Муаллими фанни забони фаронсавӣ шуда дар яке аз мактабҳои  он ҷо кор мекардааст. Ростӣ номи шаҳрашро фаромӯш кардам, аммо ҳаминаш нағз дар хотирам, ки он муаллим забони ӯзбекиро тамоман дуруст намедонист. Аммо дар мактаби ӯзбекзабонон дарс мегуфтааст ва ихтисосаш забони хоричӣ.  Моҷарои ин ҷо ҳузур доштанаш ҳам ҳамин сабаб буд.

 

      Аҳолии як маҳаллаи бузурги тоҷикзабон  мактаби тоҷикӣ надоштаанд.  Боре сарҷамъ шуда маслиҳат кардаанд, то ба ҳукумати шаҳр ва мақомотҳои дахлдор номае нависанд ва тариқи  он мактуб хоҳиш кунанд, ки барои таъсиси лоақал як мактаби тоҷикӣ барои маҳаллаи тоҷикзабонон иҷозат  диҳанд. Мактуби дархостиро навишта,  бисту нӯҳ нафар омӯзгорони тоҷикзабон  зераш имзо гузоштаанд. Баъди чанд муддат аз ҷавоби мусбии мактубашон хеле болида ҳам шудаанд ва бояд барои маслиҳату  роҳандозии иқдомашон ба як маҷлис даъват ҳам шудаанд. Субҳ соати 8 бояд ба як толори муайянгардида  ҷамъ меомаданд, аммо шабе қабл духтарчаи муаллими забони франсузӣ бемор шудаву падар шаб, то саҳар дар беморхона мемонад. . Ба маҷлис аз вақти  таъингардида ним соат дер ҳозир шуда, ранг аз рӯяш парида, фавран аз ҷойи ходиса фирор мекунад муаллим. Бисту ҳашт нафари дигарро касе дигар намебинад. Ҳодисаро шояд чун истеъмоли хлеби заҳролуд рӯйпӯш мекунанду андова, ё …

 

   Хуллас муаллим аз идомаи ҳодиса бехабар мемонад ва ягона нафари ҷон ба амон оварда фавран ба беморхона мераваду бо зану фарзандаш ҷониби сарҳад роҳ мегиранд.

 

Замоне ба Тоҷикистон меоянд, ки ҳоли мардум аз ҳоли Узбекистон бадтар аст, ки беҳтар нест. Мардум пушти дари мағозаҳо шабашонро саҳар мекунанд, то аз ду нони русӣ бенасиб намонанд. Албатта ба ҳама мерасад нон, аммо воҳимаи тамом мешавад мардумро дар таҳлука меандозад. Вақти маош ояд, сармуҳосиб бо мудири мактаб рафта, аз идораи маориф як халтаи калон пул меоранд. Қурби асъори он давраҳо барги хазон барин фаромада рафта буд. Аз соли нави таҳсил ду моҳ гузашта бошад ҳам, муаллимон маоши моҳи майи соли пешинро мегиранд. Ҳамин ки овозаи маошгирии муаллим паҳн шуд, нархи бозор тағйир меёбад. 

 

 Роҳбари мактаб хеле кӯшиш карда буд, ки барои он муаллим ҷойи кор пайдо кунад, аммо мактабҳои шаҳри мо фақат забони англисиро чун забони хориҷӣ  меомӯхтанд. Дар мактаби ду деҳа забони олмонӣ ҳам  буд   ва хеле аҷибу хандаовару гиряовараш ин, ки дар мактаби №1  чун забони хориҷӣ алифбои форсиро меомӯхтанд.  Афсӯс ки мувофиқи тахассусаш ҷойи кор пайдо нашуд, дар ҳоле , ки макотиб он замон аз нарасидани муаллим сахт танқисӣ мекашиданд. Билохира муаллимро ба кор гирифтанд, албатта ғайри ихтисосаш  ва ҳамсарашро чун коргари техникӣ.  Ҳамсараш рӯйи мизе  кулчаканду қуруту чиҳое дигар гузошта  мефурӯхт  ва бо фарзандашон дар ҳуҷрачаи посбони мактаб зиндагӣ ҳам мекарданд. Соли таҳсил ба охир расиду муаллим дар кадом деҳае кору манзил ёфту рафт.

 

Аз ҳодиса солиёни зиёде гузашта қариб фаромӯш мешуд, аммо хабаре хуш паҳн шуд, ки дар Бухорои шариф факултаи филологияи тоҷик қабули донишҷӯёнро эълон дошта. Ин хабар боис шуду   хотираи он солҳо дар хаёлам саҳифагардон шуданд. Золиме роҳбар буд ва зулми зиёде  карду билохира мурд. Мақсадаш ҷудоиангезии ду халқи иттифоқу  авлодҳои печидарафта буд, аммо натавонист. Раҳбаре дигар сари қудрат омаду аввал ҳуқуқҳои динии мардумро аз чанги ҷаҳолат раҳоӣ бахшид ва маҳбасҳоро аз бегуноҳон афшонд.  Деворҳои хушунат канда шуданд, минаҳо чида шуданд, ҷояшон гулҳои гулшани дӯстӣ шукуфт,  муҳаббати байниҳамдигарии мардум ҷӯшиду ду тараф хурӯшиду ба ҳам пайваст.  Раҳбари нав канор кушоду марзи ҷудоиро убур карду ба хонаи дӯст омад.

 

Золими пешина рафту сарвати аз ҷиғилдони мардум даркашидааш, ки ба номи фарзандонаш дар хориҷи кишвараш маҳфуз буданд, ба соҳибонаш баргардонида шуд. Ҳамин тавр буду мемонад қисмати ҳамаи раҳбарони золим, ки бо ақрабояшон ҳукуматро фаро гирифтанд ва гумон карданд, ки решаашон ноканданист. 

Подоши зулми кардаашонро рӯзи қиёмат хоҳем дид.

 

Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад,

Агар сӯзад, шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.

 

Аз дунё ҳаргиз  ҷовидонӣ нахоҳед. Дунё барои худаш ҳам  ҷовидонӣ надорад, ки ба шумо диҳад.

Share This Article