Илми Тоҷик мурд, ҷанозаашро хонданд!

Technik
By Technik

Эмомалӣ Раҳмонов на фақат дар давлату давлатдорӣ, на фақат дар ҳукумату ҳукуматдорӣ, балки дар илму маориф ҳам ганд зад, ҷиғелу ҷазир кард. Як нафареро оварду Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин кард, ки ба ҷуз аз маҳалли таваллудаш, зодгоҳаш ҳеҷ тафовуте бо як омузгори одии донишгоҳ надорад. Кадом осору асару ихтироъоти илмӣ, ки мутафовит бошад, надорад. Баръакс исму ному шахсияти вай дар шумори онҳое аст, ки «Диссернет» ба асардуздӣ, ба плагиат муттаҳам кардааст.

Ёдатон бошад ҳамин Раҳмонов дар моҳи марти соли 2020 дар суҳбат бо зиёиён аз чиҳил маврид асардуздии олимони тоҷик, ки пойгоҳи «Диссернет» ошкор карда буд, интиқод кард. Вай дар Кохи Борбад 18 март гуфта буд,ки «маълум мешавад, баъзе аз унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд.»

Ин ҳарфҳоро Раҳмонов дуруст дар он вақте гуфта буд, ки ҳамин Қобилҷон Хушвахтзода, ки акнун Президенти АМИТ таъйин шуд, тоза курсии ректори Донишгоҳи миллиро бо як фармони Раҳмонов ба даст оварда буд. Аммо ҳамон шабурӯзҳо буд, ки вай ба яке аз «персонаж»-ҳо ё «образи манфӣ»-и «Диссернет» бадал шуда буд. Тайи ин се соли ректорӣ Хушвахтзодаи ҳамшаҳрии Эмомалӣ Раҳмонов чи дастоварди илмие дошт, чи ихтирое кард, ки яку якбора аз курсии ректорӣ ба курсии президентии Академияи улум нишаст? Бори дигар таъйид ва тасдиқ шуд, ки Раҳмонов ин қадр ба маҳаллу ҳаммаҳалҳояш шароиту имконият медиҳад, ки тамоми Тоҷикистон бояд дар дасти ҳаммаҳалҳои вай бошад. Шумо худатон қазоват ва хулоса кунед, ки магар ин мардака, ки асардуздиаш дар тамоми олам ифшо ва ошкор шуд сазовори роҳбарии Академи илмҳои Тоҷикистон аст? Ба ҷуз аз маҳал далели дигари Раҳмонов барои таъйини Хушвахтзода чист? Нафаре, ки дар илм ҳиҷ нуфузу ҷойгоҳу мақому мартаба ҳатто дар худи ҷумҳурӣ надорад, чи тавр мешавад ӯро раиси олимон монд. Раҳмонов сатҳи ҳамачиро то сатҳи худаш овард, ҳамин Академияро ҳам оқибат то ба ин сатҳ хамбонд.

Ва, инак бори дигар шинос бишавед, ки Президенти АМИТ кӣ аст:

Мақоларо аз шиносоӣ бо тарҷумаи ҳоли Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон оғоз мекунем. Инак Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар гузашта Барфиев Қобилджон Хушвахтович 5 ююни соли 1982 дар Данғара маҳалли таваллуди Эмомалӣ Раҳмонов ва Асадулло Раҳмонов (Сумбулоғо) таввалуд шудааст. Соҳиби 4 фарзанд мебошад. Соли 1999 мактаби миёнаро хатм карда ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 2004 аз рӯи ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм намудааст. Тарҷумаи ҳоли пураашро метавон дар саҳифаи Академия Илмҳои Тоҷикистон дар ин суроға мутолиа кард: https://anrt.tj/tj/rajosati-ai-t/ro-bariyati-akademiyai-ilm-o/prezidenti-ai-t

Аммо барои ман ва шумо он тарҷумаи ҳоли бардуруғу сохтааш лозим нест ва ҳоло ман мехостам оиди кори илмиаш дар аввал сухан бикунам. Хушвахтзода Қобилҷон диссертасияи худро 24 апрели соли 2010 ҳимоя кард. Мавзуи диссертация: “КОНКУРЕНТОСПОСОБНОСТЬ ДЕХКАНСКИХ (ФЕРМЕРСКИХ) ХОЗЯЙСТВ В УСЛОВИЯХ МНОГОУКЛАДНОЙ ЭКОНОМИКИ : НА МАТЕРИАЛАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН” (Расми 1).

Расми 1.

Маънба(Саҳифаи 2):https://new-disser.ru/_avtoreferats/01004721857.pdf

Аммо ин диссертасияи академики Тоҷикистонро дар саҳифаи диссернет, ки фоизи плагиати корҳои илмиро меомузад, дарёфт кардем. Яъне каме бифаҳмонам ин чи маъно дорад. Дар олами илм дар вақти навиштани кори илмии худ агар фикр, ягон рақам, формула ва ғайра аз они худи муаллифи асар набошад, ӯ бояд ҳатман манбаъи аз куҷо будани фикр/рақам/формула ва ғайраро дар охири кори илмӣ бинависад. Яъне ба унвони сарчашма ва маъхази илмӣ, ки муаллиф ба ҳангоми навишти рисола аз он истифода намудааст. Агар на, инро плагиат ё дуздии фикр мегуянд. Дар вақти навиштани асар/реферат/диссератасия шахс ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ҷумла ба ҷумла ва ё калима ба калима аз дигар кори илмӣ копия/руйбардор бикунад. Инро бояд роҳбари кори илмӣ назорат бикунад. Ва, ин аз аввли дунё ва дар тамоми мамолики олам роиҷ аст, ки овардани фикри дигарон ба унвони иқтибос дар тақвияти фикри худ, бояд ҳатман тазаккур шавад. Афсус ки дар Ҳукумати узурпатории Раҳмонов мақомдорон ҳатто фикри дигар шахсро медузданд!

Шахсан муаллифи ин мақола донишгоҳҳои Амрикоро хатм кардаам ва ҳатто дар вақти навиштани корҳои курсӣ агар аз 10%-15% фикри дигар касро менавиштем, профессорон корҳои моро тамоман қабул намекарданд. Дар донишгоҳ барномаҳои махсусе вуҷуд доранд, ки корҳои моро санҷида мебаромаданд, барои пайдо кардани фоизи фикрҳо/ ҷумлаҳои аз дигар манбаъҳо.

Манбаъи мо диссернет нишон медиҳад, ки фоизи дуздии фикр аз тарафи Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон, муҳтарам доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон хело баланд ҳаст(Расми 2).

Расми 2.

Маънба: https://www.dissernet.org/expertise/BarfievKH2010?ysclid=lsqegfipm7457354499

Худ хонанда ва ё бинандаи азиз қазоват кунед(Расми 3).

Расми 3.

Чи тавре ки мебинем аз 134 саҳифаи диссертасияи Академик ва акнун Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 92 саҳифаи он аз дигар диссертасия ё манбаъи дигар дуздӣ шудааст!

Биёед якчанд намунаро аз кори илмии АадемикиТоҷикистон мехонем.

Расми 4a.

Расми 4а, намуна аз диссертасияи академик Қобилҷон ва Расми 4b намуна аз кории илмие, ки дуздида шудааст ва ба қалами муаллифи дигар мутааллиқ аст.

Расми 4b.

Саҳифаи 35 аз кори илмии академик Қобилҷон(Расми 4a). Чи тавре ки мебинем ин академики Раҳмонов ҷумла ба ҷумла ва ҳатто калима ба калима аз асари дигар шахс дуздӣ кардааст.

Маънба: https://wiki.dissernet.org/wsave/BarfievKH2010/1026.html

Боз каме пеш меравем ва намунае мегирем аз кори илмии академики тоҷик Қобилҷон. Бояд қайд кард, ки манбаъҳои ҳама фикрҳо оварда шудаанд ва ҳар як шахс метавонад худ низ вориди ин манбаъҳо бишавад ва бисанҷад.

Расми 5a.

Расми , ин намуна аз саҳифаи 76-и кори илмии Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон, ки асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамин чанд ҳафта пеш ба ин мансаби муҳим таъин кардааст. Оё як асардузд ва олими хасакӣ чи метавонад бикунад? Бо чи руе аз олимони дигар натиҷаи кор мепурсад? Акдемияи илмҳоро магар ба як дуздхона бадал намекунад?

Акнун дар расми 5b нигаҳ мекунем, ба манбае, ки аз онҷо академики Раҳмонов барои рисолаи илмиаш дуздидааст. Бояд қайд кард, ки дар асл ин кори илмии як олими рус аст ки оиди яке аз вилоятҳои Русия навиштааст. Аммо ин асардузд ва порахури Раҳмонов аз ӯ ҳам фикрашро (идеяаш) дуздидааст ва ҳам ҳатто ҷумлаву калимаҳои он олими русро беибову беҳаёёна дуздида ва дар рисолааш ҷо додааст, ки барои илми тоҷик, барои меросбарони Синову Беруниву Хоразмиву дигару дигар, барои Айнӣ, Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, Улмас Мирсаидов, Собит Неъматуллоев ва Фарҳод Раҳимӣ як шармандагист. Ҳатто дуруст дуздида наметавонад, яъне, ки фикрро дуздидӣ ҳадди ақал бо суханҳои худат ва ба иқтисоди Тоҷикистон мутобиқ карда бинавис. Бовар кунед, то ин дараҷа бесавод аст, калима ва ҷумларо иваз карда наметавонад. Ин нишонаи нотавонӣ ва аҷзу заифӣ аст академик Қобилҷон!

Расми 5b.

Маънба: https://wiki.dissernet.org/wsave/BarfievKH2010/1063.html

Магар бо чунин академики дузд илми тоҷик ояндаи дурахшон дорад? Ҳоло ман оиди мавзуи кори илмиаш ва ихтисосаш тамоман сухан накардаам! Ман шахсан дар донишгоҳи Тоҷикистон таҳсил кардаам ва аз руи таҷрибаи ҳаёти худ медонам, ки фасодзадатарин факултаҳо ин: молия (фин кредит), баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (бугалтерский учёт и аудит) ва ҳуқуқ аст. Зеро ин факултаҳо шуъбаҳои ғоибонаро ҳам доранд. Ҳама донишҷуён медонанд, ки касе ғоибона мехонад, аксарият бо пора зачету имтиҳонҳои худро месупорад. Ҳоло ин ки академики Раҳмонов, Қобилҷон Хушвахтзода аксарияти ҳаёти кории худро дар факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит гузаронидааст! Худ фикр кунед ва баҳо диҳед, ки дар чи қадар порагирӣ ва пора додан ин шахс даст дошт! Ин шахс дар ҳақиқат дар илми ришвату пора академик шудааст, таҷриба ва малакаи кофӣ ҳосил кардааст.

Акнун як суол ба дигар академикҳо, албатта, агар академикҳои ҳақиқӣ монда бошад. Оё шумо ҳуқуқи интихоби Президенти худро надоред? Чаро ҳатто президенти академияро як тракторчии аблаҳи порахури УЗУРПАТОР таъин мекунад? Чаро шумо мурдаҳои фикрӣ ва мантиқӣ як бухгалтерро ҳамчун президенти худ қабул кардед? Оё шарм намедоред?

Фарҳод Раҳимӣ бо ҳама камбудиҳояш бо физикаи назариявӣ машғул буд, ин аблаҳи ҳозира чи? Агар бо ҳамон лаҳҷаи кучагӣ гуем як ҳисбокунак – калькулятор, ки танҳо дебиту кредитро мефаҳмад, на беш!

Мо он ҷавононе, ки дар хориҷа унвонҳои худро ҳимоя мекунем баъд аз Инқилоб бар гуратон туф мекунем! Ба чунин академикҳои мурдафикр! Ба он академикҳои чоплусу танҳо шиками худро фикр мекарда! Ин миллат номи шумоҳоро дар қатори ҳамон золимоне ,ки ботинан ин миллатро мекушанд, номнавис мекунад! Шумоҳо зеҳнан ин миллатро нобуд карда истодаед, танҳо барои шиками худу авлодатон ба пора зачету имтиҳонҳоро мегузоред! Барои як бурда нон аз дастархони хоини миллат Эмомалӣ Раҳмонов нафақат худро бо замин яксон кардед, балки авлоди худро шарманда кардед. Ман тарафдори ақидаҳои Ленин нестам, лек акнун мефаҳмам чаро ӯ мисли шумо чоплусони дарбориро ба як киштӣ бор карда аз Русия бадарға кард! Ман то ҳол дар ёд дорам чи гуна яке аз ҳамон ба ном академикон барои зачет китоби таърихи худро ба ман фурухта буд! Нафрат бар шумо!

Замона хело ва хело пеш рафта истодааст, куҷо корҳои шумо оиди мавзуъҳои гуногун ?

Куҷо он биологҳо бо фикрҳои муосир? Куҷо тухмиву дарахтон, ҳайвонҳои ба иқлими мо мутобиқ карда шуда? Куҳҳоро намебинед пур аз эрозия ва ҳар сол сел мезанад деҳаҳои Ватанро. Куҷо он дарахтоне, ки ба иқлими мо мутобиқ карда шуда? Куҷо тухмии он хурокиҳои чорпо, ки дар доманакуҳҳои мо мутобиқ карда шудааст?

Математикони амалӣ куҷо корҳои шумо? Куҷо алгоритму дигар маҳсулоти фикрии шумо? Ё илми шумо то асри 20 буд? Чаро математикаи дискретиро пеш намебаред, то ки беҳтарин алгоритмҳоро барои суперкомпютерҳо аз номи мо ба бозори ҷаҳонӣ барояд! Ё шумо танҳо барои 100сомонӣ зачет гузоштанро медонеду халос? Шуморо шоҳи ҳама илмҳои дақиқ мешуморанд ва математиконро яке аз мардумони исботхоҳ мешуморанд, дар қатори олимон! Куҷост корҳои шумо?

Физикҳо шумо ҳатто ҳамон обсерваторияи аз замони Шуравӣ мондаро натавонистед нигоҳ доред, ки дар Бадахшон ҷойгир буд. Оҳир ҳамонро ҳам тарма нобуд кард! Kуҷо реакторҳои ҳастаии замони Шуравӣ? Чаро физикҳо бо табибон якҷоя кори худро пеш намебаред ва як маркази калони саратонро ташкил накардет. Бо Росатоми Русия шартнома бастед, лек ба ҷои тайёр кардани физикҳо шумо ба кадом МГИМО равон кардед донишҷуёнро. Чаро? Як маркази калон барои муолиҷаи касалиҳои саратон, ки беҳтарин ва калонтарин дар Осиёи миёна метавонист ташкил кард, дар Тоҷикистон. Аз ҳамон Росатом тариқи шартнома метавонист циклотронҳоро гирифт/ бихарид! Дар он беморхона ҳадди ақал шаҳрвандони худро, ки касалии саратон доранд метавонистем бепул муолиҷа бикунем ва аз хориҷиҳо маблағ бигирем. Лек афсус шумо ҳам дар ҳамон ботлоқи маънавии як авлоди ҳаром ғарқ шудед!

Маблағ нест барои реакторҳо? Лек пешвои шумо ба $92 миллион як тайёраи хусусӣ бихарид. Агар он пулҳои дуздидаи тамоми авлоди Раҳмоновро бигирем 1000 сола ва 10000 сола буҷаи Академияи Илмҳои Тоҷикистон мешавад!

Олими тоҷик ҳатто оиди ҳавои ифлоси ҳамон шаҳри фахр мекардаи чоплусон Душанбе, метарсад сухан бикунад! Аз мо мухолифон зориву таввало мекунад, то ки кори илмии худро барои исботи ҳавои ифлоси Душанбе истофода набарем! Oиди ҳамон ҳавои ифлосу кучаҳои пур аз партов дар ояндаи наздик чоп мекунам!

Академикҳои беамали диктатор Раҳмонов! Оё намешавад, корҳои илмии худро оиди коркарди мисол жарфои ангишт ба Раҳмонов бесавод пешкаш бикунед! Илми худи шумо аз замона хело ва хело ақибмонда ҳаст! Маъданҳои зеризаминии ин Ватанро ҳамон Раҳмонови аблаҳ бо оилаи худ ва ё чиниҳо ҳамчун ашёи хом экспорт мекунад. Чаро пружаҳои худро пешкаш намекунед оиди коркарди он ашё дар Тоҷикистон?

Академикҳои номуҳтарами Тоҷикистон бахшиш, ҳатто ҳамон зерпуши (труси) худро аз Чину дигар давлатҳо меоред! Шумо чи тавр ҳамон тавре Ленин мегуфт “Гавно нации”! Дар ҳақиқат партови маънавии ин миллат гаштаед, қадри илму донишро ба дараҷае паст кардед, ки ягон майда дар байни мардум қадр надоред! То кай ин миллат зардолуву дигар маҳсулоти аграрии худро экспорт мекунад? То кай? Куҷо пружаҳои шумоён барои сохтани коргоҳҳои гуногун!

Бо интихоби ин гусфанди нав ва порахур Хушвахтзода Қобилҷон аз тарафи Раҳмонов бояд ҷанозаи илми тоҷикро бихонд! Шахсе, ки ҳам асардузд, ҳам порахур аст илми тоҷикро роҳбарӣ мекунад? Донишу илми Қобилҷон аз курси 2 бештар нест!

Биёед рост мегуем, ки дар қатори олимон мо ин ҳисобчиёнро, ё бо дигар лаҳфз КАЛЬКУЛЯТОР-ҳоро ба қавли русҳо “всерьез воспринимать” намекунем!

Академияи илмҳо на барои чоплусии як диктатори аблаҳ, ки фурсаташ ҳам кам мондааст, балки барои пеш бурдани ҳаёти ҷомеъа, осон кардани ҳаёти ҳамватани худ, барои фикр кардан оиди оянда, ҳадди ақал 20-30 сол бояд фаъолият кунад. На ин ки 10 асардузд омаданду худро академик ҳисоб мекунанд! Академик шудед, марҳамат вазифаи инсонии худро назди ин миллат иҷро бикунед! Даҳҳо ҳазорон ҷавонони ин миллат соҳиби унвонҳои гуногун хориҷ аз Тоҷикистон кор мекунанд, дар ҳама соҳаҳо. Оё боре ҳам тариқи сафоратҳо академикҳои аблаҳи режим бо мо дар тамос баромадед? Бо олимоне ҷавоне, ки дар чор канори дунё кор мекунанд. Бигзор мо, шахсан ман ақидаи дигари сиёсӣ дорам, лек ман фарзанди ин миллат ҳастам! Оё боре ҳам бигзор тариқи интернет як конфронс ташкил кардед? Бахшиш, шумо солхурдаҳо мисли ҳамон пешвоятон рашкин ҳастед ва аз фикрҳои нав, алалхусус аз олимони ҷавон метарсед!

Хонанда ва бинандаи азиз, бинед,ки аз дасти режими хонаводагии Эмомалӣ Раҳмонов ҳатто Академияи Илмҳои Тоҷикистон пур аз фасодз ва асардуздон аст! Худ фикр кунед оянда чи мешавад, ояндаи фарзандони шумоён, ояндаи ин Ватан!

Ба қалами Далери Хуҷандӣ

Share This Article